Нақши боризи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷустуҷӯи роҳи ҳалли қазияи Афғонистон

        Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон соли 1992 равобитҳои дипломатии худро барқарор намуданд. Вале робитаи миёни ду миллат ба умқи таърих ва садсолаҳои пеш бар мегардад. Мардумони ду кишварро  на танҳо марзи муштарак, балки таърихи ягона, арзишҳои умумии фарҳангӣ, расму ойин, дин ва забони воҳид ба ҳам пайванд медиҳад.

     Сафари нахустини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Кобул ва мулоқотҳои ӯ бо Бурҳониддини Раббонӣ, раиси ДИА ва Аҳмадшоҳ Масъуд, вазири дифоъ дар рӯзҳои 28-29 августи соли 1993 ба барқарории муносибатҳои ҳасана ва эҷоди эътимод миёни роҳбарони ду кишвар асос гузошт. Дар таърихи 19-22 декабри соли 1993 бошад сафари давлатии Президенти ДИА Бурҳониддини Раббонӣ ба Тоҷикистон сурат гирифт. Бояд зикр намуд, ки ин нахустин сафари як роҳбари давлати хориҷӣ ба Тоҷикистон баъди касби истиқлолияти давлатӣ буд. Сафари Б.Раббонӣ бешубҳа саҳифаи наверо дар муносибатҳои Тоҷикистон ва Афғонистон боз намуд. Зимни ин сафар як қатор санадҳои байнидавлатӣ миёни роҳбарияти ду кишвар ба имзо расид, ки ҳадафи онҳо беҳбуд бахшидани муносибат ва ҳамкориҳои дуҷониба буд. Муҳимтарини ин санадҳо “Созишнома дар бораи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳамсоягии нек миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати исломии Афғонистон” буд. 

     Мутаассифона, баъди васеъ гардидани қаламрави нуфузи гурӯҳи тундрави “Толибон” ва ишғоли Кобул – пойтахти ДИА аз ҷониби ин гурӯҳ имконияти густариши ҳамкориҳо байни ду кишвар маҳдуд гардид. Бо вуҷуди ин муколамаи сиёсӣ роҷеъ ба масъалаҳои муҳим баъди он, ки Толибон Кобулро дар соли 1996 ҳам ишғол намуданд, миёни ду ҷониб идома ёфт. Ҳарчанд доираи нуфуз ва қаламрави таҳти назорати ҳукумати расмӣ ва эътирофшудаи Афғонистон бо роҳбарии Б.Раббонӣ рӯз аз рӯз маҳдудтар мешуд ва имкони густариши ҳамкориҳо низ камтар буд.

     Миллати Афғонистон ва неруҳои муқовимати он кишвар аз кӯмак ва ҳамкории дастгирии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва гурӯҳи “Толибон” сипосгузор ва миннатпазир ҳастанд. Дар воқеъ Тоҷикистон дар солҳои муқовимати мардуми Афғонистон алайҳи режими тундгарои “Толибон” ва гурӯҳҳои террористии байналмилалӣ ба ақибгоҳи муҳимми ДИА табдил шуда буд. Тамоми кӯмакҳои хориҷӣ ба давлати расмии Афғонистон ва “Эътилофи шимол” аз тариқи Тоҷикистон интиқол дода мешуд. Бояд қайд намуд, дар он замон Тоҷикистон танҳо кишваре боқӣ монда буд, ки ҳеҷ гуна робитае бо Толибон барқарор накард ва аз мавқеи ҳукумати расмӣ ва эътирофшудаи ин кишвар то охир ҳимоят намуд.

    Баъди конфронси Бон дар соли 2001, ки Идораи муваққатии Афғонистонро интихоб намуд, 21 декабри ҳамон сол Б.Раббонӣ дар маросими бо тантанае ҳокимияти сиёсии Афғонистонро ба Идораи муваққат бо роҳбарии Ҳ. Карзай интиқол дод. Ин аввалин интиқоли мусолиматомези қудрат дар таърихи бештар аз 200 солаи Афғонистон буд. 

Тоҷикистон яке аз аввалин кишварҳое буд, ки ҳукумати нави Афғонистонро ба расмият шинохт ва дар 24 январи соли 2002 сафоратхонаи худро дар Кобул ифтитоҳ намуд. Ин як марҳилаи тоза дар рушди муносибатҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Афғонистон маҳсуб мешуд.

