Низомномаи вазифавии

кормандони Маркази мероси хаттии назди Раёсати  Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи илмҳои Ҷум-ҳурии Тоҷикистон  муассисаи илмӣ-тадқиқотӣ буда, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 28 октябри соли 2016, № 466, дар назди Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, фаъол-ияти он ба ҳаллу фасли масъалаҳои ҷамъоварӣ ва нигаҳдории нусхаҳои хаттӣ, тавсифи дастнависҳо, таҳияи феҳристу ахбори илмӣ, матншиносӣ ва нашри мероси хаттӣ нигаронида шудааст.  

Сохтори Марказ аз шуъбаву бахшу лабораторияҳои зерин иборат аст:     

  • Шуъбаи ҷамъоварӣ ва нигаҳдории нусхаҳои хаттӣ;
  • Шуъбаи тавсифи дастхатҳо, таҳияи феҳрист ва ахбори илмӣ;
  • Шуъбаи матншиносӣ, таҳқиқ ва нашри мероси хаттӣ;
  • Шуъбаи иттилоот ва робитаҳои илмӣ;
  • Лабораторияи кимиёӣ, тармимгарӣ ва рассомӣ;
  • Лабораторияи нухабардорӣ – фотографӣ;
  • Китобхона ва китобдорӣ.

 

         Дастурамали вазифавии

мудирони шуъбаҳои илмию таҳқиқотии Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

         Муқаррароти умумӣ

1.1. Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз шуъбаву бахшу лабораторияҳо мебошад. Самтҳои асосии фаъолияти бахшу лабораторияву шуъбаҳоро маъмурияти Марказ тарҳандозӣ ва муайян мекунад. Фаъолияти зерсохторҳо дар асоси барномаи  солона ва  нақшаи дурнамои корҳои илмию таҳқиқотӣ амалӣ гардида, аз ҷониби роҳбарияти Марказ муқаррар мешавад.

        •  

   Мудирони шуъбаҳо, тибқи тартиботи муқарраргардида, дар асоси озмун, баъди ҳар панҷ сол, дар Шӯрои илмии Марказ интихоб мешаванд.

1.2. Таъйин ва озод кардан аз вазифаи мудири шуъба бо пешниҳоди Шӯрои илмӣ ва фармони маъмурияти Марказ амалӣ мегардад.

1.3. Мудирони шуъбаҳои илмию тадқиқотӣ дар боби матолиби  зерин маълумоти кофӣ дошта бояд бошанд:

санадҳои қонунгузорӣ ва меъёрию ҳуқуқии мақомоти олӣ, проблемаҳои марбутаи соҳаҳои вобасташудаи илмӣ ва дасто-вардаҳои алоқаманди донишмандони ватаниву хориҷӣ доир ба ин масъалаҳо;

низоми  нақшабандӣ ва маблағгузорӣ, татбиқи таҳқиқоти илмӣ ва лоиҳаҳо;

тартиби созишномабандӣ ва иҷрои қарордодҳо зимни иҷрои фаъолияти муштарак бо муассисаҳои дигар;

тарзи корбурди таҷҳизоти техникии шуъба ва қоидаҳои истифодаи босамари онҳо;

тартиби пешниҳоди дархост барои ба даст овардани таҷҳизоту маводи лозими илмиву техникӣ;

 низоми идораи таҳқиқоти илмӣ ва лоиҳаҳо, ташкилу баҳодиҳии фаъолият ва пешниҳод  барои дарёфти мукофот;

 дастур оид ба тайёр кардани мутахассисони баландихтисос ва баланд бардоштани савияи касбии онҳо;

маводи идоракунӣ ва тартиби ҳуҷҷатгузориву ҳуҷҷатнигорӣ;

қонунгузории меҳнатӣ;

қонунгузорӣ ва тартиби ҳифзи меҳнат;

1.4.Мудири шуъбаи илмӣтаҳқиқотӣ тобеъи маъмурияти Марказ мебошад. 

II. Уҳдадориҳои вазифавии мудири шуъбаи илмӣтаҳқиқотӣ

2.1.Мудири шуъба ҷараёни иҷрои корҳои илмию таҳқиқотӣ ва афзалияти рушдашонро муайян  ва  роҳандозӣ мекунад. Усулу воситаҳои гузаронидани таҳқиқоту коркардҳо ва самтҳои ҳалли масъалаҳои таҳқиқотиро таъмин менамояд.

