Нақши Пешвои миллат дар баргардонидани гурезагон ва муҳоҷирони иҷборӣ ба Ватан

     Бешубҳа ҳама гуна ҷангу хушунат фоҷиа аст ва муҳоҷирати аҳолиро аз хонаву кошонааш дар пай дорад. Ҷанги бародаркуши Тоҷикистон ҳам истисно набуд. Дар натиҷаи ҷанг дар солҳои 1992-1993 садҳо ҳазор нафар сокини кишвар хонаю кошонаи худро тарк намуда, ё дар дохили мамалакат ҷои зисти худро тағйир доданд ва ё ҷумҳуриро тарк намуданд. Рақами аниқи фирориёну беҷошудагон то ҳол маълум нест. Дар расонаҳои хабарӣ, дар китобу мақолаҳо ва гузоришҳои гуногун рақамҳои гуногун оварда мешаванд. Муаллифони Гузориши СММ оид ба рушди инсон (1995), ки ҳарсола  дар Тоҷикистон чоп мешуд, бо такя ба маълумоти Сарраёсат оид ба гурезагони Вазорати меҳнати ҶТ ин рақамро  850000  тахмин намудаанд, 600-700000 дар дохили кишвар ва боқӣ ба хориҷ (60 ҳазор нафар ба Афғонистон ва 195 ҳазор нафар ба ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ: Россия, Украина, Белоруссия, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қиғизистон ) фирор карда буданд.

         Умайро Рашидова, ки яке аз муҳаққиқони аввалини масъалаи бозгардонидани гурезагон мебошад, дар асоси маълумотҳои расмӣ ва ба қавли худаш чопшуда ва чопнашуда теъдоди гурезаҳои тоҷикро дар мусоҳиба бо хабарнигори CAA Network (Беженцы таджикской войны: умирая дома и на чужбине// http://caa-network.org/archives/9236) ин тавр  шарҳ медиҳад: Покистон -2000, Олмон – 13000, Қирғизистон -17000, Ӯзбекистон – 30000, Белоруссия – 36400, Туркманистон – 45000, Украина – 53100, Афғонистон -60000, Қазоқистон – 80000, Россия – 145857.

Бояд гуфт, ки ба ақидаи У.Рашидова дар аввал шумораи фирориён ба Афғонистонт 90 000 нафарро ташкил менамуд, аммо 30 000 нафари онҳо мустақилона, умдатан аз тариқи ВМКБ ба Тоҷикистон баргаштанд.  

         Маълум аст, ки ҳанӯз то оғози Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд даҳҳо ҳазор нафар мардуми одӣ хонаю кошонаи худро тарк намуда буд. Муҳаққиқи тоҷик Рашидова У.М. дар асоси маълумоти СММ навиштааст, ки то 1 июли соли 1992 шумораи фирориён 83 000 нафарро ташкил менамуд ва 24 июли ин шумора  аллакай ба 133000 нафар расида, дар ибтидои соли 1993 ба таври расмӣ 1млн нафар гуреза ба қайд гирифта шуда буд. Маълумотҳои дигар шаҳодат медиҳанд, ки дар солҳои даргириҳо беш аз 1,5 млн нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷои зисти худро тарк намуда буданд.

Гузашта аз ин, тибқи маълумоти Вазорати меҳнат дар ин давра 35 723 хона хароб карда шуда буд, ки аз онҳо 21740 пурра вайрон карда шуда буданд. Комиссариати Олии СММ оид ба гурезагон баъд аз таҳқиқи ноҳияҳои ҷанубии ҷумҳурӣ ба хулоса омада буд, ки дар ин минтақа 17000 хона хароб карда шуда буд. Дар дигар минтақаҳо ин рақам 12000-ро ташкил мекард. Рақами қисман вайрон кардани хонаҳо аз ин ҳам зиёдтар буд.

Дар мисоли фақат як ноҳияи Бохтар (ҳоло Кушониён) метавон умқи фоҷиаи ҷанги шаҳрвандиро мушоҳида намуд. Аз 32 деҳа 45 деҳа пурра аз байн бурда шуда буд. Зиёда аз 6400 хона ба коми оташ кашида шуда буд ва 2994 қисман вайрон карда шуданд. Яъне 5700 хонавода бесарпаноҳ монда буданд. Ба ғайр аз ин, тамоми инфрасохтори ҷамъиятию маданӣ ва тиҷоратӣ: китобхонаҳо, клубу мағозаҳо, кудакистону хонаҳо хизматрасониии маишӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, мактабҳо ва ғайра аз байн бурда шуда, зарари бузурге ба муасисаҳои нақлиётӣ, саноатӣ, кишоварзӣ расонида шуда буд.

