Пуштибони мероси гаронқадри ниёкон

     Сарчашмаҳойи бақодидайи хаттийи таърихӣ, дастовардаҳои мутааддиди ҳафриёти бостонӣ ва таҷрибаи тӯлонии рӯзгори инсонӣ гувоҳи онанд, ки банӣ – башар аз ибтидойи зиндагонии оқилонаву мустақилонаи худ, дар баробари ҳифзу нигаҳдории нангу номуси фардиву хонадониву зодбумӣ ва таҷлилу бузургдошти муқаддасоту муҳассаноти маънавию мафкуравии худ, ҳамора ҷодайи душворгузару мушкилписанди илму донишро паймуда, фарҳангу хирадро беҳин ганҷу сарвати анборидаи хеш донистаанд ва донойиву тавонойиашонро файзу баракати илму ҳунар шумурда, дили пирро зи дониш барно ҳисобиданд.

Устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳазору анд сол пеш аз мо ба ҳамин маъно таъкиду ишораткунон фармуда буд:

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз,

Кас набуд аз рози дониш бениёз.

Мардумони бихрад андар ҳар замон

Рози донишро ба ҳар гуна забон

Гирд карданду гиромӣ доштанд,

То ба санг – андар ҳамебингоштанд.

Дониш андар дил чароғи равшан аст

В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст!

     Хушбахтона, халқи мутақаддиму мутамаддини ориёитаборамон аз қадимулайём дар қатору табори ҳамон «мардумони бихрад» мақому қарори сазоворе дошта, «рози донишро ба ҳар гуна забон гирд овардаву гиромӣ доштааст» ва дар ҷараёни таваллуду ташаккул ва рушду такомули тамаддуни башарӣ нақшу ҳиссайи бебадилу беназире гузоштааст.

      Оре, «ин ҳақиқат, ки мо дар сафи пеши тамаддуни умумибашарӣ ҷой гирифтаем, хоҳиши худнамойии мо нест; ҳақиқате нест, ки мо онро исбот карданӣ бошем. Ин ҳукми таърих аст. Таърихи инсоният ҳамин гуна ҷараён гирифтааст, ки мо (тоқикон – А.Р.) дар сафи пеши тамаддуни ҷаҳонӣ қарор гирифтаем» (Бобоҷон Ғафуров).

     Аз ҳамин манбаъу маншаъи барбунёду ростин ва қавибунлоду бофарин илҳому рӯҳу қуввату иқдом бардошта, шоири маъруфамон Лоиқ Шералӣ ҳақдоронаву ифтихормандона фармудааст:

Ай Шарқ,

Ту ибтидойи лавҳу қаламӣ,

Дарвозайи Офтоби зарриналамӣ!

Албурз, ту ё обидайи Фирдавсӣ,

Ё минбари шеъру шоъирони Аҷамӣ!

         Бидуни шакку тардиде, мо – тоҷикон аз ҷумлайи ҳамин шарқиён – ибтидову поягузорони лавҳу қалам, балки пешраву пешсафу пешоҳангони фарҳангу тамаддуни ховариву башарием, ки мероси ғановатманди моддиву маънавийи оламшумули ниёконамон аз он гувоҳиву далолати раднопазир медиҳанд.

         Ба иборати воқеъбинонаву ифтихорангези Пешвойи муаззами миллатамон Эмомалӣ Раҳмон, «миллати мо чун кӯҳсоронаш асоратнописанд буда, бо фазлу хирад, озодманишӣ ва зиндагии беолоиш умри ҷовидон ёфтааст».

         Алҳақ, ҳар тоҷики худшиноси ҷаҳон имрӯзҳо метавонад аз суханони болойи Ҷаноби Олӣ ва фахрияи зерини шоъири номӣ Ғаффор Мирзо илҳом бардоштаву ҳамора ба забон овараду сарбаландона бигӯяд:

Тоҷикам ман,

Куҳнабунёдам, ки аз ҳар решаам

Миллате, халқе ба дунё омаду шуд мустақил!

Навдаҳову хадраҳоям ёди хешӣ мекунанд

Аз Халиҷи Форс то Помир, то дарёйи Нил!