2.2.Лоиҳаи нақшаҳои кории солона ва афзалиятноки шуъбаро таҳия ва ба роҳбарияти корхона пешниҳод мекунад.

2.3.Дар коркарди супоришҳои илмӣ, таҳияву танзими барномаҳои корӣ, дурнамо ва пешниҳодот оид ба рушди соҳа,  ҳуҷҷатҳои нақшавӣ ва маводи методӣ саҳм гузошта, ҷараёни амалидошташонро таъмину назорат мекунад.

         2.4.Ҳайати иҷрогарони корҳои муштараки илмию таҳқиқотии нақшавиро муайян мекунад.

         2.5.Ба корҳои илмии шуъба роҳбарӣ мекунад, дар ҷамъбасти  ҳадафҳои ниҳоӣ ва натиҷагирӣ ширкат меварзад.

2.6.Ҷараёни иҷрои супоришҳои нақшавӣ ва уҳдадориҳои шартномавӣ,  сифати кори мутахассисони шуъба ва гурӯҳои муштаракро назорат мекунад.

         2.7.Риояи талаботи меъёрӣ, умумӣ, ҳуҷҷатнигорӣ ва тартиботи муқарраргардидаро таъмин медорад.

         2.8.Ҳисоботи илмии шуъбаро барои тасдиқ ва баррасӣ ба шӯрои илмии Марказ пешниҳод мекунад.

2.9. Ҷараёни истифодаи  натиҷаҳои таҳқиқотро назорат мекунад ва татбиқашонро таъмин медорад.

2.10.Талаботи шуъбаро дар самти дарёфти маводу таҷҳизот ва лавозимоти барои фаъолияташ зарурӣ муайян мекунад ва барои таъмини захираҳо, нигаҳдории таҷҳизот, асбоби таҳқиқот ва истифодаи онҳо чораҳо меандешад.

         2.11.Гирифтани иҷозатномаву  патент (раводид) барои дастовардҳои илмию техникӣ, бақайдгирии ихтироот ва пешниҳодоти муфидро ташкилу таъмин мекунад.

2.12.Ҷойгузории оқилонаи мутахассисон, чораандешӣ барои баланд бардоштани сатҳи эҷодкории кормандонро таъмин месозад.

2.13. Дар ҷараёни иҷрои корҳои таҳқиқотӣ қоидаҳои бехатарӣ ва тартиботи ҳифзи меҳнатро таъмину назорат мекунад.

2.14.Дар интихоби кадрҳо, аттестатсия, озмун, баҳодиҳии фаъолияти кормандон ва баланд бардоштани дараҷаи кордонии онҳо ширкат варзида, барои пардохти музди меҳнат ва ҳавасмандонии молиявии кормандон фикру андеша  пешниҳод менамояд.

2.15.Самтҳои фаъолияти гурӯҳу бахшҳои шуъбаро муайян мекунад.

2.16.Ҳамасола дар ҳаҷми муқарраргардида тадқиқоти илмӣ ва  мақолаву маърӯзаву гузоришҳо менависад; барои гузарондани ҷашнвораву конфаронсу симпозиуму ҳамоишҳои дигари илмӣ сари вақт пешниҳод ироа медорад.

                              III.Ҳуқуқу ваколатҳои мудири шуъба

  Мудири шуъбаи илмӣ-таҳқиқотӣ ҳуқуқ дорад:

3.1. Бо лоиҳаҳои қарори роҳбарият, ки ба фаъолияти шуъба вобастаанд,  пешакӣ шинос шавад.

3.2.Дар баррасиии масъалаҳое, ки ба шуъбаву кормандони он тааллуқ доранд, ширкат варзад.

3.3.Барои беҳбуди фаъолияти шуъба ба роҳбарияти муассиса фикру андешаҳо пешниҳод намояд.

3.4.Ҳамкориҳои тарафайни мудирони шуъбаҳоро амалӣ созад.