Масъулияти обод кардану ба маҳали зисти доимӣ баргардонидани беш аз 1млн фирорию муҳоҷири иҷборӣ, ин ҳам дар шароити идомаи даргириҳои мусаллаҳона бо оппозитсияи мусаллаҳ ва вазъияти ниҳоят ногувори иқтисодию иҷтимоӣ ба души Сарвари нисбатан ҷавони Тоҷикистон (ӯ дар он замон ҳамагӣ 40 сол дошт) Эмомалӣ Раҳмонов афтода буд. Аммо ӯ ин масъулияти бузургро ба хотири наҷоти миллат, ҳифзи истиқлолият ва  якпорчагии Тоҷикистони тазаистиқлол бо ифтихор ба  душ гирифт.

Дар рӯзҳои кори Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд маълум буд, ки масъалаи муҳимтарини хатми ҷанг ва истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон баргардонидани гурезаҳо ба маҳали зисташон мебошад. Барои ин таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи ин раванд зарур буданд.  Қобили зикр аст, ки ҳанӯз дар моҳи июли соли 1992 Департамент оид ба гурезагон дар назди Вазорати меҳнат ташкил шуда буд, ки мебоист тамоми масъалаи кор бо гурезагонро ҳамоҳанг ва роҳбарӣ менамуд. Ин Департамент соли 1993 ба Сарраёсати кор бо гурезагон ва муҳоҷирони дохилӣ табдил дода шуд. Зери роҳбарии бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезагон»,  Фармонҳои Раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф», «Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудани шахсоне, ки сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур намуда ва мехоҳанд ба Ватан баргарданд» қабул карда шуданд.

Вакилони Иҷлосияи Шӯрои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд ба таври муфассал масъалаи «Ба маҳали зисти доимиашон баргардонидани гурезаҳо»-ро муҳокима намуданд. Албатта қарор дар ин бора қабул шуд, вале ин кор маблағи зиёд ва  вақтро талаб мекард. Хонаҳои истиқоматии бо ҳазорҳо заҳмат ва хуни дил бунёдкардаи одамон сухтаву хароб гардида буданд.

Бинобар баъд аз Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмон масъалаи баргардонидани гурезагонро ба маҳали зисташон яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати хукумат қарор дод. Раиси Шӯрои Олӣ, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосия изҳор намуд: «То он даме, ки охирин гурезаро аз Афғонистон ба Тоҷикистон бознагардонам, ман осуда буда наметавонам». Воқеан Ӯ исбот намуд, ки ин як шиори хушку холӣ, як ваъдаи популистӣ набуд ва тамоми ҳастиашро барои баргардонидани гурезаҳо, махсусан аз Афғонистони ҷангзада бахшид.

Аммо чуноне дар боло ишора рафт ба ғайр аз гурезаҳо ё фирориён дар Афғонистон  дар ҳудуди 700000  дар дохили Тоҷикистон беҷо шуда буданд ва умдатан ба маҳалҳои бобоии худ муҳоҷир гардида буданд ва дар хонаҳои хешу табори худ, ё масҷиду  маҳалҳои ҷамъиятӣ зиндагӣ мекарданд. Шароити маҳалҳо ва хонаводаҳое, ки онҳоро қабул намуда буданд, тобу тавони нигаҳдории онҳоро надоштанд. Фарзандони беҷошудагон на дар ҳама ҷо метавонистанд ба таҳсили худ идома диҳанд.

 Ҷадвали зерин, дар асоси маълумоти Сарраёсати кор бо гурезагони Вазорати меҳнат гувоҳӣ медиҳад, ки  қариб дар тамоми минтақаҳо муҳоҷирони беҷошуда зиндагӣ мекарданд ва дар зарфи каме бештар аз ду сол  аксари кулли онҳо ба маҳалҳои зисташон баргардонида шуданд, ки дар он кор воқеан нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бисёр бузург аст.

Ҷадвали 1. Беҷошудагон дар дохили ҷумҳурӣ

Маҳали паноҳандагӣ

Маҳали фирор

Теъдоди фирориён

Теъдоди баргардонидашуда

гон

Миқдори муҳоҷиронибоқи

монда

Миқдори беҷошудагоне, ки қасди бозгаштанро надоранд

Вилояти Ленинобод (Суғд)

Вил. Хатлон, Душанбе, НТҶ

34939

30939

4000

3539               

Вилояти Хатлон, Кулоб, Ғозималик

Вил.Хатлон

244758

239638

5120

3507

ВМКБ

Вил. Хатлон Душанбе, НТҶ

56025

44931

11094

3477

Душанбе

Вил. Хатлон, НТҶ

154390

153863

527

137

НТҶ

Вил. Хатлон

7728

7728

-

-

Турзунзода

Душанбе, НТҶ

-

-

-

-

Ҳисор

НТҶ

6252

6252

 

 

Ноҳияи Ленин (Рӯдакӣ)

НТҶ

52645

52161

484

484

Кофарниҳон (Ваҳдат)