    Мулоқот ва дидорҳои мунтазами роҳбарони ду кишвар ба барқарории муносибатҳои хубу ҳасанаи ҳамҷаворӣ мусоидат намуд. Миёни роҳбарони сиёии ду кишвар дӯстӣ ва муносибатҳои боэътимод барқарор гардид, ки ба ҳалли бисёр масъалаҳои миёни кишварҳо кӯмак намуд. Имрӯз ба иловаи сафоратҳои ду кишвар, консулгариҳои Тоҷикистон дар шаҳрҳои Мазори шариф, Файзобод ва Қундуз инчунин консулгарии Афғонистон дар шаҳри Хоруғи Тоҷикистон амал мекунанд. 

     Президенти Тоҷикистон ҳам борҳо ва борҳо аз минбарҳои баланди байналмилалӣ ба зарурати ҳалли масъалаи Афғонистон даъват намудааст. Мавқеи роҳбарияти Тоҷикистон ба он асос меёфт ва имрӯз ҳам ба он устувор аст, ки “низои Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад, он бояд бо роҳҳои сиёсӣ ва музокира, тавассути таъсиси ҳукумати фарогири эътилофӣ ҳаллу фасл шавад”. Сулҳу субот дар Афғонистон бешубҳа ба таҳкими муносибат ва ҳамкориҳо ба нафъи ду кишвар ва халқҳои бародар мусоидат хохад кард. Ин ақидаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид мекунанд ва барои ёфтани роҳи ҳалли низои Афғонистон талошҳои хастанопазир анҷом дода истоданд.

     Заҳмату талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон имрӯз ба хосу ом маълум аст. Дар баробари ин, Президенти Тоҷикистон баҳри эҳё ва истиқрори сулҳ дар Афғонистон, ки бо сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон робитаи ногусастанӣ дорад, саъю кушиши зиёд ба харҷ додааст.

Нақш ва ҷойгоҳи Эмомалӣ Раҳмон дар барқарории сулҳ дар минтақа, ба хусус дар Афғонистон замоне бармало мешавад, ки ба қазия аз зовияи пажӯҳишӣ нигариста, решаҳои буҳрони минтақа, омилҳои дохилӣ ва берунии он ва пайомадҳояш барои Тоҷикистон тадқиқ шаванд.

     Дар ибтидои солҳои 90-уми қарни гузашта вазъият тавре буд, ки неруҳои исломгаро баъд аз 14 соли мубориза бо артиши Иттиҳоди Шӯравӣ ва низоми дастнишондаи он дар Афғонистон ба қудрат расиданд. Дар ҳамин давра буд, ки мухолифони исломгарои тоҷик низ ҳамроҳ бо ҳазорон нафар муҳоҷири тоҷик дар Афғонистон паноҳ бурданд. Табиист, ки низоми ба сари қудрат омадаи Афғонистон ба исломгароҳои тоҷик бояд дар муборизаи онҳо бо ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ҳамаҷониба кӯмак менамуд. Зеро таблиғот дар матбуоти хориҷӣ тавре буд, ки ин ҳукумат коммунистӣ ва мухолифи исломгароҳо ба қалам дода мешуд ва илова бар он марзҳои Тоҷикистонро бо Афғонистон марзбонони Русия - вориси Иттиҳоди Шӯравӣ, ки ба Афғонистон ҳуҷум карда буд, ҳимоя мекарданд.

     Ба хоки Афғонистон, ки қудрати сиёсиро тоҷикҳо дар ихтиёр доштанд, паноҳ бурдани даҳҳо ҳазор мухолифи мусаллаҳи тоҷик тарсу бимеро дар минтақа ба вуҷуд оварда буд, ки гӯё А.Масъуд дар пайи ташкил намудани «Тоҷикистони бузург» аст, ки ба он шаҳрҳои Бухорою Самарқанд муттаҳид карда хоҳанд шуд. Баъзе кишварҳои минтақа ҳарос доштанд, ки дар чунин шароит Афғонистон порча-порча хоҳад шуд ва бешубҳа низоми геополитикаи тамоми минтақаро барҳам хоҳад зад.

