Тасвири бањор ва зебогињои он дар ашъори Сўзанї  

         Сўзании Самарќандї шоири тавонои асри XII буда, дар миёни ҳамасронаш аз љумлаи шоирони пурмаҳсул ва машҳур мањсуб меёбад. Ин шоири тавоно њам дар адаби порсї ва њам адаби тозї соњиби ќарењаи баланди эљодӣ буда, ба њар ду забон аз худ мероси адабї ба ёдгор гузоштааст. Аз Сўзании Самарќандї то замони мо «Девон»-е боќї мондааст, ки бо саъй ва эҳтимоми Забењуллоњи Сафо дар Тењрон ба чоп расидааст. Девони шоир шомили ќасоиди комилу муќтазаб, ѓазал, рубої, тарҷеъбанд, таркиббанд, марсия ва ќитъа мебошад, ки ин њама аз мањорати мазмунофарї ва манзараофарии Сўзании Самарќандї шањодат медињад.

Манзаранигорї дар ашъори Сўзанї љои махсусро ишѓол мекунад. Сўзании Самарќандї чун дигар абармардони сухан фасли бањор, ки табиат аз нав зинда гардида  ба худ ранги дигар мегирад ва сабзаю гулњо аз пайванди љасади њељи замин мерўянд, бо мањорати баланди сухан-офаринї дар ашъораш тасвир кардааст. Инчунин  љашни бостонии Наврўзро, ки рамзи зиндадилї, шавќу муњаббат, файзу баракат, дўстиву рафоќат, вањдату якдигарфањмї, ки дар фасли зебои сол бањор бо як љањон шукўњу шањомат љашн гирифта мешавад, њамчун вориси бењтарини фарњанги миллї бо як мањорати баланди суханофарї дар ашъораш  васф кардааст. Дар сањифањои адаби форсї кам нафаронеро пайдо мекунем, ки дар бораи ин  љашни мардумї чизе  нагуфта бошанд ё ин ки асаре наофарида бошанд. Њатто, нобиѓањои илми љањонї ба монанди Абўрайњонї Берунї (973-1048) дар китобаш бо номи «Осор-улбоќия» ва Њаким Умари Хайём (1038-1115) дар асараш «Наврўзнома» ба устураву ривоят ба пайдоиши ин љашнњо рў овардаанд. Аз Рўдакї сар карда то ба имрўз шоирон ин  љашнро бо тамоми зебогињояш дар эљодиёташон васф кардаанд, ки Сўзании Самарќандї   яке аз онњост.

 

Эй чун гули наврўз ба рухсору ба боло,

Бар сарви сарафроз сарафрозиву фирўз.

Гар сарви гулат хонам, монї ба гулу сарв,

Мафроз сар аз кибру рух аз кина маяфрўз.

 

                                    ***                                                   

Ду булбуланд модаву нар бар канори сарв,

Бар сарв мода лањн занад бар чанор бар.

Гўяд яке, ки соли нав омад зи пор бењ,

Май порсол нав кунад аз мурѓи пор бар.

Гўяд, ки бори дигар хуррам бињишт шуд,

Эй боѓбон, ба кас ду баста мадор дар.

Эй ошиќ, андар ою гул афшон ба рўи даст,

В-андар њам ор бо санами майгусор сар.

Май хур ба гирди боѓу гул комгор гир,

Бе мўру мор нест гули комгор гар.

 

Љашни Наврўз яке аз маросимњои ќадимии халќи тољик буда, ба давраи то исломии мо мансуб аст, ки ин  љашнро мардуми тољик аз ќадим то ба имрўз  њамчун љашни табиат ид мекунанд. Ин љашни дерина ва шодиофарин бинобар ба тафсирњои мањдуд ва суннатї, ки дар тўли ќарнњо бар он ворид шуда, фарозу фурудњои бешумореро паймудааст, вале як муддат дар гўшаи фаромўшї ќарор дошт. Бо вуљуди њама душво рињо, њамасола арўси зебои бањор шодию сурур, файзу баракат ва шуку фоиро ба мардумони зебописанди ќаламрави бањор ба армуѓон оварда аст. Худованд ин дастоварди неки фарњангї ва тамаддуниро ба тамоми мардумони нексиришт, ки ќалбашон аз некию накўкорї поягузорї шудааст ва инсондўсту сулњдўстанд, њадя фиристодааст.

