Нусхаҳои «Радоиф-ул-ашъор» дар Ганҷинаи дастнависҳои ба номи Академик А.Мирзоев

Нусхаҳои «Радоиф-ул-ашъор» дар Ганҷинаи дастнависҳои ба номи Академик А.Мирзоев
Сайидхоҷа Ализода
 
Адабиёти форсу тоҷик ниҳоят ғанӣ буда, анвои осори бисёр зиёди адабиву бадеиро дар бар мегирад. Дар тайи қарнҳо ҳазорон шоирону муаррихон ва хаттотону мусаввирон дар Мовароуннаҳру Хуросону Эрон, Синду Ҳинд, Озарбойҷону Бағдоду Димишқ умр ба сар бурда, аз худ мероси гаронбаҳое бо забони форсӣ ёдгор гузоштаанд. Бо гузашти айём бар асари  ҷангу ҷидолҳои шадид ва тахтутозҳои аҷнабиён, ки дар таърихи тӯлонии қадимиву доманадори худ мардуми форсизабон аз сар гузарониданд, қисмати зиёде аз осори хаттии гаронбаҳои мардуми эронитабор аз байн рафтааст. Аммо қатъи назар аз ҷой доштани чунин вазъ боз намунаҳои ашъори бисёр шоирон тавассути  тазкираҳою маҷмӯаҳои мухталиф  маҳфуз мондаанд.
  Дар таърихи адабиёти форсу тоҷик кайҳо боз мураттаб сохтану таълиф намудани чунин тазкираю маҷмӯаҳо ба ҳукми анъана даромада буд. Ин кор боиси он гардидааст, ки ному осори як идда шоирони гумном дар онҳо боқӣ монда, то замони мо омада расанд.
  Ин анъанаи адабӣ аз тазкиранигорӣ, баёзнависӣ, тартиб додани «Радоиф-ул-ашъор»-ҳо ва маҷмӯаҳои мухталифи дигаре иборат аст, ки то имрӯз дар китобхонаҳои гуногуни дунё шумораи зиёди онҳо нигоҳдорӣ мешаванд. Бояд гуфт, ки чунин маҷмӯаҳо то кунун ба таври пурраю ҳаматарфа мавриди омӯзиш ва таҳқиқ қарор нагирифтаанд. Осори садҳо нафар шоирони ношинохтаи форсу тоҷик дар саҳоифи чунин асарҳо нигоҳ дошта мешаванд. Аз ин рӯ, лозим меояд, ки ба омӯзишу таҳқиқи ҳамаҷонибаи онҳо таваҷҷӯҳи бештаре зоҳир сохта шавад, то ин ки осори ношинохтаи шоирони бузург аз осори илҳоқӣ ҷудо танзим гардад. Дар ин ҷо на танҳо қасоид, ғазалиёт, маснавиву қитъаоти асил аз ғайриасилро ҷудо бояд кард, балки ҳар байт санҷида ва муайан карда шавад, ки он оё ҷузви қасида ё ғазал ва қитъаву маснавии асил ҳаст ё не?
Доктор Назир Аҳмад аз ин баёз маълумоти зарурӣ дар бораи шоирони бузурги гумном, мисли Ҷамолиддин Истоҷӣ, Илёси Ҳиравӣ, Саид Алии Содот, Ҳамади Қандаҳорӣ, Ҳамид Тавлаки Саномӣ ва Малик Азизуллоҳи Басомӣ пайдо намуда, аз осори гаронбаҳои онҳо намунаҳо ба табъ расонидааст. Муаллифи ин нусхаи нодир Сайфи Ҷоми Ҳиравӣ мебошад, ки ӯ яке аз донишмандони бузурги замони худаш буда, дар илми фатво ва арӯз дониши мукаммал доштааст.
Аммо бояд тазаккур дод, ки бо дастрас гардидани як ғазал ва қитъае маҳорат, сухандонӣ ва сухансанҷии ин ё он шоирро арзёбӣ намудан бисёр мушкил аст. Ғайр аз ин дар даврони минбаъда гурӯҳи дигари мусанифоне пайдо шудаанд, ки онҳо ба ҷамъу мураттаб сохтани осори татаббӯии шоирон пардохтаанд ва ё ин ки ашъори ҷавобияи шоиронро гирд оварда, маҷмӯаҳои ҷудогонаи мухталиф мураттаб сохтаанд.
Пеш аз он ки дар бораи «Радоиф-ул-ашъор» -ҳо маълумот диҳем, лозим донистем, ки мухтасаран роҷеъ ба масъалаи назирасароӣ дар адабиёти форсу тоҷик таваққуф намоем. Назар ба ақидаи шарқшиноси барҷастаи рус Е.Э. Бертелс дар давраи ҳукмронии Темуриён агар аз як тараф, анъанаи хамсанависӣ ривоҷ ёфта бошад, онгоҳ аз тарафи дигар, сароидани достонҳои хурди мустақил низ қувват мегирад. Аммо ба тадриҷ аз нимаҳои дуввуми асри XV сар карда анъанаи хамсасароӣ рӯ ба таназзул ниҳода, дигар…ривоҷ пайдо накард( 1-31,40). Аз ин ҷост, ки дар нимаи дуюми асри XV ғайр аз «Ҳафт авранг»-и Ҷомӣ мо дигар «Хамса»-и мукаммалро дучор намекунем. Дар айни ҳол аз тарафи Ҷомӣ зиёд карда шудани миқдори достонҳои «Хамса» ва алоқамандони ба ин  унвони дигар қабул кардани он маҷмӯа ва аз тарафи Ҳотифӣ ба ҷойи «Искандарнома» дохил кардани мавзӯи лашкаркашиҳои Темур, ин худ аз тарафи ин ду устоди назм риоя карда нашудани талаботи «Хамса»-сароӣ, кӯҳна шудани ин равияро боз як маротибаи дигар тасдиқ мекунад(1:40). Шояд ҳамин вазъ боис гардидааст, ки ҳеҷ яке аз «Хамса»-сароён кори саркардаи худро дар ин ҷода ба анҷом  расонида натавонистаанд.
Ҳарчанд Мир Алишери Навоӣ дар заминаи адабиёти ӯзбек шакли пурраи «Хамса»-ро ба вуҷуд овард, аммо ин ташаббуси Навоӣ низ бинобар сабабҳои дар боло баёншуда дар таърихи минбаъдаи адабиёти ӯзбек низ пайравони ҳақиқии худро ёфта натавонист. Анъанаи хамсасароӣ дар нимаи дуюми асри XV коҳиш ёфта, баҷойи он равияи назиранависӣ ривоҷ пайдо менамояд. Шарқшиноси маъруфи тоҷик Абдулғанӣ Мирзоев дар асари пурарзиши илмии худ «Биноӣ» менависад: «Дар ин давра назиранависӣ на фақат дар эҷод кардани «Хамса» қувват мегирад, балки дар дигар қисматҳои назм дар эҷод кардани як қисми муайяни достонҳои хурди зикршуда, қасидаҳои фалсафӣ, ғазал ва ғайра роли асосӣ мебозидагӣ мешавад. Хусусан дар эҷод кардани ғазал ин равия ривоҷи куллӣ пайдо кард»(1:40).
Рӯҳи пайравӣ ва назира дар ин замон тамоми соҳаҳои адабиёт ва санъатро фаро гирифта буд. Ин анъана ба бисёр соҳаҳои илм гузашта, дар меъморӣ, мусиқӣ, рассомӣ ва ғайра низ тазоҳур дошт. Аз ин рӯ назиранависӣ дар адабиёт кайҳо боз таваҷҷӯҳро ба сӯйи худ мекашид.
Аксари тадқиқотчиёни Ғарб ва Эрон барои омӯхтани асрори он саъй накарданд. Ақидаи онҳоро дар ин бора чунин фикри Саид Нафисӣ равшан ифода мекунад. ӯ менависад: «Дигар аз хасоиси шеъри форсӣ дар қарни нӯҳум ин аст, ки рӯҳи тақлид ва пайравӣ аз сабки шуарои бузург, ки дар натиҷаи нотавонии сарояндагон аз падид омадани сабкҳои хос ба худ дар қарни ҳаштум ривоҷ гирифта буд ва махсусан муқаллидони сабкҳои Саъдӣ ва Низомӣ дар он замон рӯзафзун буданд, дар ин давра низ шадидтар шуда ва аз он ҷумла касоне, ки аз сабки Низомӣ пайравӣ карда ва ба тақлиди ӯ маснавиёт сурудаанд, ҳар рӯз бештар мешуданд ва аз ин ки дар қарни баъдӣ ин равиш дар шеъри форсӣ давом дорад, думболаи мустақили адабиёти қарни нӯҳум аст»(6:221).
