Мудири шуъба: номзади илмҳои филологӣ Сайидхоҷа Ализода

   Саидхоҷа Ализода дар деҳаи зебоманзари Сағир­даш­ти деҳшӯрои Сағирдашти ноҳияи Дарвози ВХКБ дар оилайи хизматчӣ ба дунё омадааст. Таҳсили мактаби миёнаро дар зодгоҳаш фаро гирифта, баъди хатми факултаи таърих ва филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе (соли 1975, ҳоло До­нишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи С.Айнӣ) касби омӯзгориро меписандад ва то соли 1980 дар  зодгоҳаш Сағирдашт ба хонандагон аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дарс мегӯяд. Бояд гуфт, ки вай ҳам дар даврони донишҷӯйи ва ҳам солҳои дар мактаби миёна фаъолият доштан бештар таваҷҷӯҳашро ба мероси адабии ниёгон омӯзи­шу донистани сарчашмаҳои гаронмоя равона мекард. Ин муҳаббат ӯро соли 1980 ба даргоҳи Институти шарқ­шиносии АИ ҶШС Тоҷикистон овард. Солҳои 1980-1983 баробари лаборанти калон ва баъдан ходими хурди илмии шӯъбаи дастнависҳои шарқӣ будан аз мактаби илмии Амрияздони Алимардон ва муҳити илмии институт баҳраҳои судманд бардоштааст. Барои муҳаққиқи ҷавон мавзӯи «Фахрии Ҳиравӣ ва мақоми ӯ дар таърихи адабиёти форс-тоҷик» пешниҳод гардид ва натиҷаи он бо дифоъи рисолаи номзадӣ (2009) анҷом ёфт. Саидхоҷа Ализода солҳои 1983-1986 дар Ҷумҳурии Афғонистон ҳамчун мутарҷими забони дарӣ фаъолият намуда, дар баробари фаъолияти тарҷумонӣ бо маркази забон ва адабиёти дарии Академияи улуми Ҷумҳурии Афғонистон алоқаи наздики илмӣ барқарор мекунад. Ӯ бештари вақти холии худро  дар кори омӯзишу пажӯҳиши рӯзго­ру осори Фахрии Ҳиравӣ сарф намуда, дар ин боб маводҳои зиёдеро аз марказҳои илмии ин кишвар, хусусан Архиви миллии Афғонистон  дастрас намудааст.

Саидхоҷа Ализода бевосита бо адабиётшиносони шинохтаи ин марказ академик- Пуҳонд Ҷовид, Моили Ҳиравӣ, профессор Воҳидӣ, доктор Ноил ва дигарон аз наздик шинос шуда, аз мактаби илмии эшон низ баҳра бурдааст.

Маҳз  бо тавсияи Моили Ҳиравӣ дар бораи ду нусхаи нодири хаттии «Тӯҳфату-л-Ҳабиб»-и Фахрии Ҳиравӣ, ки дар замони худи муаллиф китобат шудаанд ва дар Архиви миллии Афғонистон маҳфузанд, дар конфронси панҷуми устодони Пуҳантуни (донишгоҳ) Кобул гузориши муфассали илмӣ доданд. Ин ду нусхаи нодир аз назари аҳли таҳқиқи Афғонистон дур монда буд. Ин гузориши илмӣ дар шакли мақолаи илмӣ дар маҷаллаи «Хуросон» ба табъ расид. 

Баъд аз бозгашт ба Тоҷикистон  солҳои 1986-1988 дар кафедраи фалсафаи АИ Тоҷикистон, муд­дате дар музейҳои  адабии Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдулло Рӯдакии АИ Тоҷикистон,  солҳои 1988-1991 дар шӯъбаи робитаҳои хориҷии Президиуми АИ Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Соли 1991 барои кор ба ҷамъияти «Пайванд» ба ҳайси мутахассиси дараҷаи аввал даъват карда шуд. Дар ташкил ва гузаронидани «Форуми аввали тоҷикони ҷаҳон» саҳми зиёде ба харҷ додааст. Дар давраи гузаронидани форум С. Ализода раисии идораи кумитаи тадорукотро дар меҳмонхонаи Тоҷикистон (штаби тадорукот) ба ӯҳда доштанд. Қабул ва ҷобаҷогузории меҳмонон ва бо васоили техникӣ таъмин намудани онҳо, буду бош ва ғизои онҳо, ба гурӯхҳҳо тақсим ва сафарбаркунии онҳо ба минтақаҳои гуногуни кишвар ба дӯши ӯ гузошта шуда буд. Дар сафари ба вилояти Суғд намудаи меҳмонони форум С. Ализода бо ҳамроҳии Раиси кумитаи тадорукот Ҳ. М. Саидмуродовро ҳамроҳӣ намуданд. Новобаста ба на онқадар хуб будани вазъи сиёсии кишвар тамоми меҳмонони даъватшуда аз ин гирдиҳамоӣ бо таассуроти хуб ба кишварҳои хеш баргаштанд.