     Дар ҳамин шароити бисёр мураккаб масъулияти бисёр вазнине ба дӯши сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон афтода буд, ки пеш аз ҳама якпорчагии давлати тозаистиқлолро ҳифз намояд, миллатро сарҷамъ созад. Барои ин таъмини эътимоду боварӣ бо раҳбарони Афғонистон хеле муҳим  буд. Хушбахтона, дар рафти аввалин сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Афғонистон дар 28-29 августи соли 1993 ва мулоқотҳои ӯ бо устод Б.Раббонӣ ва Аҳмадшоҳ Масъуд ҳусни тафоҳум ва эътимод миёни онҳо ба вуҷуд омад, ки дар ҷараёни дидорҳои баъдӣ хеле таҳким ёфт ва натиҷаи он оғози музокирот миёни тоҷикон аз Кобул (1995) ва тақрибан ба дараҷаи ниҳоӣ расидани матни “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ” дар рафти мулоқот дар Хустдеҳ (дар вилояти Тахори Афғонистон) рӯзи 11 декабри соли 1996 гардид.

 Сарвари давлати Тоҷикистон аз ҷониби худ барои қатъи ҷанг ва таъмини сулҳу субот дар Афғонистон ба таври хастагинопазир фаъолият менамуд. Фаъолиятҳои ӯ дар ду самт мутамарказ гардида буданд.

  1. Даъват аз ҷомеаи байналмилалӣ барои таваҷчуҳи бештар ба вазъияти Афғонистон, дастгирии кушишҳои роҳбарони ин кишвар барои таъмини субот ва амалӣ намудани иқдомоти таъхирнопазир ҷиҳати ҳалли мусолиматомези масъалаи Афғонистон.
  2. Кӯмаки беғаразона ба давлати машруъи Афғонистон дар солҳои муқовимат бо толибон ва терроризми байналмилалӣ.

     Санаи 29 сентябри соли 1993 аз минбари  Иҷлосияи 48-уми Маҷмаи умумии СММ Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки  «…Дастгирии кӯшишҳои роҳбарияти Афғонистон ҷиҳати барқарор намудани сулҳу оромӣ дар сарзамини машаққатдидаи афғон на фақат ба манфиати ин кишвар ва минтақа, балки ба манфиати тамоми сайёра мебошад”. Сарвари давлат изҳор намуданд, ки замоне баъзе кишварҳо маблағи зиёдро барои ҷанг дар Афғонистон сарф мекарданд, акнун «вақти он расидааст, ки дар ин ҷо ба барқарор кардани ҳаёти осоишта ёрӣ расонда шавад».

Ба навиштаи ҷонишини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Н.Зоҳидӣ роҳбарияти кишвар аз оғози кори «Гурӯҳи ҳамсоягон ва дӯстони Афғонистон» («Гурӯҳи 6+2») дар он фаъолона иштирок намуда, минбаъд низ тамоми тасмимҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавиро, ки ба ҳалли мусолиматомези қазияи Афғонистон равона шудаанд, пуштибонӣ менамояд. Дар Вохӯрии VII сарони кишварҳои узви Созмони Конфронси Исломӣ (13-14 декабри соли 1994, Касабланка) Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдории Тоҷикистонро аз Баёнияи ниҳоӣ ва Қатъномаи ҷаласаи ҳафтуми фавқулоддаи вазирони корҳои хориҷии узви ин созмон оид ба Афғонистон изҳор дошта, таъкид намуда буд: «Мо, ки худ таҷрибаи талхи ҷанги ҳамватаниро чашидем, ба ҳеҷ ваҷҳ ҳалли мушкилии ба вуҷудомадаи мардуми Афғонистонро бо роҳи зӯроварӣ ва яроқ намехоҳем».

    Ҳанӯз то анҷоми ҳамлаҳои террористии 11 сентябри соли 2001дар Ню-Йорк ва Вашингтон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чандин бор аз минбарҳои баланд дар бораи гузаронидани форуми байналмилалӣ зери сарпарастии СММ ба хотири дарёфти роҳи сиёсии ҳалли буҳрони Афғонистон даъват намуда буданд.

      10 майи соли 1997 дар Душанбе мулоқоти сеҷонибаи сарони кишварҳои форсизабон - Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон ва доир гардид, ки дар Эъломияи қабулшуда ягона роҳи воқеии ҳалли низоъ дар Афғонистон «роҳи музокира» хонда шуд ва аз СММ даъват гардидааст, ки фаъолияти худро барои ҳалли мусолиматомези масъалаи Афғонистон ҷоннок намояд.

    Дар марҳилаҳои баъдӣ, пас аз ба зери назорати толибон даромадани қисми зиёди ҳудуди Афғонистон, ба маркази тарбияи террористони байналмилалӣ ва кишту тавлид ва қоҷоқи маводи мухаддир табдил гардидани Афғонистон Президенти Тоҷикистон дар тамоми сатҳҳо нигаронии худро аз вазъияти баамаломада дар Афғонистон ва пайомадҳои ногувори он барои сулҳу суботи ҷаҳонӣ ҳушдор медоданд.