Муҳаққиқи дигар Аълохон Афсаҳзод дар китоби худ «Нақд ва баррасии осор ва шарҳи аҳволи Ҷомӣ» баҳои носаҳҳеҳи Маликуш-шуаро Баҳорро дар бораи ғазалҳои Ҷомӣ оварда, онро бо далелҳо рад менамояд. А. Афсаҳзод менависад, ки албатта, ин сухани Баҳор, ки онро аз забони одамони дигар меоварад, ғалат аст, вале ҷои афсӯс аст, ки ин андешаи нодурусти М. Баҳор,  солҳост, ки дар Эрон аз китобе ба китобе мегузарад ва ё такроран оварда мешавад. Чун мазмун ва моҳияти ҳамаи он гуфтаҳо аз ҳамдигар тафовут надорад, ба иқтибоси онҳо ҳоҷат нест. А. Афсаҳзод дар поёнтари фикри худ зикри ҳамаи он асарҳое, ки ин андеша дар онҳо баён гардидааст, меоварад.(3:144).ӯменависад, ки бо ин ҳама пастзаниҳо ва хоршумурданҳо, ҳеҷ як даъвогар, ягон ғазали Ҷомиро таҳлил ва ё бо ғазалҳои гузаштагон муқоиса намекунад. Чунин баҳодиҳии беасос ва ғаразнок наметавонист, ки қабули дигарон гардад.
Бештари муҳаққиқон бо ҷавобҳои далелнок ин ақидаи нодурусти ховаршиносонро рад намудаанд.
Абдунабӣ Сатторов дар китоби худ «Афкори адабӣ ва эстетикии Абдураҳмони Ҷомӣ»(2:83) ботил будани даъвоҳоеро, ки Ҷомиро тақлидкор мешуморанд, исбот менамояд.
А. Сатторов чунин менависад, ки ба шеъри шоирони номии гузашта ҷавоб гуфтан дар асри XV аз «камолоти назм» ба ҳисоб меомад ва маънии мусобиқа карданро дошт. Шоире, ки дар гуфтани ҷавоб қодир буд, сазовори шӯҳрат мегардид. Чунончи, амир Алишери Навоӣ дар бораи Амир Аслами Ғаззолӣ чунин мегӯяд: «Чун муроди хешро бо мулки Рай кардам қиёс» маълум мешавад, ба ин маънӣ на танҳо ба асарҳои шоирон ва нависандагон ҷавоб навишатани Абдураҳмони Ҷомӣ, балки ишора ва гуфтаҳои зиёди ӯ низ, ки дар ғазалу қасида, хусусан маснавиҳо ва равзаи ҳафтуми «Баҳористон» фаровонанд, далолат мекунанд.
Шеъри ҷавобия ба ақидаи Ҷомӣ бояд аз сармашқ бартарӣ дошта ва ё ҳеҷ набошад аққалан ба он ҳампоя бошад…ба ин талабот Ҷомӣ кӯшидааст дар тамоми ҷавобҳои худ риоя кунад(2:83).
То А. Сатторов чандин муҳаққиқон ба ин ақида буданд, ки назира тақлид набуда, балки як равияи адабӣ аст. Ҳанӯз дар охири асри гузашта шарқшиноси англис Э. Гиб дар китоби «Таърихи назми туркон»-и худ, ки соли 1900 дар Лондон ба табъ расида буд, менависад, ки назира на чун тақлид, балки як навъ мусобиқаи адабӣ мебошад. Е. Э.Бертелс, А.А. Стариков, А.Н.Болдирев, Ғ.Ю. Алиев, А.Афсаҳзод, А.Сатторов, А.Афсаҳов, А.Ш.Шомуҳаммадов ва дигарон низ изҳори ақида кардаанд, ки назира дар ҳеҷ сурат тақлид нест, балки он анъанаи адабиест, ки ба василаи мусобиқаи эҷодӣ, ҷавобнависӣ ба беҳтарин асарҳои гузаштагон давом ёфта беҳтарин суннатҳои устувори адабиро ифода медиҳад. Олими эронӣ Ҷ. Ҳумоюн низ мустақиман ба ҳамин ақида расидааст.
Қабл аз он ки дар бораи ин анъанаи адабӣ, ки дар асрҳои XV-XVI хеле ривоҷ ёфтааст, маълумот диҳем. Бояд тазаккур дод, ки дар адабиёти форсу тоҷик ин анъана дар эҷоди қасидаҳои ҷавобия аз замони Унсурӣ сар шудааст. Аввалин маҷмӯае, ки ашъори Таттаббӯӣ дар он гирд оварда шудааст, ин маҷмӯаи «Мунис-ул-аҳрор фӣ дақоиқ-ул-ашъор»-и Муҳаммад ибни Бадри Ҷоҷурмии шоир мебошад.Дар ин маҷмӯа қасоид, ғазалиёт, рубоиёт, қитъаот ва ғайра аз 200 нафар шоирони форсу тоҷик гирд оварда шудааст. Муаллиф кӯшидааст, ки дар ин ҷо аз ҳар шоире, намунае чанд аз ашъорашон-қасида, ғазалиёт, қитъа ва рубоиеро интихоб кунад. ӯ ашъори мақбули хешро интихоб карда, онҳоро бидуни шарҳу эзоҳ дохил меоварад.
Матлаб аз баёни маълумоти мухтасар дар бораи ин асар дар ин рисола он аст, ки ин анъана баъзан дар адабиёти асрҳои пеш аз замони Фахрӣ низ дучор меомад, аммо мавриди дастгирӣ ва пайравии умум қарор нагирифт. Таҳқиқи ҷудогонаи ӯ барои омӯзиши адабиёти классикии форсу тоҷик аз аҳамият холӣ нест ва омӯзишу тадқиқоти ҷудогонаро тақозо мекунад.
Мавридҳои ҷавобгӯӣ ба ашъори гузаштагон хеле гуногун буда дар ҳама ҳолат ин ҳодиса ранги қувваозмоӣ ва мусобиқа ё имтиҳонро доштааст.
Пеш шоирон аз мутолиаи шеъру ғазал ба шавқ омада, ба онҳо ҷавоб мегуфтанд, вале аксар вақт шоир ба қувваи шоирии худ бовар мекунад ва ба мақсади он ки мавқеи худро дар муҳити адабии замон мустаҳкам намояд, ба назирагӯӣ рӯ меоварад. Дар ин ҷо вазифаи ӯ хурд нест. ӯ бояд аз осори беҳтарин ва машҳури шоирони забардасти гузашта ва ё асари мустақили шеърӣ: ғазал, маснавӣ, қитъа ва рубоиро гирифта, дар вазн, қофия ва мавзӯи он шеър эҷод намояд. Ба ин роҳ ӯ қувваи табъи худро дар муқобили шеъри баланд як бори дигар санҷиданӣ мешавад. Баъзан шоирон барои санҷидани қувваи шоирии худ маҳфилҳо меоростанд ва аз яке талаб менамуданд, ки шеъре гӯяд, то ин ки қувваи эҷодӣ ва нерӯи суханварӣ ва тахайюли шоириашро дар ҷавоб гуфтан ба ин  ё он шеъри машҳур имтиҳон кунанд. Давлатшоҳи Самарқандӣ дар «Тазкират-уш-шуаро»-и худ менависад, ки вақте ки Шайх Саъдӣ қасидаи худро дар мадҳи Шоҳрух мехонд, Хоҷа Абдулқодири Авдӣ ба мубориза бармехезад. Озариро дар гуфтани ҷавоб ба чанд қасидаи Салмон имтиҳон мекунанд. Озарӣ… ҷавоб ба ваҷҳе мегӯяд, ки писанди бузургон меафтад.
Давлатшоҳи Самарқандӣ дар бораи Мавлоно Қанбарии Нишопурӣ менависад: «Марди олӣ буда, дар шоирӣ ҳидояте ва бахшише ёфта буд. Қасоидро маҳкам ва пурмаънӣ мегӯяд ва баъзе афозил дар кори ӯ муттаҳайир буданд ва ӯро дар ҷавоби қасоиди акобир имтиҳон мекарданд ва сухани ӯро маҳкам меёфтанд» (6:527). Барои исботи ин фикр садҳо намуна овардан мумкин аст. Таҳқиқипурраю ҳаматарафаи ин равияи бисёр аҷоиб ва дилчаспи адабиёти форсу тоҷик тадқиқоти пурраю ҳаматарафаро тақозо мекунад. Барои ифодаи он осори адибон (шоирону нависандагон ва муҳаққиқини таърихи адабиёт-С.А.) истилоҳҳои гуногун ба кор бурда шудааст. Истилоҳҳои «назира», «ҷавоб», «татаббӯъ», «истиқбол» ва «муқобила» тақрибан ҳаммаъно буда, чунин фаъолияти адабиеро нишон медиҳанд, ки дар он ҷавоби шеъри аниқ ба шеъри дигар дода шавад.
Шоири ҷавбогӯ дар чунин маврид ба соҳиби шеъри истиқбол- шаванда даъвои баробарӣ ва бартарӣ дошта, идаои худро бештар бо ашъори фахрия иброз медорад. Асари истиқболкунанда метавонад дар мазмуну ғоя акси асари истиқболшаванда бошад. Дар ғазалҳои истиқболшаванда тазмини мисраи аввал ё матлаи ғазали татаббӯъшаванда маъмул аст.
Ҳангоми мутолиаи осори адабиёти форсу тоҷики асри XV унсурҳои тақлид ва такрори мазмун дар он ба назар мерасанд, ки онҳо то андозае аҳамияти адабиётро каме коста мекунанд.