3.5.Дар доираи салоҳияти худ ба ҳуҷҷатҳо имзо ва қайди лозим гузорад.

3.6. Кормандони фаъолро барои мукофотонидан пешниҳод намояд;  3.7.Кормандонеро, ки интизоми меҳнатро вайрон мекунанд, танбеҳ

диҳад.

3.8. Аз роҳбарияти муассиса барои иҷрои уҳдадориҳои вазифавӣ ва ҳуқуқии худ мадад  пурсад.

IV.Уҳдадорӣ ва масъулияти мудири шуъба

Мудири шуъбаи илмӣ-таҳқиқотӣ дар ҳолатҳои зерин ҷавобгар

ҳисобида мешавад:

4.1. Номатлуб  иҷро кардан ва  ё умуман иҷро накардани вазифаву уҳда-дориҳое, ки тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷики-стон иҷрояшон бар ӯ вогузор шудаанд.

4.2. Барои ҳуқуқвайронкуниҳое, ки дар давоми фаъолияти ӯ ба амал омадаанд.

4.3. Барои расондани зарари молиявӣ ба муассиса.

4.4. Барои анҷоми кору рафторе, ки сазовори шаҳрванду олими кишвар намебошад.

Дастурамали вазифавии сарходими илмӣ

I. Муқаррароти умумӣ

1. Ба вазифаи сарходими илмӣ, баъди гузарондани аттестатсия ва пешниҳоди хулосаи комиссияи аттестатсионӣ, бо фармони директори Марказ шахсе таъйин карда мешавад, ки дараҷаи илмии доктори илм, корҳои назарраси илмӣ ё диплом оид ба ихтироот, инчунин, натиҷаҳои илмии татбиқшуда ва дар соҳаи илм эътиборманд  дошта бошад.

2. Сарходими илмӣ моҳияти масъалаҳои зеринро хуб бояд бидонад:

2.1.Ҷанбаҳои муҳимми соҳаи худ ва самтҳои рушди  иқтисодиёт, сиёсат ва фарҳанги ватаниву ҷаҳонӣ, асноди роҳнамои мақомоти олӣ ва ҳуҷҷату директиваҳои алоқамади дохили соҳавӣ

2.2.Дастовардаҳои илмии ватаниву хориҷии дар соҳаи мазкур бамиёномада.

2.3.Методҳои навтарин, воситаву таҷрибаҳои навини банақ-шагирӣ, ташкилу баргузорӣ ва татбиқи натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва коркардҳо (баҳодиҳӣ, таъминоти иттилоотию патентӣ, ҳуҷҷатнигории илмию техникӣ ва ғ.).

2.4. Гунаву василаҳои ҳатталимкони ҳавасмандгардонии молиявӣ ва мукофотонидани  кормандон.

2.5. Муқаррароти дахлдори конунгузории амалкунанда.

2.6. Ташкили меҳнат, истеҳсолот ва идоракунӣ.

2.7. Қоидаҳо ва меъёрҳои ҳифзи меҳнат.

2.8. Сарходими илмӣ ба мудири шуъба тобеъ аст. Масъалаи аз кор озод намуданаш баъди пешниҳоди мудири шуъба ва тасдиқи ҷонишини директор оид ба илм, бо фармони директори Марказ, сурат мегирад.

II.Уҳдадориҳои вазифавии сарходими илмӣ

 Сарходими илмӣ:

1.Дар таҳқиқи масъалаҳои муҳимми илмии хусусияти бунёдӣ ва амалидошта, инчунин, амалидошти барномаҳои илмию эҷодии пешниҳод ва амалишаванда ширкати фаъол меварзад.

2.Самтҳои нави таҳқиқоти илмиро ташаккул дода, барномаи мушаххаси корӣ таҳия ва усулҳои гузаронидани таҳқиқотро муайян мекунад.                                                                                                                  

3. Нақшаи корҳои илмӣтаҳқиқотиро таҳия сохта, фаъолияти кор-мандони ҳамкорро, ки якҷоя бо муассисаҳои дигар корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ анҷом медиҳанд, ҳамоҳанг месозад.

4. Натиҷаҳои бадастомадаро ҷамъ оварда, корҳои баанҷомрасида ва коркардшудаи илмӣтаҳқиқотиро аз озмоиш мегузаронад.

