ДЕВОНИ ҒАЗАЛЛИЁТИ ИЗЗАТШОҲИ ДАРВОЗӢ

 

              ДЕВОНИ ҒАЗАЛЛИЁТИ ИЗЗАТШОҲИ ДАРВОЗӢ

Дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон “Девони ғазаллиёт”-и Иззатшоҳи Дарвозӣ дар таҳиву тадвин ва шарҳи луғоту пешгуфтори муфассал, ки аз ҷониби ходими пешбари илмии Маркази мероси хаттии АМИТ анҷом дода шуда буд, ба табъ расида, дастраси ҳаводорони адабиёти классики тоҷикӣ – форсӣ мегардад.

 

         

 

ИЗАТШОҲИ ДАРВОЗӢ ВА ДЕВОНИ ҒАЗАЛЛИЁТИ Ӯ

 

Дарвоз яке аз ноҳияи кӯҳии имрӯзаи Тоҷикистон буда, дорои таърихи куҳан мебошад. Профессор Худоӣ Шарифов дар мақолаи худ “Адабиёти Дарвоз”, навиштааст, ки “Маҳдудаи ҷуғрофӣ ва таърихӣ боиси ба вуҷуд омадани як муҳити таърихии иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бо нишонҳои хоси худ аз лиҳози мардумшиносӣ (этнографӣ) забонӣ ва адабӣ шудааст. Шоҳони Дарвоз, ки дар ҳудуди 400 сол соҳиби ин давлат буданд ва ба ҳамсояҳои дури худ раду бадали муносибатҳо менамуданд”.(Х. Шарифов “Сездаҳ мақола”, Душанбе – 2013).

Ин буд, ки дар замони ҳукумронии сулолаи шоҳони Дарвоз дар ин минтақаи кӯҳии тоҷикнишин як доираи адабии мукаммале арзи вуҷуд кард ва дар он шоирон ва котибону хатоттони зиёде тарбия гирифта ба воя расидааанд. Доираи адабии Дарвоз ба ду давра тақсим мешавад. Давраи аввал давраи ҳукумронии шоҳон Дарвоз ва давраи дувум замони ҳукумронии мирони манғитӣ мебошад. Дар ҳар ду давра ин доираи адабӣ, то замони Инқилоби Бухоро пароканда нашуд. Дар сарчашмаҳои таърихиву адабӣ бештар аз сад шоир ёд оварда шудааст, ки дар Дарвоз тарбия ёфта ба камол расидаанд. Бештари онҳо соҳибдевон будаанд ва аҳли адаби Бухорову Хуқанд ва Афғонистон ба осори адабии эшон ошноӣ доштанд.

Яке аз шоирони Дарвоз, ки дар охири асри XIX ва аввалҳои асри XX дар Дарвоз умр ба сар бурдааст, Иззатшоҳи Дарвозӣ мебошад.

Иззат тахаллуси адабии Мирзо Иззатшоҳ бинни Мазҳабшоҳи Дарвозӣ мебошад. Ӯ соли 1320ҳ./1864 м. дар Қалъаихумб

 таваллуд шудааст. Назар ба маълумоти профессор Худоӣ Шарифов, “Бобои Иззатшоҳ ба унвони Пашанг ба мақоми сарлашкарони шоҳ Исмоилхон (замони ҳукуматаш 1852–1859) расида буд. Ин Пашанг дар ҷавонӣ лақаби Фурноқ дошт ва аз деҳаи Моймай ба хидмати шоҳони Дарвоз расида ва маскуни Қалъаихумб шудааст”[1]. Падараш Мазҳабшоҳ барои тарбияи писараш талоши зиёд намудааст. Иззатшоҳ дар мадарасаи динии Қалъаихум таҳсил намуда, тамоми улуми замонашро дар Дарвоз аз уламо ва удабои он ҷо аз бар мекунад.

Иззатшоҳ баъдан ба хотири идомаи таҳсил аз Дарвоз ба Бухоро сафар мекунад. Қабл аз ба Бухоро расидан дар Шаҳрисабз маснавие менависад ва ба амир Абдулаҳад тақдим мекунад. Ҳамин мулоқот бо амир Абдулаҳад сабаб мегардад, ки Иззатшоҳ дар Бухоро соҳиби мақому манзалат мегардад.

 

Бандаи Дарвозаму мавлуди ман гардида Хум,

Кист аз Хум мисли ман ин гуна ашъор оварад.

 

Ҳамдиёри шоир Мирзобарот Забирзода дар мақолаи худ, ки дар маҷаллаи “Шарқи Сурх”[2] навишта буд, ки Иззатшо барои сабзиш шароити мусоид дошт. Гирифтории зиёд ба масҷиду минбар надошт, кору бори рӯзгор ва таъмини маишат бар дӯши ҳафт тан бародараш буд ва ӯ вақти худро сарфи шеъру шоирӣ мекард. Иззатшоҳ ба мардуми шеършинос, мусиқачӣ ва сарояндаофиз) доимо ҳамнишинӣ мекард. Хонаи ӯ ҷойи ҷамъомади аҳли адабу ҳунар буд. Сарояндаи номдори Тоҷикистон Шариф Ҷӯраев аз шогирдони Иззат буд. Ба қавли Мирзобарот Забирзода, Иззат ба Мирзоғуломи қонуннавоз барои ба Шарифи ҷавон мақомеро ёд доданаш хилъат бахшидааст ва худи Забирзода шоҳиди ҳол будааст. Ба гуфтаи Шариф Ҷӯраев Иззатшоҳ баъди шом чойники чой дар пеш ва гӯрбае дар паҳлӯ дар рӯшноии шамъ ба навиштан машғул мешуд ва субҳ ба Шариф ғазале, чорбайте ё пораи шеър медод.[3] Дар Тоҷикитони имрӯз ҳам суруде машҳур аст бо номи Қалъабандӣ, ки абёти он аз тағаззули қасидаи Мирзо Бедил мунтахаб шудаанд ва байти матлаи он шеър ин аст:

 

Ай ҳузури мақдамат дар зиндагӣ бурҳони ман,

Мурда будам зиндаам кардӣ, биё, ай ҷони ман.

 

Мегӯянд, ки интихоби ин шеър, шояд танзими оҳанг ҳам ҳосили завқу ранҷи Иззатшоҳ будааст[4].