А. Афсаҳзод дар тадқиқоти худ менависад, ки манзури мо аз назира ҳамон амали эҷодиест, ки шоир барои намоён сохтани иқтидори табъ, қудрати тахайюл ва маҳорати эҷодии хеш ба осори беҳтарин суханварони пешин ё муосири худ ҷавоб мегӯяд. Ин ҳодиса метавонад ба ихтиёри худи назиранавис рух диҳад. Мумкин аст, ки он чун санҷиш аз тарафи касони дигар гузаронида шавад. Беҳтарин асарҳои адибони нимаи дуюми асри XV (Ҷомӣ, Кошифӣ, Навоӣ ва дигарон) бо ҳамин роҳи назира навишта шудаанд.
  Эҳсони Ёршотир дар натиҷаи тадқиқи адабиёти нимаи аввали асри XV ба хулосае омадааст, ки аз шоирони гузашта дар ин аср Абулқосими Фирдавсӣ, Ҳасани Деҳлавӣ, Саъдии Шероз, Мавлонои Балхӣ, Ҳоқонии Шервонӣ, Зоҳири Форобӣ, Анварии Абевардӣ, Камол Исмоили Исфаҳонӣ, Салмони Соваҷӣ, Ҳофизи Шерозӣ ва Камоли Хуҷандӣ бештар мавриди пайравӣ қарор гирифтаанд.
  Ҷамъ ва мураттаб намудани ашъори истиқболия ё ҷавобияи шоирон аз нимаи дуввуми асри XV шурӯъ мешавад. Бисёре аз муҳаққиқони таърихи адабиёт дар чунин ақидаанд, ки дар ин амали хайр аввалин иқдомро Фахрии Ҳиравӣ гузошта, ду маҷмӯае ба унвони «Бӯстони хаёл» ва «Тӯҳфат-ул-Ҳабиб» тартиб додааст.
Дар асри XV  оғози асри XVI мактаби адабии Ҳирот ба яке аз мактабҳои бузурги илмиву адабӣ табдил ёфта буд, ки сарпарасатии онро Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ ба ӯҳда доштанд. Дар ин муҳити бисёр ривоҷёфтаи адабӣ шаклу навъҳо ва ҷараёнҳои адабӣ рушду равнақ ёфта буданд.
Намунаи ғазалҳои ҷавобия ё татаббӯъиро дар девони ашъори шоирони қуруни мухталиф пайдо кардан мумкин аст, аммо бештар ин навъ шеърҳо дар маҷмӯаҳои ашъори ба шакли радоиф-ул-ашъор мураттаб гардида, дучор меоянд. Ин ғазалиёти ҷавобия аз тарафи шоирони гуногун навишта шудаанд.
Омӯзиш ва таҳқиқи ҳамаҷонибаи баъдии ин навъ маҷмӯаҳо барои боз ҳам ғанитар гардонидани таърихи адабиёти форсу тоҷик аз аҳамият холӣ нест. Аммо, мутаассифона, ин падидаи нав ё то кунун ба таври зарурӣ ҳаматарафа мавриди таваҷҷӯҳи муҳаққиқони дохилию хориҷӣ қарор нагирифтааст.
Донишмандон Абдулғанӣ Мирзоев, Акимушкин О.Ф., Аълохон Афсаҳзод, Аҳмад Гулчини Маонӣ, Хаёмпур, Алиасғар Ҳикмат, Ҳисомиддини Рошидӣ, Абдулҳай Ҳабибӣ дар таълифоти илмии худ аз ин маъхазҳо истифода намудаанд ва «Тӯҳфат-ул-Ҳабиб»-и Фахрии Ҳиравиро аз ҷумлаи  сарчашмаҳои боэътимодтарин барои омӯзиши адабиёти форсу тоҷики қуруни XV-XVI меҳисобанд. Аз ин нуқтаи назар асарҳои А. Мирзоев «Биноӣ», «Сенздаҳ мақола» (баъд аз вафоти ӯ нашр гардидааст), А. Афсаҳзод-«Лирика Абд ар-Рахмана Джами», «Ғазалиёти Абдураҳмони Ҷомӣ», Эргашалӣ Шодиев «Радоиф-ул-ашъор Навонинг форсӣ ғазалларӣ»,   аз Аҳмад Гулчини Маонӣ мақолаи «Тӯҳфат-ул-Ҳабиб» ва ғайраҳоро метавон зикр кард.
  «Тӯҳфат-ул-Ҳабиб» ба шакли «Радоиф-ул-ашъор» мураттаб гардида, ашъор ва ғазалиёти татаббӯъии шоирони асрҳои XV ва XVI -ро дар бар мегирад.
