Сарояндаи ишқномаи куҳан

«А ва С», ба М. Сабурӣ

          Мавлоно Мактабии Шерозӣ аз ҷумлаи суханварони мумтози адабиёти форсии тоҷикии асрҳои XV-XVI ба ҳисоб рафта, навиштаҳояш, алалхусус, маснавии «Лайливу Маҷнун»-и ӯ, ба зудӣ аз ҷониби қаламкашону сухантарозони ҳамзамону баъдӣ, муҳаққиқини асрҳои XIX-XX-и ҷаҳон, сазовори баҳои сазовор гардидаанд.

         Аз ҷумла, донишмандони номие чун Ҳакимшоҳ Муҳаммади Қазвинӣ дар тарҷумаи форсии тоҷикии «Маҷолис-ун-нафойис»-и Алишери Навоӣ ба таъкид овардааст, ки «Мавлоно Мактабии Шерозӣ «Лайливу Маҷнун»-ро бағоят хубу зебо гуфтааст». Муаллифи «Туҳфаи Сомӣ» Соммирзои Сафавӣ достони номбурдаро «бағоят бачошниву ғамзудо» ҳисобидааст. Ризоқулихони Ҳидоят онро «басо некӯ»-ву Лутфалибеки Озар «машҳур» гуфтаву таърифу тавсифаш намудаанд. Забеҳуллоҳи Сафо Мактабии Шерозиро дар радифи муваффақтарин пайравони Ҳаким Низомии Ганҷавӣ дар «Лайливу Маҷнун»-нигорӣ ҳисобида, фармудааст: «Аз миёни муқаллидони бузурги вай (Низомии Ганҷавӣ) метавон Хоҷуву Ҷомиву Ҳотифиву Қосимиву Ваҳшиву Урфиву Мактабиву Файзи Файёзу Ашрафи Мароғиву Озари Бекдилиро ном бурд, ки ҳар як ҳама ё баъзе аз маснавиҳои ӯро тақлид кардаанд».

         Баъдан олимони варзидае чун Саъид Нафисӣ, Абдулҳусайни Навоӣ, Алиасғари Ҳикмат, Ваҳиди Дастгардӣ, Ҳусайни Маккӣ, Муҳаммадалии Табрезӣ, Рашид Ёсимӣ, Е.Э. Бертелс, Аълохон Афсаҳзод ва дигарон офаридаи мазкури Мактабии Шерозиро беҳин пайравии достони ҳамноми Низомии Ганҷавӣ, худашро аз ҷумлаи маъруфтарин «шуарои маснависаройи Эрон» (Саъид Нафисӣ) донистаанд.  Аз гуфтаи худи шоир,                 

 Ҳарчанд, ки Хусраву Низомӣ

Доранд ду хонаро тамомӣ,

Ман, к-ин ду намат ягона кардам,

Наққошии ин ду хона кардам.

Не-не, ки дар ин намат, ки дорам,

Наққош наям, сафедкорам!

 

    Мутаассифона, то авоили солҳои шастуми асри мозӣ, аёнтараш, то пайдойишу таҳкими Ховаршиносӣ дар кишварамон (таъсиси Шуъбаи Шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ, баъдан, дар ҳамин замина, – бунёди  Институти шарқшиносии АФ РСС Тоҷикистон таҳти сарварии академик А.М. Мирзоев), масъалаҳои марбути ҷараёни рӯзгору муҳтавои осори Мактабии Шерозӣ ҳам, монанди чандин сухангустарони маъруфи дигарамон, аз  дойираи назари муҳаққиқини тоҷик берун монда буданд.

     Хушбахтона, дар давоми солҳои 1966-1970 донишманди маъруфи тоҷик Аълохон Афсаҳзод (1935-1999) роҷеъ ба достони «Лайливу Маҷнун»-и Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ тадқиқоти муфассал анҷом дода, дар ҳамин замина, ҳамаи достонҳои дастраси дар ин мавзӯъ эъҷодкардаи суханварони пешину ҳамзамону пасини Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомиро аз нуқтаи назари таъсири тарафайн баррасӣ намудааст.

