ОЙИННОМАИ МАРКАЗИ  МЕРОСИ ХАТТИИ НАЗДИ РАЁСАТИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ  ТОҶИКИСТОН

1.Муқаррароти умумӣ

    1. Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (минбаъд: Марказ мероси хаттӣ) дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, № 466, аз 28 октябри соли 2016, таъсис ёфта, мутобиқи Қарори Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, № 125, аз 13.11.2017, тағйири ном кардааст.
    2. Номи пурраи расмии Маркази мероси хаттӣ ба забони давлатӣ: Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (мухтасар: ММХ НР АМИТ),  ба забони русӣ: Центр письменного наследия при Президиуме Нацональной академии наук Таджикистан (мухтасар: ЦПН ПП НАНТ) мебошад.
    3. Маркази мероси хаттӣ муассисаи илмӣ–тадқиқотӣ буда, яке аз сохторҳои асосии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Мақсад аз таъсису таҷдиди Маркази мероси хаттӣ суръату сифати бештар бахшидан ба корҳои ҷамъоварӣ, ҳифзу нигаҳдорӣ, барқарор-кунӣ, тарғибу ташвиқи мақсаднок ва нашру таҳқиқу тарҷумаи мероси хаттии маҳфуз дар ганҷинаи он (сарчашмаҳои нодири хаттӣ ва чопи сангӣ – литографӣ) мебошад, ки моликияти зеҳнии миллатамон ба ҳисоб мераванд.

    1. Мақоми ҷойгиршавӣ ва суроғаи ҳуқуқии Маркази мероси хаттӣ: 734025 шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Ш. Ҳусейнзода, 35.
    2. Роҳбарии фаъолияти илмӣ – методии Маркази мероси хаттӣ тибқи Қарори Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад. Маркази мероси хаттӣ барои фаъолияти худ дар назди Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ мебошад.
    3. Фаъолияти Маркази мероси хаттӣ дар асоси нақшаҳои солона ва дурнамои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, ки аз ҷониби Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудаанд, амалӣ мегардад.
    4. Самтҳои асосии фаъолияти Маркази мероси хаттиро Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
    5. Маркази мероси хаттӣ дар фаъолияти худ муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории алоқаманди Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарор-ҳои Маҷлиси Олӣ, Қарорҳо ва дастурҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ойинномаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои маҷлиси умумии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Раёсати АИ ҶТ, ҳуҷҷатҳои дигари нормативӣ ва Ойинномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.
    6. Маркази мероси хаттӣ соҳиби муҳр,  штамп ва унвони муқаррар-гардида (ба забонҳои давлатӣ, русӣ, англисӣ ва алифбои арабиасоси тоҷикӣ) мебошад.
    7. Таҷҳизоту фонди асосӣ ва воситаҳои гардиши Маркази мероси хаттӣ моликияти давлатӣ буда, Марказ ҳуқуқи истифодаи пурраи онҳоро дорад.
    8. Ойинномаи Маркази мероси хаттӣ тибқи тартиби муқарраршуда аз тарафи  Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру такмил ёфта метавонад.
    9. Маркази мероси хаттӣ нақшаи худро оид ба корҳои шартномавӣ мустақилона тартиб медиҳад ва дар доираи қонунҳои амалкунанда пеш мебарад.

 

                                  2. Фаъолияти илмӣ, илмӣ-ташкилӣ ва хоҷагидории  

                                                         Маркази мероси хаттӣ

 

    1. Маркази мероси хаттӣ муассисаи илмӣ – тадқиқотӣ буда, ҳамзамон, умури ҷамъоварӣ, ҳифзу нигаҳдорӣ ва нашру таҳқиқи сарчашмаҳои хаттӣ ва кутуби нодири чопӣ ва таҳқиқу пажӯҳиши онҳо,  пеш аз ҳама, таъмини ташхису нигаҳбониву нашру тарҷумаи дастнависҳоро бар ӯҳда дорад.
    1. .    Ҳамроҳи  вазоратҳо, идораҳо ва муассисоти  алоқаманд  оид  ба  исти-

     фодаи  натиҷаҳои  бадастомада дар  пешрафти  илму  фарҳанги ватанӣ

     чораҳо меандешад.    