Иззатшоҳро тазкиранависони асри XIX Афзали Пирмастӣ ва Неъматуллоҳи Мӯҳтарам яке аз мирохӯрон ва навкарони амири Бухоро гуфтаанд, ки дар Қалъаихум зисту зиндагӣ карда, ҳар сол ба назди амир мерафтааст. Ӯро марди шеършинос, таърихшинос, хуштабъу хушзеҳн тавсиф мекунанд. Ашъораш хело рангин ва болосифат менамояд. Девони ашъорашро дучор нашудем, аммо дар баёзу ҷунгҳо шеърҳои шоир хело зиёд дида мешаванд. Муаллифони китоби «Таърихи адабиёти Афғонистон» чунин қайд мекунанд, ки «Иззат шоири соҳибдевон аст» ва як нусхаи девонаш дар китобхонаи марҳум Шоҳабдуллоҳи Бадахшӣ мавҷуд будааст.

Соли вафоти шоир маълум нашуд. Вале мувофиқи маълумоти тазкираи Афзал Махдуми Пирмастӣ то соли 1336/1917-1918, ки соли таълифи тазкира аст, Иззатшоҳ дар қайди ҳаёт будааст. Аз рӯйи тахмин Иззатшоҳ дар мусиқӣ ва ҳофизӣ низ даст доштааст. Зеро Ҳофизи халқии Точикистон Акашариф Ҷӯраев ӯро устод ва мураббии худ медонист. Ғазалҳои мутаадади Иззат шоҳиди ҳоли хуштабъӣ ва ширинкаломии ӯ мебошанд.

Аҳмад Наҷиби Байзоӣ дар китоби худ «Суханварони Дарвозӣ» менависад: «Тавре ки маълум аст ва асноди мавҷуд хокӣ аз он аст, вай дорои девони ашъор мебошад, ки муштамил аст бар ғазалу мухаммас, маснавӣ ва рубоӣ». Байзоӣ дар имтидоди назари худ дар бораи девони Иззатшоҳ қайд кардааст, ки «Нависандаи ҷавон ва боистеъдод Абдулатиф Пидром дар мақолаи хеш дар мавриди девони Иззат чунин нигоштааст: «Девони Иззатшоҳ ибни Мазҳабшоҳи Дарвозӣ аз мавзеъи Қалъаихум дар коғази самарқандӣ бо ду ҳазору шашсаду панҷоҳ мисраъ ба шакли моил навишта шудааст, ки як нақли он ба хат ва китобати Иззат ҳанӯз дар китобхонаи Ҳоҷӣ Баҳодури Дарвозӣ мавҷуд аст. Биноан бузургтарин девони Иззат, девони дусаду ҳаштоду ду саҳифаии ӯ мебошад, ки мероси маънавии арҷманде мебошад».

Дар бораи вафоти Иззатшоҳи Дарвозӣ Шоҳабдуллоҳи Бадахшӣ дар тазкираи «Армуғони Бадахшон» чунин навиштааст: «Назар ба нигориши фозили муосир Авлиёҳусейн Мағмуми Дарвозӣ, Мирзо Иззатшоҳ мавсуф ба умри панҷоҳу ҳафтсолагӣ дар санаи 1337 ҳиҷрӣ қамарӣ (баробар ба соли 1918 мелодӣ ) дар ҳоле, ки падару модараш ҳаёт доштанд, вафот ёфта дар Дарвоз мадфун шудааст» [5].

Дар бораи он ки шоир дар ватанаш чи тарз зиндагӣ намудааст, аз осори бозмондааш дарк кардан мумкин аст. Мазмуни аксари шеърҳои шоир характери ҳасбуҳолӣ дошта, аз рӯзгори сипаринамудаи шоир ҳикоят мекунанд.

Нусхаи китобхонаи шахсии С. Мерганов нусхаи аввал ва нусхаи Афғонистон нусхаи дуюм мебошад. Гарчанде ки муаллиф дар варақи аввал девон навишта бошад ҳам, аз рӯйи тартиб додани девон ба девон пурра ҷавобгӯ нест. Шоир ашъори худро ба тартиби вақту замони зиндагияш, ҳангоми дар сафар буданаш навиштааст. Аз ин рӯ, дар девон тартиби пайиҳам овардани ғазал, мухаммас, маснавӣ ва наътҳо риоя нашудааст. Бештар шакли китоб назар ба ташхиси устод Х. Шарифов муфрадотро мемонад.

Нусхаи мазкур аз варақи аввал шуруъ мешавад. Дастнавис аз 142 варақ (284 саҳифа) бо андозаи 13Х20 иборат буда, дар васати дастнавис варақҳои 61 то 66 андозаи 13Х17 мебошанд. Шеърҳо дар ҳар як саҳифа дар ду сутун ба шакли моил ба каҷӣ (маъмулан тамоми баёзҳо ба ин шакл навишта шудаанд. С. А.), ҳар саҳифае 20 сатрӣ навишта шудаанд. Матни варақҳои 61-64 8 сатрӣ дар ду сутун навишта шудааст.

Дастнавис аз варақи 1 то 67 ва аз варақи 72 то 118 дар қоғази сохти самарқандии нафиси абрешимӣ, ки моил ба зардӣ дорад навишта шудааст. Варақҳои 68, 69, 70, 71 дар қоғази нафиси сохти самарқандии рангаш зарди тиратар навишта шудаанд. Варақҳои 140-142 дар қоғази фабрикии дорои хатҳои васеъ навишта шудааст. Аз ин тарзи сохт ва ҳаҷми варақҳои дастнавис маълум мегардад, ки Иззатшоҳ девонашро дар давоми солҳои мутамодӣ оҳиста-оҳиста ҷамъ намудааст. Қисми аввали девонашро дар Шаҳрисабзу Бухоро таълиф намудааст. Девон ҳамеша ҳамроҳи шоир будааст.

Барои мураттабӣ ва пайдарҳамии ғазалу мухамммасҳо ва саҳифабандӣ дар зери ҳар як саҳифа калимаи аввали матни саҳифаи баъдӣ навишта шудааст. Масалан агар дар варақи 39б дар зери матн калимаи «соқӣ» навишта шуда бошад, дар аввали варақи 49а ғазале навишта шудааст, ки матлааш бо калимаи «соқӣ» шуруъ мешавад:

 

Соқӣ ту ҷоми бодаро пур кун, ки дил ёбад сафо,

Зудтар расонад хешро, кундар сабили муддао.

 

Тамоми матни девон ба ҳамин тартиб навишта шудааст. Чун Иззатшоҳи Дарвозӣ ҳунари хаттотиро дар Дарвоз омӯхта буд, девонашро бо хатти зебои хонои настаълиқ навиштааст. Дар вақтҳои ба шоир муносиб, муаллиф худаш таҳрир намуда, дар ҳавошӣ ва дохили матн иловаҳо низ ворид кардааст. Баъд аз хондани дубора бо ранги дигар калима, ибора ва ҳатто мисраъро низ иваз намудааст. Калимаи пешин хат зада шуда, шакли дурусти он илова карда шудааст. Дар ҳавошии дастнавис баъзан иловаҳо низ ба назар мерасад, ки ба хатти муаллиф монандӣ надоранд. Масалан дар варақи 8а дар ҳошия ин байт навишта шудааст:

 

Ин сухан поён надорад, эй ҷавон,

Шеъри Иззат бенамак шуд назди ом.

