Тухми дигар ба каф орему...

      Аз гуфта бузургон, “таърих ду бор такрор меёбад: бори аввал фоҷиавор, бори дувм мазҳакавор”.

         Мутаассифона, ҳикмати гузаштагонро на ҳама мавриди риоят қарор дода, оқибат сар ба гирдоби нокомиву фоҷиаҳо фурӯ мениҳанд. Аз ҷумла, нафароне, ки ҳукми қадимӣ будани худ ва бар дигарон авлавият доштанро ҷавҳари ҳаёти хеш пиндоштаанд, гирифтори бемории сахти худбиниву худхоҳӣ ва нигилизми воқеияти таърихӣ гардидаанд. Чунин беморӣ хоси на танҳо инсонҳову созмонҳо, балки баъзе давлатҳо ҳам ҳаст, ки дар имтидоди таърихи гузашта ҷойгоҳе надоштаанд, аммо даъвои беасоси солор будани худро пеш мегузоранд. Ба гуфтаи Ҳофизи Шерозӣ,

Ҷанги ҳафтоду ду миллат, ҳамаро узр бинеҳ,

Чун надиданд ҳақиқат раҳи афсона заданд!

         Аз ҷумла, наҳзатиҳои Тоҷикистон зӯр зада иддао менамоянд, ки 50 сол собиқаи таърихӣ доранд. Ҳанӯз  соли 1973 дар шаҳри Қурғонтеппа таъсис додани ҳизбашонро тӯтивор гӯшзад мекунанд, ки аз воқеият фарсахҳо дур аст. Барои равшанӣ дохтан ба ин масъалаи таърихи муосир ба бойгониҳои ҷумҳурӣ сар задем  ва таммоми маводи 50 соли охири дар ин махзанҳо мавҷударо ҷустуҷӯ намудем. Иловатан, нусхаҳои нашрияҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷумҳуриамонро, ки дар ин давра ба дасти чоп расидаанд, омӯхтаву мавриди таҳлилу таҷзия қарор додем. Дар натиҷа аён гардид, ки ҳизби мазкур дар таърихи давлату миллатамон аслан ҷойгоҳе надоштааст ва кулли эъломияҳои роҳбарияти он дар мавриди собиқаи тӯлонӣ доштанашон воҳимаву муболиғае беш набудаанд.

         Омӯзиш нишон дод, ки дар ҳеҷ китобу асари таърихие, ки дар хусуси вазъи сиёсии ҳамонвақтаи Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла муборизаи синфии созмону ҳаракатҳои мазҳабӣ-сиёсӣ навишта шудаанд, номи ҳизби наҳзат зикр наёфта, ҳеҷ ишорае дар онҳо доир ба фаъолияту ҳузури аъзову роҳбарияти он ба назар намерасад. Ин ҳама санаду далелҳо баёнгари онанд, ки руҳонияти ҷангҷӯйи дар он замон пинҳонӣ амалкунанда ҳалқаҳои таълимоти динӣ, “мавлавихониву ҳофизхонӣ, “маҳфилҳои пӯшидаи таровеҳу намозу тақводорӣ-ро бо таъсиси созмони сиёсӣ-динӣ даромехта ҳамагон, аз ҷумла муҳақққиқони соҳаро ба гумроҳӣ андохтаву гоҳҳо муваффақ ҳам шудаанд.

        Бинобар  андешаи роиҷ дар ҷомеа, руҳонияти шикамбораву ишратпарасти маҳаллии саргарми забҳи чорвову ташкили гаштаку маъракаҳои таому ғизохӯрӣ ҳаргиз наметавонистанд дар кунҷи зеҳни маишату ҷаҳолатписандашон фикри таъсиси ҳаракате масъулиятталаби сиёсиро ҷой  диҳанд. Аз ҷониби дигар таърихнигорони варзидаи шӯравӣ Р.Медведев, Э. Радзинский, Л. Мчелин, В. Наумов, Б.А. Литвинский, В.В. Бартолд, Е. Э. Бертелс ва дигарон, ки воқеаҳои таърихии замони шӯравӣ, аз ҷумла ҶШС Тоҷикистониро мӯшикофона пажӯҳиш кардаанд, сатре дар бораи  ҳаёту фаъолияти наҳзатиҳо нанавиштаанд. Аслан, дар гӯшаи хотираи илмӣ ва таърихии олимони тавоно нуктае аз ҳизби наҳзатсозӣ дар миён нест. Агар наҳзатиҳо субъекти ҳатто диние дар ҷумҳурӣ мебуданд, дар ВАО ва рисолаҳои илмӣ аз ин ҳолат то соли 1991 ҳатман ишорате мерафт. Гуфтаи зерини сиёсатмадори амрикоӣ Ҷ. Франклин, дар мавриди таъсиси ин созмони моҷароҷӯ созгору сабақомӯз аст, ки фармуда буд: “Гоҳо беҳтиётии андак ба бадбахтии калон меорад; аз нарасидани як мех наъл гум мешавад; аз нарасидани наъл асп гум мешавад; аз нарасидани асп савора аз даст меравад ва душман ӯро дармеёбад, мекушад. Ҳамаи инро сабаб он буд, ки ғами мехи наъли аспро сари вақт нахӯрдем”.

       Алҳақ, мо, тоҷикон, ҳам аз аввал ғами ҳамин мехро нахӯрдем ва барои воридшавии ин ҳаракати ифротӣ солҳои 90-уми асри гузашта роҳро барояш ҳамвор кардем.

         Аз ин бетарафиву карахтии мақомоти дахлдору авоми гаправу ноогоҳамон истифода бурда, наҳзатиҳои зархариду бегонапарасту космополит анқариб бунёди давлату миллатдориамонро аз миён бармедоштанд ва моро дигарбора ғуломи ҳалқабаргӯши аҷнабиён мегардониданд.

        Хушбахтона, баъди муборизаҳои ошкору ниҳони тӯлонӣ ва ҷоннисориҳои фарзандони диловари ватанамон таҳти роҳбарии оқилонаву дурбинона ва мардонаву ҷасуронаи Қаҳрамони Тоҷикистон-Сарвари муаззами давлату миллатамон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, манъи фаъолияти созмони экстремистию террористии Ҳизби наҳзати ислом, ки шартан номи поки Тоҷикистони азизамонро ба худ барбаставу хору зораш карданд, фирори масъулинаш ба хориҷи кишвар, мардуму сарзамини шарифамон андаке қомат афрохтанду дар пайи созандагиву бунёдкорӣ афтоданд.

          Аммо, мутаассифона, масъулону ҳидоятгарони  ин ташкилоти террористӣ, ки аз ҷавобгарӣ дар назди қонун фирор карда, дар хориҷа панаҳ бурдаанд, бо вуҷуди заифу  нотавон буданашон, то ҳол аз роҳи зӯроварию тундгароӣ ва мақсадҳои разилонаашон барнагаштаанд. Ин гурӯҳи аҳриманӣ ба ғуломи душманони Тоҷикистон табдил ёфта, супоришу дастури ононро иҷро ва ба хотири манфиати молӣ ба ватану миллат ва дину мазҳаби худ хиёнат мекунанд.  Амалҳои ҷинояткоронаи худро идома дода, дар расонаҳои хабарӣ ба дурӯғпароканию иғвогариҳои зиддимиллӣ машғуланд. Аз хабару навиштаҳояшон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои хабарии ифротӣ маълум мешавад, ки бадхоҳони миллату Ватан барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ аз ягон амали нангине худдорӣ намекунандИн тӯдаи бадхоҳ кӯшиш мекунанд, ки муҳоҷирони тоҷикистонии муқими кишварҳои хориҷӣ бо таблиғоти ифротиашон гумроҳ карда, ба сафи худ ҷалб намоянд. Бо ин роҳ мехоҳанд худро ҳамчун як неруи  мухолиф намоиш диҳанду таваҷҷуҳи созмонҳо ва доираҳои манфиатдори хориҷиро ҷалб созанд, то пули бедардимиён ба даст оранду сукунати худро дар он мамлакатҳо идома диҳанд.