5.Мавриду мақоми  истифодаи натиҷаҳо таҳқиқоти илмиро  муайян намуда, ҷараёни дар амал татбиқ намудани натиҷаҳоро роҳбарӣ мекунад.                                                                                                                    

6.Ҷараёни такмили ихтисоси кадрҳои илмиро дар соҳаи вобаста-шудааш таъмин месозад.

7.Ҳамасола, аз рӯйи мавзӯъи нақшавӣ, дар ҳаҷми муқаррар-гардида таҳқиқот анҷом дода, чанд  мақолаи илмӣ ба чоп мерасонад.

8.Барои пешбурди босамари фаъолияти кормандон, лоиҳаҳои илмӣ ва рушду густариши соҳа муттасил андешаву пешниҳод ироа медорад.

Дастурамали вазифавии ходими пешбари илмӣ

  1. Муқаррароти умумӣ

1. Ба вазифаи ходими пешбари илмӣ, баъди гузарондани аттестатсия ва пешниҳоди хулосаи комиссияи аттестатсионӣ, шахсе таъйин карда мешавад, ки дараҷаи илмии номзади илм, доктори Phd ва ё доктори илм, корҳои илмӣ, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таҳқиқот ва коркарди лоиҳаҳои арзишманди татбиқшуда дошта бошад.

2. Фармони ба кор таъйин ё аз кор озод кардани ходими пешбари илмӣ  дар асоси пешниҳоди мудири шуъба ва муовини директор оид ба илм содир карда мешавад.

3. Ходими пешбари илмӣ бояд бидонад:

3.1.Ҷанбаву масъалаҳои муҳимми илмии  соҳаи худ, ҷараёни рушди сиёсату иқтисодиёту фарҳангу ватаниву ҷаҳонӣ,  маводи раҳнамои дохилӣ ва мақомоти олӣ, дастовардаҳои олимони ватаниву хориҷӣ дар соҳаи мазкур.

3.2.Усулҳои навтарин, васоиту таҷрибаҳои нав, нақшагирӣ, ташкилдиҳӣ, баргузорӣ ва дар амал татбиқ кардани таҳқиқоти илмӣ ва коркард (баҳодиҳӣ, таъйиноти патентиву иттилоотӣ, ҳуҷҷатнигории илмию техникӣ ва ғ.).

4. Ходими пешбари илмӣ ба мудири шуъба тобеъ аст.

II. Уҳдадориҳои вазифавии ходими пешбари илмӣ

Ходими пешбари илмӣ:

1. Баробари  таҳқиқи мавзӯъи нақшавии худ, фаъолияти гурӯҳи кориро роҳбарӣ мекунад ё иҷрокунандаи масъули супоришҳои алоҳидаи барномаҳои илмию амалӣ мебошад.

2.Усулу методҳои босамари гузарондани таҳқиқоти илмии соҳа-виро баррасиву амалӣ намуда, усулу васоити барои пешбурди таҳқиқот муҳимро интихобу роҳандозӣ менамояд.

3.Самтҳои нави таҳқиқот ва методи пешбурдашонро асоснок карда,  барои нақшабандии корҳои илмӣтаҳқиқотӣ муттасил андешаҳо пешниҳод мекунад.

4.Нақшаи корҳои илмӣтаҳқиқотиро таҳия сохта, фаъолияти кормандони ҳамкореро, ки бо муассисаҳои дигар тадқиқот мебаранд, ҳамоҳанг месозад.

5.Соҳаи истифодаи натоиҷи таҳқиқоти илмиро  муайян карда, татбиқи амалии натиҷаҳоро таъмин медорад.

6. Бозомӯзии кадрҳои илмиро ташкилу амалӣ сохта, дар болобури савияи тахассусиашон  ширкат меварзад.

7. Аз рӯйи мавзӯъи нақшавӣ ҳамасола дар ҳаҷми муқарраргардида таҳқиқот анҷом дода, муттасил мақолаҳои илмӣ ба чоп мерасонад.