НТҶ

21798

21168

630

480

Файзобод

НТҶ

7300

7262

38

38

Комсомолобод (Нуробод)

НТҶ

33800

33088

712

712

Ғарм (Рашт)

НТҶ

42000

40932

1068

1068

Тавилдара (Сангвор)

НТҶ

2700

1482

1218

1218

Ҷиргатол (Лахш)

НТҶ

3500

3182

318

318

Тоҷикобод

НТҶ

12586

11962

624

624

Шаҳринав

НТҶ

6000

6000

-

-

Варзоб

НТҶ

2232

2232

-

-

Роғун

НТҶ

9000

3000

-

-

Ҷамъ

 

697653

671820

25833

15800

Манбаъ: Сарраёсати кор бо гурезагони СММ аз 1 феврали соли 1995

 

Ҷадвали боло нишон медиҳад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон дар кори баргардонидани мухоҷирини дохилӣ ба маҳали зисташон ба дастовардҳои муҳиме ноил шуда буд. Набояд фаромуш намуд, ки мувофиқи Қонун «Дар бораи гурезагон» ва Қарори Ҳукумат  ба тамоми шахсони баргашта аз тарафи ҳукумат ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ кумаки молӣ расонида мешуд, онҳо ба ҷои кори пештараашон бояд барқарор карда мешуданд. Дар соли 1993 давлати Тоҷикистон барои интиқоли хонаводаҳои муҳоҷирони иҷборӣ ба маҳали зисти доимӣ ва пардохи кумакпулӣ ба онҳо 1,8 млрд рубл сарф намуда буд (20000 барои як оила).

Воқеан ҳам баъди аз Хуҷанд ба Душанбе баргаштани Ҳукумати нав Сарвари давлат - Эмомалӣ Раҳмон, дар Муроҷиатномаи худ щамчун Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми Тоҷикистон аз 12 декабри соли 1992 ӯ яке вазифаҳои аввалиндараҷаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ин тавр муайян намуд: «гурезаҳоро ба шаҳру деҳот ва манзили зисти худ баргардонида, онҳоро бо сару либос, хурокворӣ таъмин намуда , барои кори бонизом дар роҳи барқарор кардани харобазорҳо шароит фароҳам оварем».

16 январи соли 1994 Сарвари давлат бо Муроҷиатнома ба ҳамаи ҳамватанони хориҷи хоки Тоҷикистон баромад намуд. Дар Муроҷиатнома аз ҷумла омада буд: «Азизон, Тоҷикистони молву шумо аз балоҳо гузашт ва ҳарчанд талафоти дардовари ҷониву молӣ дод, якпорчагии сиёсӣ тамомияти арзӣ ва истиқлолияти худро тавонист нигоҳ дорад. Имрӯз Тоҷикистони азиз рӯ ба ободӣ ниҳодааст ва ба ҳар фарди барӯмандаш, ки метавонад дар ободии ин кӯҳандиёр саҳм бигирад, бо чашми умед менигарад… Бародар аз пайи кини бародар намеравад. Ҳама муштоқи дидори шумоянд ва бовар доранд, ки  шумо имрӯзу фардо боз хоҳед гашт, дасти бародарони худ хоҳед гирифт ва Ватани ниёгони хешро обод, чароғи хонаи падариро равшан хоҳед кард…Азизон, тоҷикон як Ватан доранд, вазифаи ҳамаи мост, ки онро азиз дорем ва ободаш кунем».