    1. Мавзӯъҳои таҳқиқотиро мунтазам таҷдиди назар карда, тибқи супориш, фармоиш ва  қарорҳои Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтори Маркази мероси хаттӣ дигаргуниҳо ворид менамояд.
    2. Фаъолияти илмиву амалии худро дар асоси пешниҳодоти олимон ва шӯрои илмӣ доир ба проблемаҳои дахлдор, бо истифодаи даст-овардаҳои илмии ватаниву ҷаҳонӣ, ташкил менамояд.
    3. Тадқиқоти муштараки худро бо муассисоти дигари илмӣ-таҳқиқотӣ ҳамоҳанг сохта, ба муассисаҳои  илмӣ ва мактабҳои олӣ дар пешбурди корҳои илмӣ ва тарбияи мутахассисони соҳа  мадад мерасонад.
    4. Шаклҳои гуногуни фаъолияти олимонро истифода бурдаву тақвият медиҳад, корҳои озмуни илмӣ (лоиҳаҳо, дархостҳо)-ро ба роҳ андохта, ҷараёни иҷрояшонро бо назардошти натиҷаи озмунҳо назорат мекунад.
    5. Баҳсҳои илмӣ, конференсияҳо, симпозиумҳо ва семинарҳоро дар заминаи проблемаҳои муҳимми илмӣ созмон медиҳад.
    6. Тарбияи мунтазами мутахассисони ҷавон ва болобурди савияи тахассусии кормандони илмиро ба роҳ мегузорад.
    7. Маводу натиҷаҳои таҳқиқотро барои нашр омода месозад.
    8. Дастовардаҳои илмиро таблиғ мекунад.
    9. Дастовардаҳои донишмандони мамолики хориҷиро дар соҳаи илм меомӯзад, бо марказҳои илмӣ ва донишмандони кишварҳои хориҷӣ мубодилаи иттилоот ва равобити илмӣ ба роҳ меандозад.
    10. Муҳофизати ҳаққи аввалия, ҳуқуқи муаллиф(он)  ва манфиатҳои дигари илмиву эҷодии кормандони Маркази мероси хаттиро таъмин медорад.
    11. Пешниҳодҳо дар боби харидани литсензияҳои хориҷӣ ва фурӯши литсензияҳои барои иҷрои ихтироъкорӣ ва кашфиёташон бадастовардаи кормандони Маркази мероси хаттиро амалӣ мегардонад.
    12. Маблағҳои фонди ҳавасмандонии молиявии Маркази мероси хаттиро дар асоси суратҳисоби хароҷот (смета) истифода мебарад.
    13. Тибқи тартиби муқарраршуда, корҳои илмӣ-тадқиқотии дар ҷараён-бударо номнавис, иттилооти илмӣ-фарҳангӣ ва ҳисоботро роҷеъ ба корҳои анҷомёбанда  ба мақомоти марбута пешниҳод менамояд.
    14. Сохтмон, навсозӣ ва таъмири фондҳои асосиро таъмин медорад.
    15. Ҳисобу гузоришдиҳии муҳосиботӣ, амаливу омориро пеш мебарад.
    16. Барои кори самараноки кормандон шароит муҳайё месозад; барои ибтикори эҷодӣ ва ҷустуҷӯйи илмӣ, дараҷаи баланди маҳсулнокӣ онҳоро ҳавасманд мегардонад ва мутобиқи тартиби муқарраргардида аттестатсия мегузаронад.
    17. Риояи муқаррароти қонунгузорӣ роҷеъ ба меҳнат, қоидаҳо ва меъёрҳои ҳифзи меҳнат, таъмини бехатарии техникӣ, беҳдошти истеҳсолот, суғуртаи давлатиро таъмин менамояд.
    18. Барои  мунтазам беҳтар гардонидани шароити меҳнату истироҳати кормандон кӯшишу мусоидат менамояд.

          Масъулияти Маркази мероси хаттӣ:

       – ҷамъоварӣ, тармиму таҷдид, нигаҳдорӣ, таҳқиқу тадқиқ ва нашри сарчашмаҳои хаттии маҳфуз дар Маркази мероси хаттӣ;

       – ба таври комиссионӣ (ҷалби мутахассисони варзида) санҷидану  нархгузорӣ кардани дастнавису китобҳои гуногуни даркорӣ;

       – сафарбарии тамоми саъю кӯшиш ва донишу малакаи ҳайати илмӣ ба самтҳои  муҳимтарини таҳқиқоти бунёдӣ ва ба даст овардани нати-

    ҷаҳое,  ки  барои пешрафти илми  ватанӣ  аҳаммияти аввалиндараҷадошта, ба тараққиёти иҷтимоию иқтисодӣ ва маънавии ҷомеа мусои-

    дат менамоянд;

  –таҳийяи тавсияҳо барои корбурди саривақтии натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ дар ҳаёти иҷтимоӣ ва илмию фарҳангӣ;

       –омӯзиш ва ҷамъбасти дастовардаҳои илми ҷаҳонӣ, ки ба самту равияҳои Маркази мероси хаттӣ алоқаманданд;

       –таҳияи пешбиниҳо роҷеъ ба рушди соҳаҳои гуногуни илму фарҳанг;

      –тарбияи мутахассисони соҳаҳои нусхашиносӣ, феҳристнигорӣ, матншиносӣ ва шарқшиносӣ;

      –ташкилдиҳӣ ва ҳамоҳангсозии самту равияҳои тадқиқоти бунёдӣ.

                                Роҳбарият ва кормандони Маркази мероси хаттӣ:

      –мероси хаттии дар ихтиёрашон бударо, ки сарвату моликияти  миллӣ ба ҳисоб меравад, чун гавҳараки чашм эҳтиёт мекунанд;   

     –сифати  баланди  таҳқиқоти  илмӣ ва  натиҷаҳои онро, ки дар сатҳи дастовардаҳои илми ҷаҳонӣ бояд иҷро карда шаванд, таъмин  медо-

  ранд;

     –барои таъмини амнияти Маркази мероси хаттӣ корҳои профилактикии доимӣ ва соле ду маротиба  саршуморӣ (инвентаризатсия)-и куллӣ мегу-

       заронанд ва дар  ин  бора ба мақомоти роҳбарикунанда  ҳисоботи хаттӣ пешниҳод мекунанд;

–режими нигаҳдорӣ ва  истифодаи дастнависҳо, низоми даробарои биноро ҷиддан риоят мекунанд  ва ба  меъёрҳои байналхалқӣ мутобиқ  медо-

  ранд;

–барои гуму хароб шудани ҳама гуна дороии хазина кутуби муассиса дар назди қонун ҷавобгар мебошанд.

                                                  3. Сохтори Маркази мероси хаттӣ

3.1. Сохтори Маркази мероси хаттӣ бо назардошти самтҳои асосии тадқиқоту вазифаҳои он муайян ва такмил дода, бо пешниҳоди директор аз  

       ҷониби Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳӯрии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

3.2. Воҳидҳои сохтори Маркази мероси хаттиро шуъбаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва бахшҳои мададрасон ташкил медиҳанд.

3.3. Барои  амалӣ  намудани  самтҳои  нави  таҳқиқот  ва  барномаҳои  нави илмӣ – тадқиқотӣ  Маркази мероси хаттӣ  пешниҳоди худро ба  Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба ташкили ҳайати кории илмии байниидоравӣ, ки ҳамроҳи  дигар вазорату идораҳо таъсис дода шудаанд, иброз медорад.

3.4. Маркази мероси хаттӣ, бо назардошти муқаррароти қонунгузории ҷорӣ ва мувофиқи тартиби ҷории ҳамоҳангсозии илмӣ, ҳамроҳи муассисоти

       дигари илмӣ–таҳқиқотӣ ва мактабҳои олӣ, метавонад ҳайатҳои кории муваққатии илмие, ки барои ҳалли вазифаҳои мушаххаси илмӣ пешбинӣ

      шудаанд, таъсис диҳад.

               4. Ваколатҳои Маркази мероси хаттӣ дар самти корҳои ихтисосӣ

4.1. Бо назардошти тараққиёти рӯзафзуни иҷтимоӣ-иқтисодии ҷумҳурӣ ва самтҳои асосии фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, Маркази мероси хаттӣ лоиҳаи корҳои илмӣ-тадқиқотиро бо татбиқи онҳо дар истеҳсолот ба нақша мегирад.

4.2. Нақшаи густардаи корҳои илмӣ-таҳқиқотиро таҳия ва тасдиқ менамояд; хароҷот ва фонди музди меҳнатро тибқи нақшаи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар ҳудуди ҳаҷми тасдиқгардида хароҷот мекунад.

4.3. Бо мувофиқаи Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи нақшаҳои ҳамкориҳои илмии байналмилалиро бо кишварҳои хориҷӣ таҳия мекунад; номзадҳоро барои сафари хидматӣ ба хориҷи кишвар пешниҳод менамояд.

4.4. Нақшаи тарбияи мутахассисонро аз роҳи аспирантураву докторантура таҳия намуда, барои тасдиқу мувофиқа пешниҳоди хадамоту мақо-моти алоқаманди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мекунад.

4.5. Нақшаҳои амалӣ сохтани натиҷаҳои таҳқиқоти илмиро, ки дар асоси қонунгузории амалкунанда ва қарорҳои мақомоти болоӣ пешбинӣ шудаанд, таҳия ва тасдиқ менамояд; фаъолияти берунии иқтисоди тиҷо-ратӣ ба роҳ мемонад; фондҳо таъсис медиҳад.

4.6. Нақшаҳои табъу нашри  Маркази мероси хаттиро таҳия ва роҳандозӣ мекунад.

4.7. Тартиби сафари хидматии кормандони Маркази мероси хаттиро ба кишварҳои хориҷӣ ва даъвати меҳмонони хориҷиро, ки ба фаъолияти Маркази мероси хаттӣ алоқаманданд, мутобиқи «Низомнома оид ба тартиби сафари кормандони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ ва даъвати меҳмонони хориҷӣ ба Академияи илмҳо» амалӣ мегардонад.

                                      Ҳуқуқҳо дар соҳаи молия

4.8. Маркази мероси хаттӣ ҳаҷми умумии маблағгузорӣ ва хароҷотро барои ҳар як моддаи суратхарҷ (смета) муайян менамояд.

4.9. Суратхарҷро барои нигаҳдории идорӣ дар ҳудуди андозаи таъйиншудаи хароҷот таҳия ва тасдиқ менамояд; хароҷотро барои харидории маводу таҷҳизоти иловагӣ барои таҳқиқоти илмӣ метавонад зиёд кунад.

4.10. Барои иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бо муассисоту ташкилоти фаъолияташон бо  фаъолияти Маркази мероси хаттӣ ҳамнаво  шартнома

         мебандад; мутобиқи қонунгузории амалкунанда, қисми маблағи воридомадаро барои ташкили фонди тараққиёти Маркази мероси хаттӣ ба

         даромади буҷа мегузаронад.  Ҳамчунин, Маркази мероси хаттӣ ҳақ дорад суратҳисоби махсус  кушода, маблағҳои воридомадаро барои пеш-

        рафти корҳои соҳа харҷ кунад.

4.11. Маркази мероси хаттӣ, бо мувофиқаи Раёсати АИ ҶТ, метавонад аз қарзҳои бонкӣ истифода барад ва барои истифодаи мақсаднок ва бар-

        гардонии сарвақтии онҳо ҷавобӯй мебошад.

4.12. Мутобиқи тартиби муқарраршуда, метавонад маводи камарзиш ва зудхӯрдашавандаро, дар ҳудуди 1250 сомонӣ, аз балансаш ихроҷ намояд.

                            Ҳуқуқҳо дар соҳаи моликият ва сохтмону таъмири асосӣ

4.13. Муқаррароти вобаста  ба масъалаҳои сохтмони асосӣ, навсозӣ ва   таъмири асосии фондро иҷро намуда,  баъзе корҳоро мустақилона, тавассути қарордоди шартӣ ва ё  тарзи хоҷагӣ, анҷом медиҳад; ҷараёни   иҷрои корҳоро назорат мебарад.