8. Ба таҳлили иттилоот оид ба самти фаъолияти илмии худ машғул шуда, барои пешбурди фаъолияти кормандон, лоиҳаҳои илмӣ ва самтҳои рушду густариши соҳа мақолаву пешниҳоднома менависад.

           Дастурамали вазифавии ходими калони илмӣ

                 Муқаррароти умумӣ

1.1. Ба вазифаи ходими калони илмӣ, баъди гузаштан аз аттестатсия ва пешниҳоди хулосаи комиссияи аттестатсионӣ, шахсе таъйин карда мешавад, ки дараҷаи илмии номзади илм ё доктори Phd ва таҷрибаи кории на камтар аз 5 сол дар муассисаи илмӣ дошта, соҳиби  корҳои илмӣ бошад.

1.2. Таъйинот ба вазифаи ходими калони илмӣ ва озод карданаш аз он баъдӣ пешниҳоди мудири шуъба ва тасдиқи ҷонишини директор оид ба илм бо фармони директори Марказ сурат мегирад.

2. Ходими калони илмӣ бояд бидонад:

2.1. Маводи вобаста ба мавзӯъи таҳқиқоти худ, асноди лозим ва навовариву дастовардаҳои алоқаманди соҳаро;

2.2.Усулҳои замонавии ташкили таҳқиқоту лоиҳа, тарзи гузаронидани озмоишҳо,  истифодаи компютер ва дигар воситаҳои техникие, ки барои пешбурди кор заруранд;

2.3.Асноду муқаррароти вобаста ба истеҳсолот ва ташкили меҳнатро;

2.4. Қонунгузории меҳнатро;

2.5. Қоидаҳо ва тартиботи ҳифзи меҳнатро.

Уҳдадориҳои вазифавии ходими калони илмӣ

Ходими калони илмӣ:

1. Ба гурӯҳи кормандоне, ки  дар доираи  мавзӯъи мустақил ва ё  лоиҳаи шуъба таҳқиқот мебаранд, роҳбарӣ мекунад ва ҳамчун масъул таҳқиқоти мустақили илмӣ мебарад.

2. Нақшаву барномаҳои  методӣ ва  таҳқиқоту  лоиҳаҳоро  баррасӣ  ва ҷорӣ менамояд.

3.Ҷамъоварӣ ва омӯзиши иттилооти нави илмиро доир ба мавзӯъи таҳқиқот роҳандозӣ намуда, натиҷаҳои омӯзишу мушоҳидаҳоро амалӣ мегардонад.

4.Дурустии натиҷаҳои кори кормандонро, ки таҳти роҳбарии ӯ фаъолият мебаранд, тафтишу санҷиш мекунад.

5. Дар баланд бардоштани сатҳи тахассусии кадрҳо ширкат меварзад.

6. Натиҷаҳои таҳқиқоту лоиҳаҳоро татбиқ менамояд.

7. Аз рӯйи мавзӯъи нақшавӣ ҳамасола дар ҳаҷми муқарраргардида таҳқиқот анҷом дода, пайваста мақолаҳои илмӣ ба чоп мерасонад.

8.Ба таҳлили иттилоот машғул шуда, барои пешбурди фаъолияти кормандон, лоиҳаҳои илмӣ ва самтҳои рушду густариши соҳа муттасил мақолаҳои таҳлилӣ ва пешниҳоднома менависад.

 Дастурамали вазифавии ходими илмӣ

1. Муқаррароти умумӣ

1.1. Ба вазифаи ходими илмӣ, баъди гузарондани аттестатсия ва пешниҳоди хулосаи комиссияи аттестатсионӣ, шахсе таъйин карда мешавад, ки дипломи таҳсилоти олии касбӣ ва таҷрибаи  тахассусии на камтар аз 3 сол, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи фаъолият дошта бошад;

1.2.Таъйинот ба вазифаи ходими илмӣ ва озод карданаш аз он дар асоси пешниҳоди мудири шуъба ва тасдиқи ҷонишини директор оид ба илм, бо фармони директори муассиса, содир  мешавад.

