ПОСДОРӢ ВА НАШРИ МЕРОСИ ХАТТӢ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ

                                                                                     Ҳифз кардани арзишҳои фарҳангӣ,                      

                                                             мутобиқи давру замон инкишоф

                                                             додан ва бегазанд ба фардоиён 

                                                            расонидани онҳо вазифаи муқаддаси  

                                                            ватандӯстонаи ҳар кадоми мову     шумост.

                                                                                                                        Эмомалӣ Раҳмон

      Оре, дастхатҳо оинаҳое ҳастанд пурасрор, ки фарҳангу тамаддуни миллатҳоро аз қарнҳо ба қарнҳову аз рӯзгор ба рӯзгоре мерасонанд. Ин  сарчашмаҳои муътамад аз таъриху адабиёт, ҷуғрофиёву сиёсат, ҳандасаву кимиё, риёзиёту иқтисодиёт, наққошиву меъморӣ, мусиқӣ ва дигар илмҳои як даврони муайян сухан мегӯянд. Ва табиист, ки ҳар миллат мехоҳад аз ин ганҷи бебаҳои сухангӯ фаровон дар ихтиёри худ дошта бошад.

     Ин аст, ки барои ҷамъоварии нусхаҳои хаттӣ зарурат пайдо шуд ва бо мақсади дар як ҷо ҷамъ намудану нигоҳ доштани ин ганҷ ганҷинае лозим буд. Ба ин хотир 17 январи соли 1958 Шуъбаеро бо номи шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ таъсис доданд. Соли 1970 ба Институти шарқшиносии АИ ҶШС Тоҷикистон асос гузошта шуд ва дар ин замина моҳи апрели соли 1991 Институти мероси хаттии АИ ҶШС Тоҷикистон ташкил ёфт. 12-уми марти соли 1993 Институти  шарқшиносӣ барҳам дода шуда, ба ҳайати Институти мероси хаттии АИ ҶТ ворид карда шуд, ки баъдтар ба ин муассиса номи Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро доданд. Қайд кардан зарур аст, ки чанд соли дигар, аз соли 2011 то соли 2016 Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ бо Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ҳамроҳ карда шуда, номи Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии АИ ҶТ-ро гирифт. Баъдтар, соли 2017 ин ду Институт аз нав ҷудо карда шуда, яке Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ва дигарӣ Маркази мероси хаттӣ номгузорӣ шуданд.

    Зарурати ҷамъоварӣ ва нигаҳдории дастнависҳо ҳанӯз солҳои 20-уми асри гузашта ба миён гузошта шуда буд. Ташаббускори ин амали хайр ва ватандӯстона  Асосгузори адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ, олимони машҳури тоҷик академик Бобоҷон Ғафуров ва академик Абдулғанӣ Мирзоев буданд.

     Бо кӯмак ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъоварӣ ва харидории дастнависҳо аз аҳолӣ идома дошта, ҳамасола тақрибан ба маблағи аз 20 то 100 ҳазор сомонӣ китобҳои нодири дастнавис ва  чопи сангӣ харидорӣ мешаванд. Бояд қайд кард, ки маблағи људогардида барои харидории китобҳои нодир сол аз сол зиёд гардида, ин омил фонди марказро бойю  ғанӣ мегардонад. Дар даҳ соли охир зиёда аз 500 нусха дастнавис ва китобҳои чопи сангӣ, ки онҳо низ ҳукми дастнависро доранд, аз дасти аҳолӣ харидорӣ шудаанд.  Дар байни дастнависҳое ки солҳои охир ба ганљина ворид гардиданд, асарҳои пурарзиш - девонҳои Ҳофиз, Бедил, асарҳои безаволи Љомӣ, «Гулистон» ва «Бӯстон»- и Саъдӣ, асарҳо доир ба сарфу наҳв, тиб, фиқҳ, фалсафа, тасаввуф ва ғайра маҳфуз буда,  ҳар яки онҳо чи аз љиҳати мазмуну ғоя ва чи аз љиҳати илми кодикология (дастхатшиносӣ) безаволанд.

    Президенти кишвар - муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадашон  бо  аҳли зиёи кишвар ҳанӯз соли 2001 рољеъ ба фурӯхта шудани дастхатҳои нодир ба хориҷ аз кишвар, ҳуљљату асноди таърихӣ ва дигар ёдгории миллӣ махсус қайд карданд. Ӯ муассисаҳоеро, ки ба ҳифзу тадқиқи ёдгориҳои хаттии таърихиву фарҳангӣ масъуланд таъкид намуд, ки арзиш ва дар айни замон ҳадди љавобгарии худро дар назди қонун ва масъулияти маънавиашонро дар назди миллат бояд хуб донанд.

     Кормандони Маркази мероси хаттӣ, ки ин масъулияти љиддӣ ва пурифтихорро ба уҳда доранд, тамоми дониш ва қувваи худро баҳри нигоҳдорӣ ва муаррифии нусхаҳои хаттӣ сафарбар намуда истодаанд.

    Дар Маркази мероси хаттӣ шуъбаи тармими нусхаҳои хаттӣ фаъолият мекунад, ки кормандони шуъба пайваста ба тозакорӣ, безараргардонӣ ва тармими дастнависҳо ва китобҳои чопи сангӣ машғуланд. Шуъба бо  дастгоҳҳои замонавии тармими нусхаҳои хаттӣ таъмин аст ва ин кори кормандонро осон ва қулай мегардонад.