Нигаронии шадиди Сарвари тозаинтихоби Тоҷикистон аз аҳволу шароити бади зиндагии гурезагон дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ва инчунин дар ҳудуди Афғонистон аз аввалин мусоҳибаҳои матбуотии ӯ мушоҳида мешавад. Шароити гурезагон дар ин манотиқ ӯро ором намегузошт. Дар он шароити ногувор гурезагон аз маводи аввалия барои зиндагӣ маҳрум буда, аз гурустнагию бемориҳои гуногун  фавт мекарданд. Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз мусоҳибаҳои аввалини худ дар бораи гурезагон изҳор намуда буд: «Зиёда аз 30000 нафар фирориён сарҳадро убур карда, ба қаламрави  Давлати Исломии Афғонистон гузаштаанд. Тибқи маълумоти расида, силоҳбадастон фарзандони гурезаҳоро бо яроқу аслиҳа иваз мекунанд, занону духтаронро дастаҳои мусаллаҳи афғонҳо зуран мебаранд» (Эмомалӣ Раҳмонов. Давлат аз Иттифоқ хезад. Мусоҳибаи муҳим//Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат.Ҷ.1.-Душанбе: Ирфон, 2005. С.12-13.) Чуноне маълум аст дар он замон муносибатҳо байни Давлати Исломии Афғонистон ва Тоҷикистон он қадар гарм набуд ва эътимоди зарурӣ миёни раҳбарони ДИА ва Тоҷикистон вуҷуд надошт. Бинобар ин, чуноне сарвари давлати тоҷикон изҳор медорад Ҳукумати Тоҷикистон ба роҳбарияти Афғонистон нотаи эътирозӣ ирсол намуда, талаб карда буд, ки ба умури дохилии Тоҷикистон дахолат накунад. Зимни ин тамому таваҷҷухӣ Сарвари давлат ба баргардонидани гурезаҳо ҳам аз Афғонистон ва ҳам берун аз ҳудуди Тоҷикистон равона шуда буд. Аммо бояд иқрор шуд, ки  вазъият дар он давра ниҳоят печида ва пешгӯинашаванда буд. Ҳам дар Афғонистон ва ҳам дар Тоҷикистон гуруҳҳои ҷиноӣ вазъиятро муташанниҷ сохта буданд. Ба қавли Ш. Зуҳуров «Мардумон минтақаи Қурғонтеппа, ба хусус Қубодиён, Шархритус, Ҷиликул, Қумсангир, Бохтару Вахш солҳои 1992-1993 гурезаҳоро чашми дидан надоштанд ва пурра муқобил буданд, ки  онҳо ба ҷои зисти доимиашон баргарданд. Онҳо хонаҳои валангор ва заминҳои муҳоҷиронро ғасб карда мегуфтанд, ки ин мардум бигзор ба ҷойҳои дигар бираванд. Ба ҳеҷ ваҷҳ гурезаҳоро қабул надоштанд» (Зуҳуров Шукурҷон. Президенти халқ-Президенти ман// Эмомалӣ Раҳмонов: Ваҳдат, сулҳ ва бунёдкорӣ мароми мост!.-Душанбе: Ирфон, 2000.С. 66.)

Ба замми ин, гуруҳҳои ҷинояткор ба қатлу ғорати мардум давом медоданд ва чуноне дар он солҳо мушоҳида мешуд ин кор аз рӯи нишонаҳои маҳал ва ё мазҳаб ба амал оварда мешуд. Сарвари Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳанӯз дар Изҳороти худ аз 31 декабри соли 1992 эътироф намуда буд, ки «Гуруҳҳои ҷинояткор, ки ба қатли одамон аз рӯйи мансубият ба маҳал, миллат ва ё эътиқод даст мезананд ва худро қуваҳои ҳукуматӣ муаррифӣ менамоянд, мақсади халалдор кардани обрӯ ва эътибори Ҳукумати қонуниро  доранд». (Эмомалӣ Раҳмонов. Изҳорот. 31 декабри соли 1992// Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат.Ҷ.1.-Душанбе: Ирфон, 2005. С. 16.)

Аммо Сарвари давлат дар баровардани ҳадафи худ-баргардонидани гурезаҳо қатъӣ буд. Ӯ мефаҳмид, ки баргардонидани гурезагон ба масъалаи таъмини сулҳу ваҳдат сахт вобастагӣ дорад. Эмомалӣ Раҳмон бовар дошт, ки «тоҷик бояд дар Ватани худаш зиндагӣ кунад, на ҷойи дигар».

Президент дар сафарҳои худ ба ин ноҳияҳо бо мардум суҳбат намуд, бо шеваи хосе ки мансуб ба ӯст, онҳоро фаҳмонид ва мардум ӯро фаҳмиданд, бовар карданд. «Баъд аз ин сокинони ноҳияҳои Қубодиёну Шаҳритус ба чор тараф раҳ гирифта, гурезаҳои худро меҷустанд ва онҳоро пайдо карда, даъват ба амал меоварданд, ки ба ҷойҳои зисташон баргарданд».