         Хушбахтона, насими ҷонофарини истиқлол дарвазиду дигарбора ҷисми хоболуди моро ба таҳрик оварду мақому мароми миллату давлатдориамонро дигарбора таъйину таҳким бахшид ва орзуйи ширини деринасоли аҷдодамонро ҷомайи амал пӯшонида, собит намуд, ки дар ҳақиқат,

Неъмате беҳтар зи озодиву истиқлол нест,

Бе чунин неъмат касе озодаву хушҳол нест!

  «Истиқлолияти давлатӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бисту нӯҳ сол муқаддам ба он соҳиб гардид, дар таърихи халқи тоҷик нодиртарин падидаи сиёсиву сарнавиштсоз мебошад. Ин рӯз, барҳақ, оғози давраи комилан нав дар таърихи давлатдории тоҷикон, марҳалаи тоза дар ташаккули тафаккур ва фалсафаи давлатдорӣ маҳсуб мешавад.

     Мо дар оғози даврони соҳибистиқлолӣ, бо такя ба ҳастии таърихӣ ақлу хирад ва иродаи қавии халқи худ, тавонистем, ки оташи ҷанги дохилии таҳмилиро фурӯ нишонда, парчами озодиву адолатро ба хотири ҳифзи асолату арзишҳои миллӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии халқамон устувор гардонем. Яъне, таърих баъд аз чанд садсола бори дигар ба миллати соҳибтамаддуни мо имконияти эҳё намудани суннатҳои аҷдодии давлатдориро фароҳам овард ва дар харитаи сиёсии ҷаҳон номи давлати мустақилу соҳибихтиёри тоҷиконро сабт намуд» (Эмомалӣ Раҳмон).

Аз рӯзҳои нахустини соҳиби истиқлоли сиёсӣ гардидани Тоҷикистони азизамон Эмомалӣ Раҳмон – ҷавонмарди ғаюру ҷасуру нав сарвари кишвари харобу ҷангзада ва мардуми хору низор интихобшуда гаштаву баргашта ба гӯши ҳуши ҳамдиёрони пошу парешонамон мерасонд, ки истиқлолиятро ба даст овардан ҳанӯз кифоя нест; онро ҳимоя кардан, таҳким бахшидан, ба камол расондан лозим аст, ки душвор коресту муҳлати дурударозеро тақозо мекунад.

Мавсуф зина ба зина, оҳиставу санҷида миллату мамлакатро аз вартайи ҳалокату нобудӣ берун оварду дар ниҳояти амр, дар муддати кӯтоҳе, дар қатори мамолики мутараққии ҷаҳон қарораш дод.

Бино бар шаҳодати Владимир Путин – яке аз сиёсатмадорони маъруфи ҷаҳон, дар овони соҳибистиқлолӣ «Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои муҳимми рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва илмию техникӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гардид ва, бешубҳа, дар арсаи ҷаҳонӣ соҳиби обрӯйи баланд мебошад».

Албатта, сарвари донову тавонойи мо дар арсаи талошу муборизаҳо ба хотири шуҳратеву сарвате умру ҷони азизашро дар хатару гарав нагузоридааст: табиъатан, ҳар амалеро мукофотеву ҳар ранҷеро ганҷе дар пай аст.

Ҳамин аст, ки мардуми заршиносу сипосгузори тоҷику ҳамдиёрони дигарамон фарзанди ҷоннисору сазоворашонро ҳақдоронаву асосмандона Пешвояшон интихоб карданд, зеро хуб медонистанду мефармуданд, ки «Бе Пир марав, ки дар бимонӣ, ҳарчанд Сикандари замонӣ!». Барҳақ,

Миллатеро гар набошад Пешво,

Мехурад дар зиндагонӣ пешпо!

     Чунин интихоби мунсифонаву оқилона ва ҳадафманду дурбинонайи мардуми Тоҷикистонро худиву бегона, дуру наздик айни мантиқу матлаб ҳисобидаву аз он пайравиҳо карданду доранд.

«Мо саҳми Эмомалӣ Раҳмонро, – изҳори назар доштааст Нурсултон Назарбоев – яке аз сиёсатмадорони дигари машҳури олам, – дар таҳкими ваҳдати халқи тоҷик, рушди кишвар, ҳамчунин, дар рушди сиёсиву иқтисодӣ, баланд арзёбӣ мекунем. Дар ин давраи кӯтоҳи таърихӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муваффақиятҳои калон ноил шуда, узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ гашт».