4.14.Бо муассисаҳои лоиҳакашӣ барои таҳияи асноди лоиҳавӣ- сметавӣ дар ҳудуди лимитҳои муқарраршуда қарордод мебандад.

           Директори Маркази мероси хаттӣ тасдиқ мекунад:

       –бо мувофақаи  кумитаи  иттиҳодияи  касаба,  рӯйхати чорабиниҳоеро, ки ҳифозати меҳнат, таъмини бехатарии техникӣ  ва  корҳои  беҳдошти

        истеҳсолиро таъмин менамоянд;

       – бо мувофақаи паймонкор, рӯйхати корҳои нақшабандишударо тасдиқ мекунад;

       –нақшаи таъмири асосӣ ва ҳисоби дахлдори хароҷоти молиявиро ба тасвиб мерасонад.

          Корҳои таъмири асосӣ метавонанд ҳам дар шакли хоҷагиву ҳам дар шакли паймонкорӣ анҷом дода шаванд.

Дар сурати ба муссисаи паймонкор супурда шудани  корҳои таъмири асосӣ (аз тариқи паймонкорӣ), Маркази мероси хаттӣ ҳақ дорад ба ташкилоти паймонкор лимити дахлдори мутааллиқ ба меҳнат ва фонду мавод ҷудо карда, дар ин бора ба мақомоти боло хабар диҳад.

4.15. Бо мувофиқати ташкилоти паймонкор, нархгузории корҳоеро, ки зарурат барои иҷрои онҳо дар рафти сохтмон ба вуҷуд омадааст ва ё нархгузории онҳо тибқи тартиби муқарраршуда сурат нагирифтааст, тасдиқ менамояд.

                   Ҳуқуқҳо дар соҳаи таъминоти моддӣ-техникӣ ва фурӯши маҳсулот Маркази мероси хаттӣ:

4.16. Ҳуқуқ дорад таҷҳизот, ашёи хом, маводи сӯзишворӣ ва дигар захираҳои моддиро, ки барои пешбурди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ  дар нақшаи солона ва дарозмуддат пешбинӣ шудаанд, харидорӣ намояд.

4.17. Мутобиқи тартиби муқарраршуда, ба муассисаҳое, ки дар пешбурди корҳои илмӣ-таҳқиқотии Маркази мероси хаттӣ ҳамкорӣ доранд, метавонад ашёву маводи заруриро барои гузаронидани чунин корҳо, бо мувофиқаи Раёсати АИ ҶТ ва пардохти нарх, бидиҳад.

                         Ҳуқуқҳо дар соҳаи меҳнат ва музди кор
                                            Маркази мероси хаттӣ:

4.18.  Сохтору ҷадвали вазифаҳоро дар ҳудуди фонди музди кори барои Марказ таъйиншуда таҳия ва тасдиқ менамояд; шумораи воҳидҳои сохториро бо  назардошти хусусият ва ҳаҷми масоили ҳалталаб муайян  ва ҳайати гурӯҳҳои алоҳидаи кормандонро муқаррар менамояд.

4.19. Тибқи тартиби муқарраргардида ва дар ҳудуди фонди тасдиқшудаи музди кор,  маоши кормандонро аз рӯйи вазифа дар ҳудуди андозаи ҳадди ақаллу аксар, инчунин, иловапардохту иловапулиро ба маош аз рӯйи вазифа, дар асоси қонунгузории амалкунанда, таъйин мекунад ва ё тағйир медиҳад.

4.20.  Мувофиқи муқаррароти амалкунанда, шароити пардохти саривақтии музди меҳнатро барои кормандони илмӣ, коргарони хоҷагӣ ва роҳ-барон таъмин менамояд.

4.21. Барои кормандоне, ки рӯзи кории ғайримеъёрӣ доранд, рухсатии меҳнатии иловагиро,  мутобиқи қонунгузории меҳнати амалкунанда ва рӯйхати вазифаҳои кормандони рӯзи кории ғайримеъёридошта, ки аз ҷониби мақомоти боло тасдиқ шудааст, таъмин менамояд.

4.22.  Дар мавридҳои зарурӣ, дар асоси тартиби муқарраргардида, якҷоя-кунии вазифаҳои кормандонро иҷозат медиҳад.

4.23.  Ҳавасмандгардонии кормандон аз ҳисоби маблағи сарфашудаи фонди музди меҳнат амалӣ карда мешавад.

4.24. Мутобиқи дастурамали  мукофот, дастовардаҳои илмии кормандонро қадршиносӣ менамояд.

                               5. Идоракунии Маркази мероси хаттӣ

5.1.    Сарварии Маркази мероси хаттиро директори он бар ӯҳда дорад, ки аз тарафи Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба муддати панҷ сол таъйин карда мешавад.

5.2.   Директор барои тамоми соҳаҳои фаъолияти Маркази мероси хаттӣ, махсусан, ҳифозат, таъмини амният,  шароити  нигаҳдорӣ, пешгирии ҳама гуна суъиистифодаи дастнависҳо шахсан ҷавобгар буда, барои пешгирӣ аз чунин ҳолатҳо муттасил чораҳои зарурӣ меандешад.  