2.Ходими илмӣ бояд бидонад:

        2.1.Ҳадафи баргузории таҳқиқоту лоиҳаҳо, иттилооти алоқаманди ватаниву хориҷии вобастаи онҳоро;

        2.2.Усулҳои  нави замонавӣ, воситаҳои нақшагирӣ ва ташкили таҳ-қиқоту лоиҳаҳо, баргузории озмоишу мушоҳидаҳо, коркарду умуми-гардонии иттилоот, аз ҷумла, компютеру барномаҳои компютериро;

        2.3.Асосҳои қонунгузории меҳнатӣ ва асноди роҳнамои мақомоти олиро;

        2.4.Ходими илмӣ ба мудири шуъба тобеъ аст.

II.Дастурамали вазифавии ходими илмӣ

Ходими илмӣ:

1. Ба ҳайси иҷрокунандаи масъул ё бо роҳбари илмӣ таҳқиқоти мустақил ва ё лоиҳавӣ (гурӯҳӣ)-и илмӣ бурда, дар иҷрои қисматҳои алоҳида (давраҳо ва бахшҳо)-и мавзӯъҳо ҳамкорӣ мекунад. Иттилооти илмию амалӣ ва таҷрибаи пешқадами олимони ватанию хориҷӣ ва натоиҷи озмоишу мушоҳидаҳои соҳавиро ҷамъоварӣ ва таҳлилу амалӣ менамояд.

2.Таҳийяи нақшаву барномаҳои методии таҳқиқоту лоиҳаҳо, тавсияҳои таҷрибавӣ оид ба иҷрои натиҷаҳои тадқиқоти илмиро бар уҳда дорад.

3.Оид ба мавзӯъи мавриди баррасии худ ё қисмати он (давраҳо ва бахшҳо) ҳисобот (ё қисмати ҳисобот)-и кварталӣ пешниҳод мекунад.

4. Дар татбиқи натиҷаҳои таҳқиқоту лоиҳаҳо ширкат меварзад .

5.Аз рӯйи мавзӯъи нақшавӣ ҳамасола дар ҳаҷми муқарраргардида таҳқиқот анҷом дода, муттасил мақолаҳои илмӣ ба чоп мерасонад.

6. Ба омӯзишу таҳлили доимии иттилооти навини соҳа машғул шуда,  барои пешбурди нақшаву лоиҳаҳои илмӣ ва самтҳои гуногуни рушду густариши бахши худу муассиса пениҳод ироа медорад.

Дастурамали вазифавии ходими хурди илмӣ

I. Муқаррароти умумӣ

1.Ба вазифаи ходими хурди илмӣ, баъди гузаштани аттетатсия ва пешниҳоди хулосаи комиссияи аттестатсионӣ, шахсе таъйин карда мешавад, ки таҳсилоти олии касбӣ (бакалавр) ва собиқаи кории соҳавии на камтар аз сесола дошта бошад. Дар ҳолати мавҷудияти дараҷаи илмӣ, хатми аспирантура ва таҷрибаҳосилкунӣ, бидуни назардошти собиқаи  корӣ ҳам қабул карда мешавад. Дар сурати тавсияи шӯрои ягон мактаби олӣ, ба вазифаи ходими хурди илмӣ, ба таври истисно, хатмкунандаи мактаби олие ҳам, ки ҳангоми таҳсил таҷрибаи кофии муҳаққиқӣ ҳосил карда бошад, таъйин карда мешавад.

2.Ходими хурди илмӣ бояд бидонад:

          –ҳадафи пешбурди таҳқиқот ва таҳияи лоиҳаҳо, маълумоти сарчашмаҳо ва тадқиқоти дар ин соҳа анҷомдодашударо;

          –усулҳои наву замонавии ташкили таҳқиқоту лоиҳаҳо, гузарондани озмоишу мушоҳидаҳо,  истифодаи компютеру барномаҳои компютерӣ;

          –асосҳои қонунгузории меҳнатӣ ва ҳуҷҷатҳои роҳнамои мақомоти олии кишвар;

          –қоидаҳо ва меъёрҳои ҳифзу пешбурди меҳнат.

