Наврӯз - иди аҷдодони мост

       Наврӯз  яке аз ҷашнҳои қадимтарини мардуми эронинажод, яъне тоҷикон ва аҷдодони мо мебошад. Иди Наврӯзро дар кишвари мо   бесаброна  интизорӣ мекашанд  ва онро бо шодмонӣ пешвоз мегиранд.  Ин идро  тахминан 5- 6 ҳазор сол пеш аҷдодони мо ҷашн мегирифтанд ва бо мову шумо мерос гузоштанд . Аммо  дар замони  шӯравӣ ин иди аҷдодони моро қариб буд, ки аз байн бибаранд, вале  хушбахтона  моҳи марти соли 1978 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил  гардид.    Аз ҳамон сол мардуми тоҷик ҳар сол  иди Наврӯзро бо як шукӯҳу шаҳомат  ҷашн мегиранд.

     Абӯрайҳони Берунӣ дар асараш “Ат- Тафҳим” дар хусуси Наврӯз мегӯяд, ки куҳантарин ҷашне мебошад, ки ҳамқадами фарҳангу тамаддуни мардуми эронинажод- тоҷикону  эрониҳо мебошад.    

        Дар замони истиқлолият бошад Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита  бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон соли 2010 дар Иҷлосияи  64- уми Созмони Милали Муттаҳид ҷашни  Наврӯзро, ҷашни Умумиҷаҳонӣ  эълон намудаанд.

     Бо омадани рӯзи Наврӯз  тамоми мардум бо чеҳраҳои кушод, бо лабони пурханда, бо самимияту муҳаббат ва ниятҳои нек ҳамдигарро табрик мегӯянд. Наврӯз меояду  кору зиндагии нав оғоз мегардад ва солу рӯзи куҳанро аз ёд мебароранд, гӯё аз нав ба дунё омада бошанд. Ин ид дар дили мардуми тоҷик, барои ба зиндагии хуби оянда некбинона назар  намудан мусоидат хоҳад кард.

       Дар вақти бозгашти Офтоб ба бурҷи Ҳамал он рӯзу он вақтро Наврӯз гуфтанд, чунончи:

                                 Ибтидои Ҳамал зи Наврӯз аст,

                                 Ёд дораш, ки сию як рӯз аст.

        Ашрафи Самарқандӣ чунин гуфтааст;

                                Чу ояд ба сӯи Ҳамал Офтоб,

                                Ҷаҳонро шавад тоза аҳди шубоб.

         Наврӯз ин баробаршавии шабу рӯз, зиндашавии табиат, пайдо шудани орзӯҳои нави инсонҳо мебошад.

       Одамон бояд нисбати ҳамдигар ғамхору меҳрубон бошанд, дӯстию рафоқат байни онҳо бошад ва дар фазои сулҳу оромӣ дар Тоҷикистони биҳиштосо  ҳаёт ба сар бибаранд.

         Наврӯз гарчанде қадима  бошад ҳам, аммо ин бе баҳс аст, ки маҳз мардумони ориёӣ  хусусан шоҳони онҳо ин расму оинро бунёд гузоштаанд. Расму оини дигаре  дар таърих, пеш аз Наврӯз чун ин иди бузурги таърихии  мо дар ягон халқе вуҷуд надоштааст.

        Наврӯз яке аз нишонаҳои ҳастии мардуми қадимаи гузаштагони мо- тоҷикон мебошад .                                

      Наврӯз - ин рӯзи нав, иди баҳор, фасли нав, иқдомҳои нав, иқболи нав, дилбастагиҳо ва сардиҳо паси сар шуда, нури Хуршеди тобон  болои сар нурфишонӣ мекунад ва моро  ба навигариҳою созандагиҳо водор месозад.

      Яқин аст, ки аз дидани манзараҳои зебо, шукуфа задани гулҳо, ҷараёни обҳо, ҳаракати дилнишини парандаҳо, рӯйидани сабзаҳою алафзорҳо аз баҳор дарак медиҳад.  Мавзунии ҳаракати табиат, рафторҳои ҷонварон ҳам, ки аз чанги сармоҳои сахти зимистон ҷони солим ба саломат бурданд, умеду шавқи дигар мебахшанд.    

    Мо тавассути Наврӯз аз нав зиндагии ҷисмонию руҳонии худро таҷдид мекунем ва дар домони табиат аз файзи заминиву осмонии он лаззат мегирем ва чеҳраи ҳастии мо аз шодмонӣ мешукуфад.

       Дар Тоҷикистон  иди Наврӯзро ба таври махсус ҷашн мегиранд: яъне хонатаконӣ, таъмиру манзили хеш, биноҳои истиқоматӣ, боғу хиёбонҳо, шинондани дарахтҳо, ба аёдати падару модар, хешовандон, дӯстон ва бузургони гузашта рафтан, ки аз суннатҳои мардуми тоҷик маҳбуб меёбанд. Асоситарин рамзи наврӯзӣ пухтани Суманак мебошад.

      Дар рӯзи ҷашни Наврӯз  хони наврӯзӣ ороста шуда  таомҳои 7 “шин” ва 7 “син”муҳайё мешавад, чунки то Наврӯзи соли оянда эшон чунин ризқу рӯзиро пайдо намоянд.

      Гузаштагони мо низ бо умеду орзуҳо дастархони наврӯзиро меоростанд ва шодию хурсандӣ мекарданд ва ин анъанаҳои аҷдодиро мо то ба имрӯз  давом дода истодаем.

       Акнун, Наврӯз байналмилалӣ шуд, на танҳо  форсизабонони ҷаҳон, балки дигар миллатҳои ҷаҳон низ ин идро ҷашн мегиранд, Дар Албания, Афғонистон, Гурҷистон, Туркия, Македония, Босния, Ироқ, Чин (вилояти автономии Уйгуристон),   Русия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва дигар кишварҳо Наврӯзро ҷашн мегиранд. Дар он кишврҳое, ки ба монанди: Амрико, Конодо ва Аврупо форсизабонон (тоҷикону эрониён, курдҳо) кору зиндагонӣ мекунанд, иди Наврӯзро ҷашн мегиранд.

       Наврӯзи хуҷастапай волотарин, зеботарин, муқаддастарин ҷашни аҷдодони мо - тоҷикон мебошад, ки дар тамоми ҷаҳон ориёитабор будани тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд.  

      Наврӯзро дар  Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Эрон, Туркия, Туркманистон, Қирғизистон, Озорбойҷон, Албания ва Ироқ дар сатҳи давлатӣ ҷашн мегиранд. Наврӯз аз дигар тараф, як ҷашни оддии инсонҳо буда, мисли як мактаб, ки одамонро ба ҳам муттаҳид мекунад, ба некию накӯкорӣ, баробарӣ, бародарӣ ва кулли инсонҳоро   ба сӯи бахту саодат ҳидоят менамояд.   

                      Наврӯзи Аҷам, сафои дилҳо ҳастӣ,

                      Наврӯз, тамоми сол бо мо ҳастӣ.

                                                                                              Т. Сафдаршоев

                                                                                                                      Ходими илмии

                                                                                          Маркази мероси хаттии

                                                                                          назди Раёсати АМИТ