                                Директори Маркази мероси хаттӣ:

5.3.    Роҳбарии умумии фаъолияти Маркази мероси хаттиро мунтазам амалӣ намуда, қарорҳои шӯрои илмӣ ва маҷлиси умумии коллективи меҳнатиро дар ҳаёт татбиқ мекунад, риояти қонунҳо ва интизоми ҷамъиятиро таъмин медорад.

5.4.    Ҷараёни таҳияи  нақшаи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, тарбияи кадрҳои илмӣ, маблағгузорӣ, таҳкими базаи моддӣ-техникӣ, нашри асарҳои илмӣ ва дигар ҷанбаҳои фаъолияти Маркази мероси хаттиро таҳти роҳбарӣ қарор медиҳад; лоиҳаи нақшаҳоро барои тасдиқ, тибқи тартиби муқарраргардида, пешниҳод мекунад, нақшаи  солонаи корҳои илмӣ-таҳқиқотии Маркази мероси хаттиро тасдиқ менамояд.

5.5.  Ҷадвали вазифавӣ ва суратхарҷро дар ҳудуди нишондодҳое, ки аз ҷониби Раёсати АИ ҶТ муқаррар шудаанд, тасдиқ менамояд.

5.6.    Назорати иҷрои нақшаи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва дигар нақшаву супоришҳоро таъмин мекунад.

5.7.    Ҳамоҳангии фаъолияти илмии Маркази мероси хаттиро бо муассисоти дигар ташкилу таъмин менамояд.

5.8.    Мукаммал кардани ҳайати Маркази мероси хаттиро,  бо назардошти мувозанати кормандони соҳибтаҷриба ва ҷавон, таъмин медорад; ташаббуси эҷодии кормандони илмиро дастгирӣ менамояд; барои ҳавасмандонии маънавӣ ва моддии фаъолияти илмӣ чораҳо меандешад; интихобу тарбияи кадрҳои ҷавони илмиро пеш мебарад; ба онҳое, ки барои баланд бардоштани ихтисоси худ пайваста машғул мешаванд, ҳаматарафа кумак мерасонад.

5.9.    Дар асоси тартиби муқарраршуда, роҷеъ ба натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмӣ-ташкилии Маркази мероси хаттиро ва амалӣ сохтани натиҷаҳои таҳқиқоти анҷомёфта ба Раёсати АИ ҶТ муттасил ҳисобот пешниҳод менамояд.

5.10. Фаъолияти шӯрои илмии Маркази мероси хаттиро роҳбарӣ мекунад.

5.11. Робитаҳои байналмилалии илмии Маркази мероси хаттиро роҳбарӣ карда, тибқи тартиби муқарраршуда,  робитаҳоро бо муассисоти илмии хориҷӣ ба роҳ меандозад.

5.12.  Дар назди коллективи Маркази мероси хаттӣ роҷеъ ба ҷараёни иҷрои шартномаи коллективӣ ҳисобот медиҳад.

                         Директори Маркази мероси хаттӣ ҳуқуқ дорад:

5.13. Дар асоси қонунгузории амалкунанда кормандони Маркази мероси хаттиро ба кор қабул кунад, аз як вазифа ба вазифаи дигар гузаронад ва аз кор хориҷ намояд; инчунин, кормандони алоҳидаи Маркази мероси хаттиро барои кори муваққатӣ ба коллективҳои дигари илмӣ раҳнамун созад.

5.14.  Барои ишғоли ҷойҳои озоди  мудирони шуъбаҳо, лабораторияҳо, бахшҳо ва кормандони илмӣ озмунҳо гузаронад; қарори шӯрои илмиро доир ба натиҷаи конкурсҳо тасдиқ намояд, оид ба натиҷаи корҳои комиссияи аттестатсионӣ қарор қабул кунад.

5.15.  Кормандони илмӣ ва мутахассисонро, бо назардошти натиҷаи аттестатсия ва фаъолияташон, аз кор озод кунад ё ба вазифаи баландтар ё поёнтар гузаронад, маошашонро зиёд ё кам кунад.

5.16.Натиҷаҳои озмуни қабул ба аспирантура ва аттестатсияи аспирантҳоро тасдиқ намояд ва, тибқи тартиби муқараргардида, ба нақшаи қабул ба аспирантура аз рӯйи ихтисосҳое, ки вобаста ба онҳо қабул сурат мегирад, тағйирот ворид созад.

5.17. Тибқи қонунгузории амалкунанда, кормандони Маркази мероси хаттиро барои иҷрои босифати  таҳқиқоту навовариҳо тақдир намояд.

5.18.Тибқи тартиби муқарраршуда, нисбат ба кормандони алоҳидаи Маркази мероси хаттиро муҷозоти интизомӣ ба кор барад.

5.19. Дар асоси нақшаи корҳои илмӣ-таҳқиқотии Маркази мероси хаттӣ, нақшаҳои илмӣ-таҳқиқотии воҳидҳо ва гурӯҳҳои таҳқиқотиро тасдиқ намояд.

5.20.  Аз номи Маркази мероси хаттӣ дар мақомоти роҳбарикунандаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар муассисаҳои дигари давлатӣ, инчунин,  созмонҳои ҷамъиятӣ намояндагӣ кунад, дар ҳалли масъалаҳои тақсимоти захираҳои штатӣ-молиявӣ ва моддӣ-техникие, ки Раёсати АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад, иштирок кунад.

