САБАҚҲОИ ИБРАТБАХШИ ФОҶИАИ АМИРИ БЕВАТАН

        Халилуллоҳ Халилӣ аз ҷумлаи нависандагони пешқадами Афғонистони кунунӣ ба ҳисоб рафта, аз худ ашъори рангину ёддоштҳои хотирнишине боқӣ гузоштааст, ки барои омӯзандагони таъриху афкори минтақа сарчашмаи нодире мебошанд.

        Аз ҷумла, китоби “Ёддоштҳои устод Халилуллоҳи Халилӣ (тайи мукотиба бо духтараш Морӣ) соли 2009 дар иёлати Вирҷиниёи ИМА, баъдан соли 2020 аз ҷониби Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ таҳия ва мунташир гардид (Душанбе, 2020, 460 саҳ.), хотираҳои ин бузургмардро аз замони ҳукумати амир Ҳабибуллоҳхон то солҳои вопасини умраш (тақрибан то соли 1985) дар бар мегирад. Дар китоб дидаву шунидаҳои мавсуф бо сабки хосе рӯйи коғаз омада, каломи устод бидуни тағйир, гоҳо бо шеваи мардумӣ, гоҳо бо лаҳљаҳои минтақаҳои Афғонистон, ки аз забони қаҳрамонҳо нақлҳо оварда шудаанд, аз тарафи мураттибон маҳфуз мондааст. Аз китоб маълумотеро пайдо кардан имкон дорад, ки метавонанд ба баъзе аз лаҳазоти таърихии аввоили асри ХХ-и Афғонистон, ки аз қалами баъзе таърихнависон канор монда бошанд, равшанӣ андозанд. Чанд маълумоти пароканда, ки дар робита бо воқеаву ҳодисаҳо аз тарафи устод дар мавридҳои гуногун баён шудаанд, дар бораи амири охирини Бухоро ва баъзе шахсиятҳо, ки дар Афғонистони асри гузашта нақши намоён доштаанд ва худи Халилӣ бо онҳо ҳамсуҳбату ошноӣ доштааст, дар ин китоб зикр шудаанд, ки барои муҳаққиқону омӯзандагони таърихи начандон дурамон метавонанд муфид бошанд.

             Замоне, ки аморати Бухоро суқут кард, вопасин амири Бухоро Сайид Олимхон ба Афғонистон паноҳ бурд. Он вақт Амонуллоҳхон подшоҳи Афғонистон буд. Ҳазорон-ҳазор мардуми Бухоро дар ҳолати гуруснагиву шикастхӯрдагӣ аз марзҳо гузашта, ҳамроҳи подшоҳи сарнагуни Бухоро ба тарафи Афғонистон омаданд.

         Дар масољид имомҳо ва калонҳои қавмӣ мардумро таблиғ мекарданд, ки бояд ба паноҳандагони бухороӣ кумак расонда шавад. Мегуфтанд бухороиҳо ба зӯр аз кишварашон ронда шудаанд ва тавре ки Қуръон мефармояд, инҳо паноҳандагони мусулмон ҳастанд ва ҳақ доранд дар кишвари мусулмонон зиндагонӣ кунанд. Ҳар тараф, ки бухороиҳо мерафтанд, мардум аз онҳо бо гармӣ пазироӣ ва барояшон васоили оромиш таҳия мекарданд. Калонҳо ба муҳољирини бухороӣ тавсия карда буданд: ба ҳар минтақаи Афғонистон, ки меравед ва бо ҳар афғонӣ, ки рӯ ба рӯ мешавед, аз зулму истибдоди коммунизм барояшон қисса кунед. Мардуми Афғонистон он вақтҳо худро ба мардуми Бухоро бисёр наздик эҳсос мекарданд ва Бухороро Бухорои Шариф мегуфтанд. Ба хотири Бухорои Шариф мегуфтанд, ки Имом Абӯисмоил, ки аҳодиси Имом Бухориро љамъ карда буд, дар Бухоро дафн аст. Ва ҳамчунин, ҳазорон афғон аз пайравони мактаби нақшбандия буданд, теъдоди зиёде аз уламову машоихи Афғонистон барои таҳсилоти олӣ Бухоро мерафтанд. Аз тарафи дигар, равобити тиљоратӣ ва муносиботи сиёсӣ дар байни Бухорову Афғонистон қавӣ буданд.

          Вақте подшоҳи Бухоро ба Афғонистон паноҳ овард, аз роҳи бандари Қут аз тариқи Хонободу Панљшер ба Гулбаҳор расид. Амонуллоҳхон амр карда буд, ки мардум ҳақ надоранд ҳамроҳи подшоҳи халъшудаи Бухоро тамос бигиранд. Ҳусайнкотро, ки хонаи падарии Халилӣ буду он вақт дар дасти ҳукумат  буд, барои подшоҳи Бухоро холӣ карда буданд. Подшоҳи Бухоро аз Гулбаҳор то Ҳусайнкут бо мошин омад. Агар ин фосиларо бо асп меомад, тақрибан ду ҳафтаро дар бар мегирифт.

          Бо вуљуди ин ки ҳамроҳи подшоҳи Бухоро аз тарафи давлат пулису аскар буд, мардум дар роҳ ба истиқболи ӯ мебаромаданд ва пинҳонӣ ба мулоқоташ мерафтанд. Мардум мехостанд аскар љамъоварӣ ва аз роҳи Мазори Шариф ба Бухоро ҳамла кунанд. Баробари он ки амир Амонуллоҳхон аз ин воқеа бохабар шуд, подшоҳро аз Ҳусайнкут ба љануби Кобул – Қалъаи Футӯҳ равон кард ва маоши ӯро аз дувоздаҳ ҳазор афғонӣ ба чор ҳазор поён овард. Албатта, љои шак нест, ки Амонуллоҳхон дар ибтидо аскар ба подшоҳи Бухоро фиристода буд, аммо баъд аз суқути Бухоро фиреби ҳарфҳои Ленинро хӯрдаву як қарордоди бетарафӣ ҳамроҳи Ленин имзо кард ва муносиботи сиёсиро ҳамроҳи русҳо тавсеа дод. Дар ин вақт подшоҳи Бухороро аз Қалъаи Футӯҳ берун ва ба як хонаи куҳна дар гӯшаи Кобул интиқол дод.

          Подшоҳи Бухоро мехост тавассути Хољабобу Ҳабибуллоҳхони Калакониро, ки тоза зимоми давлатро ба даст гирифта буд, мулоқот кунад. Ҳабибуллоҳхони Калаконӣ подшоҳи Бухороро дар қасри Гулхона мулоқот кард. Дар ин мулоқот Ширљонхон, Хољабобу ва Халилӣ ҳам ҳозир буданд. Ҳабибуллоҳхону подшоҳи Бухороро мисли ду рафиқ суҳбат карданд. Подшоҳи Бухоро Ҳабибуллоҳхонро ҳангоми суҳбат “писарам” гуфта хитоб мекард ва ба Ҳабибуллоҳ гуфт: – Писарам, мисли ин ки ман туро куљое дидаам... Ҳабибуллоҳхон бо табассум гуфт: – Бале, ман ҳамон касе ҳастам, ки дар мавқеи иқомати шумо дар Ҳусайнкут аспи ваҳшии шуморо ром кардам ва шумо амр кардед, ки маро дар листи навкарҳои шумо илова кунанд. Аммо ман амри шуморо қабул накардам ва бароятон гуфтам: - Шумо барои љанг бо русҳо биравед, ман ба ҳайси як аскар бо шумо меравам.

         Подшоҳи Бухоро дар ҳоле ки чашмҳояш пур аз ашк шуда буд, гуфт: – Амонуллоҳ маро фиреб дод...

           Подшоҳе, ки ҳанӯз ду рӯз аз салтанати ӯ намегузашт, подшоҳи бесаводу ангурфурӯши собиқи кӯҳдоманӣ ва подшоҳе, ки ҳама чизро аз даст дода буд, ба ҳам даст доданд, рӯяшонро ба тарафи Бухоро гардондаву ваъдаи озодии Бухороро ба ҳамдигар доданд ва мулоқоташон дар ҳамин ҷо хатм шуд.

           Ин подшоҳи Бухоро амир Олимхон дар вақти љанги љаҳонии дувум ҳанӯз зинда буд дар Кобул ва гуфта буд, ки ҳар кас ба ман башорат биёварад, ки  Олмон ба хоки Русия дохил шуд бо рус эълони љанг дод, ман як инъоми бузург барояш хоҳам дод... Рӯзе яке аз љавонон ва дӯстони мо Абдураҳимхон ба маҳзе, ки шаб дар родию эълон карданд, ки эълони љанг дода шуд миёни Љарманию Русия, давон-давон рафтааст дар манзили љаноби олӣ – подшоҳи Бухоро. Подшоҳи Бухоро дар ҳарам будааст ва ба ҳар ҳол, мудири ташрифот ошнояш будааст, пайғом кардааст, ки ман хабари  хуш овардаам. Подшоҳ аз бистари хоб бархоставу омадаву гуфтааст. “Чӣ хабари хуш овардаӣ?”

