Муносибати эҷодии Ҳасани Деҳлавӣ ва Камоли Хуҷандӣ аз назари Амрияздон  Алимардонов

Муносибати эҷодии Ҳасани Деҳлавӣ ва Камоли Хуҷандӣ аз назари

Амрияздон  Алимардонов

 

     Шарқшиноси шинохтаи тоҷик Амрияздон Алимардонов мақолаи худро бо унвони «Камоли Хуҷандӣ ва Ҳасани Деҳлавӣ» (Проблеми эҷодӣ, татабуъ ва навоварӣ)-ро бо овардани эпиграф аз худи Шайх Камол «Сеҳр аст Камол ин сухан бод ҳалолат, Санъатталабон беҳ зи ту устод наёбанд», шуруъ намудааст.

   Пеш аз он ки мо роҷеъ ба тадқиқоти Амрияздон Алимардонов истода гузарем, бояд тазаккур дод, ки Амрияздон Алимардонов на ҳамчун як мутахасиси варзидаи илми кадикология (дастхатшиносӣ), балки ӯ шахсияте буд, ки дар ҳар як ҷанбаи адабиёти классикӣ ва адабиёти муосири тоҷик нуқтаи назари илмии худро дошт. Осори барҷомондаи устод исботи ин фикр аст, ки имрӯз муҳакқиқини зиёде ба он ҳусни таваҷҷуҳ намудаанд.

     А. Алимардонов дар тадқиқоти худ менависад, ки қарни   XIII  ва XIV дар таърихи адабиёти форсу тоҷик давраи ривоҷу равнақ, густаришу интишор ва ба авҷи аълои такомулу ҳадди камолот расидани ғазал ҳисоб меёбад. Дар ҳамин ҷода, таъкид намудааст муҳаққик, – ба чунин появу мақоми баланд бардоштани ин навъи шеър шоирони номиву мумтози он айём Хоҷуи Кирмонӣ/1272/, Носири Бухороӣ /вафоташ 1371/, Салмон Соваҷӣ /1300-1376/,Хофизи Шерозӣ /1325 –1390/ ва Камоли Хуҷандӣ/вафоташ 1400/саҳми  бузург гузошта, хизмати шоистаи таҳсине анҷом додаанд. Амрияздон Алимардонов менависад, ки дар миёни ин суханварони соҳибзавқ ва ғазалсароёни машҳур Шайх Камоли Хуҷандӣ бо шеваи нигориши махсуси хеш ҷойи ба назар намоён ва ба худ муносиберо ишғол менамояд. Муҳаққиқ таъкид мекунад, ки албатта Камоли Хуҷандӣ мисли соири шоирони дигари ҳамзамонаш ба чунин мартабаи баланд расидан осори саромадони назми форсу тоҷик, анъанаву суннатҳои адабии даврони пешину муосирашро ҳамаҷониба омӯхта кушиш намудааст, ки дар заминаи ҳамин анъанаҳо суханронӣ намояд. Бояд дар хотир дошт, ки дар назми қуруни вусто ба андешаи муҳаққиқ, навоварӣ, асосан дар заминаи омӯзишу риояи анъана ва алоқамандӣ ба он сурат мегирифт ва имконпазир буд. Аз ин ҷост, ки Камоли Хуҷандӣ аз осори суханварони пешин сабақи нуктасанҷона гарифта, анъанаи гузаштагони худро эҷодкорона идомаю такмил медиҳад ва дар ҳамин мабно ба дарёфти навоварӣ ва шаклу мазмуни тоза муваффақ мешавад.

     Муҳаққиқ менависад, мавзӯи муносибати эҷодии Камоли Хуҷандӣ ва Ҳасани Деҳлавӣ аз нимаи аввали асри  XIX сар карда, то имрӯз диққати адабиётшиносон ва ховаршиносони зиёдеро ба худ ҷалб сохта бошад ҳам, мутаасифона ин мавзӯъ то кунун мавриди таҳлилу таҳқиқ ва шарҳу тавзеҳи зарурӣ қарор нагирифтааст.