Шойистайи таҳсину сарафрозиҳост, алалхусус, аз ҷониби аҳли илму донишу фарҳангу ҳунари кишвар, ки Пешвойи муаззами миллатамон аз ҳамон ибтидоҳо, дар тӯли сӣ соли соҳибистиқлолӣ, ба ҳамайи душвориву мушкилоти пешомада нигоҳ накарда, дар баробари тамоми соҳаҳои дигари ҳаёту иқтисоди мамлакат, ба ривоҷу пешрафти донишу маърифат ва маданияту санъати миллӣ диққату ғамхориҳойи дойимӣ гумошта, дигарбора моро ба мо шиносонд, хазинайи маънавиётамонро ба маротиб ғанитар гардонд, дараҷайи худогоҳиву худшиносӣ ва савияйи маърифату маданияти шаҳрвандиамонро мусовӣ ба мардуми мутамаддини ҷаҳони муосир намуд.

     Дар муддати кӯтоҳе таърихӣ машҳури оламу муаррифийи оламиён гардонидани Саразму Ҳулбуку Истаравшану Кӯлоб «Шашмақом»-у «Фалак»-у Наврӯзу чакану атласи тоҷикон, таҷлилу бузургдошти ҷашнвораву солгираҳои Имоми Аъзам, Борбад, давлати Сомониён, «Шоҳнома»- Фирдавсӣ, Умари Хайём, Камоли Хуҷандӣ, Мир Саййидалии Ҳамадонӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Саййидои Насафӣ, Кавкабии Бухороӣ, Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлонӣ, Туғрали Аҳрорӣ, Шамсиддини Шоҳин,  Устод Айнӣ, Мирзо Турсунзода ва дигарон аз ҳамин аҳдофи наҷиби худогоҳиву худшиносӣ ва ҳувийяти милливу таърихӣ бархурдоранд.

Таълифи рисолаҳойи бунёдие чун «Тоҷикон дар оинаи таърих»-и Ҷаноби Олӣ ва нашри силсилакитобҳои донишмандони бузургамон дар ин ҳошия, дар қатори осори беназири Устод Айниву Бобоҷон Ғафуров, омили вусъати ҷаҳонбиниву густариши донишҳои гуманитарии ҳамдиёрону ҳамзабононамон гардидаанду мегарданд.

Аз нигоҳи бардурусти Пешвойи раҳнамоямон, «Омӯхтани таърих танҳо барои донистани гузашта нест, балки барои шукуфоии фардои ҳар миллату давлат зарур аст. Яъне, миллат бояд аз гузаштаи худ сабақ гирад ва дурнамои ояндаашро муайян бисозад.

Пешвойи миллатамон, пеш аз ҳама, ба ҳолату ҷараёни нигаҳбониву тозадорӣ ва суфтакориву тозакорийи Забони тоҷикӣ, ки забони модарии милёнҳо тоҷику тоҷикзабони рӯйи замин, асосу заминаи қавибунёди тамоми навиштаҳои онон аст, ҳамеша диққату ғамхории вижа зоҳир намуда, пайваста, дар баробари Модару Ватану Истиқлолу Ваҳдат, азизу мукарраму покиза нигаҳ доштану чун гавҳараки чашм эҳтиёташ карданро тақозо мекунанд.

Алҳақ, аз гуфтаи Эшон, «Дар даврони истиқлолияти давлатии кишварамон забони шевое, ки бо он аз қофиласолори адабиёти тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ то бунёдгузори адабиёти навини тоҷик – Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ва адибону олимони ҳамзамонамон осори гаронбаҳои илмиву адабӣ эҷод намудаанд, ба маснади волои худ нишаста, муаррификунандаи ҳақиқии соҳибони худ – миллати тоҷик дар ҷаҳони муосир гардид».