      Шуъбаи тавсифи дастхатҳо ва таҳияи феҳристҳо дар ду соли охир се љилди феҳристи нусхаҳои хаттиро (љилдҳои 7,8 ва 9) ба забони русӣ нашр намуд, ки дар онҳо қариб 700 нусха дастнавис тавсиф гардиданд. Ин љилдҳо идомаи шаш љилде, ки  дар замони Шӯравӣ таҳия ва чоп гардидаанд, мебошанд. Дар соли љорӣ кормандони шуъба нақшаи то охири сол ба чоп таҳия намудани љилди даҳуми феҳристро ба уҳда доранд, ки дар он қариб 300 нусха дастнавис тавсиф гардидаанд.

     Тавсифи китобҳои чопи сангие, ки дар ганљинаи Марказ нигоҳдорӣ мешаванд, низ дар замони истиқлол оғоз гардид. Кормандони шуъба  ҷилди якуми феҳристро ба чоп расонда, алҳол тавсиф идома дорад ва ҷилдҳои минбаъда низ омодаи чоп ҳастанд.

    Чи тавре, ки қайд намудем, дар Маркази мероси хаттӣ дастхатҳои зиёде маҳфуз ҳастанд, ки ҳар кадом вобаста ба арзиши илмиву адабии хеш таҳқиқу омӯзиши алоҳидаро тақозо мекунанд. Аз рӯзи таъсисёбии ин маркази тадқиқотӣ донишмандону матншиносони баркамол ба монанди Абдулғанӣ Мирзоев, Аълохон Афсаҳзод, Алимардонов Амрияздон, Зоҳир Аҳрорӣ, Додалишоев Ҷобулқо, Девонақулов Алиқул, Алии Муҳаммадии Хуросонӣ ва дигарон фаъолият бурда, даҳҳо нусхаҳои хаттиро омӯхта, тарҷумаву баргардон карда, дастраси хосу ом намудаанд. Имрӯз Алии Муҳаммадии Хуросонӣ кори устодони хешро идома дода истода, ба шогирдон дар роҳи таҳқиқ ва нашри мероси хаттӣ роҳнамои арзандае ҳаст. Дар даврони Истиқлол бо роҳбарии ӯ кормандони Шуъба даҳҳо нусхаҳои хаттиро таҳқиқ ва таҳия намудаанд.  Бо ифтихор дар қатори  китобҳои маъруфу машҳуре, ки аз ҷониби муҳаққиқони соҳа таҳқиқ гардидаву ба нашр расидаанд, “Кимиёи саодат”-и Ғаззолӣ, “Маснавии Маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ, “Мантиқ-ут-тайр”,  “Илоҳинома”  ва “Асрорнома”-и Аттор, “Таърихи ҳумоюн”-и Гулшанӣ ва ғайраро метавонем зикр намоем.

     Танҳо китобҳои аз рӯзи ташаккулёбии Маркази мероси хаттӣ таҳқиқгардидаву ба нашррасидаро, ки бешубҳа файзу баракати Истиқлол аст, ном бурда метавонем, ки инҳоянд:  

“Китоб-уш-шифо”-и Абӯалӣ ибни Сино, “Куллиёт”-и Сайидои Насафӣ, Девони ашъор, достони “Лайлӣ ва Маҷнун”, маснавии “Тӯҳфаи дӯстон” ва рисолаи “Бадоеъ-ус-саноеъ”-и Шамсиддин Шоҳин, “Наводир-ул-вақоеъ”-и Аҳмади Дониш, Маҷмӯаи расоили манзумаи Абдурраҳмони Ҷомӣ, “Манозир-ул-кавокиб”-и Аҳмади Дониш, Девони Фонӣ, “Фарҳод ва Ширин”-и Алишер Навоӣ, “Чаҳорбоғи ғазал”-Толиби Омулӣ, Калими Кошонӣ, Шавкати Бухороӣ, Ғании Кашмирӣ, Ғазалиёти Васлии Самарқандӣ, Девони ашъори Ибни Ямини Фарюмадӣ ва ғайраҳо.

     Қобили қайд аст, ки муҳаққиқини шуъба бо ҳамкории Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон асари Ҳаким Сайид Исмоили Ҷурҷонӣ «Захираи хоразмшоҳӣ»-ро, ки дар таърихи илми тибби тоҷик яке аз барҷастатарин осори тиббӣ ба шумор меравад, таҳия карда  истодаанд ва он то љашни 30-солагии истиқлолияти Тољикистон ба чоп хоҳад расид. Ин кор дар ростои лоиҳаҳои илмие, ки бо супориш ва маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди иҷро  қарор мегиранд, амалӣ шуда истодааст.

    Бидуни шак, тавре зикр шуд, таваҷҷӯҳи ҷиддии Сардори давлат, Пешвои миллат- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳатрам Эмомалӣ Раҳмон ба осори ниёгон ва пуштибонии эшон аз омавигаронии ин осор боис шудааст, ки мероси хатии ниёгонамон дар ихтиёри оммаи васеи хонандагон қарор бигиранд.        

     Маркази мероси хаттӣ аз оғоз то ҳол тӯли зиёда аз 60 сол аст, ки барои илму фарҳанг ва таъриху тамаддуни мардуми тоҷик хидмат менамояд ва осори гаронбаҳои ниёгони худро аз нобудшавӣ эмин нигоҳ медорад.

 

 

                                                                              Холида Давлатова,

                                                                  Бибисултон Навбаҳорова,

                                                                ходимони калони илмии

Маркази мероси хаттии АМИТ