Баъд аз Фахрӣ мураттаб сохтани чунин маҷмӯаҳо ба ҳукми анъана даромад ва дар ҳамон давра ва минбаъд  маҷмӯаҳои зиёде бо ин усул тасниф карда шуд. Чунин таснифот дар Мовароуннаҳр бо унвони радоифул-ашъорҳо ёдоварӣ гардидаанд. Ба ин силсила радоифулашъорҳое, ки дар ганҷинаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфузанд, мисоли равшан шуда метавонанд. Нусхаи бузургу нисбатан қадимтари радоифулашъорҳои ин захираи дастнависҳо «Радоиф-ул-ашъор»-и Ҳоҷӣ Қурбони Ансорӣ мебошад, ки ин нусха дар ду сутун бо хати зебои настаълиқи моил ба шикаста дар коғази тунуки шарқӣ навишта шудааст.
Як қисми варақҳои нусхаи бо оби тиллоӣ ва нуқра ороиш дода шудаанд. Номи шоирон бошанд бо ранги моил ба сурхӣ навишта шудаанд. Ин нусха тақрибан дар асри XVIII навишта шудааст. Дар варақи 39-и нусха мӯҳри хурд гузошта шуда, дар он номи Муҳаммад Мунир сабт гардидааст. Дар нусха 514 ғазал аз 115 нафар шоирони қарнҳои мухталиф, аз қабили Урфии Шерозӣ, Асир, Носир Алӣ, Шавкат, Толиби Омулӣ, Нозим, Осафӣ, Фонӣ, Ҳилолӣ, Мунир, Саъдӣ, Лоеҳ, Шоҳин, Шаҳид, Хусрав, Холис, Ҳофиз, Ҷомӣ, Фурӯғ, Таманно ва дигарон омадаанд. Дар ин нусха шоирони номаълуми зиёде ба чашм мерасанд, ки аз аҳволу осори эшон дар ягон тазкираи дигаре маълумот дода нашудааст(8:14).
  Ҳамчунон дар захираи зикршуда «Радоиф-ул-ашъор» ва «Соқинома»-и Мирзо Муизиддин мутахаллис ба Мусавӣ ва Фитрат зери рақами 631/1 маҳфуз аст. Ин «Радоиф-ул-ашъор» тақрибан дар аввалҳои асри XIX навишта шудааст ва азрӯйи феҳристи шуаро маълум мегардад, ки ин нусха такмилаи баёзест, ки хеле сол пештар мураттаб гардидааст ва бо тартиби алифбоит арабӣ  ғазалҳои 200 нафар шоиронро дар бар мегирад, ки дар байни онҳо шоирони машҳур: Шамси Табрезӣ, Соиб, Носир Алӣ, Ҷомӣ, Бедил, Хусрав, Саъдӣ, Махфӣ, Ҳилолӣ, Мушфиқӣ, Сайидо, Авҳадӣ, Хоқонӣ, Хоҷу, Исмат, Ибни Ҳисом ва ҷой доранд(8:16).
Нусхаи аз ҳама калонтарини «Радоиф-ул-ашъор» захираи дастнависҳо нусхаи таҳти рақами 2256 мебошад, ки дар он 2431 ғазали ҷавобӣ ба ғазали 218ғазалҳои шоирлони маъруф оварда шудааст. Матни маҷмӯа дар ду сутун бо хатти хонои настаълиқи моил ба шикаст дар коғази сафеди хуқандӣ навишта шудааст. Ин маҷмӯа дар асри XIX мураттаб гардидааст(8:24).
Дар ин «Радоиф-ул-ашъор» аз Шариф -19 ғазал, Носир Алӣ  -94 ғазал, Соиб-291 ғазал, Обидхон-3 ғазал, Карими Бухороӣ-95 ғазал,Урфӣ-50 ғазал, Мушфиқӣ-18 ғазал, Ниёз-8 ғазал, Махфӣ-2,Қосим Девона-79 ғазал, Рабеъ-8 ғазал, Вапҳид-4 ғазал, Паём-30-ғазал, Фитрат-32 ғазал, Шавкат-108 ғазал, Сайидо-143, Бадеъ-17 ғазал, +анӣ-41 ғазал, Калим-55, Наҷиб-27 ғазал, Назирӣ-54 ғазал, Камол-3 ғазал, Зоҳиди Афкор-3 ғазал, Комил-28 ғазал, Толиб 48, Таҷаллӣ 42,Алӣ Қӯмӣ-3, Навъӣ-6, Нозим- 67, Шаънӣ 43, Осафӣ-20, Риёзӣ-6, Нофеъ-3,  Мулҳам 58, Сурат-38,Аҳлӣ-3, Муқимо-1. Ҳилолӣ-12, Шопур-21, Тобеъ-14, Сиёқ5, Бехуд-Шеван-1,Ҳумоюн-1, Воиз-3, Сотеъ-2, 73, Асир- 73, Бедил- 142, Ноком-25, Қудсӣ 31, Самеъ-8, Ҳофиз-14, Зуҳурӣ-2, Олӣ-3, Ибни Ямин-5, Тоҳир-12, Нозим-14, Ориф-2, Ворас-37, Манзур-1, ҷомӣ-15,Оҷиз-4,Сарафроз-17, Мумтоз-2, Ноком 25,Фасеҳӣ-17 ва ғайра оварда шудааст. Бояд тазаккур дод, ки дар ин маҷмуа мураттиб бештар ба ашъори шоирони каммашҳур таваҷҷуҳ намудааства  намунаи ғазалиёти онҳоро бештар меорад ва худи мураттиб ба ашъори ба сабки бедилӣ навишташуда таваҷҷуҳи зиёд доштааст.