Мухолифони бозгашти фирориён на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Афғонистон ҳам зиёд буданд. Роҳбарони Иттиҳодияи мухолифини тоҷик ба ҳар роҳу восита аз бозгашти  фирориён ба Тоҷикистон монеъ мешуданд, онҳоро аз пайомади ин бозгашт ҳушдор медоданд. Ба замми ин ҷавононро ба гуруҳҳои мусаллаҳ ҷалб намуда, ба пойгоҳҳои тамрини ҷангҷӯён мефиристоданд. Роҳбарони мухолифон мефаҳмиданд, ки Ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон бо ҳар қиммате набошад тасмим дорад то фирориёнро аз Афғонистон ба Тоҷикистон бозгардонад. Аз ин рӯ, аз масъалаи фирориён мехост ба нафъи худ истифода намояд. Фактҳои зиёде вуҷуд дорад, ки баъзе аз қумондонони саҳроии Иттиходи мухолифини тоҷик дар афғонистон ба таври маҷбурӣ садди роҳи ба Ватан бозгаштани муҳоҷирон мешуданд. Онҳо ҳатто омода буданд аз яроқи оташфишон истифода намоянд. Дар кампҳои гурезагони тоҷик таблиғоти васеъ роҳандозӣ шуда буд, ки гурезагони бозгашта дар Тоҷикистон мавриди озор ва қатлу ғорати гуруҳҳои ҷиноятпеша мешаванд, ки худро аъзои Фронти халқӣ ва ҷонибдори Ҳукумат муаррифӣ менамоянд. Дар кори эҷод намудани монеа барои бозгашти гурезагон аз Афғонистон қумондонҳои мухолифини тоҷик ҳатто аз баъзе қумондонони саҳроии Афғонистон истифода менамуданд. Аммо мавриди зикр аст, ки дар маҷмуъ дар Афғонистон  муносибати мардум ва сиёсати расмии Давлати Исломии Афғонистон бо раҳбарии Бурҳониддин Раббонӣ хайрхоҳана ва бародарона буд. Дар шимоли Афғонистон барои гурезагони тоҷик кампҳои махсус бунёд шуда буд. Яке аз ин кампҳо бо номи кампи Сахӣ машҳур аст, ки дар наздикии шаҳри Мазори Шариф қарор дошт. Дар ин камп 27500 нафар гуреза  зиндагӣ мекарданд.Ин минтақа дар он замон зери назорати Абдул Рашид Дустум қарор дошт, ки ибтидои соли 1994 дастаҳои ҷангии ӯ якҷо бо ҷангҷӯёни чанд ҳизби сиёсӣ-низомии дигар кӯшиш намуданд бо роҳандозии табадуллоти ҳарбӣ Ҳукумати устод Б.Раббониро сарнагун намоянд. Кампи Сахӣ зери назорати Раёсати Комиссариати олии СММ оид ба гурезагон қарор дошт. Кампи дигар дар шаҳри Толиқони вилояти Тахор буд ва бо номи «Кампи Ширкат» ёд мешуд. Дар ин камп 3600 нафар гурезагон ҷойгир шуда буданд.  Дар кампи дигар-«Амиробод» дар наздикии вулусволии Хонободи вилояти Қундуз  6500 гурезаи тоҷик ва ниҳоят дар кампи чорум бо номи «Боғи Ширкат» дар шаҳри Қундуз 14995 гуреза ҷойгир шуда буданд.

 Чуноне аз арқоми оварда ба мушоҳида мерасад аз беш аз 1 млн гуреза ва муҳоҷири иҷборӣ теъдоди гурезагон дар Афғонистон 60000, бо баъзе маълумот 80000 нафарро ташкил мекард. Аммо Президенти Тоҷикистон таваҷҷуҳи асосиро ба бозгардонидани онҳо мабзул дошта буд. Албатта бозгардонидани муҳоҷирини дохилӣ ва ё муқими дигар кишварҳои пасошӯравӣ ҳам хеле муҳим буда, дар маркази таваҷҷуҳи Сарвари давлат қарор дошт, аммо Афғонистон масъалаи дигар буд. Дар ин кишвар ҷанги шадид идома дошт, гурезагон дар шароити бисёр бад қарор доштанд. Онҳо метавонистанд мавриди озори гуруҳҳои ҷангҷӯ қарор гиранд, ҷавонони гуреза ба гуруҳҳои ифротӣ ҷалб карда шаванд.

Аз тарафи дигар таърихи Осиёи Миёна баъд аз инқилоботи солҳои 20-уми асри XX  шоҳиди ба Афғонистон ҳиҷрат намудани ҳазорон нафар сокинони Осиёи Миёна, аз ҷумла тоҷикон мебошад, ки онҳо барои ҳамеша дар Афғонистон боқӣ монданд ва ҳоло ҳам бо гузашти 2-3 насл аз тарафи доираҳои миллатгаро бо номи «муҳоҷир» ва «бегона» ёд мешаванд. Бозгардонидани гурезагон аз Афғонистон ба масъалаи    номус ва иззати миллат табдил ёфта буд. Президенти кишвар  дар суханронии худ  дар таҷлили ҷашни чорсолагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 8 сентябри соли 1995 чунин изҳор намуданд: «Ҳамчун Президент, ҳомии Конститутсия, ҳуқуқу озодиҳои инсон… дар андешаам, ки бо роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳо ва созмонҳои ҷамъиятӣ вохурда, ба фикру андешаҳои онҳо шинос шавам. Ман ба онҳо гуфтан мехоҳам, ки ба Ватан баргардонидани ҳамаи фирориён мақсади стратегии мо, зиёда аз он тақозои нангу номуси ватандории мост». Ин ҷавоби қотеъ барои он гуруҳҳое буд, ки мухолифи бозгардонидани гурезагон буданд ва дар хориҷ мондани даҳҳо ҳазор ҳамватани худро воқеаи муқаррарӣ медонистанд, мисле, ки имрӯз  миллионҳо гурезаи афғону эронӣ баъд аз таҳавуллоти инқилобию ҷангу хушунатҳо дар хориҷи кишвар мондаанд.