 

муаллифи ин байт маълум нест. Як байти дигар низ навишта шудааст, аммо аз сабаби он ки дастнавис қисман нам кашидааст, хонда нашуд. Дар варақи 12б иловаи дигаре дар матни девон ба назар мерасад, ки он бо қалами одӣ бо хати настаълиқи хело дағал ва пурхато навишта шудааст. Ин навиштаҷот ба шоир ва ашъори ӯ рабте надорад.

Дар баъзе авроқи дастнавис иловаҳои шахси дуюм низ ба назар мерасад, ки бо хати настаълиқ дар байни матни девон навиштааст. Дар варақи 20а ва варақи 40б дар ҳошия ва дар байни сутунҳои шеърӣ байтҳои зерин навишта шудаанд:

 

Дили бемори маро ҳар ки гирифтори ту кард,

Тоқати зории дил нест дигар баҳри Худо.

***

То кай ба дарат ояму дидор набинам,

Сад бор туро ҷӯяму як бор набинам. (Аз Ҳилолӣ).

***

Иззат ба шодӣ кун зиндагонӣ,

Хок аст охир анҷоми одам.

 

Дар варақи 141б бо дастхати худи муаллиф дар бораи хосияти шифобахшии мурч, дастури таҳияи адвия аз ин растанӣ навишта шудааст.

Дар зери ҳамин матни тиббӣ дастхати нафари сеюм ба назар мерасад, ки чунин навиштааст: «Ин дастхати Мирзо Иззатшоҳи муддати баъид аст, ки аз мероси бобогӣ дар даст дорам. Таърих 1337, 19 қавс.»

Дар варақи 74б байти:

 

Ҳар гӯш, ки ин шеър чу масҷуъ намояд,

Ин рамзи ман аз шуъла надонад зи надим аст.

 

оварда шудааст. Дар варақи 75 байти «Дар маҳфил агар минову соғар шуд зи май мамлу» ба ивази байти «Дар ин маҳфил бувад минову соғар чун зи май мамлу» навишта шудааст.

    Иловаҳои вориднамудаи муаллиф ба дастхати худаш дастнависро коста намегардонад, балки қиммати оригиналии онро бало мебарад ва нусхаи асл будани онро тасдиқ мекунад. Иззатшоҳи Дарвозӣ ҳангоми мутолиаи дувумбораи ашъораш тамоми хатогиҳои худро бо ранги обӣ равшану хоно ислоҳ намудааст. Масалан дар варақи 2а ба ивази ибораи «Эй аҳаде рузӣ» -«эй аҳади рӯзӣ» ислоҳ кардааст. Дар варақи 3а ба ивази мисраи «Баъд зи Форуқ зи Нурин тоҷ»Баъд зи Форуқу зи Нурайн тоҷ» -ро иваз кардааст, ки ин ба вазн ва қофияи шеър мувофиқ мебошад. Дар варақҳои 15б «чун» ба «ҳам» , 16а – «чун» ба «худ» бо ранги осмонӣ иваз карда шудаанд. Дар варақи 22б –мисраи дуюми банди сеюми мухаммас, ки дар асл чунин навишта шудааст: «Маҷмаи халқи ҷаҳон доранд сар савдои ту» чунин ислоҳ карда шудааст: «Маҷмаи халқи ҷаҳон сар дода дар савдои ту», дар варақи 26а мисраи аввали мухаммас: «Эй дилам, бодо фидоят андалеби ҷони ман», ба ин тарз: «Дилбарам бодо фидоят андалеби ҷони ман» иваз карда шудааст.

      Дар варақҳои 27- «чун» ба «ман»; в. 42а– «чун» ба «гар»; 42б «чун» ба «он»; в. 43а – «чун» ба «он»; 43б – «чун» ба «дур»; в. 64а «дорам асо дорам…» ба «худро асо дорам…»; в. 70а-«чун» ба «гар».

     Дар варақи 75а мисраи «Дар ин маҳфил агар минову соғар шуд зи май мамлу…» ба ивази мисраи «Дар ин маҳфил бувад минову соғар чун зи май мамлу…» бо ранги обии хоно навишта шудааст. Дар варақи 47б як байти пурра ба ғазал илова карда шудааст. Байт ин аст:

«Ҳар гӯш, ки ашъори маро самъ намояд,

Гар рамзи ман аз сифла надонад, ки надим аст».

Дар варақи 77а- мисраи «Гуфтам занам машшота бар зулфи пуршиканаш» ба ивази мисраи «Гуфтам, қадди сарви машшота чу қудрат»(?); дар варақи 35а- мисраи «Даст каш аз қайди ушшоқон ту, эй симзақан…» ба ивази мисраи «Даст каш аз қайди ушшоқон дод чун забун»(?); дар в. 95б- мисраи «В-аз килк, чу қудрат биканад нақши бадоеъ» ба ивази мисраи «В-аз килк яде қудрати ӯ тафсири бадоеъ»(?); в. 121б- мисраи «Тавсани фикрат кунун маҳмез дар майдон кун», ба ивази мисраи «Тавсанан чун фикрро маҳмез дар майдон кун»(?) ; в.129б – мисраи «Сар фурӯ дар ҷайб фикрат пой дар домон кун» ба ивази мисраи «Сар ба ҷайб чун тафаккур пой бар домон кун»; в. 137а мисраи «Муддате шуд з-он табиби ҳозиқи исинафас» ба ивази мисраи «Хизр мақдам з-он табиби ҳозиқи исинафас».

Чунин иловаҳо ва ислоҳот дар матни девон зиёд ба назар мерасад. Ҳангоми мутолиаи девон дар матн баъзе нуқсонҳои на чандон ҷиддӣ низ ҷой дорад. Масалан, дар в. 104а мисраи «Ҷун донад хоки чун вайронаро мушки Хутан», вожаи «чун» ба вазни шеър мувофиқат намекунад. Ҳангоми таҳрир шояд аз чашми шоир дур монда бошад, агар вожаи «чун» ба «ҷуғз» иваз карда шавад, матн саҳеҳтар аст: «Чуғз донад хоки ҳар вайронаро мушки Хутан» ва ғ.

Муқоваи дастнавис аз қоғази ғафси фабрикӣ сохта шудааст. Мӯҳр ва унвон надорад. Номи саҳҳоф ё мӯҳри саҳҳоф гузошта нашудааст. Аз рӯйи тарзи ҷилдбандӣ маълум мегардад, ки ин амалро шахси ғайри маслакӣ на саҳҳоф анҷом додааст. Гарчаде, ки ҷузъбандӣ шуда бошад ҳам, ба сабаби он ки аз ресмонҳои махсус барои ҷузъбандӣ истифода нашудааст бо мурури замон ресмонҳо фарсуда шуда, варақҳои дастнавис ҷудо шудаанд.

Дар солҳои ахир аз ҷониби шахси номаълуме, шояд молики аслӣ ё баъдии дастнавис бошад, дастхат тармим карда шудааст. Барои тармими китоб аз қоғази нафиси арғавонӣ истифода шудааст, ки дар бисёр саҳифаҳо хати зери он хонда намешавад. Ин амал низ ғайритахассусӣ анҷом ёфтааст. Бояд тазаккур дод, ки авроқи дастхат пурра ҳифз нагардидааст. Дар байн чан варақи дастнавис мафқуд шудааст.

Соҳиби дастнавис марҳум С. Мерганов роҷеъ ба ислоҳоти аз ҷониби шахси сеюм дар баъзе ҳавошии дастхат воридшуда, тайид намуда буд, ки хати сеюм бо қалами оддӣ марбути ӯст. Ислоҳоти охирини воридгардида дар дастхат низ мисли саҳҳофии он ғайри маслакӣ буда кадом арзише адабие ё маслакие надоранд. Мусаҳҳеҳ кӯшидааст, ки дар вазни шеър илова ворид созад, аммо баръакс вазн халалдор шудааст ва он аз илми вазну қофия бархурдор набудани мусаҳҳеҳ хабар медиҳад.

Иззатшоҳи Дарвозӣ чандин маротиба ба Бухоро сафар намудааст. Аз рӯйи ашъори дар дастнавис овардашуда, маълум мегардад, ки шоир ҳамеша ҳамин нусха ҳамроҳаш будааст ва шояд дар сафарҳои худ дар ҳар манзил навишта ва баъдан дар Дарвоз онро ҷамъ ва таҳрир кардааст. Новобаста ба он ки Иззатшоҳи Дарвозӣ аз тарафи амири Бухоро ба вазифаи мирохӯрӣ тайин гардида буд, худро аз мардумаш канор гирифта наметавонист ва кӯшидааст, ки дар ашъораш вазъи иҷтимоии мардуми диёрашро ҳаматарафа мунъакис созад.

Аз маълумоти додаи Латифи Пидром дар бораи нусхаи дар Афғонистон маҳфузбуда маълум мегардад, ки нусхаи дастраси Латифи Пидром қарор гирифта, нақли таҳриршудаи ҳамин нусхаи аслӣ мебошад. Тарз, хат ва сохти китоб ба нусхаи асл монанд аст. Чун нусхаи Кобул дар шакли оригиналӣ дастраси мо қарор нагирифтааст, мо наметавонем дар бораи он дастхат маълумоти пурраи тавсифӣ диҳем.

Як иловаи дигари нотамом ва машкук дар в.70б бо қалами сиёҳ чунин навишта шудааст: «Субҳонқулҷон, бандагии хос барои оҷизаам яксаду ҳафтод афғонӣ…». Мутаасифона, дигар чизе навишта нашудааст. Аз он лиҳозе, ки баъд аз барқароршавии Ҳокимияти Шӯравӣ дар Дарвоз касе аз ақориби Иззатшоҳ дар Дарвоз намонд. Ба он хотир буд, ки Иззатшоҳ мансаби амирӣ дошт ва шояд ақориби ӯ таъқиб карда мешуданд. Ин буд ки аксари ақориби Иззатшоҳ аз тарси таъкиб аз тарафи болшавекон Дарвозро тарк карда, ба Афғонистон ҳиҷрат намудаву ҳамроҳи худ ду нусхаҳои девони Иззатшоҳро низ бурда бошанд. Навиштаи нотамоми дохили муқоваи дастнавис ҳаминро далолат мекунад, ки яке аз ақориби шоир як нусхаи онро (нусхаи С. Мерганов – С. А.) онро ба ивази яксаду ҳафтод афғонӣ фурӯхтааст.

Бояд тазаккур дод, ки шарқшиноси шинохтаи тоҷик Савлатшоҳ Мерганов девони мазкурро дар Афғонистон пайдо намуда ба ватани аслияш овардааст. Савлатшоҳ Мерганов барои тадқиқ ва таҳия девонро амонат дар ихтиёри мо гузошта буд ва ба хотири автограф буданаш як нусхаи фотокопии онро ба Ганҷинаи дастнависҳои шарқии ба номи академик Абдулғанӣ Мирзоев низ ҳадя намуда буд. Ин нусхои фотокопӣ зери рақами 910 дар ганҷинаи Маркази мероси хаттӣ маҳфуз мебошад.

Дар варақи охирини девон ҷумлаи зерин навишта шудааст: “Ин баёзи марҳум Мирзо Иззатшоҳ муддати баъид аст, ки аз мероси бобогӣ дар даст дорем”. Бо ҳамон қалам таърихи 19 моҳи қавси 1337 навишта шудааст, ки ба солҳои 1959-1960 рост меояд. Баъди ин сана имзои Субҳонқулии Дарвозӣ саб шудааст (Субҳонқулихони Дарвозӣ мутахаллис ба Номлу, набераи Авлиёҳусейни Дарвозӣ).

Девони мазкур аз 142 варақ иборат буда, ҳамон нусхаи дидаи Мирзобарот Забирзода мебошад. Ҳарчанд Иззатшоҳи Дарвозӣ дар варақи аввал бо дасти худаш девон навита бошад ҳам, аз рӯйи тартиби алифбо сохта нашуда, навъҳои шеър бо ҳам омехтаанд, аз ин рӯ онро танҳо маҷмӯаи ашъор донистан равост.

Баъ аз таҳияи матни кирилӣ онро ба шакли девон мураттаб сохтем.

Дар бораи шакли шеър ва тарзи сухани Иззатшоҳ муаллифи “Афзал-ут-тазкор” навиштааст: “Марде шеършинос ва вассоф аст..Зеҳне соф ва табъи равон дорад, ашъори худро ағлаб орифона менигорад”.