         Албатта, «Лайливу Маҷнун»-и Мактабии Шерозиро ҳам ба дойираи таҳқиқ оварда, дар хусуси он тадқиқоти мухтасари муфиде ба сомон расондааст. Аввал нусхаҳои маълуми хаттии маҳфуз дар хазинаҳои мероси хаттии Душанбеву Бокуву Ленинградро дар муқоиса бо нусахи чопияшон омӯхта, ба хулосае расидааст, ки ҳама пур аз ағлоту иштибоҳоти гуногун буда, бидуни омӯзиши танқидиву муқоясавии онҳо пешбурди таҳқиқи илмӣ дар ин мавзӯъ  ғайри имкон хоҳад буд.

         Бад-ин маънӣ, зарурате пеш омадааст, ки сараввал матни илмӣ-интиқодии «Лайливу Маҷнун»-и Мактабии Шерозӣ таҳийя карда, баъдан, дар асоси он, дойир ба масоъили дигари ҳаёту эҷодиёти шоир, пажӯҳише муфассалтар анҷом дода шавад.

         Барои расидан ба ҳадафи номбурда Шӯрои илмии Институти шарқшиносии АФ РСС Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки фарҷоми чунин амали хайреро бар уҳдаи аспиранти тозавуруди муассиса Ҷӯрабек Назрӣ ва роҳбари илмии ӯ Аълохон Афсаҳзод вогузор шавад.

         Олими ҷавону кӯшо Ҷӯрабек Назрӣ дар муддати кӯтоҳе нийяти хайри устодонашро ҷомаи амал пӯшонда, сараввал матни илмии интиқодии маснавиро дар савияи матлуби илмӣ муҳайё карда, баъдан ҷонибҳои мухталифи зиндагиву эҷодиёти Мактабиро мавриди баррасӣ қарор додааст ва соли 1974 дар мавзӯъи «Мактабии Шерозӣ ва достони ӯ «Лайливу Маҷнун» диссертатсияи номзадӣ дифоъ кардааст.

         Гунаи мухтасари пажӯҳиши мазкур соли 1983 дар қолаби рисолаи ҳамном (Душанбе, «Дониш»), баъдан, варианти муфассали он, дар Теҳрон (соли 1993) дар ихтиёри умум гузорида шудаанд.

         Тадқиқоти мазкур ҳам дар овони муҳокимаву ҳимоя, ҳам баъди нашрашон, аз ҷониби донишмандони маъруфи дохиливу хориҷии соҳа, монанди Абдулғанӣ Мирзоев, Баҳром Сирус, Иржи Бечка, Расул Ҳодизода, Камол Айнӣ, А.Е. Бертелс, Садрӣ Саъдиев, Аҳмад Абдуллоев, Саъдоншоҳ Имронов, Субҳон Амирқулов, Усмон Каримов, Зоҳир Аҳрорӣ, Абдуллоҷон Ғаффоров, Шарафнисо Пӯлодова, Амрияздон Алимардонов, Абӯбакр Зуҳуриддинов, Ҷобул Додалишоев, Саҳобиддин Сиддиқов, Асғар Ҷонфидо ва дигарон, сазовори баҳойи шойиста гардидаанд.

         Бо вуҷуди ҳамаи ин, аз сабаби камии шуморагони нашри рисолаву матни маснавӣ, чунин менамуд, ки тафсилоти рӯзгори адибу муҳтавойи осораш то ҳол, ба таври шояду бояд, ошнойи аҳли хонишу пажӯҳиши тоҷик намебошанд.

Аз ин рӯ, лозим омад, ки гунаи илмии оммавии рисолаву матни маснавӣ дигарбора чоп кардаву дар ихтиёри ҳамагон гузорида шаванд.    

Инак, дар рӯзҳои охирини умри шодравон Ҷӯрабек Назрӣ гунаи мукаммалу муфассали рисола – нашри дувуми таҳриру тасҳеҳёфтаи он, бо замимаи матни илмии оммавии «Лайливу Маҷнун», аз ҷониби Муассисаи нашриявии «Дониш» интишор дода шуд, ки «Мактабии Шерозӣ» – сарояндаи ишқномаи куҳан» ном дорад.

