Пирӯзӣ аз иттифоқ хезад...

                                                                                   Пирӯзӣ аз иттифоқ хезад...

     Модар, Ватан, Забон, Ваҳдат ва Истиқлол, бидуни шубҳа, олитарин муқаддасотеанд, ки миллати шарифамон дар имтидоди таърих муаззаму мукаррамашон медоштаасту медорад. Аммо, бадбахтона, ҳамеша тири адӯвони ҷоҳилу ботили дохиливу хориҷӣ сӯяшон нигаронида мешудаасту гоҳо ба ҳадаф мерасидааст.

Беҳуда нест, ки бузургони миллат гаштаву баргашта аҳли ватанро дар рӯбарӯйи душман ба ҳушёриву бедорӣ ва ваҳдату ҳамдастӣ даъвату ҳидоят менамуданд. Аз ҷумла, Ҳазрати Мавлавӣ пайваста мефармуд:

 

Паркандагӣ аз нифоқ хезад,

Пирӯзӣ аз иттифоқ хезад!

 

    Ҳаким Фирдавсии ватанпарвару тавоно ҳушдор медод, ки

 

Дилу пушти бедодгар бишканед,

Ҳама беху шохаш зи бун барканед!

 

    Гузаштагонамон ҷанговар буданду ҷангҷӯ на! Танҳо мардумро ба ҳимояти нангу номусу марзу буми ватан мехонданду сулҳу оштиро тақозову таманно менамуданд:

 

Муроде, ки дар сулҳ гардад тамом,

Чӣ бояд суйи ҷанг додан лагом?!

 

    Мутарғиби оламшумули сулҳу дӯстӣ дар саросари олам устод Мирзо Турсунзода халқи азизашонро пайваста даъват менамуданд, ки

 

То тавонӣ, дӯстонро гум макун,

Дӯстони меҳрубонро гум макун!

 

Халқи олам дӯст бо мо гаштааст,

Ваҳдати халқи ҷаҳонро гум макун!

 

   Ва ё пайваста вирди забони шоири маҳбуби халқамон Боқӣ Раҳимзода буданд ин суханони садоқатҷавҳар, ки ояти рӯзгори ҳар тоҷики ватандору ватандӯстдор бояд бошанд:

 

Ҷонам фидойи номат, халқи бузургворам,

Бар чашм хоки поят чун тӯтиё гузорам!

 

            Ва ё шоире мақому мароми истиқлолиятро дар рӯзгори мардум чунин эзоҳи сабақомӯз додааст:

 

Неъмате беҳтар зи озодиву истиқлол нест,

Бе чунин неъмат касе озодаву хушҳол нест!

 

    Иқтизои ҳамин ҳоҷат аст, ки дар рӯзгори мо ҳам равшанфикрони ватандӯсти кишварамон хома ба дасту сухан ба забон овардаву бархе хомхаёлони зархариди раҳгумзадаро ба роҳи росту дурусту писандида мехонанд, ки шеъру мақолаву хитобаҳо ва филми мустанади «Хиёнат» аз он ҷумлаанд. Алҳақ,

 

Чу мебинӣ, ки нобинову чоҳ аст,

Агар хомӯш биншинӣ, гуноҳ аст!

 

            Идомаи чунин ошкоргӯиву фошкориҳо танҳо ба манфиати кору ҷомиъа буда, барои фарқи сиёҳ аз сафед ва таҳкими зиракии сиёсии ҳамдиёронамон мусоядат хоҳанд намуд, зеро на хусумату муроқабату адоват, балки

 

Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад,

Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад!

 

     Ниҳоят, аз бадхоҳону  «ғамхорон»-и халқу ватанамон – ходабадастони кӯрдиле мекунем, ки рушду тараққиёти беназири даврони истиқлоли кишвари азизамонро нодида гирифта, Тоҷикистони гул – гулшукуфонамонро ба Ироқу Афғонистони дигаре табдил додан мехоҳанд, тақозо мекунем, ки панди зерини Муаллими  бузурги ахлоқи башарӣ Шайх Муслиҳиддини Шерозиро ҳеҷ аз хотир набароранд, ки садсолаҳо пеш барояшон фармуда буд:

 

Ай рӯбаҳак, чаро нанишастӣ ба ҷойи хеш,

Бо шер панҷа кардию дидӣ сазойи хеш?!

 

Душман ба душман он написандад, ки бехирад

Бо нафси худ кунад ба муроду ҳавойи хеш!

 

Чоҳ асту роҳу дидаи бинову Офтоб,

То одамӣ нигоҳ кунад пеши пойи хеш!

 

Чандин чароғ дораду бероҳ меравад,

Бигзор, то бияфтаду бинад сазойи хеш! 

 

    Банда ҳам, дар ин мавриди ҳассоси ҳушёриву зиракиталаб, гӯшаи бетарафӣ ихтиёр накарда, дар баробари гуфтаву навиштаҳои пешинам дар ин хусус, чанд шеъре ҳам эҷод кардам, ки якеро (таҳти унвони «Ифтихори тоҷикӣ») пешниҳоди чунин нангу фахраздастдодагон менамоям, то бидонанд, ки фарру ғуруру ҳамияти миллӣ дар чисту то куҷост:

 

Ай, ки дорӣ дар вуҷудат хуну ҷони тоҷикӣ,

Дор дарёйи равон рӯҳу равони тоҷикӣ!

 

Тоҷбарсар бош яксар дар ҷаҳони даргузар,

Вориси тахту сарири ҷовидони тоҷикӣ!

 

Наҳ мазан ёвони тафсону кавири дигарон,

Бӯстони бехазон гардон ҷаҳони тоҷикӣ!

 

Аз дугона ту ягона сохтанро пеша кун,

Қувват афзо ваҳдату сулҳи гарони тоҷикӣ!

 

Суннати бегонагонро раҳнамойи худ махон,

Муҳтарам медор фарҳангу забони тоҷикӣ!

 

Аз маҳал бигзар, ҷаноби миллату меҳан нигар,

Ай маҳалбози дурушти хутбахони тоҷикӣ!

 

Лойиқи таҳсини нодоне шудан осон бувад,

Ибни Синоёна биспор имтиҳони тоҷикӣ!

 

Тоҷики бедор будан ифтихор аст, ифтихор,

Ин суханро ҳар куҷо дор армағони тоҷикӣ!!

 

Асрори Раҳмонфар,

корманди Маркази мероси

хаттии назди Раёсати АМИТ