Хусусияти дигари ин “Радоиф-ул-ашъор”дар он аст, ки дар охири маҷмуа рубоёт, фардҳо ва порчаҳои зиёд аз маснавиҳои шоирони дар боло зикргардида оварда шудааст, мураттибаш маълум нест. Дар охири маҷмуа “Шаҳрошӯб”-и Сайидои Насафӣ китобат карда шудааст.
Матни “Радоиф-ул-ашъор” дар ду сутун бо хати майдаи мойл ба шикаст, дар қоғази сафеди мойл ба зарди қӯқандӣ китобат шудааст.Навоқиси нусха дар он аст, варақҳои 210, 211 ва аз варақи 245 то варақи 292 аз саҳҳофӣ афтидаанд.
Аз рӯйи хат ва қоғази навишташуда дастнавис марбут ба асри XIX мебошад. Муқоваи дастнавис шарқӣ ва аз чарми қаҳваранг сохта шудааст.Ҳаҷми он 14х23.
Нусхаи дигаре, ки  бо номи “Радоиф-ул-ашъор” дар ганҷина зери рақами 2333 маҳфуз буда, дар он 662 газали 167 шоир оварда шудааст.
Дар ин нусха аз шоирони машҳур Ҳофиз-53 ғазал, Ҷомӣ-60, Ҳилолӣ -18, Соиб-48, Мушфиқ-14, Унсӣ-10, Хусрав-17, Осафӣ-10, Ҳол-13 газалӣ оварда шудааст. Аз аксари дигар шоирон танҳо 1 ё 2 ғазал оварда шудааст. Бояд тазаккур дод, ки дар “Радоиф-ул-ашъор” номи шоироне оварда шудааст, ки дар сарчашмаҳои адабӣ исми онҳо ба назар намерасад. Ба монанди Шоинӣ, Таҷаллӣ, Сарфӣ, Самима, Руҳуламин, Шонӣ, Лоиҳ, Хошеъ,Истиғно, Соқиб, Ақдас, Таъолӣ, Муҳий, Аъло, Шӯрида, Амид, Хабул ва ғайра мебошанд.
 Матн дар ду сутун бо хати хоно ва зебо дарқоғази қуқандӣ навишта шудааст. Ном ва насаби мураттиб маълум нест. Соли китобат дар охири нусха навишта шудааст. Моҳи шаъбони 1275/марти 1859. Дар муқовваи дастнавис муҳри саҳҳоф бо исми Мулло Юлдош гузошт ашудааст.
Ҳаҷми дастнавис 16/27 мебошад(8:18).
       Дастнависи дигари “Радоиф-ул-ашъор” зери рақами 791 маҳфуз аст. Ин нусха 764 ғазали 50 шоир ба тартиби алифбоӣ оварда шудааст. Аз ҷумла Қассоб, Салмон, Сойиб, Алӣ, Содиқ, Ҷомӣ, Афғон ва ғайра мебошанд.Бештар дар нусха ғазалҳои шоирон Қассоб, Содик, Нозимӣ, Афғон, Сайидо, Ҷомӣ, Лутфӣ ва Ҳасан оварда шудаанд. Матни дастнавис дар қоғази моил ба зарди қукандӣ навишта шудааст. Аз руйи навишт ва хат ба охири асри XVIIIва аввали XIXрост меояд.Дастхат аз 230 варақ иборат буда, ҳаҷми он 13,5/24 мебошад(8:18).