Дар шиносномаи нашриёт омадааст, ки «рисола («Мактабии Шерозӣ – сарояндаи ишқномаи куҳан» – А.Р.) ба таҳқиқи паҳлӯҳои гуногуни ҳаёту фаъолияти эҷодии шоири маъруфи тоҷик Мактабии Шерозӣ бахшида шудааст. Дар он масъалаҳое чун дараҷаи омӯхта шудани Мактабӣ ва достони ӯ «Лайлӣ ва Маҷнун», ҷараёни ҳаёт, мероси адабии шоир, вижагиҳо ва муносиботи достони Мактабӣ бо маснавиҳои ҳамноми Низомию Хусрав ва ғ. мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Ҳамзамон, матни илмии оммавии достони “Лайлӣ ва Маҷнун”-и Мактабӣ ба рисола илова гардидааст, то мустафидони гиромӣ шинохти бештаре бо шоиру навиштаи ӯ дошта бошанд.

Китоб барои адабиётшиносон, муаллимони мактабҳои оливу миёна ва ҳамаи ҳаводорони адабиёти классикии форсии тоҷикӣ пешкаш мешавад».

Алҳақ, рисоларо варақгардон бикунӣ, дурустии шарҳи боло бармало мешавад. Муҳаққиқ дар оғози рисола, ки «Дараҷаи омӯхта шудани ҳаёти Мактабии Шерозӣ ва достони ӯ «Лайлӣ ва Маҷнун» унвон дорад, ба таъкид овардааст, ки «Мактабии Шерозӣ аз шоирони намоёни адабиёти нимаи дуюми асри XV ва ибтидои асри XVІ форсу тоҷик буда, аз худ мероси ҳаҷман хурд, вале ҷолиби диққате боқӣ гузоштааст.

Асаре, ки номи Мактабии Шерозиро дар қатори дигар устодони каломи бадеъ машҳур гардонидааст, манзумаи ишқии «Лайлӣ ва Маҷнун» аст, ки соли 895 ҳиҷрӣ (1490 милодӣ) иншо шудааст.

Дар хусуси ном, таърихи таваллуд ва зиндагонии Мактабӣ қариб маълумоти равшане вуҷуд надорад. Вале дар хусуси мақом ва шуҳрати чандинасраи достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-и шоир аз сарчашмаҳои адабию таърихӣ ва асарҳои тадқиқотии гурӯҳе аз адабиётшиносони Шарқу Ғарб маълумот пайдо кардан мумкин аст».

Тибқи суннату одати рисоланигории даврони шӯравӣ, муаллиф баъди даромадсуханони мазкур аз пайи амалидошти ҳадафи пешниҳодаи худ шуда, дар мавриди таҳқиқу таъйини ҷараёни рӯзгору муҳтавойи осори шоир («Боби якум. Ҳаёт ва мероси адабии Мактабӣ») ба ду навъи сарчашмаҳо (маъхаз) иттико варзиданашро чунин ба қалам овардааст:

«Маъхази аввалину асосие, ки дар ҳалли баъзе тарафҳои норавшани ҳаёти Мактабӣ мадад мерасонад, мероси адабии худи шоир буда, сарчашмаи дигар ахбороти муаллифони тазкираву китобҳои адабӣ – таърихистанд, ки аз асри XVІ инҷониб ба майдон омадаанд».

Аз ошнойи бо давоми навиштаҳои олим бармеояд, ки бар аҳди худ устувор монда, дар заминаи маълумоти сарчашмаҳои дастраси мутааддида, нигоштаҳои тазкиранигорону таърихноманависон, таҳқиқоти донишмандони замони нав ва қиёсу баррасиҳои барбунёди илмӣ, бори аввал дар адабиётшиносии ватанӣ, тавонистааст ошкор созад, ки «Номи пурраи шоир маълум нест. Дар тамоми сарчашмаҳо ӯро бо тахаллуси адабии «Мактабӣ» ёдовар шудаанд. «Мактабӣ» тахаллус гирифтани шоир ба касби асосии ӯ – мактабдорӣ алоқаманд аст. Аз ҷумла, Соммирзои Сафавӣ «санъаташ аз тахаллусаш маълум», Муҳаммад Алии Табрезӣ «дар Шероз шуғли мактабдорӣ ва омӯзгории атфол дошта, худро ба «Мактабӣ» тахаллус менамуда», Абдулҳусайни Навоӣ «мактабдор буд ва тахаллуси худро аз ин шуғли хеш гирифта» гуфтааст.

