СУХАН АЗ “ЗАБОНИ МИЛЛАТ –ҲАСТИИ МИЛЛАТ”

(дар ҳошияи китоби “Забони миллат –ҳастии миллат” –и Эмомалӣ Раҳмон. Китоби II. –Душанбе: Нашриёти муосир, 2020. –432 саҳ.)

      Дар замони соҳибистиқололӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар такя ба таҷрибаи андӯхта, донишу фазилати адолат китобҳои зиёд роҷеъ ба таъриху давлатдорӣ, чеҳраҳои мондагор ва дигар ҷанбаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеаи гузаштаву муосир интишор намудаанд, ки воқеан барои насли имрӯзу оянда чун дастур хидмат менамоянд. Ва бо дарназардошти зарурати воқеӣ – дар мабнои худшиносию худогоҳӣ, худҷӯию хештаншиносӣ ва ҳувияти миллӣ тарбият намудани ворисони даврони навин соли 2020 китоби Пешвои муаззами миллат бо номи Забони миллат –ҳастии миллат рӯйи чоп омад. Нашри китоби мазкур дар ҳаёти фарҳангии кишвар, ба вижа бахши забоншиносӣ як рӯйдоди фараҳбахши илмӣ маҳсуб мешавад.

        Китоб аз Сарсухан ва ҳафт боб иборат буда, вобаста ба марҳалаи густариши забони тоҷикӣ аз оғози асри XIII то ибтидои асри XX вазъу ҳолати замони мушаххасро перомуни забон ва таҳаввулоти он фаро мегирад.

      Дар боби аввал, ки Забони тоҷикӣ ва санҷиши замон номгӯзорӣ шудааст баъд аз тафсилоти ҳуҷуми муғул ва оқибатҳои он дар сарнавишти тоҷикон, роҷеъ ба вазъияти забону адаби тоҷикӣ дар ин давра сухан рафта, дар чунин ҳолати мудҳиш –бедодгариҳои муғул ба таври возеҳ оид ба осори баргӯзидаи адибону олимони эронинасл андешаҳои раднопазир ироа мегарданд. Ва ақидаҳои нобу бикр дар боби мавриди назар дар бораи ҳусну қубҳи забони шевои тоҷикии Шайх Саъдиву Хоҷа Насриддини Тӯсӣ, Мавлоно Ҷалолуддини Балхии Румӣ, Ҳофизу Хоҷа Камол, ва баъдан авзои сиёсӣ ва таърихӣ дар давраи Темуриён, вазъи забону адаб дар ин аҳд, бо номи Мавлоно Нуриддин Абдурраҳмони Ҷомӣ рабт доштани комёбиҳои нодири рушди забон ва адабиёти тоҷик баён гардидаанд, ки барои омӯзиш ва таҳқиқ асноди қотеъанд. Ба гунаи мисол, муаллифи асар андар шинохти сухани ноби Шайх Саъдӣ нигоштаанд:

      “...Ибораороӣ ва ҷумлапардозиҳои муъҷазу зебо, калимаҳои пурмаънову ноби забони тоҷикӣ, ки аз килки сеҳрофарини ӯ баромадаанд, сармашқи сухансароёни баъдӣ гардидааст. Дар зебоиву латофат, зарофату ҷаззобият, шевоиву равонӣ, фасоҳату балоғат, Шайх Саъдӣ саромади сухансароёни мост. Махсусан, гуфтаҳо ва чакидаҳои хомаи ӯ дар боби ахлоқу тарбияи мардум, чи ому чи хос дар рафтору кирдори наслҳои зиёд таъсири амиқ доштааст...” (Саҳ. 27).

        Ҳамин гуна шарҳу баёни сареҳро дар бораи осори гаронарзиши Мавлоно Ҷалолуддини Балхию Ҳофизи Шерозӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ ва дигар намояндагони барҷастаи адабиёт дар китоби дуюми Забони миллат –ҳастии миллат Сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон зикр намуда, саҳми арзандаю мондагори онҳоро дар инкишофи забони тоҷикӣ ба қалам доданд.