5.21.  Аз ҷониби Маркази мероси хаттӣ дар муассисаҳои судӣ, арбитражӣ, бонкӣ  ба сифати даъвогар ва ҷавобгар баромад кунад, ба кормандони алоҳида барои бурдани корҳои маъмурӣ, молиявӣ, хоҷагӣ, судиву арбитражӣ супориш диҳад.

5.22. Тибқи қонунгузории амалкунанда, дар доираи маблағи умумии харо-ҷоти барои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ҷудошуда, аз васоити нақдӣ ва дигар воситаҳои моддии Маркази мероси хаттӣ ихтиёрдорӣ намояд.

5.23. Барои иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотие, ки аз ҷониби Маркази мероси хаттӣ,  мутобиқи тахассусу равияи корҳои илмӣ-таҳқиқотии худӣ, ки барои дигар муассисаҳо анҷом дода мешаванд, шартномаҳо бандад.

5.24.  Аз тамоми ҳуқуқҳое, ки тавассути Ойинномаи мазкур ба ӯ дода мешаванд, истифода барад ва бо ваколатномаи махсуси дигар дар ин маврид, дар доираи ҳуқуқҳои барояш додашуда, фармонҳо содир намояд; ваколатнома диҳад, аз ҷумла, бо ҳуқуқи додани он ба шахси савум.

                               6. Мақоми шӯрои илмии Маркази мероси хаттӣ

6.1.    Шӯрои илмии Маркази мероси хаттӣ мақоми олии илмӣ-методӣ ва машваратии он мебошад.

6.2.    Ба ҳайати шӯрои илмӣ директор, ҷонишини директор оид ба илм, котиби илмӣ, олимони шинохта, намояндаи кумитаи иттифоқҳои касаба ва шӯрои олимони ҷавони Маркази мероси хаттӣ дохил мешаванд.

6.3.    Ҳайати шахсии шӯрои илмӣ бо пешниҳоди директори Маркази мероси хаттӣ аз тарафи Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муддати на бештар аз панҷ сол тасдиқ карда мешавад.

6.4.    Директори Маркази мероси хаттӣ раиси шӯрои илмӣ,  котиби илмии Маркази мероси хаттӣ котиби илмии шӯро таъйин карда мешаванд.

                            Салоҳияти шӯрои илмии Маркази мероси хаттӣ

6.5.    Шӯрои илмии Маркази мероси хаттӣ самтҳои асосии фаъолияти илмии Маркази мероси хаттиро баррасӣ намуда, лоиҳаи нақшаҳои кори илмӣ-таҳқиқотӣ, дар амал ҷорӣ намудани натиҷаҳои тадқиқоти илмӣ, таҳияи таҳқиқотҳо, машварату конференсияҳоро баррасӣ мекунад.

7.6.    Ҳисоботро дар бораи муҳимтарин натиҷаҳои илмӣ ва илмию ташкилии Маркази мероси хаттӣ баррасӣ ва тасдиқ мекунад.

6.7.    Масъалаҳои марбут ба тағйири сохтори  Маркази мероси хаттиро муҳокима ва барои тасдиқ пешниҳод мекунад.

6.8.    Муҳимтарин асару маърӯзаҳои илмиро муҳокима карда, натиҷаи корҳои нисбатан муҳимми илмии Маркази мероси хаттиро мавриди арзёбӣ қарор медиҳад.

6.9.    Асарҳои илмии дар Маркази мероси хаттӣ таълифу таҳияшударо баррасӣ намуда, корҳои анҷомдодаи нақшавии кормандонро  ба чоп тавсия мекунад.

6.10. Масъалаҳои ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкории эҷодиро бо муассисаҳои илмии дигар мавриди муҳокима ва пешниҳод қарор медиҳад.

6.11.  Ҳисоботи мудирони воҳидҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, роҳбарони гурӯҳҳои таҳқиқотӣ ва кормандони илмии алоҳидаро шунидаву арзёбӣ мекунад.

6.12. Масъалаи ҳамкориҳои илмии байналмилалии Маркази мероси хаттӣ, рафти иҷрои таҳқиқоти дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмии хориҷӣ амалишавандаро мавриди муҳокима қарор дода,  ҳисоботи кормандони Маркази мероси хаттиро дар хусуси сафарҳои илмии хориҷӣ мешунавад.

    1. Асарҳои барҷастаи илмӣ, кашфиётҳои илмӣ ва ихтироъҳоро барои гирифтани ҷоизаҳои байналхалқию ҷумҳуриявӣ, медалҳои тилло ва ҷоизаҳои ба номи олимони барҷаста пешниҳод мекунад; олимони варзидаи Маркази мероси хаттиро барои дарёфти унвонҳои фахрӣ, номзадҳоро барои гирифтани унвони узви пайваста (академик) ва узви вобастаи Академияи илмҳо ва академияҳои илмии соҳавӣ пешбарӣ менамояд.
    2. Дар бораи баргузорӣ ва натиҷаи озмунҳо барои ишғоли вазифаҳои холии мудирони воҳидҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, сарходимони илмӣ, ходимони пешбар ва калони илмӣ, ходимони илмӣ ва хурди илмӣ қарор қабул мекунад.
    3. Салоҳияти ҳуқуқии қабули қарорҳоро дорад, агар дар маҷлис на камтар аз 2/3 ҳайати он ҳозир бошад.