    А. Алимардонов дар мақолааш дар бораи муаллифони як силсила сарчашмаҳои адабӣ, ки дар таълифоти худ ба масъалаи муносибати ҷиддии ду ғазалсарои номӣ – Хоҷа Ҳасани Деҳлавӣ ва Камоли Хуҷандӣ ва аз кадом ҷанбаҳои ғазалиёти Хоҷа Ҳасан моҳирона истифода бурдани Шайх Камол маълумот дода қайд мекунад, ки яке аз чунин муаллифон шоир, нависанда ва донишманди шаҳир Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ мебошад, ки ӯ аз тамоми хусусиятҳову меъёрҳои адабиёти форсу тоҷик, нозукиҳои сухани манзум ва ҳунару маҳорати шоирӣ огаҳии комил дошта, маълумоту ишораҳояш, асосан санҷидашуда, дақиқ ва эътимодбахш дониста мешавад. А. Алимардонов дар бораи равзаи ҳафтуми “Баҳористон” маълумот дода менависад, ки Мавлоно Ҷомӣ Камоли Хуҷандиро дар радифи дигар суханварони номӣ ном бурда, хусусятҳои ба назар намоёни ғазалиёту сабки нигориши ӯро бо дақиқназарию нуктасанҷии ба худ хос баён менамояд ва роҷеъ ба муносибати Камоли Хуҷандӣ нисбат ба осори лирикиву шеваи суханварии Ҳасани Деҳлавӣ таваққуф намуда, чунин изҳори ақида мекунад: “Шайх Камол дар эроди амсолу ихтиёри баҳои сабук бо қофияҳо ва радифҳои ғариб, ки саҳли мутманеъ аст, татабӯи Ҳасани Деҳлавӣ мекунад, аммо он қадар маънои латиф, ки дар ашъори вай аст, дар ашъори Ҳасан нест ва он, ки вайро “дузди Ҳасан” мегӯянд, бинобар ҳамон татаббуъ тавонад буд. Ва дар баъзе девонҳои вай ин фард дида шуд:

Кас бар сари ҳеҷ рахна нагирифт маро,

Маълум ҳамешавад, ки “дузди Ҳасанам”. [1:116]

     А. Алимардонов таъкид кардааст, ки ин маълумоти Мавлоно Ҷомӣ равшан нишон медиҳад, ки Камоли Хуҷандӣ, асосан, дар боби истифодаи зарбулмасалу маколаҳо, интихоби вазнҳои хушоянду сода ва қофияҳои тангу радифҳои нодиру камистеъмол таттаббуи Ҳасани Деҳлавӣ мекардаааст ва ӯро барои ҳамин татаббуоташ дар давраҳои гузашта ҳатто “дузди Ҳасан” ҳам мегуфтаанд. Муҳаққиқ ба чунин оҳанг сухан гуфтани Мавлоно Ҷомиро  дар он мепиндорад, ки ибораи “дузди Ҳасан” дар замони зиндагии шоир ва давраҳои баъдина на мутақидону мухлисонии шоири ширинкалому дӯстдорони ғазалиёти рӯҳпарвари ӯ  ба нияти некхоҳӣ ва мусбат кор фармудаанд.

            Нуқтаи муҳими дигареро А. Алимардонов дар маълумоти Мавлоно Ҷомӣ дар он медонад, ки дар ғазалиёти Камоли Хуҷандӣ нисбат ба ашъори Ҳасани Деҳлавӣ маънои латиф бештар таҷассум гардидааст ва Шайх Камол дар касби латофату салосати сухан ва инкишофу такмили маҳорати шоирӣ ва дарёфту ихтирои равияи хоси хеш аз осори Ҳасани Деҳлавӣ баҳра бардоштааст.

            Мухаққиқ менигорад, ки қаробасти сабки ғазалсароӣ ва равобити эҷодии Камоли Хуҷандӣ ва Ҳасани Деҳлавӣ мавриди таваҷҷуҳ ва таъкиди суханварони давраҳои минбаъда низ қарор гирифтааст. Аз ҷумла Абдурраҳмон Мушфиқӣ /1538 – 1588/ , ки аз нозукиҳои осори саромадони адабиёти форсу тоҷики даврони пешин, хусусан таълифоти Ҳасани Деҳлавиву Камоли Хуҷандӣ бисёр хуб воқиф буд, ба наздикии шеваю мавзӯоти суханварӣ ва алоқаи эҷодии ин шоирони нозукадо ишора намуда, ба тарзи нигориши онҳо пайравӣ карданашро бо ифтихору қаноатмандӣ зикр менамояд:

            Назми ту, Мушфиқӣ ба камоли Ҳасан расид,

            То гуфтаӣ, ки пайрави пири Хуҷандиям.

    Ба ибораи дигар, А. Алимардонов назари Мушфиқиро чунин тавзеҳ медиҳад, ки умумият ва ҳамоҳангии ғазалиёти Хоҷа Ҳасан ва Шайх Камол то андозае маъруфу равшан аст, ки пайравӣ ва истиқбол аз ғазалҳои яке дар айни замон пайравӣ ва истиқбол аз ғазалҳои дигаре мебошад.

            Дар ҳақиқат, таъкид намудааст муаллиф, – агар мо девонҳои ашъори Шайх Камолро бодиқаттар мутолиа намоем, дар онҳо як силсила абёту дигар ғазалҳои мукаммал, ишораҳову таъбирҳои шоирона ва мавзӯю мазмунҳои ба ҳамдигар монанду муштарак ва умумиву ҳамрангро дучор мекунем.

            Барои исботи фикраш А. Алимардонов навиштааст, ки дар девони Камоли Хуҷандӣ якчанд ғазал ҳам ҷой дорад, ки онҳо бевосита ё бавосита дар ҷавоби таттабуи ғазалҳои Ҳасани Деҳлавӣ навишта шуда, робитаи эҷодӣ ва алоқаи фикрии ин ду шоири навҷӯву нозукбаёнро беҳтар баён месозад. А. Алимардонов барои тасдиқи фикраш ду ғазалро аз ин ду шоири нуктасанҷ меорад:             

Ҳасани Деҳлавӣ:

                        Бокам на зи теғ асту на аз тири маломат,

                        Бояд, ки аз ин ҳарду ту бошӣ ба саломат.

                        Андеша макун, к-аз дили мо кашф шавад роз,

                        Қорураи мо нашканад аз санги маломат.

                        Аз дидани рӯят агарам манъ кунад ақл,

                        Бар дида ниҳам миннату бар ақл ғаромат.

                        Тавба маталаб аз мани расво, ки дар олам,

Ҳаргиз гунаҳи ишқ ноёвард надомат.

                        Мегуфт салоти хуш имрӯз муаззин,

                        Чун қомати ту дид, фурӯ монд зи қомат.

                        Дар гӯр барам аз сари гесӯйи ту торе,

То соя кунад бар сари мо рӯзи қиёмат.

Ин турфа тариқест, ки дидем Хасанро,

Май дар кафу бут дар назару лофи каромат. [ 4:92  ]

Камоли Хуҷандӣ:

                        Сӯфӣ, ки зи чашми ту барад ҷон ба саломат,

                        Сар бар накунад то ба қиёмат зи ғаромат.

                        Имруз гар он лаб нагазад зоҳиди худком,

                        Бисёр ба дандон газад ангушти шаҳодат.

Дар дида хаёли қади ту рӯзи ҷудоӣ,

                        Чун сояи тубист ба гармои қиёмат.

                        Гар зулфи каҷат бинад имом зи меҳроб,

                        Ҷуз сураи вал-лайл нахонад ба имомат.

                        Чун дид қиёми ту муаззин ба намозе,

                        Қадқомати ӯ бурд зи ёд он қаду қомат.

                        Мо аз паси сад парда тамошои ту кардем,

Соҳибназаре ҳаст ба анвои каромат.