Ба хотири қонеъ сохтани эътимоди гурезагон, ки Ҳукумат амнияти онҳоро таъмин карда, хонаҳояшонро месозад, бо ҷойи корашон барқарор менамояд чораҳои зиёд андешида, ҳаҷми бузурги корҳоро анҷом гардида буд. Эҳтимолан дар ҳеҷ ҷойи дунё, ҳеҷ кишваре ва ҳеҷ роҳбари давлате барои баргардонидани гурезаҳои кишвараш ин қадар кор ва саъю кушиш накардааст, ки Ҳукумати Тоҷикистон ва шахсан Сарвари давлати Тоҷикистон анҷом додааст. Яке аз ибтикороти муҳими ҳукумат таъсиси як барномаи радиоӣ буд. 29 марти соли 1993 аввалин бор радиои Тоҷикистон барои гурезагони тоҷик дар Афғонистон як барномае таҳия ва пахш кард, ки бо номи «Хоки Ватан» машҳур шуд. Воқеият ин аст, ки барномаи «Хоки Ватан»-и  радиои тоҷик барои ба Ватан баргаштани гурезаҳо аз Афғонистон бисёр муаассир буд. Сарвари давлати Тоҷикистон аз тариқи ин барномаи радиои Тоҷикистон ба гурезагон муроҷиат намуд ва даъват кард, ки ба Ватан баргарданд. Суханони Эмомалӣ Раҳмон бисёр самимӣ ва муассир буданд. Ӯ аз ҷумла гуфтанд: «Шумо ҳамватанони азиз, бозгардед. Хонаву ҷойи шумо агар ба шумо насиб накунад, ба каси дигар насиб намекунад. Ман ба шумо қӯҳи тилло ваъда намедиҳам. Вале як бурда ноне, ки дорем бо ҳам мебинем». Дар маҷмуъ дар барномаи «Хоки Ватан» аз соли 1993 то декабри соли 1996 дар ҳудуди 60000 шаҳрванди Тоҷикистон ба хешу ақориби худ дар Афғонистон муроҷиат намуданд, 50000 нафар аз Афғонистон ба ҳамватанони худ дар Тоҷикистон бо нома муроҷиат кардаанд. Аз тариқи радио 200000 мактуб қироат шудааст, 150 барнома бо иштироки намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва аъзои Комиссияи ошти миллӣ (КОМ)  нашр гардидааст, ки ба гурезагони муҳтавои қонунгузории Тоҷикистонро дар бораи гурезагон шарҳ додаанд. 750 намояндаи сохторҳои гуногуни ҳукуматӣ аз тариқи ин барнома мушкилиҳои пайдошударо  вобаста ба қонунгузорӣ ва дигар масъалаҳои ҷойдошта шарҳ додаанд, 400 барномаи ин радио ба пахши репортаж аз маҳалли иқомати гурезаҳо, 800 барнома оид ба ҷараёни баргашт ва ҷойгиршавии гурезаҳо ва 750 барнома оид ба суҳбати шоиру нависандагон ва олимон бахшида шуда буд.

Сарвари давлати тоҷикон масъалаи бозгардонидани гурезаҳоро дар музокироти сулҳи тоҷикон ҳам яке аз масъалаҳо афзалиятнок дониста, ба ҳайати ҳукуматӣ супориш дода буд, ки ин масъаларо дар маркази диққат қарор диҳанд. Масъалаи гурезаҳо дар даври якуми музокироти тоҷикон, ки аз 5 апрели то 19 апрели соли 1994 дар шаҳри Москва доир гардид, дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошт.

Дар даври якуми музокироти байни тоҷикон дар Маскав ҳангоми муайяни намудани рӯзномаи музокирот 3 гуруҳи масъалаҳо ба рӯзнома дохил карда шуданд, ки ҳар кадом ҳовии масъалаҳои дигар буд… Ин се гуруҳи масъалаҳо ҳам аз рӯи тартиб ва ҳам аз рӯи аҳамият чунин ҷудо мешуданд:

  1. Масъалаи гурезаҳо.
  2.  Масъалаи оташбас
  3.  Масъалаи сохтори конститутсионӣ

Дар музокироти байни тоҷикон масъалаи гурезаҳо ҳамеша дар мадди аввал буд, ҳам дар давраи якум, ҳам дар давраи дувум ва чорум, ҳам дар давраи шашуми музокирот роҷеъ ба ин масъала ҳуҷҷатҳо қабул шуданд ва Роҳбари давлат дар мулоқоти Кобул (моҳи майи 1995), зимни имзои Созишномаи Москва (декабри 1996) ва Муроҷиатнома дар Машҳад (феврали соли 1997) барои бозгашт ба ватан ба муҳоҷирон ва гурезаҳо рӯ оварданд.

