Туҳфаи сазовори идона

Барои ҳамагон пӯшида намебошад, ки гузаштагони хирадмандамон, махсусан, аҳли фарҳангу адаб тавсани илму дониш ва шеъру суханро баробар пеш рондаву азизу гиромӣ медоштанд ва аксари куллашон, дар баробари донишманди фарзон буданд, суханвари мумтозе ҳам буда, ки Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Умари Хайём, Ибни Сино, Саъдии Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ ва бисёри дигарон аз он ҷумлаанд.

Анъанаи босамари илму донишу суханро тавъамон пеш бурдан аз ҷониби донишмандони суханварони тоҷик дар даврони нави таърихи миллатамон ҳам идомаву ривоҷе лозим ёфтааст, ки собиқ кормандони варзидаву аршади Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон – устод Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Абдулғанӣ Мирзоев, Баҳром Сирус, Носирҷон Маъсумӣ, Абдусалом Деҳотӣ, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Тӯрақул Зеҳнӣ, Раҳим Ҳошим, Расул Ҳодизода, Муъмин Қаноат, Аълохон Афсаҳзод, Зоҳир Аҳрорӣ, Солеҳ Салоҳ ва дигарон аз он шуморанд.

Номбурдагон, дар баробари пешбурди фаъолияти босамари илмӣ, андешаҳояшонро дар осори манзуму мансури мондагоре ба қалам оварда, ҳамдаму ҳамқадами халқу ватан фарзандони ҷоннисори кишвари азизи худ буданашонро ба субут расондаанд ва дар таълиму тарбияти эҳсоси баланди ватанпарварӣ ва худогоҳии мардум алалхусус, ҷавонони ҷомеъа, даъвати ҳамдиёрон барои ҳимояти марзу буми муқаддаси ватан ва нангу номуси ҳамватанон – модару ҳамсару ҳамширагон ҳиссаи беназире гузоштаанд.

Аз ҷумла, шоири ҷасури ҷанговарамон Ҳабиб Юсуфӣ, ки дар сафи пешини майдони ҳарбу зарби зиди фашистон қарор дошт рӯй ба ҳимоятгарони ватан овардаву ибратбахшона мегуфт:

Он на ман бошам, амон бидҳам ба душман мушти ман,

Он на ман, к-ин дам фитад дар фикри кори дигаре!

«Он на ман бошам, ки рӯзи ҷанг бинӣ пушти ман,

Он манам, к-андар миёни хоку хун бинӣ саре!»

         Академик Мирзо Турсунзодаи муборизу ватанпарвар «аз он сӯйи уқёнус» эътиқодмандона садо дар медоданд:

Ватан, дар ҳар куҷо омад ба сар форам ҳавойи ту,

Ман аз он сӯйи уқёнус бишнидам садойи ту

Агарчи дар миён тӯфону мавҷи баҳрҳо буданд,

Вале омад ба гӯши ман садойи рӯдҳойи ту!

         Маҷмӯъаи «Суруди Истиқлол» (Душанбе: МН «Дониш», 2021, 170 саҳ.), мантиқан, идомадиҳандаи ҳамин анъанаи судманди гузаштагонамон буда, дар авроқи он силсилаи ашъори дар васфи Ватану Истиқлол офаридаи ҳозира кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон – Шоирони халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким ва Назри Яздонӣ, шоирони шинохтаи кишвар Кароматулло Олимзода, Комил Бекзода, А.М. Хуросонӣ, Асрори Сомонӣ, Ҳасани Султон, Маҳмадёр Шарифзода, Беҳрӯзи Забеҳулло ва чанд ҷавони навқалам фароҳам омадаанд, ки дар тарбияи насли наврас ҳиссаи сазовор хоҳанд гузошт.

         Аз ҷумла, устод Аскар Ҳаким дар назди меҳан ихлосмандона чунин иқрор доштаанд, ки басо ибратомӯз аст:

Тоҷикистон, обу хокам обу хоки поки туст,

Ту маро ҳам ҷойи ҷон, ҳам ҷойи дил, ҳам ҷойи чашм!

Ман қадам чун мениҳам, дар зери поям хоки туст,

Гарди хокатро табаррук мениҳам болои чашм!

Академик Кароматулло Олимзода сидқан изҳори муҳаббату садоқати фарзандона кардаанд, ки вирди забони ҳамагон метавонад бошад:

Биё, мутриб, наво овар, баҳори бехазон омад,

Сурӯши бахту давлат бар диёри тоҷикон омад!

 

Ниҳоли орзуи дӯстдорон борвар гардид,

Висоли ёр акнун туҳфае бар ошиқон омад!

Шоири адабиётшинос Асрори Сомонӣ туғёни вуҷудашро нисбат ба меҳану истиқлоли он чунин иброз доштааст, ки як навъ таронайи идонайи ҳамагонист:

Иди истиқлоли тоҷик зинда бод,

Нури истиқболи тоҷик зинда бод!

 

Маҳзари сулҳу саодат гаштааст,

Кори неку фоли тоҷик зинда бод!

Доктори илми филология Ҳасани Султон дар силсилаи ашъорашон аз суруди «Оташкадаи Каркӯй» то суруди «Нерӯгоҳи Роғун», чунонки аз унвонаш ҳувайдост, корномаи беназири халқи бузургвор ва фарзандони фидокорашро ҷоннисору бунёдкорашро аз Зардӯшту Сипитамон – то Эмомалӣ Раҳмон мавриди тасвиру ситоиш қарор додааст, ки басо сабақомӯзу ифтихорангез аст.

Ашъори дигари дар маҷмӯъа фароҳамомада ҳам иборат аз андешаҳои муассири миллату меҳанпарастона буда, ҳадафи волои болобурди завқу эҳсоси халқу ватанпарварии мардуми кишвар, алалхусус, ҷавонони ояндадору ояндасозро дарбар доранд.

Қимати тахассусии маҷмӯъаро, ки бо ҳидоят ва мададу мусоядати бевоситаи Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ ва ҳамдастии кормандони Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ (директораш номзади илми таърих Раҳматкарим Давлатов), ба ифтихори 30-вумин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 70-солагии таъсисёбии фарҳангистони кишварамон интишор ёфтааст, дебочаи академик Фарҳод Раҳимӣ (Мо Ватанро беш аз ҳарвақта дорем дӯсттар...), ки баҳс аз пайванди илму адаб дар гузаштаву имрӯзазамони миллатамон мекунад афсунтар гардонидааст.

«Барҳақ, – таъкид ёфтааст дар дебоча, – ќаламкашони имрўзаи моро заруру вољиб аст, ки дар ин даврони нотинљу муташанниљи босуръат – љањонишавї, бархўрдњои шадиди сиёсиву мазњабї, кўшишњои аз миён бурдани арзишњои маънавию ахлоќии миллї, талошу ситезањои махуфи марзу бумталабї, хиёнату љиноят ва калавишу гаравишњои мухталиф махсусан, аз љониби љавонон, хитобаи зерини шоири шањид Њабиб Юсуфиро сармашќи амал ќарор бидињанд, ки дар майдони љанг изњор дошта буд:

Вақти он аст, ай қалам, буррандатар гардӣ зи теғ,

Вақти он аст, ай сухан, ғуррандатар гардӣ зи барқ!

То ба душман ҳамла орам, решааш буррӣ зи бех,

То расӣ, манҳус-анчарро кунӣ бешоху барг!».

 

Муҳибулло Юсуфзода,

ходими илмии Маркази мероси

хаттии назди Раёсати АМИТ

 

 

Слайд: