Туҳмату иғво - силоҳи дуюми хоинон!

        Имрўзњо тавассути шабакањои иљтимої, хоинони миллат, нисбат ба ватани азизи мо -Тољикистон ба вижа маќомоти роњбарии кишвар њар гунна њангомаю дасисањои беасосро роњандозї менамоянд, ки боиси афсўс хурдан аст. Бояд ёдовар шуд, ки баъди амалҳои муваффақу номуваффақи зиёди террористиву эктремистӣ, хоинон,  ҳоло бо истифода аз усули дуюми худ, яъне туҳматбофиву маккорӣ, дуруғгӯиву иғвогарӣ дар шабакаҳои интернетӣ бе мамониат истифода бурда истодаанд. Мо итминон дорем, ки мардуми шарифи Тољикистон дигар ба чунин туњмату бўњтонњо, ки боиси нороњатии ањли љомеа мегарданд эътимод намеварзанд, зеро мањз њамин њангомањои бардуруѓи подарњаво буданд, ки солњои 90-уми ќарни гузашта мардумро ба гирдоби бало гирифтор карданд ва ќисмати зиёди онњо тарки хонаву љой карда фирорї аз ватани хеш шуданд.

         Аслан мавзўи матрањ ниёз ба шарњу тавзењи муфассал надорад, чунки мардуми шарафманди диёр худ шоњиди њамагуна бадбахтињое, буданд, ки худхоњону дасисакорон тавассути роњнамоињои маккоронаи хољагони хориљиашон ба сари ањли љомеаи Тољикистон бор карданд. Тафсилоти бештари вазъи замони  љанги шањрвандї дар Тољикистон дар китобњою маќолањои људогона, ки соњибназарон тўли чанд соли охир ба табъ  расонидаанд,  вазъи гузаштаро бозгў мекунанд.

         Ҳоло ба василаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат Президенти кишвар муњтарам Эмомалї Рањмон Тољикистон ба як давлати воњид табдил ёфта, рушди кули љабњањои њаёти љомеа бармало эњсос карда мешавад. Дар замони соњибистиќлолї ривољу равнаќи мактабу маориф, бахши тандурустию иљтимоӣ, иќтисодию фарњангии мамлакат ба вазъиятњои шадиди сиёсию иќтисодї дар љањони муосир нигоњ накарда ба вуљуд омад. Гузашта аз ин обрўю эътибори Тољикистон ба гунаи як кишвари соњибистиќлол дар арсаи байналмилалї афзуд ва нињоят маќсаду мароми неке, ки Ҳукумати љумњурї хоса Сарвари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон љињати рушди некўањволии халќ доранд марњила ба марњила љомаи амал пўшида истодаанд..

         Аз ќавли маъруф:  он чи аён аст, њољат ба баён нест.

         Мо мардуми кишвар, хоса насли љавонро дар чунин шароит ангезањои норавшану норавони иттилоотї, ки дар шабакањои иљтимої пайдо мешаванд зарур аст, ки тибќи дастури њушёрдињандаи Пешвои миллатамон Эмомалї Рањмон фаъолияту зиндагї карда, зиракии сиёсиро аз даст надињем. Дар чунин вазъ мо бояд њар чи бештар аз сиёсати сулњпарваронаю хирадмандонаи Президенти мањбубамон Эмомалї Рањмон дастгирї намуда, сањми арзандаи худро дар тараќќию шукуфоии Ватани озодамон Тољикистон гузорем.

         Насли љавону њушёри Тољикистонро зарур аст, ки аз шароитњои бисёр њам мусоиди феълї истифода намуда донишу маърифат аз бар намуда, дар тањкими давлатдории навин сањми арзандаи хешро гузоранд. Њамзамон кули донишмандону хирадмандони мамлакат бояд тавассути шабакањои иљтимої ба њангомаљўёну ёвагўён, душманони Тољикистони соњибистиќлол љавобњои мубрам, бо далелу бурњони ќотеъ фиристанд ва бори дигар ба гушу њуши онњо расонанд, ки халќи ба ору номуси мамлакат дигар ба суханњои буњтономезу иѓвогаронаи онњо бовар намекунад, чунки кур як бор асояшро гум  мекунад.

         Чашми равнакбини мо ба ояндаи дурахшони кишвари мањбуб Тољикистони азиз ва Пешвои муаззами хеш Эмомалї Рањмон умеди ќавї дорад. Роње, ки Тољикистони соњибистиќлол пеш гирифтааст ягона масири ба сарманзили саодат расидан аст.

Ходими илмии Маркази мероси хаттии

 Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, 

Меҳриддин Ғиёсиев