Азбаски «дар асри XV ва пеш аз он ба одамони машҳури илм ва адаб илова ба исм, лақаб ва тахаллус дода шудани унвони фахрӣ-эҳтиромӣ низ хеле ривоҷ дошт, Мактабиро бо унвони «Мавлоно Мактабӣ» ва, баъзан, «Мулло Мактабӣ» ном мебаранд. Ба ибораи боло номи зодгоҳи шоир, ки Шероз буд, ҳамроҳ гашта, дар сарчашма ва мақолаҳои муҳаққиқон ба тарзи «Мавлоно Мактабии Шерозӣ» оварда мешавад».

       Дар боби дувуми рисола, ки «Достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Мактабӣ» номида шудааст, муҳаққиқ изҳор доштааст, ки «Қиссаи шӯрангези «Лайлӣ ва Маҷнун» яке аз мавзӯъҳои машҳури адабиёти даҳонӣ ва хаттии халқҳои Машриқзамин ба шумор меравад. Ин қисса аслан мабдаи арабӣ дошта, дар гузаштаи дур, дар натиҷаи доду гирифт, муносибатҳои иқтисодӣ, маданӣ ва адабӣ аз фолклор ва адабиёти араб ба фолклор ва адабиёти форсизабонон роҳ ёфта, дар забони форсии-тоҷикӣ дар муддати асрҳо ба дараҷаи такомули худ расид.

Дар таърихи адабиёти зиёда аз ҳазорсолаи форсии тоҷикӣ, махсусан, баъди асари панҷгона – «Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ ва Амир Хусрави Деҳлавӣ шоире кам ёфт мешавад, ки лаҳзаҳои муҳим ва ҷудогонаи муҳаббати поку самимии Лай­ливу Маҷнуни нокомро ёд накарда бошад.

Мактабии Шерозӣ низ аз ҷумлаи ҳамин шоиронест, ки ба равиши достонҳои ҳамному ҳаммонанди Низомии Ганҷавӣ ва Амир Хусрави Деҳлавӣ асаре таълиф намудааст.

Достони «Лайлӣ ва Маҷнун» дар вазни ҳазаҷи муқаддаси ахраби мақбузи маҳзуф (форсӣ) бо матлаи:

 

Ай бар аҳадийятат зи оғоз

Халқи азалу абад ҳамовоз...

 

  • V/V V /V – –
  • V/V V /V – –

 

  оғоз шуда, соли 895 ҳиҷрӣ (1490 мелодӣ – А.Р.), ба анҷом расидааст.
         Дар бораи соли навишта шудани маснавӣ дар адабиётшиносӣ фикрҳои мухталиф вуҷуд доранд. Аз ҷумла, Алиасғари Ҳикмат қайд мекунад, ки Мактабӣ достони худро баъди бист соли таълиф ёфтани достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ, яъне дар соли 909 ҳиҷрӣ (1503 – 1504 милодӣ) навиштааст. Чунин иштибоҳ дар феҳристи Ибни Юсуфи Шерозӣ низ роҳ ёфтааст. Ӯ соли таълифи асарро 886 ҳиҷрӣ (1481 милодӣ) нишон медиҳад. Алиакбари Деҳхудо дар «Луғатнома» ақидаи нодурусти Ибни Юсуфи Шерозиро пайравӣ мекунад.
Агар мо ишораи зерини худи шоирро ба назар гирем, масъала ранги дигар мегирад:

 

                            Чун Мактабӣ ин китоб бикшуд,

Таърих «китоби Мактабӣ» буд.

