Неши каждум на аз баҳри кин аст…

       Инсон чун ҳайсияту шахсияти хешро аз даст дод, ба ҳама кори  нолоиқ  даст мезанад. Мухотаби гуфтаи боло алоқамандӣ ба як гурӯҳи беҳувияту фурухташуда, ки мақсаду маром ва ҷаҳонбиниашро вайронкориву бадбинии дигар қишрҳои ҷомеа ташкил медиҳад, ТТЭ ҲНИ ва аъзои ифротгарои он  мебошад. Ин гурӯҳи фурухташуда аз замони пайдоиш то ба имрӯз чун хор ва  захми баде  дар бадани  миллати тоҷик  мондааст.

         Дирӯз бо мақсади ҷустуҷӯйи мавзӯе ба интернет ворид шудам ва баробари дохил шудан  чашмам ба ҷанги чанд тан аз ҷавонони тоҷик бархурд. Баъди тамошои видио, ки дар он алфози қабеҳ, муштарак бо калимоти муқаддаси динӣ, шунида мешуд, мавзӯаи илмиамро як тараф монда ба таҳқиқи ин масъала пардохтам. Аҷиб барои ман он буд, ки чӣ хел дар як давлати ободу пешрафтаи дунё, яъне Олмон  чанд тоҷик ба ҳам мурувату муросо карда натавониста, ба ҳамдигар ҷанг ва ҳатто ба тани якдигар тир холӣ менамояд. Пасон, дар натиҷаи таҳқиқу баррасии фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ маълум шуд, ки чанд террористу экстремисти наҳзатӣ, бо номҳои Сулаймон ва Абдураҳмон-09 (номро бинед!), ки ғайри тафаккури вайронкоронаву муғризонаи хеш дигар навъи тафаккурро қабул надоранд, анҷом шудааст. Ҳамчун як тоҷик баъди таҳқиқи масъала, ки иборат аз васфи як блогери боҳувияти тоҷик бо номи “Борода ТҶ”, ки  аз манзараҳову ободиҳои кишвари худ -  Тоҷикистон ҳарф мезанад ва таҳқиру таҳдид ва билофосила ҳамлаи террористонаи чанд ифротии наҳзатӣ (бо номҳои Сулаймон ва Абдураҳмон-09) надонистам, ки бихандам ё бигирям. 

         Воқеан дарднок аст, ки тоҷике  бо шунидан аз ободиву гулгуншукуфоии  кишвараш ба сутуҳ биояд ва мухотабро, ки ҳақиқати ба чашми сараш дидаву шунидаро васф кардааст,  таҳқиру танқид ва ба куштанаш  амр бигирад. Чи хеле дар видио мушоҳида мешавад, ҷавони наҳзатие ба рафиқаш хитоб карда мегӯяд “Ака, дар пояш парон, Ака инро куштан даркор,  мо иҷозат дорем...” Амалу рафтори наҳзатиён, ки дар тӯли таърих ҳамеша ба нокомиву шармандагии онҳо анҷом пазируфтааст, бо вуҷуди исботи айниву зеҳнӣ, ҳамвора аз ҷониби “обсофкунакҳояш” ба бегуноҳиву бечорнолӣ баҳогузорӣ мешавад ва чунин гуноҳони ноуҳдабароёнаву фошшударо ба гардан намегиранд.  Аммо ҳақиқат рӯйи об аст ва мо онро ҳамеша мушоҳидаву мақкум мекунем.

         Ҳар аъзо ва тарафдори ТТЭ ҲНИ, ки ҳамсуҳбаташ мегардӣ ва ё  “баромадаш”-ро гӯш мекунӣ дарк менамоӣ, ки  воизу фитнагар, тангназару каззоб, дунёбадбину вайронкор чизи дигаре нестанд.  

         Ман ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон тамоми амалҳои фитнагаронаву дасисабозона, риёкоронаву ҷоҳталабона, вайронкоронаву таҳдидгароёна, ифротгароёнаву террористонаи ТТЭ ҲНИ-ро мардуд дониста, рафтору кирдори онҳоро ба шоҳбайти зер маҳкум мекунам:

     Неши каждум  на аз баҳри кин аст,

Муқтазои табиаташ ин аст.

Шодиҷони Рамазон,

 ходими илмии Маркази мероси хаттӣ