Дар рӯзи охири давраи якуми музокироти байни тоҷикон дар шаҳри Маскав, 19 апрели соли 1994 «Протокол дар бораи ташкили Комиссияи муштарак оид ба масъалаи гурезагон ва муҳоҷирони иҷборӣ аз Тоҷикистон, 19 апрели соли 1994» ба имзо расид. 

Аммо баргардонидани беш аз 1млн гуреза ва муҳоҷирони иҷборӣ, таъмини онҳо бо ҷои зист (зеро дар баъзе ноҳияҳо ханаю дари онҳо хароб ва ба оташ кашида шуда буданд) кори осон набуд. Ин кор ҳам аз нигоҳи иқтисодӣ, ҳам аз нигоҳи амниятӣ ва таблиғотию фаҳмондадиҳӣ  хеле мушкил ва дар бисёр маврид бе ёрии созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои дӯст аз имкон берун буд.

Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ҷалби созмонҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус менамуд. Ӯ аз роҳбарияти созмонҳои гуногуни байналмилалӣ даъват намуд, то дар Тоҷикистон намояндагиҳои худро ифтитоҳ намуда, ба бозгардонидани фирориён ва таъмини сулҳ мусоидат намоянд. Дар як муддати кутоҳ чунин созмонҳо ба монанди Ҳайати нозирони СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА), Коллективи неруҳои сулҳпарвари Иттиҳоди давлатҳои муттаҳид, Комиссари Олии СММ оид ба гурезагон, Барномаи рушди СММ, Фонди байналмилалии кӯдакон, Созмони байналмилалии салиби сурх  ва ғайра дар Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуданд. Дар бораи саҳми  СММ дар истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ва баргардонидани гурезаҳо ва муҳоҷирини иҷборӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 27 апрели соли 2000 ба таври мушаххас ёд намуд.

Аввалин гурӯҳи кормандони масъули Комиссари Олии СММ оид ба гурезагон дар моҳи январи соли 1993 ба Тоҷикистон омаданд. Ин ташкилот идораи марказии худро дар шаҳри Душанбе ва  8 шуъбаи худро дар маҳалҳои гуногун ифтитоҳ намуд. Зери роҳбарии Комисариати СММ дар умури гурезагон бозгашти фирориён тоҷик аз шимоли Афғонистон ба хонаҳои худ ба вилояти Хатлон аз таърихи 15 майи соли 1993 оғоз гардид. Раёсати Комиссари Олӣ раванди бозгашти ихтиёрии гурезаҳоро, тибқи мувофиқаи пешакӣ бо ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукуматҳои Афғонистону Ӯзбекистон, ки аз ҳудуди онҳо гурезагон интиқол меёфтанд, ташкил намуд.

Дар ҷараёни сафари расмии Раиси Давлати Исломии Афғонистон профессор Бурҳониддин Раббонӣ ба Тоҷикистон «Созишномаи сеҷониба байни  Давлати Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссари Олии СММ оид ба гурезагон» ба имзо расид.

Дар ҳамин соли  1993  чор нуқтаи зерини қабули гурезагон аз Афғонистон ташкил гардид, ки то то соли 1998 фаъолият доштанд: «Панҷи Поён», «Хайратон-Тирмиз-Шаҳритус», «Хайратон-Тирмиз-Қубодиён» ва «Ишкошими ВМКБ». Бо саъю кӯшиши мақомоти ҳукуматӣ ва Комиссарити Олии СММ оид ба гурезагон  дар ин муддат аз Афғонистон 51242 гуреза ба ватан баргардонида шуд.

Аз ҷумла:

  • соли 1993- 27057 нафар;
  • соли 1994-11276 нафар;
  • соли 1995-1472 нафар;
  • соли 1996- 1036 нафар;
  • соли 1997-10368 нафар;
  • соли 1998-123 нафар

Баъд аз имзои Созишномаи  умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, 27 июни соли 1997 барои татбиқи муқаррароти он Комиссияи оштии миллӣ (КОМ) ташкил шуд. Аз чор зеркомиссияи КОМ яке аз онҳо зеркомиссияи  муҳоҷирон буд.

Дар натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар давоми кори КОМ ду қонуни авф, дар солҳои 1997 ва 1999 қабул гардид. Ин имкон дод, ки беш аз 6 ҳазор нафар аъзои дастаҳои мухолифин аз комиссияҳои тиббӣ гузашта ба Қувваҳои мусаллаҳаи Тоҷикистон пайваст шаванд. Охирин оворагон як гурӯҳ аз размандагони ИНОТ буданд, ки  23 сентябри соли 1998 аз Афғнистон ба кишвар оварда шуданд.