         Роҳбари ин ташкилоти террористӣ, ки аз ҳисоби хоҷагони хориҷиашон солҳои зиёд сарват ба даст овардааст, ҳатто баъди фирор аз зодгоҳ ҳам дар ивази иқдомоти ватанфурӯшию амалҳои зиддимиллиаш ба ҷамъоварии пулу мол машғул аст. Нашармида аз демократия, ҳуқуқи инсон  ва озодӣ сухан мегӯяд, аммо аз маҳрумияту бадбахтиҳои дар давоми 30 соли охир ба сари мардуми тоҷик овардаи ҲНИ ёдовар намешавад. Ҳеҷ ба хотир намеорад, ки аввали солҳои 90-уми асри гузашта масъулону ҷангиёни  ин ташкилоти хунхор дар кишварамон ҷанги шаҳрвандиро роҳандозӣ карданд; онҳоеро, ки мухолифи ақидаҳои ифротиашон буданд, қатлу ғорат карданд. Солҳои баъди истиқрори сулҳ низ, бо вуҷуди афви ин гурӯҳи хиёнаткор, террору ҷинояткориҳояшонро идома доданд.

       Солҳои охир ҳам аъзои ҲНИ теъдоди зиёди ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистӣ (ифротгароӣ)-доштаро содир намуда, дар байни аҳолӣ, аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои ахбори омма норозигию иғво ва кинаю адоват барангехта истодаанд, ки  боиси халалдоршавии ҳаёти осудаи шаҳрвандон ва амнияти ҷамъиятӣ гардида, ба асосҳои сохти конститутсионӣ ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид менамояд.

         Ҳаводиси солҳои ҷанги шаҳрвандӣ нишон доданд, ки ҲНИ нахуст аъзои худро сирру қоидаҳои ҷиҳод омӯзонда, сипас аз таълимоти дигари мазҳабӣ усули кор гирифт. Дар аксари ҳолат ин террористони тайёршуда тамоми арзишҳои аҷдодию муқаддаси миллию ватаниро зери по намуда, ҷони миллионҳоро ба хатар андохтанд. Бо содир намудани амалиёти террористӣ андешаҳои ифротии худро вориди мафкураи гумроҳу бесоводон намуда, талош меварзиданд, то ба ин васила сафи тарафдоронашонро афзун созанд.

         Имрӯз ҳам ҷинояткорони муздур душманию тахрибкории худро бар зидди ватану миллат идома дода истодаанд, ки ҳаводиси рӯзҳои охир дар вилояти Бадахшони кишварамон рухдода гувоҳи равшанӣ онанд. Аммо душманони миллати ҳаргиз дар амалидошти мақсаду ниятҳои нопокашон ҳаргиз муваффақ нахоҳанд шуд, зеро акнун мардуми Тоҷикистон ва муҳоҷирон ҳам аз паси чунин палидони нохалаф намераванд, ҳаргиз онҳоро дастгирӣ намекунанд.

          Ифротиёни навбаромад равшану возеҳ бояд бидонанд, ки ҳар гуна эътилофу ҳамкорӣ бо душманони миллат ҷиноят асту ҷавобгарӣ дар назди қонун дорад. Пайвастан ба хиёнаткорон хиёнат ба ватану миллат аст.

          Ҳодисаву воқеаҳои чанд моҳи охир дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нишон медиҳад, ки наҳзатиён аз ҳар гуна шахсу гурӯҳҳо ва одамони бетафаккур, асолатбохта ва ҳатто нашъамандону беморҳо барои ноором намудани ҷомеа истифода бурданӣ мешаванд. Дар ин ҳолат ҳар як шаҳрвандро зарур аст, ки аз ҳушёриву зиракии худ истифода баранд, то бозичаву қурбонии дасисаҳои хоинон нагарданд.

         Хулласи калом, имрӯзҳо, ба иқтизои таъриху наҳси худашон, ибораву мафҳуми “наҳзат”-у “наҳзатиён” дар миёни мардуми мо ба истилоҳу вожаи нафратангез, хунолуд ва хатарнок табдил ёфта, пиру барно аз онҳо ҳазар мекунанд ва роҳи халосии якумрӣ меҷӯянд.

          Барҳақ, аз гуфтаи аллома Иқболи Лоҳурӣ, мо, тоҷикони имрӯзаро лозим аст, ки дар ин маврид

Тухми дигар ба каф орему зи нав кишт кунем,

К-он чӣ киштем, зи хиҷлат натавон кард дарав!

Хайрулло Раҷабалиев,

Ходими калони илмии

Маркази мероси хаттии

назди Раёсати АМИТ