  Бояд тазаккур дод, ки дар баробари радоиф-ул-ашъорҳои мазкур дар захираҳои дастнависҳои хаттӣ ва дигар китобхонаву музейҳои дунё боз радоиф-ул-ашъорҳои то кунун ношинохта  маҳфузанд, ки дар байни онҳо шояд китобҳое бошанд, ки арзиши зиёди адабию таърихӣ барои омӯзиши тамаддуни мардуми форсу тоҷик дошта бошанд. Дар як худи Захираи дастнависҳои ба номи академик Абдулғанӣ Мирзоеви Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 136 баёзи мавҷуд аст, ки дар бараси онҳо дар Феҳристи нусхаҳои хаттии ин маркази илмӣ (ҷилди 5) маълумоти кофӣ дода шудааст. Хамчунон дар ганҷина баёҳои зиёде мавҷуд аст, ки то кунун тавсиф ва омӯхта нашудаанд.
Омӯзиш ва тадқиқи ҳамаҷонибаи ин нусхаҳо барои дарки як идда масъалаҳои адабию фарҳангӣ аҳамияти калон хоҳад дошт.
Мураттаб сохтани радоиф-ул-ашъорҳо, ки бевосита бо таъсири осори гаронбаҳои Фахрӣ сурат гирифтааст, дар Моваруннаҳр бо ҳамин унвони «Радоиф-ул-ашъор» машҳур гардидаст, ки намунаҳои дар боло овардашуда далоли дурустии  ин ақида мебошанд ва онҳо дар ҳамин сарзамин тартиб дода шудаанд.
Ҷамъу мураттаб сохтани чунин маҷмӯаву баёзҳо дар доираҳои адабии Хуросон (Ҳирот, Кобул, Машҳад ва ғайра-С. А.) бо унвони «Ҷунг» сурат гирифтааст.
Намунаи бештари ин ҷунгҳо дар ҷилди аввали «Феҳристи нусухи хаттии оршифи миллии Афғонистон», ки аз ҷониби Муҳаммад Аъзами Афзалӣ мураттаб гардида, дар Кобул соли 1363 қамарӣ ба табъ расидааст, ҷой дорад. Назар ба маълумоти ба мо расида ин ганҷинаи то кунун ҳифзшуда ва беосеб мондааст.
Дар Синду Ҳинд низ чунин маҷмӯаҳо бо теъдоди зиёд таълиф гардидаанд.
  Ин ба он шаҳодат медиҳад, ки «Тӯҳфат-ул-Ҳабиб» ҳанӯз дар давраи зиндагии худи Фахрӣ шӯҳрат пайдо намудааст ва дар давраҳои баъдина бо усули он садҳо маҷмӯа тартиб дода шудааст. Аз ҷумла, Дӯстии Бухороӣ, «Тӯҳфат-ул-Ҳабиб»-и Фахриро асос қарор дода, соли 955 ҳ. /1548 м. «Тӯҳфат-ул-хавонин» ном маҷмӯаро мураттаб сохтааст(4:237).
Ҳисомиддин Рошидӣ менависад, ки дар назди ман чанд маҷмӯа ҳаст, ки дар пайравии «Тӯҳфат-ул-Ҳабиб»-и Фахрӣ дар Синд навишта шудаанд: «Маҳаки Комил»-и Мӯҳсини Таттавӣ, «Маҳаки Қонеӣ»-и Қонеи Таттавӣ, «Маҳаки Хусравӣ»-и Мир Ғуломалихони Толпур, «Маҳаки Тазоӣ»-и Ғулом Муртазо Шоҳ Муртазои Таттавӣ ва ғайраҳо аз ҳамин қабил асарҳо мебошанд.
Пойнавишт:
1. А.Мирзоев.  Биноӣ. Сталинобод. -1959. -С 31-40.
2. А.Сатторов Афкори адабӣ ва эстетикии Абдураҳмони Ҷомӣ, Душанбе 1975.-С. 83-84.
3. А. Асфаҳзод. Адабиёти форсу тоҷик дар нимаи дуюми асри XV. -Нашрёти «Дониш»: Душанбе.1987.-С.144.
4. Аҳмади Гулчини Маонӣ. Феҳристи китобхонаи остонаи Ҷидо, ҷ.7. -С.237.
5. Давлатшоҳи Самарқандӣ. Тазкирату-ш-шуаро. -С. 349, 527.
6. Е.Э.Бертельс. Навоӣ. -С.28-38
6. Саид Нафисӣ. Таърихи назм ва наср.-С. 221,359.
7. Мунис-ул-аҳрор фӣ дақоиқ-ул-ашъор, таълифи Муҳаммади Қазвинӣ. Бо эҳтимоми Мир Солеҳи Табибӣ. Ҷилди аввал. Теҳрон -1337.
8. Каталог восточной рукописей АН РСС Таджикистан. Том V.Душанбе-1974. –С.14; 16; 18; 22; 24.