Соли 1993 дар гузаронидани Форуми дуюми тоҷикони ҷаҳон» низ ӯ раҳбарии штаби кумитаи тадорукотро ба ӯҳда доштанд. Дар ин давра бо дастгирии Ҳукумати ҶТ меҳмонони зиёд даъват шуда буданд.

Соли 1994 дар якҷоягӣ бо «Ожонсии рушди инкишофи Осиёи Марказӣ» симпозиуми аввалини Тоҷикистон ва ШМА гузаронида шуд, дар кори ин симпозиум ва пазироии меҳмонон ва шинос намудани онҳо ба нуқтаҳои мухталифи кишвар низ С. Ализода дар ташкилоти хайриявии байналмилалии «Ожонсии рушди инкишофи Осиёи Мар­казӣ» кору фаъолият намудааст.

Бояд тазаккур дод, ки дар тамоми давраи фаъолити кориаш дар дигар муассисаву ташкилотҳо ҳамеша дар фаъолияти илмиву ҷамъиятии институт ширкат меварзид. Аз охири соли 2006 ин­ҷониб ходими калони илмии Шӯъбаи тавсифи дастна­висҳо ва таҳияи феҳристҳои институт фаъолият намуда, ҳамчунон мавсуф дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат низ аз фанни забони тоҷикӣ то соли 2015 дарс доданд.

Соли 2009 дар мавзӯи «Фахрии Ҳиравӣ ва мақоми эҷодиёти ӯ дар инкишофи адабиёти асри ХVI» рисолаи номзадии худро дифо намудааст.

Дилбастагии зиёди С. Ализода ба омӯзиши дастхатҳо ӯро пурра боз ба Ганҷинаи мероси хаттӣ овард. С. Ализода дар ин даргоҳ аз устодони бузурги нусхашиносу матншинос А. Афсаҳзод, А. Алимардонов, Ҷ. Додалишоев, З. Аҳрорӣ, А. Зуҳуриддинов ва дигарон тамоми нозукиҳои ин илмро омӯхта, беҳтарин маслиҳатҳоро низ аз эшон мегирифт.

Аз соли 2015 то соли 2016 ба сифати мудири маркази  матншиноси таҳия ва нашри осори хаттии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ кору фаъолият намуда, баъд аз таъсис ёфтани Маркази мероси хатти АИ ҶТ мудири шуъбаи нусхашиносӣ, тавсиф ва таҳияи мероси хаттӣ тайин мегардад.

Саидхоҷа Ализода дар давоми фаъолияти илмиаш беш аз 70 мақолаи илмӣ дар мавзӯҳои гуногуни таърихи адабиёти форсу тоҷик навишта ба чоп расонидааст. Мақолаҳои ӯ «Тазкираи «Равзату-с-салотин»-и Фахрӣ ва хусусиятҳои он (Душанбе, 1982), «Аҳамияти «Латоифнома» барои омӯхтани адабиёти асрҳои ХV-ХV1» (Душанбе, 1983), «Туҳфату-л ҳабиб и его рукописи» (Душанбе, 1987), «Арзиши адабии «Латоифнома»-и Фахрии Ҳиравӣ» (маҷ. «Хуросон»- Кобул, шумораи 19, 1363), «Тӯҳфатулҳабиб»-и Фахрии Ҳиравӣ» (маҷ. «Хуросон», шумораи 43, _Кобул, 1370/ 1991), «Фахрии Ҳиравӣ ва намунаи ғазалиёти ӯ» (Душанбе, 2006), «Бонувони суханвар дар тазкираи «Ҷа­­воҳиру-л-аҷоиб»-и Фахрии Ҳиравӣ» (Душанбе, 2007), «Рӯзгор ва осори Фахрии Ҳиравӣ»  (маҷ. «Маърифати омӯзгор», шумораи 7, 2007), «Тӯҳфатулҳабиб» ва маҷмӯаҳои шеърӣ дар адабиёти асрҳои миёнаи форсу тоҷик (Ахбори Академияи илмҳои ҶТ, 2007), «Радоифулашъорҳо аз нигоҳи академик Абдулғанӣ Мир­зоев» (Душанбе, 2008) «Ғояи шоҳи одилу раиятпарвар дар «Ҳафт кишвар»-и Фахрии Ҳиравӣ (Душанбе. 2008), «Фахри Хирави и его «Хафт кишвар» (Душанбе. 2009) ва ғайра аз он ҷумлаанд.