Бо ташаббуси сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 4 октябри соли 1996 дар Қазоқистон вохурии таъҷилии президентҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва сарвазири Федератсияи Русия баргузор гардид, ки амалан муносибати ин давлатҳоро бо низоми «Толибон» баъди ба зери назорати  ин  ҷунбиш гузаштани пойтахти Афғонистон - шаҳри Кобул, муайян намуд. Раҳбарони ин давлатҳо изҳор намуданд, ки ба ҳама гуна амалҳое, ки суботро дар марзи давлатҳои узви ИДМ ва Афғонистон халадор месозад, посух хоҳанд дод.

Бо назардошти он ки, ки қочоқи маводи мухаддир яке аз манбаъҳои таъмини масорифи ҷанг аз тарафи толибон ҳисоб мешуд Президенти Тоҷикистон дар Иҷлосияи махсуси Ассамблеяи Генералии СММ оид ба маводи мухаддир (08.07.1998) аз ҷомеаи байналмилалӣ даъват намуд, ки аз ҷумла барои сохтани «камарбанди амниятии зидди маводи мухаддир» дар атрофи Афғонистон чораҳои таъхирнопазир биандешанд.

     Аммо воқеият ин аст, ки бо васеъ гардидани ҳудуди зери назорати толибон дар Афғонистон, афзоиши пойгоҳҳои тамрини террористони байналмилалӣ дар тамоми қаламрави ин кишвар ва кишту кочоқи маводи мухаддир нигоҳ накарда, ҷомеаи ҷаҳонӣ барои пешгирии пайомадҳои фаъолияти ин интернатсионали террористӣ чораҳои қатъӣ намеандешид. Даъватҳои роҳбарияти Давлати Исломии Афғонистон ва Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро гӯши шунавое набуд, ки бишнавад. Онҳо тавре вонамуд мекарданд, ки ин хатар вуҷуд надорад ва ё хатари ҷиддӣ нест. Гарчанде таҳдиди терроризм ва маводи мухаддир барои кишварҳои Осиёи Марказӣ рӯз то рӯз бештар мегардид, аммо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия, ҳатто кишварҳои аъзои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) натавонистанд мавқеи ягонаро дар муносибот бо «Толибон»  интихоб кунанд. Гузашта аз ин, баъзе аз ин кишварҳо робитаҳои худро бо «Толибон» барқарор сохта, ҳатто дар фикри ба расмият шинохтани Аморати «Толибон» буданд. Масалан, дар пайи кушта шудани дипломатҳои эронӣ дар Мазори Шариф дар соли 1998 аз тарафи толибон Эрон ба сафороии нерӯ дар марзҳои Афғонистон оғоз кард ва зоҳиран омода буд бо толибон вориди ҷанг шавад. Аммо дере нагузашт, ки як ҳайати толибон ба Эрон сафар кард ва дар натиҷаи гуфтушунид роҳҳои транзити молҳо барои бахшҳое аз Афғонистон, ки зери назорати толибон буд, аз тариқи Эрон боз шуданд. Ин сиёсат ҳамаро ҳайратзада намуд. Ё ин ки намояндагони дипломатии Русия дар Исломобод чандин бор бо намояндагони Аморати исломии “Толибон” дар Покистон мулоқот намуда, хостори музокирот бо роҳбарияти «Толибон» шуданд. Аз гузориши намояндагони сафорати «Толибон» дар Исломобод (моҳи декабри соли 1998) маълум буд, ки русҳо мехоҳанд бо Аморати “Толибон” муносибати ҷадидро барқарор намоянд ва аз гузашта пушаймонанд.

Ба таъбири дигар кам андар каме аз кишварҳо ба пирӯзии нерӯҳои муқовимати Афғонистон бовар доштанд ва ҳеҷ кишваре кӯшиш намекард таҷовузи рӯирост ба Афғонистонро  маҳкум намояд. Ҳатто доираҳои коршиносӣ ба ҳукуматҳои кишварҳояшон тавсия медоданд, ки ҳарчи зудтар бо «Толибон» музокираро оғоз кунанд. Дар ин шароит, Тоҷикистон ягона кишваре буд, ки нисбат ба Давлати Исломии Афғонистон сиёсати устувор ва содиқона дошт. Раҳбари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бидуни ягон дудилагӣ тамоми имконоти моддӣ, лоҷистикӣ ва маънавии худро барои ёрӣ ба нерӯҳои муқовимати Афғонистон бахшид, дар канори мардуми ин кишвар қарор гирифт ва монеи густариши сартосарии толибон ва терроризми байналмилалӣ гардид. Президенти ДИА шаҳид Бурҳониддини Раббонӣ дар суҳбат бо хабарнигорони тоҷик таъкид карда буд, ки «маҳз қаламрв ва мардуми Тоҷикистон ягона такягоҳи мо буданд, ки дар натиҷа тавонистем бар низоми ифротгарои толибон пирӯз шавем».