 

Ибораи «کتاب مکتبئ» бо ҳисоби абҷад ба соли 895 ҳиҷрӣ (1490 милодӣ) рост меояд.

Достон аз 46 фасл ва, ба қавли худи шоир, аз 2160 байт иборат буда, дар «хиттаи Форс» ба риштаи назм кашида шудааст:

 

Абёт, ки дар ҳисоб пайваст,

Омад ду ҳазору яксаду шаст.

Ин ганҷи гуҳар, ки гашт пайдо,

Аз хиттаи Форс шуд ҳувайдо».

 

         Баъдан ӯ мазмуну муҳтавои тамоми 46 фасли «Лайливу Маҷнун»-и Мактабиро ба маърази пажӯҳишу баррасӣ даркашида, кӣ будани Лайливу Маҷнунашро аз нигоҳи сарояндаи маснавӣ собит ва мақсаду ҳадафи шоирро дар офаридаи ӯ равшан сохтааст. Аз нигоҳи ӯ, шеъри ҳақиқӣ он будааст, ки «чун бихонӣ, аз ҷот рабояд аз равонӣ»!

       Боби савуми рисола («Муносибати достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Мактабӣ бо асарҳои ҳамноми Низомӣ ва Амир Хусрав»), чунон ки аз унвонаш ҳувайдост, ба таҳқиқи қиёсии маснавиҳои ҳамноми се достонсаройи маъруф, алалхусус, образҳои асосиашон, ихтисос ёфта, дар бадали омӯзишу баррасиҳои муқоисавӣ ба хулосае расидааст, ки «Мактабӣ дар офаридани «Лайлӣ ва Маҷнун» асарҳои ҳамноми Низомӣ ва Хусравро сармашқи худ кардааст, вале ба маснавии «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Ҷомӣ ишорае ҳам намекунад. Зоҳиран, Алиасғари Ҳикмат дуруст қайд мекунад, ки «Он нусха – «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Ҷомӣ – ба воситаи қурби аҳд ҳанӯз интишори тамом наёфта ё ин ки вайро (Мактабиро – А.Р.) бар он вуқуфе набудааст».

     Дар байни достонҳои ҳамноми Низомӣ, Амир Хусрав ва Мактабӣ, сарфи назар аз мустақил будани ҳар як, умумияте ҳаст, ки он ҳам дар шакл, ҳам дар мавзӯъ ва ҳам дар тартиби баёни воқеаҳо зоҳир мегардад. Мактабӣ «ҳар­чи ки дар Низомӣ дида, ба лутфи баён ва ширинии калом ва ташбеҳоти содда, вале амиқ аз нав баён намудааст» – гуфтани Алиасғари Ҳикмат низ аз ҳамин ҷо cap мезанад.

Бо вуҷуди ин умумият, ӯро ҳикоётест, ки дар ду маснавии пешин мушоҳида намегардад».

      Ҳамин тариқ, умумияту фарқияту вижагиҳои мазмуниву сохтории маснавиҳои мавриди назарро батафсил аёну баён намуда, аз муваффақтарин пайравони сабки «Лайливу Маҷнун» – сароёни  бузурге чун Низомии Ганҷавию Амир Хусрав буда, «дар лавҳи саргузаштҳои аламангез ва зиддиятноки қаҳрамонони асар, аз як тараф, аз нуқтаи назари ҷаҳонбинии идеалистӣ баромад кунад, аз тарафи дигар, ғояҳои инсондӯстӣ ва халқпарварии худро баён намудааст».

Дар боби чаҳорум («Баъзе хусусиятҳои ғоявӣ – бадеъии достони Мактабӣ»), боз ҳам дар заминаи таҳқиқи қиёсии сабки нигориши се достони ҳамном, хусусиёти вижаи ғоявию бадеъии «Лайливу Маҷнун» ва навовариву тозакориҳои Мактабӣ дар эҷоди ишқномаи мавсуф амиқу дақиқназарона зикру ҳувайдо гардидаанд.