Ҳамчун олими варзидаву фаҳмида ва жарфоназару оянданигор Ҷаноби Олӣ ба масъалаҳои ҷамъоварӣ, ҳифзу нигаҳдорӣ ва нашру таҳқиқи мероси ниёконамон ҳам диққату пуштибонии доимӣ гуморида, камбудиҳои дар ин соҳа ҷойдоштаро дилсӯзонаву салоҳмандона аёну баён мекунанд ва роҳи ислоҳашонро далелмандона нишон медиҳанд.

«Олимону донишмандони моро зарур аст, – изҳор доштанд эшон дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ш. Душанбе, 26.12.2019), – ки  ба шинохти дурусти таърих, тарғиби мероси маънавӣ ва суннату ойинҳои мардумӣ низ, ки тайи асрҳо дар хотираи таърихии миллати тоҷик нақш бастаанд, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем.

Бахусус, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ, ки воридшавии унсурҳои бегонаро ба фарҳанги миллӣ осон гардонидааст, рӯ овардан ба таърих ва огоҳ будан аз аслу насаби хеш барои ҳар як фарди миллат, хусусан, насли наврасу ҷавон зарур ва ҳатмӣ мебошад.

Мо кӣ будани аҷдоду гузаштагони худро бояд донем, ба онҳо арҷ гузорем ва бо насли ориёӣ, яъне ориёитабор будани худ ифтихор кунем».

Дар даврони соҳибистиқлолӣ пайиҳам аз дасти чоп берун омадани мунтахабу куллиёти осори суханварони бузургу маъруфамон, алалхусус, тазкираи 50-ҷилдаи «Ахтарони адаб», ки дар ҷаҳони тоҷику форсизабонон назиру собиқа надорад, далели равшану гӯёйи самарабахшийи сиёсати ҷории фарҳангии давлату ҳукумату Пешвои миллатамостанд.

         Аз ҷумла, дар давоми севу ним соли гузашта – аз даврони ба фаъолияти мустақилона пардохтани Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки меросдору давомдиҳандаи кори собиқ Институти овозадори шарқшиносии Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон ва яке аз ганҷинаҳои дастнависи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳисоб меравад, ба ифтихори 30-вумин солгарди истиқлоли кишвари азизамон силсилаи осори ниёкон ва рисолаҳои тадқиқотиву маҷмӯъаи мақолаҳоро ба табъ расонд, ки «Шоирони Мовароуннаҳ (аз Устод Рӯдакӣ то Устод Айнӣ)», «Китоб-уш-шифо». («Ҷумлаи чаҳорум андар баёни илоҳиёт»)-и Абӯалӣ ибни Сино, «Девони ашъор»-и Ибни Ямини Фарюмадӣ, «Маҷмӯаи расоили манзума»-и Абдураҳмони Ҷомӣ, «Девон»-и Калими Кошонӣ, «Куллиёт»-и Миробид Саййидои Насафӣ, «Девони ғазалиёт»-и Фахрии Њиравӣ, «Ғазалиёт»-и Васлии Самарќандӣ, «Девони ашъор», «Лайливу Маҷнун», «Тӯњфаи дӯстон» ва «Бадоеъ-ус-саноеъ»-и Шамсиддини Шоњин, «Туњфат-ул-ањбоб фӣ тазкират-ил-асњоб»-и Рањматуллоњи Возењ, «Манозир-ул-кавокиб» ва «Наводиру-л-ваќоеъ»-и Ањмади Дониш (2 ҷилд),  «Куллиёт»-и Абдулҳайи Муҷахарфӣ, «Лутфи қалам» (гулчини ашъор)-и Зоҳир Аҳрорӣ, рисолаҳои тадқиқотии Ҷӯрабек Назриев – «Саййидо – суханвари нодирагуфтор» ва «Мактабии Шерозӣ – сарояндаи ишќномаи куњан», «Абдулњайи Муҷахарфӣ ва маќоми адабии ӯ» (коллектив), А.М. Хуросонӣ – «Ҷозибаи калом», Франсис Ришар –Дастнависҳо сарчашмаи таҳқиқоти таърихӣ ва фарҳангӣ», Ќ. Искандаров, Р. Давлатов, Р. Абдуллоев – «Афғонистони имрӯз: омилњои дохилӣ ва хориҷии ҷангу сулњ», маҷмӯаи мақолаҳои Амрияздон Алимардонов – «Махозин-ут-тањќиќ», (қ1), «Мероси хаттии Осиёи Марказӣ: натиҷа ва паёмадњои омӯзиш» мураттибон, – Авросиёи мусулмонӣ: сармояи рамзӣ дар раванди таърих» (мураттибон Л. Додхудоева ва Б. Навбаҳорова), «Феҳристи дастнависҳои шарқии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» (ҷилдҳои VІІ-ІX) аз он шумуланд.

