НАҚШАҲОИ ШУМИ ХОИНОН НАҚШЕ БАР ОБ ХОҲАНД ШУД

НАҚШАҲОИ ШУМИ ХОИНОН НАҚШЕ БАР ОБ ХОҲАНД ШУД

(Андешаҳо дар ҳошияи филми мустанади “Хиёнат”)

            Бидуни шак Рӯзи Ваҳдат бузургтарин ҷашни миллӣ баъди ҷашни  Истиқлоли Тоҷикистон аст, ки мо дар арафи он қарор дорем. Барои расидан ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ, миллати тоҷик аз гирдоби як ҷанги таҳмилӣ ва хонумонсӯз убур намуда, мардуми мо мушкилоти зиёдеро пушти сар гузошт. Билохира хиради азалии халқи тоҷик ва иродаи фарзандони содиқ ва бо нангу номуси Ватан боис шуд, ки мо ба Ваҳдати миллӣ даст пайдо кунем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди сулҳро асос гузошт ва ҷараёни расидан ба Ваҳдат ва ниҳодина шудани ин барномаи бузурги миллиро роҳбарӣ ва мудирият намуд. Маҳз иродаи росихи Сардори давлати тоҷикон барои овардани сулҳу субот ва барқарории оштии миллӣ дар ҷомеа ва нияти ӯ барои наҷоти давлатдории миллӣ боис шуд, ки ба оташбаси доимӣ барқарор ва ҷанг хатм шавад. Ба хотири расидан ба ин рӯз ҳама фарзандони ростини Ватан саҳм гузоштанд, аммо бидуни роҳбарии Сардори давлат ва иродаи қавии вай расидан ба ин рӯз ғайри мумкин буд. Тавре Анатолий Адамишин, собиқ муовини вазири корҳои хориҷии Русия дар мусоҳибаи худ дар “Независимая газета” ҳанӯз дар охири асри гузашта таъкид намуда буд, Президенти Тоҷикистон бо ирода ва нияти худ барои расидан ба сулҳу Ваҳдати миллӣ назарияи машҳури сиёсатмадор ва сиёсатшиноси амрикоӣ Г.Киссинҷерро, ки гуфта буд ҳокимияти сиёсӣ ғайри қобили тақсим бо рақибон аст, дар амал инкор намуд. Аммо Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади расидан ба сулҳ ҳозир шуд салоҳият ва ҳокимиятро бо рақибони сиёсии худ тақсим намояд. Ин азхудгузаштагӣ танҳо ва маҳз ба мақсади даст ёфтан ба сулҳ, сарҷам намудани миллати парешонгашта, барқарории оштӣ дар ҷомеа ва таъмини Ваҳдати миллӣ буд. Ин баҳои бузурги як сиёсатмадори хориҷӣ ба ирода ва садоқати Сардори давлати тоҷикон барои таъмини сулҳ дар кишвари азизамон мебошад.   

          Аммо мутаассифона, бо гузашти 23 сол ҳанӯз ҳам афроду ашхосе ҳастанд, ки дар сар шавқу ҳавои бозгашт ба таърихи пуртаҳлука ва пурдаҳшати ҷанги дохилиро мепарваранд. Аниқтараш як идда аз онҳое, ки тавассути ҷанг ва сулҳ соҳиби пулу мансаб шуда буданд, дубора дар талоши роҳандозии фитна ва ба ошӯб кашидани ҷомеа ва мардум ҳастанд. Онҳо зиндагӣ ва бақои умри худро дар ҳамин мебинанд ва маҷбуранд, ки ба хотири баровардани нафси ҳароми худ ва инчунин иҷрои дастуру супоришҳзои сармоягузоронашон чунин амл намоянд.  Роҳбари ин гуруҳҳо Муҳиддин Кабирӣ аст, ки ҳар чизе ёфта буд аз баракати ҷангу сулҳ ёфта буд. Акнун афроди худбохтае мисли Муҳаммадиқболи Садриддин, Иззат Амон, Олим Шерзамонов, Шарофиддин Гадоев, Сайидюнуси Истаравшанӣ, Илҳом Ёқубов дар атрофи вай ҷамъ шуда, аз минбарҳои хориҷӣ ва  дар шабакаҳои иҷтимоӣ алайҳи ваҳдату якпорчагии миллат сангандозӣ мекунанд. Албатта ин санги меандохтаи онҳо ба таъбири шоири бузурги миллат Муъмин Қаноат  онҳо ба Сарандев (баландии Ҳиндукуш) намерасад. Аммо аламовар ин аст, ки онҳо чунин корро алайҳи давлату Ватан, қавму миллати худ анҷом медиҳанд.  

             Филми мустанади “Хиёнат”, ки дар шабакаҳои телевизонии Тоҷикистон намоиш дода шуд, ки парда аз розҳои махуф ва хиёнатҳои пинҳони ин гуруҳҳо ва афрод бардошт. Ин мустанад собит месозад, ки ҳамаи ин ашхос таҳти таъсири шабакаҳои хориҷӣ ва манфиатдор қарор доранд ва аз пеши худ коре карда наметавонанд. С. Истравшанӣ, М.Садриддин, И.Амон, А.Шерзамон ва амсоли онҳо лашкари фитнаву иғворо ташкил дода, тӯфони туҳмату буҳтонро бар ҷониби Ватан ва давлати Тоҷикистон сарозер месозанд. Ҳама иқдоми онҳо фармоишӣ ва иҷрои лоиҳаҳои хоҷагонашон мебошад. Чизи дигаре, ки боиси таассуф ва ҳайрат аст, ошкор шудани пайи пойи кишваре мебошад, ки дар забон лофу газофи ёриву бародариву ҳамзабонӣ, аммо дар асл пушти парда корҳои дигаре нисбат ба давлат ва миллати тоҷик анҷом медодааст.

             Аммо як нукта мусаллам аст, ки “кӯр ду бор дар чоҳ намезанад”. Мардуми тоҷик, ки як бор шаҳди азобу азият, бадбахтӣ ва ҷанги хонумонсӯзро кашидааст, дигарбора фирефтаи фитна ва иғвои гуруҳҳои террористӣ ва наҳзатӣ нахоҳад шуд. Фаросати азалии мардуми тоҷик, таҷрибаи ҳосилнамуда аз гузаштаи талх, ҳушёриву зиракии мақомоти дахлдор ва аз ҳама муҳим иродат ва истеъдоди худододи роҳбарии Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомлаӣ Раҳмон тарҳҳои хасмонаи ин гурҳҳои бадхоҳи халқу Ватан барои роҳандозии дубораи мавҷи хушунат ва террорро нақше бар об хоҳад сохт.

Маҳмуд Назаров,

ходими хурди илмии

          Маркази мероси хатиии АМИТ