Шеъри Иззатшоҳ равону содда ва аз рӯйи табъу завқ ва воқеӣ сароида шудааст. Завқи шоирӣ ва табъи баланд буд, ки бо вуҷуди такрори образу ифодаҳои анъанавӣ ва татаббуи шеъри шоирони бузурги гузашта, шеъри ӯ боз пуррангу якнавохту дилгиркунанда нест. Навҷӯӣ дар шеъри Иззатшоҳи Дарвозӣ ба назар мерасад.

Худоӣ Шарифов менависад, ки “Гарчи бештари шоирони Дарвоз дар баробари шеъри расмии забони адабии форсии тоҷикӣ ба лаҳҷаи маҳаллӣ низ даъвои ҳунар ва суханварӣ кардаанд, ӯ шеъри равон аксаран бетакаллуф аз лиҳози маънавӣ дар машраби орифона меҷӯяд. Сухани ӯ парвардаи шӯру шавқ ва ҳиссиёти хоси як шоир ба ҳадди эътидол шӯридаи шавқу завқ аст. Иззатшоҳ аз ҳоли худ мегӯяд ва аз ин ҷост, ки аксар шеърҳояш дар мавзӯи ҳоли гӯянда тоза ва нотакроранд”.[6]

Шеъри ӯ ифодакунандаи маъниҳои воқеӣ буда, дар он андешаи ирфонӣ, фалсафиву тасаввуфӣ кам ба назар мерасад. Асоси шавқ ва эҳсос дар шеъри вай ба ҳиссиёти ошиқона пайваста буда, дар он ҳамин шавқи саршори пайвастагии рӯҳияи баландпарвози шоирро дар дунёи муносибатҳо ба воқеият мепайвандад.

Эҳсосоти саршор, шавқу завқи баланд ҳама вақт умеду орзуро мепарварад, аммо на ҳама вақт дасти шоир ба домани орзуяш расидааст. Кудурату маҳзунӣ ва гоҳо шикояту навмедӣ дунёи андешаву эҳсоси ӯро фаро мегирад. Ин маъниро Иззат чунин иброз доштааст:

Кунун аз гардиши гардун бинолам,

Кунун аз толеъи вожун бинолам.

Ду чашмам интизори маҳмили ӯ,

Сари шӯрида дар ҳомун бинолам.

На сарви гулшану гулзор донам,

Зи баҳри қомати мавзун бинолам.

Зи асрори ҳаёти хеш воқиф,

Зи сар то по ғариқи хун бинолам.

Набошад монеъ ин селоби ашкам,

Нишаста бар лаби Ҷайҳун бинолам.

(Девони Иззат. С.99)

Шоир порчаҳои шеърие, ки дар зер оварда мешаванд, дар ғаму дард мубтало будани худро баръало тасвир карда, таъкид кардааст, ки умре дар гирдоби ғам, мисли он ки киштии саргардонии ман бо баҳри Уммон ошност, мегардаму аз он халосие надорам. Лашкари ғам ҳамеша бо ман шабехун мезанад, айшу тараб аз ман дур аст. Зиндагии сахти тоқатфарсои мардуми кӯҳистон қалби шоирро ҳамеша такон медод ва дар ашъори рангинаш онро инъикос мекард:

Дасту пойе мезанам умрест бар гирдоби ғам.

Фулки саргардониям бо баҳри Уммон ошност.

Ё худ дар шеъри дигараш гуфта:

Зи баҳри хотири ношоду дасти норасо ҳар дам,

Бигиряд асру хандад субҳ бар ҳоли мани музтар.

Ғаму андӯҳи шоири мутафаккир аз ғаму андӯҳи мардуми бечора ғизо мегирад ва нолаи ҷонсӯзи ӯ нолаи мардум аст. Неши хунбори замона захмест бар дӯши аҳли ҷомеа:

Лашкари ғам зад шабехун, дур шуд аз ман тараб,

Нӯши ҷони хештан бояд кунам ғам доимин.

Нӯшдорӯ орзу, эй Иззато, аз ҷоми васл,

Чун ба ҷойи нӯш сад неш аст доим дар камин.

Дарду алам, зиндагии сахт, бадарға шудан, тақдири вожгун, гаҳ хушу гаҳе ғамзада, мансабдору аз мансаб барканор шудан гарчи дар аксари ашъори шоир мунъакис шуда бошад ҳам, боз шоир умед ба рӯзи хушу зиндагии беҳтарро дорад:

Қомати хамгаштаи худро асо дорам умед,

Киштии бишкастаамро нохудо дорам умед.

Нағмаи шамъи рухаш аз дур гардад ҷилвагар,

Зулматафзо кулбаамро ман зиё дорам умед.

Иззатшоҳ аксар ноумед аст, аз зиндагӣ ва рӯзгори сахташ шикоят мекунад боз ҳам мекӯшад, ки узлат ва гӯшанишин набошаду шарафмандиву сарбаландиро дар шеъраш таҷассум кунад. Ӯ умедашро пурра аз даст намедиҳад. Гӯшанишиниву узлатро намеписандад, дар шеъраш тарк кардани чунин аъмолро ташвиқ кардааст. Шоир даъват мекунад, ки ба мардумони сангдилу бемурувват вобаста мабошу нангу номуси худро ҳифз кун, чунки кулфату андӯҳ ва ҳатто шодӣ низ рӯзе завол дорад:

Ҳарчи кардӣ нӯш аз гетӣ ба мардум дам мазан,

Хоҳ бошад гарм, хоҳе сард бошад ҳам мазан.

Дур кун аз мову ман худро, таҷарруд, шав, баро,

В-аз ҳаводисоти гардун хешро бар ғам мазан..

Бо гурӯҳи сангдил вобаста будан хуб нест,

Шишаи номӯсу номи хешро барҳам мазан.

Иззатшоҳ меҳнатро дар ҷойи аввал мегузорад. Дар кӯҳистон барои ба даст овардани ризқу рӯзӣ меҳнати тоқатфарсо лозим аст, то ранҷу кулфат накашӣ ҳеҷ гоҳ чаманат пургул намешавад. Дар зимистон барф наборад, ҳеҷ гоҳ сабза аз замин намерӯяд, то ранҷ набарӣ ганҷи мақсудро ба даст намеорӣ. Шоир мегӯяд:

Чидани гул орзу кардам ба даст хоре халид,

Аз забунӣ толеам гул неши хоре гашт-гашт.

Нокашида ҷабру кулфат, кай чаман пургул шавад,

Меҳнати барфи зимистон сабзазоре гашт -гашт.

Ӯ ба ояндаи нек боварӣ дорад, итминон дорад, ки ҳама гуна ранҷу дарду андӯҳ оқибат рӯзе завол меёбаду хайру баракат ба сари мардум мерасад:

Кулфату андӯҳу шодӣ Иззато дорад завол,

З-ин ҳама хайре ки ояд, лаб бубанду дам мазан.