       Боби дуюми китоби Забони тоҷикӣ дар нимҷазираи Ҳиндустон ном дошта, густариши забони тоҷикӣ дар Ҳинд ва даврабандии он, раванди густариши забони тоҷикӣ дар Ҳинд аз истилои араб то барқарор шудани сулолаи Темуриёни Ҳинд, сабки ҳиндӣ ва вижагиҳои забони он, фарҳангнависӣ дар Ҳинд ва дигар масоили мубрами давраҳои таърихро фаро гирифта, бо тафсири саҳеҳи “Ригведо” оғоз меёбад.

       Муаллифи асар қаробати ҳиндуҳо бо тоҷикон ва дигар халқҳои Эронитаборро бо дарназардошти хусусиятҳои умумӣ ва ягонагии маъноиву адабӣ баён карда гуфтаанд, ки:

         “...Ригведо” аз куҳантарин навиштаҳои ҳиндуҳо буда, маҳсули тафаккури ориёиҳои ба Ҳинд рафта мебошад, ки бо забони  “Авесто” наздикию қаробат дорад ва он тахминан 1500 сол пеш аз милоди Исои Масеҳ иншо шудааст. Муқаддимаи онро “сухани нахустини инсони ориёӣ” медонанд. Забони “Авесто” бо забони Ведҳо хешовандӣ дорад. Ин наздикӣ ба гунае будааст, ки мардуми ориёӣ дар он даврони дур бидуни мушкилот забони ҳамдигарро ба хубӣ ва осони мефаҳмиданд...” (саҳ. 87).

        Намояндагони шаҳири ин давраи адабиёт, ки дар замони сулолаи Темуриён, Ғазнавиёну Ғуриён зиндагӣ ва эҷод кардаанд ба сароҳат дар ин боби китоб ёд мешаванд. Гузашта аз ин, яке аз қадимтарин тазкираҳои шоирони форсигӯй “Лубоб-ул- албоб”-и  Муҳаммад Авфӣ, ки ба соли 1222 рост меояд ёд мешавад ва оид ба ҳаёту эҷодиёти пурмуҳтавою орифонаи мутафаккирон - Амир Хусрави Деҳлавӣ, Бадри Чочӣ, Зиёуддини Нахшабӣ, Абдухолиқи Ҷузҷонӣ маъруф ба Минҳоҷи Сироҷ, Муайядуддини  Хоразмӣ, Мирсайид Алии Ҳамадонӣ ва дигар адибони  бузурги ин давра маълумоти вофир дода мешавад.

       Мо аз баррасии нуктаҳои дигари китоб канор рафта афзуданием, ки муаллифи китоб, Пешвои миллат баъд аз баёни матлаб дар бораи шинохти шахсияти мутафаккири оламшумул Мирсайид Алии Ҳамадонӣ дар хусуси хидматҳои беназирашон дар инкишофу тараққии забону адабиёти классикӣ фармудаанд: “...Хизмати Мирсайид Алии Ҳамадонӣ дар рушди забон ва адабиёти классикии тоҷикӣ –форсӣ низ бузург буда, офаридаҳои ӯ намунаи беҳтарини осори лирики ирфонӣ ва ахлоқӣ ба шумор меравад. Ӯ дар ин ҷода анъанаи донишмандони барҷастаи Шарқ Шайхурраис Абӯалии Сино, Умари Хайём, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Ҳаким Х. Саноӣ, Шайх Аттор, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Хоҷа Насируддини Тӯсӣ ва дигаронро идома додааст...” (саҳ 108).

      Давраи зикрёфта, ки марҳилаи Забони тоҷикӣ ва Темуриёни Ҳинд дар китоб ном бурда мешавад, дар натиҷаи ҳуҷуми қабилаҳои ӯзбеку тотори дашти Қибчоқ ҳазорон тоҷикони бумии Мовароуннаҳру Хуросон ба ҳинд рафтанд ва дар дарбори Темуриёни Ҳинд паноҳ ҷустанд.

       Мактаби машҳури адабии Ҳирот, ки дар замони вазири номдори Султон Ҳусайни Бойқаро –Алишери Навоӣ ва устодашон Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ арзи вуҷуд дошт, кучонда шуд. Ва вазъи воқеии ин марҳила дар китоби Забони миллат –ҳастии миллат хеле барҷаставу мухшаххас арзёбӣ мешавад. Пешвои миллат ин давраро бар асоси мушоҳидаи таърихӣ чунин тасвир намуданд:

        “...Ин марҳала ба рушди забони тоҷикӣ таъсир расонида, аз чанд ҷиҳат ҷолиб аст. Нахуст ин ки дар оғоз барои ташхиси забони ба Ҳинд рафта аз забони тоҷикии  Мовароуннаҳр ва Хуросон истилоҳоти нав, ба монанди “форсии Ҳинд”, “форсии Мовароуннаҳр”, “форсии Эрон”, “форсии Эрон ва Турон” ва “форсии Эрон ва Мовароуннаҳр” арзи ҳастӣ карданд.

        Пасон аз охири номи забон калимаҳои нисбат меафтанд ва танҳо истилоҳи “забони форсӣ” боқӣ мемонад. Зоҳиран афтидани истилоҳи “дарӣ” низ ба ҳамин усул дар ҳамин давра сурат гирифтааст, зеро пас аз асрҳои XVII- XVIII истилоҳи “форсии дарӣ”, ба истиснои баъзе порчаҳои шеърӣ, тақрибан дар адабиёт дида намешавад.

        Дуюм ин ки чун забони тоҷикӣ забони расмии дарбор ва мақомоти идорӣ қарор гирифт, зарурати омӯхтани он низ барои табақаҳои гуногуни ҷомеа ба миён омад. Аз ҳамин ҷиҳат дар ин марҳала луғатсозӣ ниҳоят авҷ гирифт ва то ибтидои садаи XX маркази луғатсозӣ ва фарҳангнависӣ ба забони мо кишвари Ҳиндустон гардид. Теъдоди фарҳангҳое, ки дар ин сарзамин аз тарафи тоҷикону эрониён ва аз ҷониби ҳиндуҳои тоҷикидон тадвин шудааст, ниҳоят бисёранд. Баъзе олимон миқдори онҳоро аз 200 бештар медонанд.

         Сеюм ин ки муҳити Ҳинд ва фарҳангшу ҳунари рангини он дар забони мо таъсири амиқ гузошт ва ба он рангу бӯй “ҳиндӣ” бахшид...”  (Саҳ.115).

         Қисмати дигари ин боб ба ашъори Зебуннисо (духтари шоҳи Ҳиндустон –Аврангзеб 1658 –1707) ва сабки ҳиндӣ ва вежагиҳои забонии он дар осори Урфии Шерозӣ, Файзии Даканӣ (1547 - 1596), Абдурраҳмони Мушфиқӣ, Толиби Омулӣ, Калими Кошонӣ, Фонии Кашмирӣ, Шавкати Бухороӣ,  Мирзо Абдулқодири Бедил ва дигарон бахшида шуда, хусусиятҳои бадеию услубии осори онҳо таҳлил гардидааст, ки ҷиҳати ошкор сохтани вижагиҳои забони тоҷикӣ аҳамияти пурарзиш доранд.

        Мавриди тазаккур аст, ки фарҳангнигорӣ дар Ҳинд ҳам роиҷ буд ва муаллифи асар перомуни ин ҷанбаи муҳими илми забоншиносӣ маълумоти фаровони таҳқиқиро дар ихтиёри хонандагон мегузоранд.

         Пешвои муаззами миллат оид ба вазъи сиёсию иҷтимоии асри XVI, забон, адабиёту фарҳанг дар давраи Шайбониён, осори адибон ва ашъори нобу дилпазири онҳо дар боби сеюм – Мақоми иҷтимоии забони тоҷикӣ дар асри XVI далелҳои муттамади илмиро мавриди баҳс қарор додаанд.

        Дар зермавзӯи Забон ва адабиёту фарҳанг дар давраи Шайбониён роҷеъ ба вазъи тазкиранависию таърихнигорӣ сухан рафта, шукуҳу эътибори забони тоҷикӣ чунин арзёбӣ шудааст:

        “...Забони тоҷикӣ, ки дар аҳди Сомониён чун забони давлатӣ нуфузи зиёд дошт, минбаъд ҳам вазифаи худро чун забони расмиву дарборӣ дар қаламрави форсизабонон иҷро мекард. Пас аз суқути Сомониён дар аҳди Ғазнавиён, Қарахониён, Ғуриён, Салҷуқиён, Темуриён, Саффавиён, Шайбониён, Ҷониён (Аштархониён) ва Темуриёни Ҳинд низ забони тоҷикӣ воситаи илму адаб, мукотиботу муошират ва таҳияи ҳуҷҷату санадҳои расмии давлатӣ боқӣ монд. Дар ин давраҳо забони таълим дар мадрасаҳо ҳамоно забони тоҷикӣ буд. Дар мадрасаҳо ин забон чун фанни таълимӣ ҷорӣ набошад ҳам дар кори тафсиру тавзеҳу ташреҳу тарҷумаи маводи таълимие, ки бо забони арабӣ ба роҳ монда шуда буд, мақоми аввалиндараҷа дошт...” (Саҳ. 163-164).

       Ифодаҳои дилангези забони тоҷикӣ дар эҷодиёти Бадриддин Ҳилолӣ (вафоташ 1529), Камолиддин Биноӣ (1453-1512), Зайниддин Маҳмуди Восифӣ (1485-1566), Сайид Ҳасан Хоҷа Нақиб Ашрафи Бухорӣ (мутахаллис ба Нисорӣ) (1516-1597), Соиби Табрезӣ (1601-1677) ва дигар фозилони давр тараннум шудаанд, ки шахсияти бонуфӯзу шуҳратёри онҳо дар китоб мавриди васф қарор ёфтааст. Ва дар баробари ин нуқсу костагии забони тоҷикӣ дар ин замон шарҳ ёфтааст.

         Забони тоҷикӣ дар асрҳои XVII – XVIII номи боби чаҳоруми китоб аст. Дар боби чаҳорум масалаҳои мубрами замон – Аштархониён ва ҳукумати онҳо дар Мовароуннаҳр, забони адаби тоҷик дар замони Аштархониҳо, услубҳои забонии ин давра, хусусиятҳои калимасозӣ, санъати саҷъ ва хусусиятҳои забонии он истифодаи истилоҳот ва андешаҳои амиқи илмӣ вобаста ба мақоми забони тоҷикию мавқеи он сухан дар миён аст.

           Баъд аз шарҳи иҷмолии вазъияти сиёсии ин давр ба фаъолияти доираи адабии Бухорову Қуқанд ва Балх ишора шуда, дар бораи ба ҳиҷрати Ватан рӯ овардани адибону шоиронро муаллифи асар, таъкид намуда, ин замонро даврони номусоид барои аҳли назару ҳунар зикр менамоянд.

          Дар шарҳи ҳоли Сайидои Насафӣ (1618-1707/1711)  Пешвои миллат навиштаанд, ки:

        “...Забони асарҳои ин шоир аз забони зиндаи гуфтугӯйии халқ сарчашма гирифтааст, Сайидо сухансароест, ки забони шеъри тоҷикро ба забони гуфтугӯйии халқ наздик кардааст. Ашъори ӯро мутолиа карда, бевосита гуфтугӯ ва тарзи баёни халқи одиро эҳсос намудан мумкин аст. Дар шеърҳо ӯ гӯё худи халқ ба забон омада, ба калимоту ибороти хоси худаш ба гуфтугӯ даромадааст...” (Саҳ. 215).

           Аҳамияти муҳим доштани осори Сайидои Насафиро дар омӯзиши забони ноби тоҷикӣ ба эътибор гирифта, муаллифи китоби Забони миллат – ҳастии миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ақидаҳои академик А. Мирзоевро роҷеъ ба хусусиятҳои вижаи забони ашъори Сайидо пешкаш менамоянд, ба хотири он ки, аз қавли муаллифи асар, баъд аз Ҷалолуддини Балхӣ услуби баёни мовароуннаҳрӣ, яъне тоҷикӣ, тавассути Сайидо ҳифз шудааст. Мутаваҷҷеҳ мешавем ба фармудаҳои академик А. Мирзоев:

          “...Академик А. Мирзоев чор хусусияти асосии забонии ашъори Сайидоро таъкид кардааст:

        1. Калимасозии хоссаи Сайидо, ки пеш аз шоир, дар замони ӯ ва баъди ӯ чунин усули калимасозӣ ба нудрат дучор меояд: мунаққашҷома, бесурмамиҷгон, насиҳатношунавгӯш, сафарнокардамардумдида, хонабардӯш.

           2. Истифодаи калимаҳои халқӣ – гуфтугӯйӣ ва ибораҳои халқӣ: саргардон шудан, баӯалкушода, ошиқи бепул, чошнӣ, қад-қад паридан, попӯш, лукка, қаторакбозӣ.

         3. Дар баъзе шеърҳои Сайидо таъсири лаҳҷаи Бухоро мушоҳида мегардад. Чунончи, истифодаи ибораю ифодаҳои зи каломат гардам, зи паёмат гардам, зи номат гардам, зи саломат гардам...шоҳиди ин гуфтаҳоянд:

Лаб кушоӣ ба такаллум, зи каломат гардам,

Муждаи васл расонӣ, зи паёмат гардам.

Даҳан аз бурдани номи ту шуда кони шакар,

Ин чӣ номи шакарин аст, зи номат гардам...

         4. Дар ашъори Сайидо таъбироти зиёди устувор (воҳидҳои фразеологӣ) истифода гардидаанд, ки ба ин андоза дар ашъори ҳеҷ кадом ҳамасри Сайидо дучор намеоянд. Аз ҷумла, мутаваҷҷеҳ бошед  ба корбурди як идда ибораҳои устувор (фразеологизмҳо) дар ашъори Сайидо: пушти даст газидан, гурги бороннадида, бо собуни касе ҷома шӯстан, каҳи куҳнаро бод кардан, тешаро ба тарафи худ задан ва ғайра...” (Саҳ.221)

           Ҳамин тавр, дар бораи эҷодиёти пурқиммати Мирзо Азизбек Ҳиҷрии Дарвозӣ, Мирзо Содиқи Муншӣ, Мирзо Олимҷон Ҳасрати Ҳисорӣ ва дигарон дар ин боб андешаҳо баён шуда, услуби забони онҳо тавзеҳ дода мешавад.

Андешаҳои муаллиф роҷеъ ба санъати саҷъ ва хусусиятҳои забонии он дар осори шоирону орифони давр хеле муъҷаз ифода ёфта, намунае аз “Бадоеъ-ул-воқеъ”-и Зайниддини Восифӣ низ оварда шудааст.

          Бобҳои боқии китоби Забони миллат – ҳастии миллат – Забони тоҷикӣ дар асри XIX – боби панҷ, Вазъи забони форсӣ ва дарӣ дар Эрону Афғонистон – боби шаш ва Забони тоҷикӣ дар ибтидои асри XX – боби ҳафт номгузорӣ шуда, масоили дархури забоншиносиро фарогиранд, аз ҷумла вазъи сиёсию иҷтимоии ин давраҳо, ки ба рушди забон таъсиргузоранд; вазъи забону адаб дар давраи Манғития; фарҳангнигорӣ дар асрҳои XVI- XIX; ҷараёни маорифпарвари ва мақоми он дар инкишофи забони адабии тоҷик; таҳаввули таркиби луғавии забони адабии тоҷик дар осори маорифпарварон; такмили сохти дастурии забони тоҷикӣ дар осори маорифпарварон; вазъи сиёсию таърихӣ ва иҷтимоӣ дар давраи  Қоҷория; забону адаб дар давраи Қоҷория; вазъи сиёси ва иҷтимоии Афғонистон; забони тоҷикӣ дар арсаи паёмадҳои нави иҷтимоию сиёсӣ; пайдоиши матбуот ва таъсири он ба забони тоҷикӣ; сабку услуби калимасозӣ ва истилоҳсозӣ дар ин давра; хусусиятҳои хоси вожагонӣ ва дастурии ин давра; хулоса ва китобнома.

        Ҷараёни маорифпарварӣ ва мақоми он дар интишори забони адабии тоҷик дар китоб таҳлилу шарҳи возеҳ ёфта нақши намояндагони ҷудогонаи ин ҷараён тавсифу тарғиб шудааст.

          Мақому манзалати яке аз бузургтарин шахсиятҳои сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии он давра Аҳмад Махдуми Дониш (1826-1897) дар китоб чунин баҳогузорӣ шудааст, аз ҷониби муаллиф  - Пешвои миллат:

         “...Дар Аморати Бухорои нимаи дуюми асри XIX донишмандон ва ашхоси равшанфикре пайдо шудаанд, ки ҳам ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва мадании кишварҳои ҳамҷаворро таҳлил мекарданд ва ҳам ба воқеияти замон баҳои воқеӣ медоданд. Саромади чунин андешварон бузургтарин шахсияти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии он давра Аҳмад Маҳмуди Дониш (1826-1897) буд...” (Саҳ. 288-289).

            Ва ҳамин тавр, ҷиҳати ифшо намудани асрори таҳаввули забони тоҷикӣ дар ин давраҳо ақидаҳои олии омӯзандаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби Забони миллат – ҳастии миллат иброз шудаанд, ки барои муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни мактабҳои олию касбӣ ва доираи васеи хонандагон аҳамияти махсусро соҳибанд.

          Китоби Забони миллат – ҳастии миллати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо чил хулосаи муътамади илмӣ натиҷагирӣ шуда, дар он вазъи мураккабу давраҳои мудҳиш – аз замони тохту този муғулҳо то ибтидои асри XX, ки он тағйироти ҷиддии иҷтимоиву сиёсӣ дар инкишофи бо вусъат, ташаккули сабку услуби забони тоҷикӣ ба вуҷуд овард, бо камию костӣ ва бартарӣ инъикос меёбад.

             Бо ибтикори маъмурияти Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва раёсати Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ҷиҳати омӯзиши васеи китоби Забони миллат – ҳастии миллати Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии мамлакат минбаъд барномаи семинарҳои махсус таҳия гардида, дар онҳо мавзӯъҳои ҷудогонаи китоби мазбур мавриди мунозира қарор дода мешаванд, зеро муҳтавои он барои тарбияи насли оянда дар масири худшиносию худҷӯйӣ ва ҳуввияти миллӣ аҳамияти махсусро дорост.  

Хоналӣ Қурбонзода-

ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос

 ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф,

доктори илми таърих, профессор, 

Ғиёсиев Меҳриддин-

мудири шуъбаи иттилоот, робитаҳои илмӣ

 ва омӯзиши тамаддуни Шарқи ММХ АМИТ