                        Бархез, Камол, аз сари номӯс, ки риндон

Карданд иқомат ба сару куйи маломат.4:173 ]

            Муҳаққиқ умумиятҳои ин ду ғазалро нишон дода, менависад, ки муқоисаи ғазалҳои дар фавқ овардашуда равшан нишон медиҳад, ки бо вуҷуди дар тахти таъсир ва таттабӯи ғазали Ҳасани Деҳлавӣ офарида шудани ғазали Камоли Хуҷандӣ ва дар он муроот гардидани талаботи анъанавии назирасароӣ Камоли Хуҷандӣ ба ғазали мавриди татабуъ қарор додааш ба камоли нуктасанҷӣ ва эҷодкорӣ муносибат карда, қариб дар ҳар як байти он мазмунҳои тозаву хаёлоти рангинро ба воситаҳои тасвири наву дилнишин инъикос менамояд. Аз ин ҷост, ки дар тамоми ин ғазали Камоли Хуҷандӣ ҳатто ягон ибора ва ё мазмуни такроршударо наметавон ёфт ва сарфи назар аз таттабуъ буданаш ҳамчун ғазали бикру тоза ба назар намудор мегардад.

            Муҳққиқ барои бештар воқиф гаштан ба маҳорати баланди шоирӣ ва навпардозиву тозахаёлии Шайх Камол боз ду ғазали дигари ин ду шоири шаҳирро мавриди муқоиса қарор додааст. Ҳасани Деҳлавӣ чунин фармудааст:

                        Ай дӯст, туро ба сари вақташ гузаре нест,

В-аз ҳоли дили бехабаронат хабаре нест.

Гуфтӣ: ба гулистон шаву дар лолаву гул бин,

Чизе, ки маро бо ту бувад,бо дигаре нест.

Ай ман, саги кӯйи ту, мазан санги ҷафоям,

Донӣ маро ҷуз дари ту ҳеҷ даре нест.

З-он май, ки лабат хӯрд, насиби мани мискин

Камтар макун аз ҷуръа, агар бештаре нест.

Парҳез муясар нашуд аз захми ғами ишқ,

Ҳилат чӣ кунам, тири қазоро сипаре нест.

Ай хоҷаи оқил, ту дили хеш нигаҳ дор,

Бар дилшудагон айб гирифтан ҳунаре нест.

Сар дар сари савдои бутон кард Ҳасан боз,

Ай хок бар он сар, ки дар он дарди саре нест. [5:130]

Камоли Хуҷандӣ:

                        Гар ёри маро бо мани мискин назаре нест,

Моро гила аз бахти худ аст, в-аз дигаре нест.

Андеша зи сар нест, ки шуд дар сари кораш,

Андеша аз он аст, ки бо мо-ш саре нест.

Дӣ бар асари  ӯ рамақе доштам аз ҷон,

Имрӯз чунонам, ки аз он ҳам асаре нест.

Ҳар шарбати роҳат, ки расад аз лаби хубон,

Бе чошнии ғуссаву хуни чигаре нест.

Гуфтӣ: Паси ҳар тирагие равшание ҳаст,

Чун аст, ки ҳаргиз шаби моро саҳаре нест?

Модом ки ҷон сокини манзилгаҳи унс аст,

Дилро зи сари кӯйи ту азми сафаре нест.

Зинҳор, Камол, ар гузарӣ аз сари кӯяш,

Аз сар гузар аввал, ки аз онат гузаре нест. [4:130]

     Дар шарҳи ин ду ғазал муҳаққиқ менависад, ки ғазали Камоли Хуҷандӣ тамоми хусусиятҳои ин шакли шеъриро дар бар мегирад ва ба ҳамаи талаботи назирасароӣ ҷавоб медиҳад. Ҳардуи ин ғазалҳо дар мавзӯи беилтифотӣ ваа беэътиноии маъшуқ ва ба вуҷуди ин ҳамчунон устувору содиқ мондани ошиқ нисбат ба ӯ навишта шуда, мазмуни ишқӣ доранд. Вазни шеърӣ ва қофияву радифҳои ин ду ғазал ҳам бо ҳамдигар монанд ва умумӣ буда, ҳар кадомашон дорои ҳафтбайтӣ мебошанд.