Фасли бањор айёме, ки одамон ба њамдигар бояд зебої бахшанд, бо сухани ширин, бо муњаббат, бо ѓамхории худ. Бањор фасли муъљизањо, афсонањо, ишќу муњаббат, шодиву нишот ва интизорињои тоза аст.
Бесабаб бањорро арўси сол ва  рўњбахшу рушангари ќалбњо наномида анд.Тамошои боридани борони найсон аз паси оинаи хона    таскинбахш асту њаловати тасвирношудание дорад. Ё берун меоиву ќатрањои борон ба рўят дона-дона мерезад. Аљаб эњсоси хушест. Дасти одамї чунин зебоиро эљод накардаву нахоњад тавонист.Он суб
ҳ хуш аст, ки аз хоб бар мехезї ва хонаро рўшантар аз њар ваќти дигари сол дармеёбї. Кўчаи пур аз гилу лой ва баргњои зарди дарахтон, ки дар чанд моњи тирамањ бо осори худ манзараи начандон фарањбахше сохта буд, дар ин субњ ќабои сабзу сафеду љилодоре ба бар кардааст, ки ба дилњо як љањон фарању шодї ато мекунад.

Фасли бањорро бо тамоми зебогињояш, бо нуру љилояш  аз љониби Сўзании Самарќандї тараннум карда шудааст:

 

Навбањори тоза пайдо кард рангу бўи хеш,

Бигрифт аз боди мушкин гул ниќоб аз рўи хеш.

Бўстон чун љилва зад гулро ба тарафи љўи хеш,

Кард гул ошиќ љањонро ба рухи некўи хеш.

Мурѓи дастонзан ба лањни халќ дастонгўи хеш,

Хонд аз гулбун ба гулбун ёри худро сўи хеш.

         Дар шеъри дигараш шоир иборањои шоиронае чун «наргиси хушбўй», «дари дидор», «бўю ранги сунбулу дебо», абри найсон», «шанбалиду бунафша»-ро сохтааст, ки тасвири њунармандонаи фасли шукуфоии сол бањори нозанин аст:  

 

Наргиси хушбўй боз аз хоби хуш бедор шуд,

Чашми бедидори ў боз аз дари дидор шуд.

Дар чаман бо шанбалиду бо бунафша ёр шуд,

Сабза чун дебову гул чун нофаи тотор шуд.

Бўю ранги сунбулу дебо-ш бўстонхор шуд.

Бўстонорой њам баззозу њам аттор шуд.

Абри найсон ройгон ѓаввоси лўъ лўбор,

               То ба каффи роди мамдўњам зананд ўро масал.

 
         Сўзании Самарќандї, шоири соњибноми адабиёти тољик, аз тасвирњои зебои фасли бањор дар  ѓазали худ аљаб баљо истифода карда аст. Вай дар ин шеъраш аз тамоми манзарањои зебою дилфиреби фасли бањор, ки диќќати бинандаро ба худ мекашад, истифода бурда, ашъораш ро хеле хонданї ба љилва додааст. Аз ин љо хонандаи ашъори Сўзанї ба як зуддї дар тасвирњои шоирона ва тараннуми зебоињои нотакрори табиати зебои фасли бањор моњиру њунарманд будани шоир бањои арзандаи хешро мегузорад. Яке аз мавзуъњои ашъори шоир тараннуми зебогихои табиат ва фаслњои табиї мебошад, ки бо эњсосот ва дарки баланди шоирона сароида шудааст. Дар тасвири масъалањои табиат шоир на танњо ба тарафњои мусбат ва зебогињои табиат диќќат додааст, балки он масъалањои риќќатовари табиї, ки дар порчаи зер зимистони ќахратунро, ки фасли аз байн рафтани тамоми зебогињои табиат, аз љумла гулу себаргаю гиёњњо мегардад ва фасли бањорро, ки табиат аз нав зинда мегардад муќобил гузошта, як навъ мавриди тасвир ва таваљљўњи худ карор додааст, ки  порчањои зер ин фикрро тасдик мекунанд:

 

Зинда шуд хоки зимистонкушта аз боди бањор,

Соќиё, з-он оби њамчун нор афрўзон биёр.

Хоки бўстонро бидењ з-он оби оташгун насиб,

То кунад њар шохсореро чу масте бодсор.

З-обгин бахти равон Кайхусрави оташњашам,

“Ганљи бодовард” кард аз ботини хок ошкор.

Хок аз об, абр аз боди сабо фарзанд ёфт,

Лолаи минотани ќатрондили оташгузор.

        Дар воќеъ, аз ашъори  Сўзании Самарќандї пай бурдан мумкин аст, ки шеър аз зиндагї ба вуљуд меояд. Њар чизи зебо ва њар чизе, ки метаво

над рушд кунад ва ба дилњо роњ ёбад  натиљаи зиндагист. Исботи ин гуфтањоро дар њар як мисра шеъри шоир метавон дарёфт. Вай дар мисрањои зерини худ фарорасии фасли бањорро бо мањорати баланди шоирї тасвир кардааст:

 

Фасли бањор бо ман нозук чу барги гул,

Лашкар бурун задам чу гули сурх дар бањор,

То комгор гардам бо душманони мулк.

Як сў шудам зи барги гули сурх комгор.

Њангоми гул зи луъбати гулрух људо шудам,

Дар дида висол халидам зи њиљри ёр.

Бар ихтиёри халќ сафар кардам ихтиёр.

Љустанд халќ ранљи ман аз мењрубони хеш,

Ман ранљашон кашидаму бар худ кашида бор.

Ранљест ин ки чун ба њаќиќат нигањ кунам,

Ноз асту роњат аз паси ин ранљи бешумор.

Эй гулбуни нишоти  ман зи роњи мењр,

Бе ман мабош тозиву бар гул макун канор.

То ман чу аз сафар бирасам аз рухони ту,

Пур гул кунам канори худ, эй чун гули бањор.

         Сўзании Самарќандї бо корбурди ибораю таркибњои зебое, ки ба деияти куллии шеърро таъмин кардаанд, ба шеър навию тозагӣ мебах шад. Љое ў вожаи зоњиран зебои «мушкбор»-ро тобиши зебои шоирона додааст:

 

Эй сарви руста, аз тарафи љўйбор бар,

Бар сарву мањ силсилаи мушкбор бар.

Эй луъбати бадеу нигори бадеи чин,

Бар сурати ту фитна ба Чин дар нигор бар.

 

Дар ин порчаи шеърї Сўзанї аз иборањои «сарви руста, лўъбату нигор, сурати Чан» бо мањорати баланди суханофаринї истифода бурда , ашъорашро пурмазмуну зебо ва хонданї ба ќалам додааст.

Сўзании Самарќандї дар пайравї ба шоирони забардасти адабиёти форс-тољик махсусиятњои бањори нозанинро, ки арўси сол ба њисоб мера вад, дар ѓазалњои ошиќонааш аљаб зебою бамаврид сурудааст. Вай дар ѓазалаш бо хитоб ба маъшуќи маљозияш мегӯяд, ки фасли бањор шудааст ва маъшуќаи хешро ба сўи боѓ, ки пур аз гулу ёсуманњост, даъват мекунад. Сўзанї дар идома мегӯяд:

Фасли бањор гашт берун ой сўи боѓ,

В-аз боѓ боз хонаи дил беѓубор бар.

Бингар, ки фарри боѓ гул аст, эй нигор, бас,

Кафро тињї мадору ба тангу каф ор бар.

Ду булбуланд модаву нар бар канори сарв,

Бар сарв мода лањн занад бар чанор бар.

 

Ё дар љои дигар мефармояд:

 

Ёри маро хати бунафшазор баромад,

Бўи бунафша зи њадди ёр баромад.

Ёр сар аз шарм чун бунафша фурў бурд,

Гирди гулаш то бунафшазор баромад.

Ба дилам зи зулфи беќарораш якчанд,

Ишќ фуруд омаду ќарор баромад.

Ба сари зулфаш нагашта кор ба як сў,

Хат чи бало буду бар чї кор баромад.

Сабза ба олам зи навбањор барояд,

Ба лаби ў сабза бе бањор баромад.

        Фасли бањор дар тасвири Сўзании Самарќандї гоње бо эњтиром дар муносибат, фикру андеша, заволи ишќ ё муњаббат ба инсонњо ва зиндагї ва мисли ин образњои мусбї низ њамроњ аст. Аммо тавре дар мисолњои боло дидем, Сўзанї бањор, гул, сабза, ёсуман, оби љўйбор, булбул, чашмасорро њамчун рамзи покию нафосат, умеду интизорињои нав, айёми муъљизањо ва зиндашавии табиат ва солимию бардами инсон маънидод кардааст:

 

Эй чун гули наврўз ба рухсору ба боло,

Бар сарви сарафроз сарафрозиву фирўз.

Гар сарви гулат хонам, монї ба гулу сарв,

Мафроз сар аз кибру рух аз кина маяфрўз.

 

    Дар бисёр маврид шоир доир ба гул њамчун растание, ки дар мавсими бањор мешукуфад ва тез хазон мешавад, маълумоти кофие доштааст. Дар заминаи ин маъно Сўзанї инсонро низ чун гул медонад ва таъкид бар он менамояд, ки зиндагию умри инсон бояд мисли гул тару тоза, зебо бошад. Бо ин гуфтањояш ба баъдинагон њушёр медињад, ки дар зиндагї инсонњо бояд ба ќадри якдигар расанд ва сўњбати якдигарро ѓанимат донанд, мисли гул тару тоза, зебо, хурсандиовару хушбўй, боназокату бо латофат… бошанд. Яъне шоир тавонистааст, ки бо овардани маънои аслии вожаи гул, ки дар фасли бањор мерўяд, онро бо умри инсон нисбат дињад. Ба маънои маљозї омадани вожањои ифодагари гул ва навъњои он дар ѓазалиёти Сўзанї бештар ба назар мерасад. Чуноне ки ба мо маълум аст, дар адабиёт гул њамчун як образи маш њур ифода меёбад, ки шоир зебої, хушбўйї, латофат ва назокатро ба назар гирифта, маънињои тозае гуфтааст:

Сўзании Самарќандї дар эљодиёташ љабру љафои золимон, худписандї, беѓамї барин хислатњои ношоистаи баъзе ашхосро танќид намуда,рафторњои онњоро ба чор фасли сол монанд кардааст.Инсонњои суханчину иѓвогарро ба фасли тирамоњ, инсонњои бадќањру бадтинатро ба фасли зимистон, инсонњои ростќавлу поквиљдон, зебою ошиќро, зиндагиро бо тамоми пањлўњояш дўст медоранд, монанд карда, ќутоњии умри дурўѓро ба хазони тирамоњ ташбењ дода, таълим медињад, ки инсон њељ гоњ дурўѓ нагўяд ва суханчинї накунад. љавонмарду, одамдўст, боинсофу адолатхох, хайрхоњу саховатманд, бомаърифат, ѓамхори халќ бошад.Сўзании Самарќандї њамеша сарбаландона зистанро ситоиш мекунад. Дар баъзе шеърњояш гуфтааст, ки њангоми талхию ногуворињо бояд навмед нашуд ва ба оянда назари нек дошт:

 Сўзанї аз атру бўйи њамон гулњои табии фасли бањор рухи худро муаттар сохта, аз атру бўйи њамон гулњо гулзоре офаридааст, бањори атру бўяш љовидона аст ва њељ хазонро дар он роње нест ва барои баъдинагон низ мисли боѓи пурнакњатест, ки хонандаи ашъори Сўзанї  метавонад аз накњати гулњое, ки шоир дар шеъраш тасвир кардааст, лаззат бубарад.

Бењтарин мисрањои шоир низ дар бораи гули хушбўй ва навъњои он ва зебогињои ин гули худрўй, ки дар фасли бањор мерўяд, гуфта шудааст.

Мисол:

Оби равшан тира гашт аз жолаи абри бањор,

Хоки тира гашт равшан аз фурўѓи лолазор.

Абри найсонро ба бор овар дурри шоњвор,

Ѓунча аз шўхї ба бар бигрифт он дурро бабор.

Лолаи сероб дар найсон пур аз рангу нигор,

Дурљи дурри шоњвор аст аз аќиќи обдор.

Гуфтаи лола-ст ё Раб бо лабу дандони ёр,

Гар набадї тирадил чун хасми дењќони аљал.

 

Ё дар љои дигар:

       

Фасли бањор бо ман нозук чу барги гул,

Лашкар бурун задам чу гули сурх дар бањор,

То комгор гардам бо душманони мулк.

Як сў шудам зи барги гули сурх комгор.

Њангоми гул зи луъбати гулрух људо шудам,

Дар дида висол халидам зи њиљри ёр.

Бар ихтиёри халќ сафар кардам ихтиёр.

Љустанд халќ ранљи ман аз мењрубони хеш,

Ман ранљашон кашидаму бар худ кашида бор.

Ранљест ин ки чун ба њаќиќат нигањ кунам,

Ноз асту роњат аз паси ин ранљи бешумор.

 

    Хулоса, орзу мекунем, ки дар ин фасли зебои сол, ки фасли зиндашавии табиат, фасли шукуфої аст, њамеша бо мењру муњаббат ва самимият умр ба сар барем ва рўзгорамон ба мисли тасвирњои шоиронаи Сўзании Самарќандї зебою афсонаосо бошад.

 

Хуљова Мављуда Ўроќовна

ходими калони илмии

маркази мероси хаттии АМИ ЉТ,

номзади илмњои филология