     Муҳаммадюнуси Қонунӣ - раиси Маҷлиси Намояндагони Афғонистон (2005-2010) ва яке аз ҳамразмони Аҳмадшоҳи Масъуд дар суҳбат ба муаллифони ин мақола ҳанӯз 9 сентябри соли 2002 таъкид намуда буд: «Мо шоҳиди он будем, ки раҳбарии кишвари дӯсти Тоҷикистон, дар раъси Эмомалӣ Раҳмонов бо миллати бузургу шуҷоъи Тоҷикистон, дар даврони муқовимат алайҳи толибон ва терроризм душодӯши мардуми Афғонистон истоданд. Пуштибонии маънавии Тоҷикистон аз муқовимат ҳамеша Масъуд ва ёронашро рӯҳ ва нерӯ мебахшид… Ман яқин дорам, ки агар пуштибонии миллати диловари Тоҷикистон ва роҳбари шуҷоъи Тоҷикистон вуҷуд намедошт, мо имрӯз на дар Кобул, балки дар ҷабаҳоти муқовиммат мебудем». Воқеан ҳам, мардуми Афғонистон ва нерӯҳои муқовиммат аз кумакҳои Тоҷикистон, аз мавзеъгирии содиқонаи Сарвари давлати тоҷикон дар баробари толибон ва терроризми байналмилалӣ самимона миннатдоранд. Дар ин росто бояд аз тавсифи шаҳид Аҳмадшоҳ Масъуд аз Сарвари тоҷикон ёдовар шавем, зеро Аҳмадшоҳ Масъуд аз зумраи касоне буд, ки камтар дар бораи шахсиятҳо ибрози назар менамуд ва агар чизе мегуфт бо салобат ва масъулияти таърихӣ иброз менамуд. Масъуд гуфтааст: «… Бовар кунед, таваҷчӯҳи хоси ман ба ҷаноби Эмомалӣ Раҳмонов ба хотири ҳаммилатии мо нест, балки асоси воқеӣ дорад. Танҳо сарвари хирадманду воқеан ватанпараст қодир аст, ки дар як муддати кӯтоҳ кишварро аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ, ки бо васваса ва ангезаи душманони миллати тоҷик ба амал омад, берун кашад… Бояд ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф намояд, ки саҳми ҷаноби Эмомалӣ Раҳмонов дар истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон бағоят бузург аст ва бори дигар ба бузургии хиради мардуми форсизабон далолат мекунад…». Ҳамин тавр, Пешвои миллат, Президенти кишвар, чуноне ки барои қатъи ҷанг ва таъмини сулҳу субот дар Тоҷикистон талош намудааст, ба ҳамин андоза кӯшиш кардааст, ки сулҳу субот дар Афғонистони ҳамсоя, ҳамфарҳанг, ҳамзабону ҳамхун пойдор шавад.