            Бо вуҷуди ҷой доштани чунин ҷиҳатҳои монанду хусусиятҳои муштараки ин ғазалҳои Камоли Хуҷандӣ ва Ҳасани Деҳлавӣ, қайд мекунад А. Алимардонов, – дар онҳо, ки аз талаботу табиати назирагӯйӣ сар мезанад, ғазали Камоли Хуҷандӣ дар ҳеҷ сурат тақлиди хушку холии ғазали Ҳасани Деҳлавӣ намебошад ва қариб дар ҳар як байти он анъанаҳои тоза ва тасвирҳои рангину латифи бикр ба назар мерасанд. Ҷолиби диққат дар он аст, ки фикашро идома медиҳад муаллиф, аз миёни қофияҳои дар ин ду ғазал истифодашуда ҳамагӣ дутоашон такрор гардида, аз лиҳози маъно низ танҳо ду байташон /байтҳои 4,6 ғазали Камоли Хуҷандӣ ва байтҳои 4.3 ғазали Ҳасани Деҳлавӣ/ то андозае ба ҳамдигар мушобеҳат доранд. Ҷой доштани чунин аҳвол дар ғазалҳои ҷавобии Камоли Хуҷандӣ ва муқоиса намудани онҳо бо ғазалҳои мавриди таттабуъ қароргирифтаи Ҳасани Деҳлавӣ ба он шаҳодат медиҳад, ки Шайх Камол дар доираи талаботи назирасароӣ ба камоли маҳорату устодӣ ғазалҳои аз ҳар ҷиҳат баркамол ва дорои маъниҳои бикру нозук ва воситаҳои тасвири рангину дилангез  офарида, ба ин васила ҳам дар роҳи такмилу тавсиаи ҷавобиянависӣ ва умуман ғазалсароӣ саҳми ба назар намоён гузоштааст.

            Муҳаққиқ барои бештар тасдиқ намудани фикри хеш дар бораи муносибати Шайх Камол ба ғазали Ҳасани Деҳлавӣ ду ғазали дигарро аз ин ду шоири шаҳири адабиёти форсу тоҷик бо матлаъҳои:

Ҳасани Деҳлавӣ:

                        Боз меояму сар дар қадамат мегзорам,

                        Шоҳи бахшанда туӣ, бандаи шарманда манам...

Камоли Хуҷандӣ:

                        Камтарин сайди каманди сари зулфи ту манам,

                        Чун ту, эй дӯст, бар ҳеҷам нагирифтӣ, чӣ кунам?... меорад.

            А. Алимардонов қайд мекунад, ки ба ғайр аз ин дар “Радоиф-ул-ашъор”-и Фахрии Ҳиравӣ, ки номи аслиаш “Туҳфат-ул-Ҳабиб” мебошад, боз ду ғазали дигари Камоли Хуҷандӣ бо матлаъҳои:

                        Ҳар тир, ки бар ҷон зи ту аз дида расида,

                        Дил омада наздику бар ӯ дӯхта шуда.[5: 135а]

ва

                        Бар абрӯвони ту зоҳид чу чашм во карда,

                        Туро ба гӯшаи меҳробҳо дуо карда. [370 б]

   сабт гардидааст, ки онҳо дар татаббуи ғазалҳои Ҳасани Деҳлавӣ бо  матлаъҳои

                       

Ай сарви хиромону гули тозадамида,

                        Наргис гулу сарве чу ту дар хоб надида. [5:250а]

ва ё:

                        Зиҳӣ бар самандат бахт марҳабо карда,

Зи шавқи рӯйи ту гул пераҳан қабо карда[5:259б]

суруда шудаанд.

            Муҳаққиқ таъкид мекунад, ки Камоли Хуҷандӣ дар таълифи ғазалҳои ҷавобия нисбат ба ғазалҳои Ҳасани Деҳлавӣ эҷодкорона навпардозӣ намуда тавассути назираҳои пӯхтаву устодонаи худ нисбат ба осори ғазалсарои маъруфи адабиёти форсизабони нимаи дуюми асри XIII ва нимаи аввали асри  XIV нимҷазираи Ҳинду Покистон Хоҷа Ҳасан Деҳлавӣ ихлосмандиву дилбастагии махсус доштанашро ҳувайдо месозад.

А. Алимардонов муътакид аст, ки дар “Туҳфат-ул-Ҳабиб” мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтани ғазалҳои Ҳасани Деҳлавӣ ва ғазалҳои дар ҷавоби онҳо таълифнамудаи Камоли Хуҷандӣ ба он гувоҳӣ медиҳад, ки масъалаи робита ва қаробати эҷодии ин ду шоири ғазалсаро дар давраҳои гузашта дар миёни аҳли илму адаб маълуму машҳур будааст.