Аз нигоҳи муҳаққиқ, «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Мавлоно Мактабии Шерозӣ дар сабку равиши достонҳои ҳамноми ду устоди забардасти пешин навишта шуда бошад ҳам, эҷодкории дар услуби адабӣ-бадеӣ пешгирифтаи шоир аён аст.

«Лайлӣ ва Маҷнун»-и Мавлоно Мактабии Шерозӣ чун достонҳои ҳамноми ду устоди забардасти пешин навишта шуда бошад ҳам, эҷодкории дар услуби адабӣ-бадеӣ  пешгирифтаи шоир намоён аст.

Пеш аз ҳама, қайд кардан зарур аст, ки «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Мавлоно Мактабӣ нисбат ба достонҳои ҳамрадифи Низомӣ ва Хусрав ҳаҷман хурд аст. Вале ӯ тавонистааст дар мавзӯи пешгирифтаи он ду шоир бо ихтирооти зиёде асари пурраву комиле офарад, ки мақбулу маҳбуби дӯстдорони назм гардад.

     Ба маҳорат, камолот ва қувваи шоирии Мактабӣ, чунон ки дар фаслҳои пеш ишорат рафт, ҳанӯз тазкиранависон баҳои муносиб дода, дар хусуси «фазилат» ва «табъи хуш»-и шоир изҳори ақида намудаанд. Яке аз ҷиҳатҳои ба на­зар намоёни маҳсули адабии Мактабӣ дар он аст, ки беҳтарин анъанаҳои классикони адабиёти форсу тоҷикро идома дода, хусусиятҳои барҷастатарини эҷодиёти онҳоро дар нафосату салосат, соддагии забон, ширинии калом ва тарзи баёни маъонӣ дар достони худ нигоҳ доштааст».

Дар фарҷоми рисола («Хулоса») муҳаққиқ аслу ҷавҳари пажӯҳишу бинишу андешаҳояшро фароҳам оварда, асосу далелмандона тазаккур додааст, ки «Асари мазкур («Лайливу Маҷнун»-и Мактабӣ – А.Р.) дар пайравии достонҳои «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Ҳаким Низомӣ ва Амир Хусрав суруда шудааст. Аз ин рӯ, дар байни ин се достон дар мазмун, дар шакл ва дар тарзи баёни маъонӣ умумиятҳо ба амал пайваста бошанд ҳам, ин достон дар асл, чӣ аз ҷиҳати ҳалли мавзӯъ ва чӣ аз ҷиҳати характери каҳрамонони асар ва як қатор хусусиятҳои услуби бадеӣ мустақил ба шумор меравад.

Достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Мактабӣ ғояҳои пешқадами замона – аҳду вафо, сидқу сафо ва дӯстиву рафоқатро тараннум намуда, хислатҳои разилонаи аҳли ҷоҳу сарват, аз қабили зулму истибдод, ҷангу ҷидол, бухлу ҳасад ва побасти расму ойини зарарноки қабилавӣ буданро сахт мазаммат кардааст».

Матни илмии омавии маснавӣ, ки дар рисола замимавор (саҳ. 116-153) омадааст, гувоҳ аст, ки Мавлоно Мактабии Шерозӣ барои офаридани он («аз баҳри сухан гуҳар баровардан в-аз дудаи дида хат нигоштанд»!) ранҷу заҳмати фаровоне кашидааст, то мақбулу маҳбуби ҳамагон бигардад:

Ҳар нукта зи килки ман, ки ҷаста,

Хуни ҷигарест нофабаста!

 

   Шодравон Ҷӯрабек Назрӣ ҳам, бидуни шубҳа, дар роҳи таҳқиқу пешниҳоди умум гардонидани натиҷаҳои таҳқиқоти ҷолиби худу матни интиқодӣ ва илмӣ – оммавии «Лайливу Маҷнун»-и Мактабӣ саъю талоши лозим варзида, ёдгоре сазовору шоиста боқӣ гузоштааст, ки номашро зинда нигаҳ хоҳад дошт.

 

                                                                              Асрори

                                                                               Раҳмонфар,

ходими калони илмии

Маркази мероси хаттии

назди Раёсати АМИТ