Назаров Маҳмуд Маҳмадзарифович

НАЗАРОВ МАҲМУД МАҲМАДЗАРИФОВИЧ

Назаров Маҳмуд Маҳмадзарифович 14 ноябри соли 1995 дар деҳаи Гиждалободи ҷамоати Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд ёфтааст. Соли 2013 мактаби миёнаи №70 деҳаи Гиждалободро хатм намудааст. Соли 2013 ба факултети филологияи шарқи Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа дохил шуда, онро соли 2017 хатм намудааст. Соли 2017 ба шуъбаи магистратураи Маркази мероси хаттии АИ ҶТ дохил шудааст.

Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 2018 ба вазифаи лаборанти калони шуъбаи ҷамъоварӣ ва нигаҳдории нусхаҳои хаттии Маркази мероси хаттии АИ ҶТ оғоз намудааст.