Муҳаббат ба Ватан яке аз мавзӯҳои асосиест ки дар ашъори Иззатшоҳи Дарвозӣ инъикоси худро ёфтааст. Баъди сафар дар рикоби амирони Дарвоз ба Бухоро, баргашт ва ба Ватан баргаштанашро бо як ҳиссиёти баланд чунин ифода кардааст:

 

Бо нишоти беадад рӯ дар Ватан овардаам,

Андалебам дар бағал чандин суман овардаам.

Ай азизон, ҷойи пурсидан набшад аз рикоб,

Ҷойи оби сард сад соғар лабан овардаам..

Иззатшоҳ мегӯяд, ки гар Ватан саҳлу танг боад ҳам, барои ӯ аз ҳама гӯшаву канори аз тамоми дунё хуштар аст. Ватанаш гарчи тангу кӯҳсор бошад ҳам, хоки ӯ барои шоир аз мушки Хутан болост:

Гар Ватан саҳл аст, ё танг аст, аз ҳар ҷо хуш аст,

Ҷуғз донад хоки ин вайронаро мушки Хутан.

Бояд тазаккур дод, ки падару модари Иззатшоҳ то вақти фавташ зинда буданд. Ӯ ҳамеша аз меҳру муҳаббати падару модараш бархурдор буда, расидан ба дидори модару мулоқоташро хело шоирона тасвир кардааст:

Гар равам дар мулки худ пурсад агар модар маро,

Меҳрубоно, шамъ дар фонӯси тан овардаам.

 

Ҷидду ҷаҳд дар роҳи ноил шудан ба мақсад яке аз шиорҳои асосии Иззатшоҳ аст. Дар мақтаи ғазале ба ҳамин маънӣ ишора карда мегӯяд:

Саъю кӯшиш, Иззато, овар ба коре бошадат,

З-он ки аз ҷаҳдат нагардӣ мешавад ҳар хор гул.

Танҳо кӯшишу ҷаҳд ва қадами дуруст дар ин роҳ имкон медиҳад, ки кас ганҷи мақсуд ба даст орад.

Дар талаб собитқадам шав, саъй кун аз ҷону дил,

Лаълро бин, аз дили санге ҷадал орад бурун.

Иззатшоҳ мардуми донотарошу аз дигарон бологузарро мавриди мазаммат қарор дода, бо онҳо нишастану сухан гуфтанро ҳайф медонад. Ӯ саллаву дасторро дар сари бемағзон ҳайф дониста, таъкид мекунад, ки нишастану сухан гуфтанро назди шахсони носанҷида ва бадтинату бемағзу ношинохта муносиб намедонад. Набояд шахс пеши чунин афрод асрори худро ифшо кунад.

Чунончи гуфта:

 

Бар сари бемағз бошад саллаву дастор ҳайф,

Бар забони талх бошад ҳарфи шаккарбор ҳайф.

Чун нишемангоҳи булбул бӯстон омад падид,

Бар заған бошад нишасти сарв дар гулзор ҳайф.

Пеши носанҷидагон асрори худро во макун,

Фӣ замон рамзе, ки дорӣ, мешавад такрор ҳайф.

Тараннуми дӯстиву рафоқат аз нукоти ахлоқии Иззатшоҳ аст. Хонаи падарии Иззатшоҳ ҳамеша ҷойи таҷаммӯи дӯстону наздикон ва аҳли илму ҳунар буд. Ӯ ҳар нафаси кашидаи худро бе ҳузури дӯст тасаввур карда наметавонисту дидори дӯстро аз ҳама боло мешуморид. Шоир мегӯяд:

Ҳар ошиқи ғамдида муштоқи висоли дӯст,

Дар ҳар нафасе бошад доим ба хаёли дӯст.

Манзури назар моро ашёи дигар набвад,

Маҳв аст дилу ҷонам ҳар дам ба ҷамоли дӯст.

Иззатшоҳ сахтарин муҷозотро суҳбати дунҳимматон дониста дурӣ ҷустан аз онҳоро афзал мешуморад. Шоир ақрабу аждаҳову хирсу палангро аз шахсони беҳунару нодон болотар медонад. Ҳамаи махлуқот ба инсон ром мегарданд, аммо инсони бадгуҳар ҳеҷ гоҳ ром намегардад. Аз ҳама беҳтар аз чунин ашхос дур будан беҳтар аст:

Сахттар аз суҳбати дунҳимматон набвад дигар,

Занг афзояд дилу сӯрох гардонад ҷигар.

Панди Рӯҳуллоҳ сироятгар нашуд як заррае,

Бар гурӯҳи дуни бепову сари худбехабар.

Дур шав,эй оқили фарзонаи аҳли хирад,

Аз қарини марди нодон то наяфтӣ дар хатар!

Ақрабу мору даду хирсу палангу аждаҳо,

Хубтар бояд шумурдан аз рафиқи беҳунар.

Ром гардад ваҳшу тайру сокинони кӯҳу дашт,

Ёри бад ҳаргиз нагардад ром, эй некӯписар!

Иззатшоҳ ҳирсу зарпарастиро мазаммату тиҳидастию узлатро афзалтар мешуморад.

 

Зарпарастӣ ранги аҳмарро кунад чун қаҳрабо,

Чеҳраи худ аз тиҳидастӣ чи гулгун кардаем..

Иззато, аз тангнои даҳр узлатро гузин,

Ибрат аз ҳирсу ҳавои хеш Қорун кардаем.

 

Даҳр заҳрест ки аз неши он бояд бохабар буд, зеро даҳр, дунёи дун ҳамдами ҷунуну кулфату ғам аст, ҳазорон ғаму андӯҳ ҳамеша ҳамсафари мо дар зиндагиянд. Иззат ин мазмунро дар шеъраш чунин иброз доштааст:

Махӯрӣ фиреби ин даҳр, ки саросар аст чун заҳр,

На чу рангу бӯст на бар ҳамин аст муқаррари ман.

Ба ҷунуну кулфату ғам, шуда Иззато чу ҳамдам,

Ду ҳазор ғусса ҳар дам, ҳамагӣ ба бистари ман.

 

Ҳар чанд Иззатшоҳ мекӯшад, ки бо зиндагии сахт ва зулму истибдоди зимомдорони замон муросо кунад, аммо оҳанги ясъу ноумедӣ боз бар ӯ тазъиқ меёбад. Дар зиндагӣ мадоре нест, ки фурӯғеро дар чароғи зиндагияш равшан кунад.

 

Рафта зи дастам, во дареғ, акнун мадори зиндагӣ,

Дар ҷисми мо як заррае набвад қарори зиндагӣ..

Андар чароғи мо нигар, бар вай фурӯғе нест-нест,

Сад даштҳо паймуда шуд, чангу ғубори зиндагӣ.

 

Шоир ба фалаки носозгор ишора намуда бошад ҳам, вале дар асл амирону ҳокимони манғитиро дар назар дорад, ҷабру ситами зиёди ба сари мардум овардаи онҳо боиси ҳамаи бадбахтиҳои мардум гаштааст:

 

Ай фалак, дар як нафас сад хона вайрон мекунӣ,

Ин лаби пурхандаро ҳар лаҳза вайрон мекунӣ,

Сарфарозонро ба хоки тира яксон мекунӣ,

Ҷойи булбулро нишемангоҳи бумон мекунӣ,

З-ин амал ҳам оламу худ низ вайрон мекунӣ.

 

Иззатшоҳ аз рӯзгори сахти худу норизогии сафар ҳамроҳи мири Дарвоз ба Бухоро шикоят мекунад. Ӯ ҳолу аҳволи худро ба таври таззод инъикос намуда, на он қадар аз чунин авҳол хушнуд буданашро тасвир кардааст:

 

Эй фалак, чун васлро бо фасл яксон кардаӣ,

Бистарамро кулфату андӯҳу ҳиҷрон кардаӣ.

 

 

ва баъдтар:

 

Гоҳ дар вайрона ҷузғам, гаҳ булбул дар чаман,

Гоҳ ғурбат ихтиёрам мешавад, ғоҳе Ватан,

 

Ӯ инсонҳои булҳавас ва нодонро танқид карда, таъкид менамояд, ки чунин афрод ҳеҷ гоҳ ба мақсад намерасанд ва агар ҷаҳонеро барояшон бозор муҳаё созанд суде намебинад.

Қисме, ки панди пиронро ба гӯш намегирад ҷоҳил шуда, киштии умрашон шикаста ва мисли нохудо аз он ҷудо мешаванд. Ҷаҳолат касро ба роҳи ботил мебараду дар зиндагӣ аз он манфиате ба даст намеояд. Дар банди мухаммасе ин маънӣ ифодаи худро чунин ёфтааст:

 

Ба фулуке гар шикаст ояд шавад чун нохудо отил,

Насозад панди пирон гӯш он шахсе, ки шуд ҷоҳил,

Баъид аз матлабу бар бемуродиҳо бувад восил,

Зи роҳи манфиат хориҷ бипаймояд раҳи ботил,

Ба кирдороти беравнақ ҳамегардад, вале шаш дар.

 

Чуноне ишора шуд, Муроди Шикамба мири Дарвоз ӯро ба Ҳисор бадарға кард ва Иззат ин ҷо ҳам ғаму дардро ягона мӯниси худ медонад ва аз ҷабру ҷафои фалак ба дод омада, ба аҳли диёраш муроҷиат карда мегӯяд, ки ман марди озодаму ба тақдир муросо надорам:

 

Аз ҷафои ту фалак, ман ҳама дам дар додам,

Меравад сӯйи само ҳар нафасе фарёдам.

Мани мискин зи адам ҷониби саҳрои вуҷуд,

Ба чӣ толеъ ба чӣ ахтар ба чӣ соат зодам?!..

 

Дӯстон, ҳеҷ маҷӯед аз ин сӯзи фироқ,

Шодию айшу тараб дар дами ғамбунёдам.

Марди озод манам, аҳли диёрам донед,

К-аз хушиҳову тарабҳои ҷаҳон озодам.

Ӯ дар ғарибӣ ҳамеша дар ёди дӯстону наздиконаш буда аз фалаки сифлапарвар шикоят намуда, ҳоли худро ба саргардониҳои Маҷнуну Вомиқу Фарҳод машобеҳ месозад, бо фалак даст ба гиребон мешавад, ки чаро чунин ҳолро ба сари ӯ бор кардааст. Оё ӯ танҳо барои кашидани ғарибиву саргардонӣ ва ранҷу ғаму андӯҳ офарида шудааст? Аз толеи баргаштаи худ шикоят намуда мегӯяд, ки як рӯз дар дунё шод набудааст.

 

Гарчи аз хоҷагии ҳар ду ҷаҳон озодам,

Рӯзу шаб аз ғами дурии шумо ношодам.

Зери ҳар мижжаи ман мавҷ чу Ҷайҳун дорад,

Рафта то шоҳи ҷаҳон шӯҳрати ин фарёдам.

Ҳамчунон Рустами Дастон манам рӯзи набард,

Ба арӯси ғаму андӯҳ кунун домодам.

 

Зулму ситам хориву залилӣ иродаи бузурги ӯву ғурури марди озод буданашро шикаста натавонист. Иззатшоҳ аз илми мусиқӣ баҳравар ва дар ғурбат низ навои танбӯраш ҳамрозу ҳамдамаш буд. Ҳамдами худ мутрибу нолаву андӯҳро меҳисобад.

Аз шарҳи ҳоли Иззатшоҳи Дарвозӣ пайдост, ки гоҳ дорову гоҳ нодор буд. Аммо ҳеҷ гоҳ аз дӯстонаш канда набуд, ӯ лаззати суҳбату базму тарабро танҳо бо дӯстонаш медиду онро хуш дошт. Ин маънӣ дар порае аз ғазали шоир чунин садо додааст:

 

Сархӯшӣ бо дӯст дорад, ай азизон, лаззате,

Базми бе ёри мувофиқро набошад иззате.

Ҷайфа бошад орзу гулро, чӣ медонад заған,

Қадри ёраш ёр донад ҳурматашро ҳурмате.

 

Иззатшоҳ хитобан ба ҳокимони давр, ки мардуми бечораву мискин доимо дар зери ҷабру зулми онҳо қарор доштанд, ҳушдор медиҳад, ки аз оҳи дили ғамзадагон ғофил набояд шуд, то рӯзе домангир нагардад:

Ғофил машав аз оҳи дили ғамзадагон ту,

Доим ба ҳазар бош аз ин чашми тари мо.

 

Иззатшоҳи Дарвозӣ рӯзгузаронӣ, тоату ибодати чандинсолаи амалдорону муфтхӯрони замонашро аз ҳисоби моли мардум амри ботил ҳисоб мекунад, чунки чашми тамаъи онҳо ҳамеша ба моли мардум дӯхта шудааст:

 

Туъмае аз моли мардум бигзарад аз ҳалқи ту,

Тоати чандинсолаатро медиҳад барбод бод.