          Қабл аз ин ки Абдураҳимхон чизе бигӯяд, худи подшоҳ пешгӯӣ кардааст: Магар љарманиҳо (олмониҳо) ҳамла карданд ба Русия? Гуфтааст: - Бале, башорат бар шумо, ки олмониҳо ҳамла кардаанд ва алъон шунидам хабарро! Гуфтааст: Бираведу он соати љайбии алмоснишонамро, ки аз падарам боқӣ мондааст, биёваред!

           Абдураҳимхон мегуфт, ки хаёл кардам ин соатро хостааст, ки чӣ вақти шаб ман ин хабарро ба ӯ гуфтаам. Ҳаргиз бовар намекардам, ки ин соатро ба ман мебахшад. Вақте ки соатро оварданд, дидам, ки воқеан алмоснишон аст, як занљири мурассаъ ҳам дорад. Подшоҳи Бухоро гуфт: - Ин соат аз тарафи ман ба ту муборак бошад! Бухоро озод шавад ё нашавад, ҳамин хабар ба ман кифоят мекунад, ки Олмон ҳамла кард, як рус агар кушта шавад, ба ҳазор соат меарзад!

           Подшоҳи Бухороро дар Кобул ба рӯзҳои ид мехостанд, дар намозҳои ид ва дар дарборҳои подшоҳ меомад ва ҳамон либоси бухороии худро мепӯшид ва дастораки кӯчаке  бар сари худ мезад ва мӯзаҳое ба пои худ мекард ва бо мошин меомад, яъне вазъи зиндагониш хуб буд. Он маоше, ки дар аввал Амонуллоҳхон барояш муқаррар карда буд, гарчи бисёр кам карда буд, ба ҳар ҳол, як чизе буд, аз худаш ҳам як чизе буд, мефурӯхту зиндагонӣ мекард. Ҳанӯз ҳам ин шоғосӣ ва дарбону муншӣ ва инҳо дар атрофаш буданд, бухороиҳо эҳтиромашро медоштанд.

         Як рӯз ҳикояти аљибе шуд. Намедонам, иди Рамазон ё иди Қурбон буд, дар Арк намоз мехондем. Амири Бухоро дар сафи аввал, албатта, дар канори подшоҳи Афғонистон нишаста буд, мо дар сафи дувум.

           Дар ин вақт хатиб хутба мехонду дар хутба, чунончи расм буд, ба подшоҳи ислом дуо мекарду аз подшоҳи Афғонистон ... Дар ҳамин вақте ки гуфт: “идалислом вал муслимин”, якбор фарёду гиряи шадиде баланд шуд! Гуфтанд, ки бигирен, ки афтоду мурд...

          Мо ҳам нигоҳе кардем, аммо хатиб хутбаро то охир хонд. Гуфтанд: –Подшоҳи Бухоро баъди дар хутба шунидани аллоҳума идалислом валмуслимин аз ҳуш рафтааст! Ва ин дигар рӯзҳое буд, ки бинои суқути олмониҳо буд. Ба подшоҳи Бухоро даво доданд андак-андак беҳтар шуд, ӯро ба мошин нишонданду докторҳоро муваззаф сохтанд, то ба манзилаш бирасонанд.

            Дар ин аҳволе ки љанги умумӣ башиддат љорӣ буд, олмониҳо бо русҳо дарафтода буданд, амири Бухорову Сайидмубашшири Тарозӣ машварат ва мувофиқат карданд: бо чанд нафар аз ин бухороиҳову самарқандиҳои гуреза, иттифоқ карда буданд, ки мераванду ҳамла мекунанд ба Бухорову як шӯрише мекунанд; шояд пайғомҳое ҳам аз тарафи Љумҳурияти Тољикистону Љумҳурияти Ӯзбекистон ба инҳо расида буд. Вақте ки ду олмонӣ ҳам пинҳон омада буданд, пайғомҳое ки аз тарафи љумҳурияти Тољикистону Ӯзбекистон расида буд, пасон мо ҳамаро хондем, ки воқеан номаҳову коғазҳое буданд, ки зуд худро бирасонед, мо ҳама омода ҳастем шӯриш мекунем!

           Инҳо ҷамъ шуданд, якљо шуданд, аслиҳаву чизе надоштанд! Ба инҳо ваъда дода шуда буд, ки аз дарёи Ому, ки убур мекунанд, дар он љо (дар он тараф) аслиҳа омода аст. Яъне, маълум аст, ки худи ин љумҳуриятҳо аслиҳа омода кардаанд. Бечораҳо баромаданд, касе дукони худро фурӯхтааст, касе хонаи худро фурӯхтааст, касе пиёдаву касе ба савори мутар ва пинҳону ниҳон аз Кобул равон шуданд ба тарафи Мазори Шарифу Тахористон, ки аз Ому убур кунанд бираванд он тараф, якљо шаванд, ба љанг шурӯъ кунанд!

          Як бор давлати Рус тавассути сафорати Рус дар Кобул хабар мешавад ва сафорати Инглис ҳам бадбахтӣ кардаву ҳукумати Афғонистонро таҳдид карданд! Он таҳдид барои Сардор Муҳаммадҳошимхон кофӣ буд аз тарсе, ки дошт, аз тарафи Муҳаммадҳошимхон амр шуд, шаб рафтанду тамоми инҳоро аз роҳҳо маҳбус оварданд; дар хонаҳои онҳо ҳар чи ки буд, пулисҳо забт карданду гирифтанд, ҷавру ғорат карданд. Инҳоро бурданд дар зиндонҳо афканданд ва худи Сайидмубашшири Тарозиро ҳам бурданд зиндонӣ карданд, ҳеч гузашту мурооте накарданд, ки ин сайид аст, ин олим аст, ин мушовири Нодиршоҳу муљоҳид будааст!

           Аз ин гузашта, рафтанд ба сарои подшоҳ ва амири Бухороро аз ҳарам берун карданд, ки дар умри худ ин ҳолро надида буд. Пурсида буд: - Маро барои чӣ мебаранд берун, чаро хостаанд? Гуфтанд, ки ҳеч, мехоҳанд, ки шуморо кадом љое барои тафреҳ бибаранд. Вақте омад, минҳайси як маҳкум аз ӯ хоҳиш карданд, ки дар коғаз навиштанд, ки чаро таҳрик кардӣ мардумро? Гуфт: - Аз ман суол мекунад? Гуфтанд: - Бале. Подшоҳи Бухоро гуфт: - бигзоред, ин муншии ман љавоб бигӯяд! Ман, ки дар умрам ин љавобҳоро нанавиштаам! Гуфтанд: - Ҳатман худатон бояд бо қалами  худ бинависед!

           Пас навишта кард, ки: “Агар шумо ба љои ман мебудед, дар Бухоро мебудед, Афғонистонро як давлати хориљӣ... мегирифт, шумо ин ҳаракатро мекардед, ман ба шумо инъом медодам! Ҳоло шумо маро ҳарчи мекунед, бикунед! Ман гуфтаму кардаам дуруст асту маро дигар озор надиҳед! Мекушед ё ҳар љазое, ки медиҳед, ман кори худро кардам” Дастхат кардаву имзо кардааст, ба дасти инҳо номаро андохта, гуфтааст: “Ин номаи ман, ин навиштаи ман, ман ҳаргиз аз ин кор инкор намекунам! Мамлакати маро рус гирифтааст, ватанамро рус гирифт...”!

“Ногуфта намонад, ки ин љаноби олӣ ҳарчи карда дар Бухоро, аммо шахси таълимёфтаву донишманд буд. Гумон мекунам, дар Ленингрод, яъне Петругроди он вақт дарс хонда буд ва мактабулҳарбӣ хонда буд. Забони русӣ ҳам бисёр хуб медонист, забони форсию ӯзбакӣ ҳам медонист. Аммо, бадбахтона, ба ғафлат гири одамфиреб хӯрд, мисле ки мо фиреб хӯрдем!

         Ӯро, барои ин ки русҳо хуш шаванду мутмаин шаванд, дар манзилаш посбонҳо гузоштанд, ки дигар аз манзили худ ҳаққи баромадан надорад. Дигарҳо маҳбусу зиндонӣ шуданд”.

         Ба ҳамин тариқ, вопасин амири Бухоро ва дигар ватанфурӯшону зархаридонаш дар кишвари ҳамсоя бо чунин сахтиву бадбахтиҳо аз олам даргузаштанд, ки барои ватанфурӯшони гумроҳи имрӯза ҳам ибрату сабақ бояд бошад!

          Алҳақ, аз гуфтаи худи ӯ:

Амири беватан хору ҳақир аст,

Гадо гар дар ватан мирад, амир аст!

 

Баҳриддин Мирзоев

ходими калони илмии

Маркази мероси хаттии

назди Раёсати АМИТ

Душанбе,

18. 05. 2022