         Бар илова, ходимони илмии Маркази мероси хаттӣ дар тарғиби донишҳое, ки барои болобурди савияи маърифату маданияти ҳамдиёронамон мусоядат мекунанд, аз роҳи василаҳои ахбори оммаи кишвар (рӯзномаву ҳафтаномаву моҳномаҳо ва радиову телевизиону сомонаҳо), ҳамоиш ва семинару конфаронсу мулоқиту вохӯриҳои гуногун аҳлонаву фаъъолона ширкат варзида, сиёсати ҷории фарҳангии Пешвои давлату миллатамонро, ки ғамхору пуштибони бемонанди мероси ниёконамонанд, ҳамаҷониба тарғибу ташвиқу дастгирӣ менамоянд.

         Суханони пурмуҳтавойи зерини Пешвои фозиламон, ки қариби 20 сол аз ин фармуда буданд, раҳнамойи ҳамешагии кору фаъолияти эҷодиву ҷамъиятии мостанд: «Ҳифз кардани арзишҳои фарҳангӣ, мутобиқи давру замон инкишоф додан ва бегазанд ба фардоиён расонидани онҳо вазифаи муқаддаси ватандӯстонаи ҳар кадоми мову шумост».

         Чунин андешаҳои коромӯзу роҳафрӯз, бешак, имрӯзҳову сипас фонуси кору фаъолияту рӯзгори на танҳо донишманду эҷодкорон, балки дастандаркорони тамоми соҳаҳо ва куллияи ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд бошанд. Аз хотир набояд баровард андешайи зерини суханвари барӯмандамон Низом Қосимро, ки дар мавриди пешбарии номзадии Пешвои миллат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошт: «Имрӯз ҳар давлати воқеӣ ба киштии Нуҳ монанд аст, ки бораш марзу буми аҷдодӣ, ҳастии миллат, рӯҳу равони халқ, одобу ахлоқ, расму оинҳои дар тӯли садсолаҳо андӯхтаи мардум аст ва танҳо нохудои Худододи бебок ва обутобдида метавонад ин киштиро аз байни тӯфону туғёнҳои баҳри пурхавфу бими воқеият, аз даму нафаси наҳангони бераҳму бемуруввати ин баҳр эмину бешикаст ба соҳили муроди мардум бирасонад.

         Имрӯз чунин шахсияти баркамоли сиёсии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст; Эмомалӣ Раҳмон, ки ҷони ҷавонашро сипар карда, ин давлату миллатро аз нобудӣ раҳонд, мардумро сарҷамъ ва ба худсозиву давлатсозӣ ҳидоят намуд, кишвару миллат ва таъриху фарҳангашро ба ҷаҳону ҷаҳониён шиносонд ва маҳз бо заҳмату фидокорӣ, аз шарофати самимияти баланду одамияти бегазанд Пешвои ҳақиқии миллат гардид».

         Бешак, аз гуфтаи Пешвои пуштибону муттакойи хурду калонамон, «Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон хуб дарк намудаанд, ки устувор намудани пояҳои давлату давлатдории миллӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ ва ободу зебо гардонидани сарзамини аҷдодӣ, пеш аз ҳама, ба густариши эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ вобастагии мустақим дорад».

         Комилан ҷонибдори гуфтаҳои мазкурему ҳамдиёронамонро дар ин лаҳзаҳои ҳассосу сарнавиштсози рӯзгорамон дигарбора ба худогоҳиву худшиносӣ, ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва ҳамдиливу ҳамгаройӣ мехонем. Нашояд аз хотир баровардан, ки

Мо на танҳо писари ин Ватанем,

Ҳама яктан сипари ин Ватанем!

 

Асрори Раҳмонфар,

ходими калони илмии

Маркази мероси хаттии

назди Раёсати АМИТ