III.Уҳдадориҳои вазифавии ходими хурди илмӣ

Ходими хурди илмӣ:

  1.  Таҳти роҳбарии мудири шуъба вобаста ба қисматҳо, давраҳо ва супоришҳо таҳқиқоти илмӣ мебарад ва лоиҳа таҳия мекунад;
  2.  Дар иҷрои супоришу озмоишҳо ширкат варзида, мушоҳидаҳо мегузаронад ва онҳоро тавсифу хулосабарорӣ мекунад;
  3.  Иттилооти илмию амалӣ ва дигар маводи вобастаи мавзӯъи таҳқиқоташро меомӯзад;
  4.  Оид ба иҷрои  мавзӯъи таҳқиқотӣ ҳисоботи кварталӣ пешниҳод мекунад.
  5.  Дар татбиқи натиҷаҳои таҳқиқоту таҳияи лоиҳаҳо ширкат меварзад.

  6. Аз рӯйи мавзӯъи нақшавӣ ҳамасола дар ҳаҷми муқарраргардида таҳқиқот анҷом дода, муттасил мақолаҳои илмӣ ба чоп мерасонад.

  Ходими хурди илмӣ ҳуқуқҳои зеринро дорад:

1.Бо қарори роҳбари корхона, ки ба фаъолияташ  вобаста аст, шинос шавад.

2. Доир ба масъалаҳое, ки салоҳият дорад,  барои беҳбуди фаъо-лияти корхона ва такмили методҳои кории кормандон фикру андеша баён созад, оид ба фаъолияти кормандони корхона,  вариантҳои бартараф кардани камбудҳои дар фаъолияти корхона ҷойдошта фикру эроду андеша пешниҳод намояд.

3.Шахсан ё бо супориши роҳбари корхона аз шуъбаҳои корхона ва мутахассисони дигар  асноду  иттилоот ва ҳуҷҷатҳои барои иҷрои вази-фаҳо зарурбударо дархост кунад.

УҲДАДОРӢ ВА МАСЪУЛИЯТ

         Ходими хурди илмӣ:

1. Барои иҷрои номатлуб ё тамоман иҷро накардани уҳдадориҳои  вазифавии худ дар доираи қонунгузории меҳнати амалкунандаи Ҷум-ҳурии Тоҷикистон сазовори муҷозот гардонида мешавад.

2.Барои кулли қоидавайронкуниҳое,  ки дар давоми амалӣ сохтани фаъолияти худ содир кардааст, дар доираи қонунгузории амалкунандаи маъмурӣ, ҷиноӣ ва шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори ҷазо гардонида мешавад.

3.Барои расондани зарари молӣ ба муассиса дар доираи муқар-рароти қонунгузории муайяни меҳнатӣ ва шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ӯ ҷуброн ситонда мешавад.

         Меъёри солонаи

анҷоми корҳои таҳқиқотӣ, нусхашиносӣ, феҳристнигорӣ ва матншиносӣ дар Марказ ба гунаи зерин мукаррар карда мешавад:

         Сарходими илмӣ

таҳқиқот – 4 ҷ.ч.; матн – 6 ҷ.ч.; феҳрист -100 нусха;

         Ходими пешбари илмӣ

таҳқиқот – 4 ҷ.ч.; матн – 5 ҷ.ч.; феҳрист -80 нусха;

         Ходими калони илмӣ

таҳқиқот – 3 ҷ.ч.; матн – 4 ҷ.ч.; феҳрист -60 нусха;

         Ходими илмӣ

таҳқиқот – 2,5 ҷ.ч.; матн – 3 ҷ.ч.; феҳрист -40 нусха;

         Ходими хурди илмӣ

таҳқиқот – 2 ҷ.ч.; матн – 3 ҷ.ч.; феҳрист -20 нусха.

         Тавзеҳот

Мудирони бахшу шуъбаву лабораторияҳои техникӣ–хидматгузории Марказ ва кормандонашон мутобиқи дастурамали дохилӣ ва меъёрхои муқарраргардидаи соҳавӣ фаъолият бурда, монанди мудирону кормандони дигари муассиса, корҳояшонро мувофиқи нақша пеш мебаранд ва дар ин бора муттасил (ҳар семоҳа як бор) ҳисоботи муфассал пешниҳод мекунанд.

Дар масъалаҳои ҷамъовариву нигаҳдорӣ, рақамбандӣ ва таъмиру тармими китобҳо масъулу уҳдадоранд.