Хушбахтона имрӯз шоҳидони воқеаҳои он солҳо, ки дар паҳлӯи  Эмомалӣ Раҳмон қарор доштанд, мавҷуданд ва навиштаҳои онҳо манбаи хубе барои таҳлили на танҳо фаъолияти бисёрсамтаи ӯ, балки мушаххас кардани хислатҳои инсониаш, қотеъият дар баробари ваъдаҳояш, оид ба баргардонидани гурезаҳо мебошанд. Яке аз ин шахсиятҳо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он замон мансаби вазири меҳнат ва шуғли аҳолиро ба душ дошт, яке замоне роҳбари ҳайати ҳукумати ҷумҳурӣ дар музокироти сулҳи байни тоҷиконро ба уҳда дошт ва гузашта аз он дар баргардонидани гурезаҳо ба маҳали зисташон хизмати зиёд намудааст, Шукурҷон Зуҳуров мебошад. Ӯ менависад: « Дар муҳлати 8 соли собиқ вазирӣ, 2 соли дар Комиссиюни оштии миллӣ будан як ҳақиқати бебаҳоро барои худ дарк кардам. Эмомалӣ Шарифович барои манфиати халқ, миллат ва давлати тоҷикон ҳастии худро бахшид, шаборӯз бедорхобӣ кашид, заҳмат бурд, тавону нерӯи худро дареғ надошт, ки тоҷикони парешон ба рӯзи фирӯз бирасанд…Агар ба Ватан бозовардану ба ҷойҳои доимии зист ҷо ба ҷо кардани фирориён дар таърихи давлатдории тоҷикон воқеаи беназиру таҷрибаи нодир барои дигар халқҳои ҷаҳон ҳисоб шавад, ман ҳисоб мекунам, ки пеш аз ҳама ба унвони мубораки Эмомалӣ Раҳмонов мансуб аст».

Шукурҷон Зуҳуров воқеан ҳам на танҳо шоҳиди фаъолиятҳои хастанопазири Эмомалӣ Раҳмон дар самти ташкили кори баргардонидани гурезаҳо, мулоқоту суҳбатҳо бо масъулини созмонҳои байналмилалӣ ва кумакрасон, балки ташаббусҳои ӯ дар таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуии танзимкунандаи раванди бозгардонидани гурезагон ва муҳоҷирони иҷборӣ будааст. Ӯ менависад: «Президент то сар шудани кори Комиссияи оштии миллӣ дар бораи авф 5 маротиба қарорҳо ба тасвиб расонд ва дар бораи ҳимояи фирориён чандин карат дастуру амрҳо содир кард. Ва ғамхорию муросо карданҳо, бахшиданҳо, раҳмдилиҳо ва мардонагиҳои Эмомалӣ Раҳмонов торафт боварии мардумро ба ояндаи дурахшон боэътимодтар кард».

Аз фаъолиятҳои хастанопазирр Эмомалӣ Раҳмон яке аз ҳамсафони дигари ӯ, муовини аввали Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулмаҷид Достиев хуб огоҳ аст. А.Достиев дар китоби худ “Ситораи ғолиб” менависад, ки «Ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонов дар ин солҳо тамоми чораҳои ба ҳам овардани миллатро ҷустуҷӯ намуд ва дар ин роҳ аз ҳазору як тадбир истифода кард, кӯчактарин тадбир ин буд, ки намояндагонашро ба назди роҳбарони хурду бузурги фирориён ё мухолифин ба гуфтушунид фиристад. Ҳамаи ин боис шуд то 35 нафар намояндагони фирориёнамон бо сардории марди фозил, Қаҳрамони меҳнат Талбак Садриддинов ва писараш Сайнуриддин аз Афғонистон ба Ватан баргаштанд, то бубинанд, ки вазъи кишвар ором аст ва баргашта дар ин бора ба фироиёнамон ҳақиқати ҳолро баён намоянд ва онҳоро барои ба Ватан баргаштан дилпуру раҳнамун созанд. Ин гуруҳ зиёда аз як ҳафта саросари водии Вахшро дида, ба Афғонистон баргаштанд.  Воқеан, ин амал қаҳрамонӣ буд».

Ҳамин тавр, Сардори давлати тоҷикон ба ваъдаи худ вафо намуд, муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан овард, суҳро пойдор ва суботу амниятро уствор намуд. Бешак, таҷрибаи давлатдории Пешвои миллат - Эмомалӣ Раҳмон дар самти бозгардонидани гурезагон ва муҳоҷирони иҷборӣ як таҷрибаи муваффақ дартаърихи башар, сатҳи ҷаҳонӣ аст ва ин таҷрибаи дар асри XXI, ки тибқи маълумоти Раёсати Комиссари олии СММ оид ба гурезаҳо баъди соли 2015 (хусусан ҳодисаҳои Шарқи Наздик ва Миёна) ҳудуди 65,3 млн инсон дар ҷаҳон маҷбур шудаанд хонаҳои худро тарк намоянд ва аз ин шумора 21,3 млн. гуреза мебошанд, қобили омӯзиш ва истифода мебошад.

                                              

Қ. Искандаров,

                                               доктори илмҳои таърих, профессор