            Муҳаққиқ маълумоти Амин Аҳмади Розиро дар “Ҳафт иқлим” оварда, менависад, ки Ҳасани Деҳлавӣ дар давраҳои аввали эҷодиёташ, асосан, таҳти таъсири Амир Хусрави Деҳлавӣ қарор гирифта, ашъори ӯро пайравӣ ва таттабуъ мекард, аммо баътар ӯ ба осори Саъдии Шерозӣ мароқи зиёде зоҳир сохта, махсусан дар ғазалсароӣ равияи устоди забардастро мавриди пайравӣ қарор медиҳад.

Чунон чи гуфтааст:

                        Ҳасан гуле аз гулистони Саъдӣ овардааст:

                        Ки аҳли маънӣ гулчини  ин гулистонанд. [2:93]

            Муҳаққиқ ба чунин натиҷа мерасад, ки Ҳасани Деҳлавӣ дар фаро гирифтани равияи ғазалсароии Саъдии Шерозӣ ба муваффақияти муайяне ноил мегардад. Бесабаб нест, ки Ҳасани Деҳлавӣ дар нимҷазираи Ҳинду Покистон бо лақаби “Саъдии Ҳиндустон” шӯҳрат ёфтааст.

     А. Алимардонов бар он ақидааст, ки алоқамандии шеваи нигориши Камоли Хуҷандӣ ба равияи дар ғазалсароии пешгирифтаи Саъдии Шерозӣ ва Хусрави Деҳлавӣ ба воситаи тарзи ғазалгӯии Ҳасани Деҳлавӣ ё худ дар заминаи ғазалнависии Ҳасани Деҳлавӣ сурат гирифтааст. Назираҳои Камоли Хуҷандӣ чӣ аз ҷиҳати хусусиятҳои зоҳирӣ ва чӣ аз ҷиҳати мазмун аз ҷумлаи беҳтарин намунаҳои ашъори ҷавобии адабиёти форсу тоҷики қарни XIV мебошанд. Моҳият ва ҳадафи назира дар он рӯзгор, агар аз як сӯ, эътироф кардани бузургии мақоми суханварони пешин ва ба василаи ҷавобия навиштан арзиши муносибу шоиста қоил шудан ба ашъори онҳо бошад, он гоҳ аз сӯйи дигар, ин ошкор  сохтани иқтидору маҳорати шоирӣ ва камолоти шеъри худ мебошад. Барои исботи фикраш А. Алимардонов ба ишораҳои дар девони Камоли Хуҷандӣ ҷой дошта муроҷиат намуда, фикрашро тасдиқ мекунад. Чуннчи, – менависад А. Алимардонов, Камол дар яке аз ғазалҳои худ ба камолоти суханварӣ ва мақоми баландаш дар ин ҷода ишора намуда, мегӯяд:

Камол чун суханат беҳ зи Хусраву Ҳасан омад,

Дигар мадор аз ину аз он таваққӯи таҳсин.

Ё худ дар ҷойи дигар менависад:

            Камол, ин нукта гар мурғе барад бо пар ба Ҳиндустон,

            Бибояд тӯтиён аз ту сухан омӯхтан гирад.

    Дар маънии ҳамин гуфтаҳои Камоли Хуҷандӣ муҳаққиқ матлаби шоирро аз тӯтиён – шоирони маъруфи форсизабони Ҳинд Хусрави Деҳлавӣ ва Ҳасани Деҳлавиро дар назар дорад.

            А. Алимардонов тамоми ҷанбаҳои наздики ашъори ин ду суханварро баррасӣ намуда ба чунин хулоса омадааст, ки мавзӯи асосии бештари ғазалҳои онҳо таърифу тавсифи ҳусну ҷамоли маъшуқ, дарди ҷонгудози фироқ, нолаву фиғони ошиқ, шикоят аз бахти бад, нозу истиғно ва номеҳрубонии маъшуқ, хурсандии лаҳзаҳои висол, садоқату вафодории ошиқ ва таҳаммули дарду ранҷ ва дигар масоили ба онҳо алоқаманд мебошад. Забони ғазалиёти ҳар ду шоир соддаву равшан, фасеҳу рангин аст.

            Камоли Хуҷандӣ, қайд мекунад муҳаққиқ, аз ҷанбаҳои гуногуни ғазалиёти Ҳасани Деҳлавӣ ба камоли маҳорату устодӣ баҳра бардошта, дар ашъори худ беҳтарин комёбиҳои назми Хоҷа Ҳасан ва дигар саромадони ғазалро эҷодкорона ривоҷ ва ва такмилу тавсиф додааст ва дар ин замина ашъори ҷаззоббу латиф ва рӯҳангезу дилнишини безавол офаридааст.

Пойнавишт:

  1.  Абдурраҳмони Ҷомӣ. Баҳористон, бо тасҳеҳ ва муқаддимаи А. Афсаҳзод (ба алифбои форсӣ), Душанбе 1982. – С. 116.
  2. Амин Аҳмади Розӣ, тазкираи “Наштари ишқ” (нусхаи хаттии Ганҷинаи дастнависҳои шарқии АИ ҶТ , рақами 140,варақи 93.
  3. Брагинский. Очерк из истории таджикской литературы. Сталинабад, 1956, с. 240, 241, 242.
  4. Девони Камоли Хуҷандӣ, ҷилди 1- Душанбе, 1983. – С.                                                                                                                    
  5. Ҳасани Деҳлавӣ, мунтахабот, тартибдиҳандагон М. Бақоев, Л. Саломатшоева (ба алифбои форсӣ). Душанбе, 1965,с.11.

5. Фахрии Ҳиравӣ, Радоиф-ул-ашъор”, нусхаи хаттии китобхонаи шахсии Эргашалӣ Шодиев,  в.в. 155, 350, 359.

Калидважаҳо: ғазал, тазмин, назира, Камол, Ҳасан, девон, татаббуъ, пайравӣ, Хуҷанд, Ҳинд, робита, алоқа, пайравӣ, тӯтиён, сухангӯ

Взаимное отношение творчество Хасана Дехлави и Камала Ходжнди с 

А. Алимардонов в своему исследование пришел к выводу что, несмотря на то что Каммали Худжанди широко использовал в своем творчестве литературных достижение и мастерство Хасана Дехлави как форму и содержания, тематики способ выражения, использования пословиц и поговорок, выбор легких и приятных стихотворных размеров, тесных и изящного способа  выражения он в то же время мастерски и творчески развивая и совершенствую их на этой основе создал притягательную и приятную поэзию имеющий целостное и самостоятельное содержание.

Высокое литературное совершенство, мастерство и талант Камала Худжанди особенно блестяще проявляется в его ответных газелей на газели Хасани Дехлави.  

Ключевые  слова: ғазел, тазмин, назира, Камал, Ҳасан, дивон, татаббуъ, пайравӣ, Хуҷанд, Ҳинд, робита, алоқа, тӯтиён, словестник.

 

Mutual relationship in the work of Hassan Dehlavi and Kamal      Khojandi from the point of view of A. Alimardanov

              
            A. Alimardonov in his study came to the conclusion that, despite the fact that Kamali Khujandi widely used the achievement and skill of Hasan Dehlavi in ​​his literary work as a form and content, subject matter, way of expression, use of proverbs and sayings, the choice of easy and pleasant poetic sizes, close and in an elegant way of expression, he at the same time masterfully and creatively developed and perfected it and on this basis created an attractive and pleasant poetry with a holistic and independent content.

               The high literary excellence, craftsmanship and talent of Kamal Khujandi is especially brilliantly manifested in his response gazelles to the Hasani Dehlavi gazelles.

Keywords: Gazel, tazmin, nazira, Kamal, Hasan, divan, follow, Khujand, India, relationship, connection, parrots,speaker.

 

Сайидхоҷа Ализода,

ходими пешбари

Маркази мероси хаттии

 АМИТ;  тел: 992 918 61 64 12;

Email: alizoda1955@mail.ru