      – қарори шӯрои илмӣ пазируфта мешавад, агар ба тарафдории он на камтар аз 50 фоизи аъзои ҳозирбудаи шӯро овоз дода бошанд;

      –  қарорҳо бо овоздиҳии ошкоро қабул карда мешаванд, агар шӯро дар бораи баргузории овоздиҳии пинҳонӣ қаблан тасмим нагирифта бо

          шад. Дар масъалаҳои эълону баргузории озмунҳо барои ишғоли вазифаҳои холӣ қарорҳо тибқи Ойинномаи амалкунанда қабул карда мешаванд.

    1. Қарорҳои шӯрои илмӣ баъди аз тарафи директори Маркази мероси хаттӣ тасдиқ шуданашон эътибор пайдо мекунанд.

                                7. Ҷонишини директори Маркази мероси хаттӣ оид ба корҳои илмӣ

    1. Ҷонишини директор оид ба корҳои илмӣ бо пешниҳоди директори  Маркази мероси хаттӣ дар шӯрои илмӣ тавассути овоздиҳии пинҳонӣ интихоб шуда, натиҷаи онро Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд; номзад ба ин вазифа он гоҳ интихобшуда ҳисоб меёбад, ки  ба тарафдории вай на камтар аз нисфи ҳайати дар рӯйхат будаи аъзои шӯрои илмӣ овоз дода бошанд.

                                           Ҷонишини директор оид ба корҳои илмӣ:

    1. .    Дар ҳоли набудани директори Маркази мероси хаттӣ вазифаҳои ӯро иҷро мекунад.
    1. Иҷрои тадқиқоти бунёдӣ ва амалиро ба роҳ мемонад, ҳадафу вазифаҳои таҳқиқотро муайян ва асоснок намуда, аҳаммияту зарурати ба амал баровардани онҳо ва роҳу равиши ҳалли масоилро муайян мекунад; таҳияи нақшаи дурнамои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, тайёр кардани ҳуҷҷату санадҳои вобаста ба нақшаҳои илмӣ, молиявӣ ва қарордодиро таҳти назорат медорад.
    2. Ҳисоботҳои ҷомеъи илмӣ ва илмӣ-таҳқиқотиро аз рӯйи мавзӯъҳои илмӣ, ки натиҷаи корҳои таҳқиқотӣ мебошанд, таҳия ва ташкил менамояд.
    3. Дар мавриди санҷиши амалии натиҷаҳои таҳқиқот, бастани қарор-додҳо ва расондани кумакҳои илмӣ-методӣ ба муассисаҳои дигар иштирок ва роҳбарӣ менамояд.
    4. Барои бо таҷҳизоту маводи зарурӣ таъмин кардани воҳидҳои Маркази мероси хаттӣ  тадбирҳои сарвақтӣ меандешад.
    5. Риояи қоидаҳову муқаррароти ҳимояи меҳнат, таъмини бехатарии техникӣ, беҳдошти истеҳсолӣ ва тадбирҳои зидди сӯхторро таҳти назорат қарор медиҳад.
    6. Ҷобаҷогузорӣ ва истифодаи оқилонаи мутахассисонро таҳти назорат мегирад, интизоми меҳнат ва самаранокии рӯзи кори кормандонро назорат мекунад.
    7. Дар тайёр кардани мутахассисон ва такмил додани маҳорату малакаи кормандони илмӣ ширкат меварзад.
    8. Дар таблиғи донишу маҳорати илмӣ ва комёбиҳои илму техника, ташкили конференсияҳои илмӣ, машварату мубоҳисаҳо ширкату баромад мекунад  ва ба корҳои таҳти роҳбарияш тадқиқшаванда тақ-ризу хулосаҳои илмӣ медиҳад.
    9. Дар ҳалли масъалаҳои асосии фаъолияти илмӣ ва хоҷагидории Маркази мероси хаттӣ ва амалӣ намудани чорабиниҳои вобастаи таъмини иҷрои нақшаҳои кории тасдиқшуда, такмили ташкили меҳнат ва идоракунӣ, пешрафти фаъолияти муассиса иштирок менамояд.

                                               8. Котиби илмии Маркази мероси хаттӣ

  

    1. Котиби илмии Маркази мероси хаттӣ бо пешниҳоди директори Маркази мероси хаттӣ дар шӯрои илмӣ тавассути овоздиҳии пинҳонӣ интихоб шуда, қарори онро Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд; номзад он гоҳ интихобшуда ҳисоб меёбад, ки ба тарафдориаш на камтар аз нисфи аъзои шӯрои илмӣ овоз дода бошанд.
    2. Котиби илмӣ дар роҳбарӣ ба фаъолияти илмӣ ва илмӣ-ташкилии Маркази мероси хаттӣ ёвари директор мебошад.
    3. Ба уҳдаи котиби илмӣ вогузор мешаванд:

       –назорати иҷрои супоришҳои мақомоти роҳбарӣ ва нақшаи корҳои илмӣ дар муҳлатҳои муқарраршуда;

       –тартибу таҳияи маводи дар нақша сабтгардида, ҳисоботу дигар маводи Маркази мероси хаттӣ, ки ба мақомоти боло пешниҳод мешаванд;

       –роҳбарӣ ба  корҳои патентӣ-литсензионӣ  ва  иттилоотӣ-ахборотии Маркази мероси хаттӣ, ташкилу таҳия ва пешниҳоди талабномаҳо,

          тибқи тартиботи муқарраршуда, барои гирифтани дипломҳои кашфиёт ва шаҳодатномаҳои муаллифии ихтироъ, ки самараи фаъолияти

         илмӣ–таҳқиқотии кормандони Маркази мероси хаттӣ мебошанд;

      – роҳбарии фаъолияти дафтардорӣ, китобхона ва бойгонии Маркази мероси хаттӣ.

                            9.Мудири шуъбаи илмӣ-тадқиқотӣ, роҳбари гурӯҳи илмӣ-таҳқиқотӣ

    1. Мудири шуъбаи илмӣ-тадқиқотӣ Маркази мероси хаттӣ, тибқи тартиби муқарраршуда, дар озмуни ишғоли вазифаҳои холӣ интихоб шуда, сипас, баъди ҳар панҷ сол, ба муҳлати нав дар шӯрои илмии Маркази мероси хаттӣ интихоб мегардад. Қарори шӯрои илмии муассисаи илмӣ-тадқиқотӣ аз рӯйи натиҷаи озмун ё интихоб ба вазифаи мудири шуъбаи илмӣ, кормандони калон ва пешбари илмӣ дар ҷаласаи Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад. Аъзои пайваста ва вобастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз таъйинашон ба вазифа, аттесстатсия карда мешаванд.
    2. Мудири шуъбаи илмӣ-таҳқиқотӣ таҳия ва иҷрои нақшаи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, ташкилиро роҳбарӣ менамояд ва барои иҷрои он масъул мебошад; ҳамчунин,  дар пешбурди  кори илмӣ бевосита ширкат меварзад.

                            10. Корҳои маъмурӣ ва хоҷагдории Маркази мероси хаттӣ

    1. Ҷонишини директор оид ба масъалаҳои умумӣ ё корҳои маъмурию хоҷагидорӣ бо мувофиқаи Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи директори Маркази мероси хаттӣ таъйин карда мешавад.
    2. Вазифаҳои ҷонишини директор оид ба корҳои умумӣ ё қисми маъмурию хоҷагидориро директори Маркази мероси хаттӣ муқаррар ва муайян мекунад.
    3. Сармуҳосиби Маркази мероси хаттиро директори он, бо мувофақаи сардори бахши ҳисоботиву молиявии Раёсати баҳисобгирии муҳо-сибавӣ, бананақшагирии молиявӣ ва моликияти Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мекунад; ҳуқуқу вазифа-ҳои сармуҳосибро қонунгузории амалкунанда муайян менамояд.
    4. Санҷишу тафтиши фаъолияти молиявию хоҷагии Маркази мероси хаттӣ тибқи тартиби муқарраргардида ба амал бароварда мешавад.

                                          11. Моликият ва воситаҳои молиявии Маркази мероси хаттӣ

    1. Бино, иншоот, таҷҳизот, дастгоҳҳо, воситаҳои нақлиёт ва молу мулки дигар, ки ба Маркази мероси хаттӣ вобаста шудаанд, фонди воситаҳои асосиро ташкил медиҳанд.
    2. Воситаҳои молиявии Маркази мероси хаттӣ иборатанд аз:

  – маблағгузориҳои буҷаи давлатӣ;

       – маблағҳое, ки аз фармоишгарон, мувофиқи қарордод, барои иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ворид мешаванд;

       даромадҳои дигар.

    1. Иморату иншоот ва биноҳои истеҳсолӣ, анборхонаҳо ва дигар биноҳои муваққатан истифоданашаванда, ки ба Маркази мероси хаттӣ вобаста мебошанд, мумкин аст ба ташкилоту корхонаҳои дигар, тибқи тартиби муқарраршуда, дар мувофиқа бо Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба иҷора дода шаванд.

11.4. Маркази мероси хаттӣ метавонад, ҳамчунин, мутобиқи тартиби муқарраршуда, ба ташкилоту корхонаҳои дигар таҷҳизоту воситаҳои нақ-

         лиёти муваққатан истифоданашавандаро ба иҷора диҳад ва аз онҳо гирад.

    1. Маблағҳои  пулии  Маркази мероси хаттӣ дар ҳисобҳои буҷавӣ (ҷорӣ)-и Маркази мероси хаттӣ–дар Сарраёсати хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд.
    2. Маркази мероси хаттӣ таҷҳизот, асбобҳо, маводу сомонолоти куҳна-шударо, тибқи тартиби муқарраршуда ва қонунгузории амалкунанда, метавонад ба фурӯш барорад ва маблағи аз фурӯши онҳо бадастомадаро ба фонди рушди Маркази мероси хаттӣ бигзаронад.
    3. Дар ихтиёри Маркази мероси хаттӣ гузоштани бино ва таъмини таҷҳизоти техникии он метавонад мувофиқи қарори Раёсати АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирад.
    4. Маркази мероси хаттӣ соҳиби ҳуқуқи шахси юридикӣ, дорои муҳри гирд бо тасвири нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи муассиса, муҳри чаҳоргӯша  бо сабти номи он мебошад.

 

                    12.Тартиби тасдиқи Ойиннома ва воридоварии тағйироту иловаҳо ба он

 

    1. Ойинномаи Маркази мероси хаттӣ дар маҷлиси Раёсати Академияи илмҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо овоздиҳии ошкоро, ба шарти тарафдории аз се ду ҳиссаи овозҳои шумораи умумии дар маҷлиси аъзои Раёсати АИ ҶТ ҳузурдошта, тасдиқ карда мешавад.
    2. Тағйироту иловаҳо ба Ойинномаи Маркази мероси хаттӣ бо овоздиҳии ошкоро дар маҷлиси Раёсати  АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешаванд.