Терроризм дарди бедавои асри XXI

                               Терроризм дарди бедавои асри XXI

        Ба ҳама маълум аст, ки инсоният дар ду  асри охир,  махсусан аз миёнаҳои асри XX то имрӯз ба як қатор дастовардҳои  ҳаётан муҳим, аз ҷумла кашфиёту  пешравиҳои илмиву ҷамъиятӣ ва маданӣ мушарраф гардид, ки зиндагии башариятро дучори дигаргунӣ намуданд.  Метавон дар ин замина аз тараққиёти босуръатӣ техникаву технология, астрономия, биология, тиб, сиёсат  ва ғайра бо ифтихор ном бурд.

         Олимону донишмандони соҳаҳои номбаршуда дар солҳои охир корҳое анҷом доданд, ки дар гузашта иҷрои онҳо ғайриимкон, ҳатто тасаввурнопазир буд.  Хусусан дар ду даҳсолаи охир воситаҳо ва технологияи коммуникатсионӣ ба суръати барқосо рушд намуд ва ин ду даҳсола бешак давраи инқилоби мобилӣ унвон шудааст. Хусусан интернети мобилӣ тарз ва арзиши зиндагии инсонҳоро тағйир дода истодааст.   Аммо бо вуҷуди давои ҳама гуна дардҳои рӯҳиву ҷисмонӣ асри XXI-ро  дарде бо номи терроризм домангир аст.

    Терроризм дарди умумиинсонӣ буда,  ҳастии он дар дилхоҳ ҷой таҳдидест барои одамон. Ҳар як шахси соҳибақлу бофаросат ва дорои шуури инсонидошта аз ин вабои аср дурӣ меҷӯяд ва дар ҳолати таҳдид онро сидқан маҳкум  менамояд.

        Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Тӯли даҳсолаҳои охир ин зуҳуротҳо торафт авҷ гирифта, ба муаммои муҳими на танҳо кишвари мо, балки ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.

        Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ мунтазам аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ оид ба норавоии ба дини мубини Ислом нисбат додани зуҳуроти нанговари терроризми байналмилалӣ ва роҳу усулҳои тақвияти мубориза бо ин зуҳурот фикру андеша ва таклифҳои муфиду ҷолиберо баён менамоянд, ки мавриди дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус мусулмонони сайёра қарор доранд.

        Пешвои миллати мо дар бисёре аз баромадҳояшон таъкид мекунанд, ки террорист дин, мазҳаб, миллат ва давлат надорад.

    Бояд як чизро махсус ёдовар шуд, ки терроризм дарди худпайдо набуда, махсус дар зери ниқобе, аксаран диниву мазҳабӣ ба вуҷуд оварда мешавад ва ҳатман пуштибону маблағгузореро соҳиб аст.

     Ҳамчунин  яке аз  сабабҳои паҳншавии терроризму экстремизм (бисёртар дар Шарқ) ин паст будани сатҳи  тафаккур, баланд будани ифрот ва ҷоҳталабиву мансабхоҳӣ  ба ҳисоб меравад.  Аз ин лиҳоз барои даво ва нобудии  террористу терроризм ва решакан намудани бенизомиву беқонунӣ, бояд кишварҳои ҷаҳон дар ҳамбастагӣ ва якдигарфаҳмӣ  гурӯҳҳои хусусияти террористидоштаро маҳкум ва нест намоянд.

                                                                     Ходими илмии Маркази мероси

                                                                хаттии назди Раёсати АМИТ,

                                                                        Шодиҷони Рамазон