МӮМИНОВ ҲОРИС ШОКАРИМОВИЧ
 
Мӯминов Ҳорис Шокаримович 21 феврали соли 1991 дар деҳаи Даҳкати ҷамоати Росровути ноҳияи Деваштич (Ғончӣ) таваллуд ёфтааст. Соли 2007 мактаби миёнаи №11 деҳаи Даҳкатро хатм кардааст. Соли 2008 ба факултети улуми исломии Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа дохил шуда, онро соли 2012 хатм намудааст. Соли 2012 ба шуъбаи магистратураи факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2014 ба итмом расонидааст.

Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 2016 ба вазифаи лаборанти шуъбаи бостоншиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АИ ҶТ оғоз намудааст. Айни ҳол дар шуъбаи ҷамъоварӣ ва нигаҳдории нусхаҳои хаттии Маркази мероси хаттии АИ ҶТ дар вазифаи лаборанти калон фаъолият мекунад.