      Хизматҳои Эмомалӣ Раҳмон, дурустии пешгӯиҳо ва ҳақиқати суханони ӯро танҳо баъд аз амалҳои террористии 11 сентябри соли 2001 тамоми созмонҳои байналмилалӣ ва шахсиятҳои сиёсӣ эътироф карданд ва ба ӯ арҷ мегузоранд. Раиси Идораи мувақкати Афғонистон Ҳамид Карзай дар рафти аввалин сафараш ба Тоҷикистон ва сӯҳбат бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар 24 январи соли 2002  бо ишора ба мавқеи устувор ва усулии ӯ дар масъалаи Афғонистон изҳор сипос намуд. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Т.Назаров (2004-2006) ва А.А.Сатторзода дар китоби худ «Дипломатияи муосири тоҷик» чанд иқтибоси ҷолиби дигарро аз раҳбарони Фаронса ва Амрико овардаанд, ки аз сиёсати устувор ва собити Президенти Тоҷикистон дар муносибат ба Афғонистон шаҳодат медиҳанд. Президент Фаронса Жак Ширак дар ин замина мефармояд: «Мардуми Фаронса ҳеҷ гоҳе мавқифи устувори Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки бар фарҳанги ғанӣ ва бузурги маънавии халқи тоҷик такя мекунад, фаромӯш нахоҳад кард». Вазири дифоъи вақти Фаронса Ален Фишер навиштааст: «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов мавқеи ҷасурона зоҳир намуд. Ӯ аввалин касе буд, ки дар бораи хатаре, ки дар ин нуқтаи ҷаҳон ҷой дошт, изҳори ташвиш намуд». Раиси кумитаи Сенати Амрико Жосеф Либерман ҳам эътироф кардааст, ки «Президенти Тоҷикистон пештар аз раҳбарони бисёре аз кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хатари режими «Толибон»-ро барои минтақа ва ҷаҳон дарк намуд ва чандин маротиба аз минбарҳои баланди байналмилалӣ изҳори нигаронӣ кард».

Воқеан ҳам баъд аз амалҳои террористии 11 сентябри соли 2001 якбора ҷаҳон мутаваҷеҳи хатари толибон шуд ва даъватҳои пайдарпайи Президенти Тоҷикистонро ҷиддӣ гирифт. Дар пайи ташкили Эътилофи байналмилалии мубориза бо терроризм Тоҷикистон узви фаъоли он гашта, барои таъмини сулҳ ва субот дар Афғонистон саҳми босазо гузошт. Аммо дар ин замина суханони дипломати норвежӣ дар САҲА қобили аҳамиятанд, ки гуфтааст: «Ҳоло маълум нест, ки оё Тоҷикистон ба эътилоф пайваст ва ё эътилоф ба Тоҷикистон, ки 7 сол бо тамоми таҳдидҳо аз Афғонистон мубориза мебурд. Эҳтимоли қавӣ вуҷуд дорад, ки мо бо Тоҷикистон ҳамроҳ шудем».

     Имрӯз, мутаассифона, бори дигар Афғонистон ва минтақа дар маърази хатари терроризм ва ифротгароӣ қарор дорад ва Пешвои миллати мо мисли пештара барои муттаҳид шудани давлатҳо ва миллатҳо ҷиҳати пешгирии ин хатари глобалӣ даъват намуда, ҳамзамон бо дарки таҷрибаи нодири сулҳи тоҷикон ба аҳамияти музокироти сулҳ миёни тарафҳои даргир таъкид менамояд. Бешубҳа, низоъи Афғонистон аз вежагиҳои хос бархурдор аст, аммо бо вуҷуди ин фақат бояд кӯшиши ҳамаҷониба ба харҷ дода шавад, то раванди оштии миллӣ дар Афғонистон татбиқ гардад.

     Ахиран, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 75-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 28 сентябри соли 2020 бори дигар роҷеъ ба қазияи Афғонистон изҳори назар намуда, аз раванди музокироти сулҳи оғозшудаи байни афғонҳо пуштибонӣ намуданд: “Чӣ тавре мо борҳо таъкид намудаем, қазияи Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад ва Тоҷикистон аз равандҳои музокироти сулҳофарӣ ва ҳар иқдоме, ки ба ҳалли буҳрони сиёсӣ дар Афғонистон нигаронида шудааст, комилан ҷонибдорӣ менамояд.

Тақдири Афғонистон ва ояндаи онро бояд қабл аз ҳама худи мардуми он ба даст гирад ва мо мутмаинем, ки ба истиқрори вазъ дар Афғонистон метавон танҳо аз тариқи раванди сулҳофарие расид, ки аз ҷониби худи афғонҳо идора, назорат ва пеш бурда мешавад”.

    Фаъолияти пайгиронаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳалли осоиштаи низои Афғонистон ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ ба мушкилоти ин кишвар аз тарафи роҳбарияти давлат ва мардуми ҳамсояи Афғонистон қадрдонӣ гардида аст. Барои саҳми бузург дар таҳкими сулҳ ва субот дар Афғонистон ва дӯстии байни халқҳои ду кишвар 28 апрели соли 2005 Эмомалӣ Раҳмон ба мукофоти олии давлатии Афғонистон - Ордени «Қаҳрамони миллии Афғонистон – Аҳмадшоҳ Масъуд» сарфароз гардонида шуданд.

                                                                

Қосимшо Искандаров,

                                                                  доктори илмҳои таърих