Шоҳини нафсат кунад чандин кабӯтарро асир,

Панҷаи ҷабрат барад аз дили сад дод дод.

 

Шоир боварӣ дорад, ки ин иморати ҷабру зулм рӯзе нобуд мешавад ва шоир мардумро ба сабру шикебоӣ даъват кардааст:

 

Мунҳадим гардад асоси ин иморат анқариб,

Хонаи сабру қаноат доимо обод бод.

 

Иззатшоҳ пастфитратону дуруғгӯёнро мавриди мазаммати сахт қарор дода, аъмоли пасти онҳоро накӯҳиш карда, чеҳраи воқеии онҳоро ба мардум ифшо месозад:

 

Ин харон ҳарчанд бо чандин ҷалоил мешаванд.

Қимати аспе намеёбанд, ботил мешаванд.

З-ин фиребободи тори дуни бешамъу чароғ,

Сифлагонро козибон охир далоил мешаванд.

 

Такаббур низ ба гуфтаи Иззатшоҳ на танҳо мояи пасти инсонист, балки амали шайтонӣ мебошад. Ҳеҷ гоҳ инсони комил худбину мағрур нест. Саркашӣ макун, умр ҳамеша дарёест, дар ҳаракат аст, дар зиндагии инсон дар камингоҳаш доместу эҳтиёт зарур аст:

 

Машав мағрури худбиниву сар дар ҷайби худ овар,

Такаббур мар Азозилро лақаб шайтони мофиҳост.

Машав саркаш, гиребон гир, домат дар камин бошад,

Чу ҷарён гардидани умрат, нигар бар ин лаби дарёст.

 

Шоир мақоми ақл, хирадро баланд гузошта даъват мекунад, ки ҳар амалу кор бояд ба ақл, хирад асос ёбад.

 

Кор ба мизони хирад баркашӣ,

Об хӯрӣ бар сари сад анҷуман.

 

Иззат таъкид кардааст, ки панду андарз раҳнамои зиндагист ва дар он минфиати зиёд аст:

 

Гӯши туро панд шавад ҷойгир,

Ҳеҷ дил озурда макун ҷони ман.

 

Мавзӯи тараннум ва васфи табиати зебои Дарвоз дар ашъори Иззати Дарвозӣ мавқеи хосса дорад. Фарорасии соли нав, яъне Наврӯз, дар Дарвоз шукӯҳу шаҳомате дорад ва ин ҷашни воқеан миллӣ дар ин минтақаи кӯҳистони тоҷик ҳамеша бо сурур таҷлил мешуд. Дар давраи салтанати шоҳони Дарвоз яке аз ҷашнҳои асосии мардуми ин минтақа маҳсуб мешуд. Баъд аз тасарруфи Дарвоз аз тарафи истилогарони манғитӣ ва барҳамхӯрии шоҳигарии Дарвоз, новобаста аз зиёд шудани таассуби динӣ анъанаи таҷлили ҷашни Наврӯз давом дошт.

Иззатшоҳи Дарвозӣ дар ашъори худ бо маҳорати баланди шоирӣ соли нав, мавсими гулу баҳор ва табиати афсонавии Дарвозро васф кардааст. Наврӯз, саркашии сабзаҳо, шукуфтани гулҳои рангоранг, мисли сунбулу райҳон ва дигар гулҳо, айшу тарабу созу наворо дар Дарвоз хело моҳирона тавсиф намудааст. Дар ғазали зер шоир бо фарорасии Наврӯзу баҳорро бо тавсифҳои рангин чунин чбаён намудааст.

Боди сӯбҳи наврӯзӣ бивазиду гул вошуд,

Мавсими тараб омад навбаҳор пайдо шуд.

 

Сабза сар кашид аз хок, саҳни боғ шуд хуррам,

Андалеби ҷони мо в-аз нишот гӯйё шуд..

 

..Дида хор пургул шуд, меҳнати зимистонро,

Аз гудози хуни ангур, гашт майю ба мино шуд.

 

Назар ба сарчашмаҳи таърихии дастраси мо гардида, аз давраи ҳукумронии шоҳи Дарвоз – Шоҳ Туркхон асри XVIII дар Дарвоз ҳавзаи адабие мавҷуд буд, ки дар он шоирони зиёде фаъолият мекарданд. Баъд аз барҳам хӯрдани шоҳигарии Дарвоз ва ба аморати Бухоро тобеъ карда шудани он, доираи адабии Дарвоз пароканда нашуд ва то ибтидои асри XX дар домани худ шоирони зиёди соҳибдевонро парвариш намуд. Ба монанди Шоҳ Туркхон, Ҳабои Дарвозӣ, Баҳрини Дарвозӣ, Ҳомидхоҷа Вола, Фитрат, Миравлиёҳусейн Мағмум, Маҳзун (Маҳзун мисли Абдурраҳмони Ҷомӣ се девони ғазалиёт навиштааст. С. А.), Орӣ, Ноҷӣ, Маҳмуд, Маъдум, Мазлум, Лиқо ва дигарон мисоли равшан шуда метавонанд.

Дар бораи ин шоирон Амирбек Ҳабибов дар китоби худ “Ганҷи парешон” маълумоти мухтасар оварда бошад ҳам, то кунун пурраву ҳаматарафа мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор нагирифтаанд.

Мероси гузаштагон моли тамоми миллат аст, ҳар фарде, ки дар таҳияву дастраси мардум гардонидани онҳо саҳм мегузорад, бешубҳа дар ҳифзу нигаҳ доштан ва умри дубора бахшидан ба сарчашмаҳои илмиву адабии миллӣ хидмати бузурге карда метавонад. Набояд ёдгориҳои таърихӣ ва сарчашмаҳо бидуни омӯзишу мутолиа дар рафҳову сандуқҳо маҳфуз монанд. Рӯзе онҳо аз байн хоҳанд рафт. Ҳифзи мероси миллӣ вазифаи ҳар як соҳибмиллат аст.

 

 


[1] Худоӣ Шарифов . Сездаҳ мақола. Душанбе 2013. С. 119.

[2] Мирзобарот Забирзода. Иззати Дарвозӣ. “Шарқи Сурх”, 8, 1959. –С. 118.

[3] Мирзобарот Забирзода. Иззати Дарвозӣ. “Шарқи Сурх”, 8, 1959. –С. 118.

[4] Худоӣ Шарифов . Сездаҳ мақола. Душанбе 2013. С. 119.

[5] Шоҳабдуллоҳи Бадахшӣ. Армуғони Бадахшон. Кобул–1327. –С.206.

[6] Ӯ. Шарифов. Сездаҳ мақола. Дунанбе 2013. С. 121.

Слайд: