ХИЁНАТГАР НАБОШАД ФАРДИ БОВАР

                  ХИЁНАТГАР  НАБОШАД  ФАРДИ  БОВАР

       Хиёнат, фиребу макр, норостї, бевафої, бедиёнатї, ноустуворї, даѓалї, туњмат ва ѓ. аз амалкардњои манфии инсонї буда, агар он аз љониби шахсе сар занад, бегумон ўро хоин, хиёнаткор, бадгумон, ањдшикан, туњматгар ва… гўянду аз афроди манфури љамъияташ шуморанд. Дар ин нињод, пеш аз њама, характерњои баду зишт алайњи некию некўкорї дида мешавад. Ба таъбири дигар, осудагию оромии фарде ё љомеаеро халалдор сохтан, сохтањои њадафмандонаро сўхтан, будањоро нобуд кардан, ба њаќ ноњаќиро раво дидан,  ба сафедї хати бутлони сиёњї кашидан андар хиёнат рў менамояд. Ваќте дар вуљуди инсон хиёнат ќомат меафрозад, хиёнатгар ќудрату тавон мегирад, кўшиш менамояд, ки аз амали хурди разилона ба корњои бузургтар панља занад, то ба њадде, ки бањри љоњу молу манол ба ќудрати сиёсати ваќт њамлаи нодурбинона кунад, байни љомеа иѓво ангезад, ба осудагию оромї такони манфї дињад, барои манфиати фардї даст ба корњои ношоиста занад.

       Дар баробари пањлуњои пасту баланди зиндагии одамї хиёнат низ пањлуњои мутааддиде дорад. Дар ин росто хиёнат ба ойила, хиёнат ба наздикону дўстон, хиёнат ба раванди рости корњо, хиёнат ба моли мардум ва љамъият, хиёнат ба ватан, баъзан аз нодонї хиёнат ба волидайн ва… аз  хиёнатњое мебошанд, ки дар навбати аввал хеле кўчак ба назар расанд њам, дар нињоди худ басо ангезањои нохуше доранд.

       Ваќте ба ба сањифањои адабиёту фарњанги дури дурамон назар меандозем, мебинем, ки дар љомеаи њамаи давру замонњо ин амалу падидаи номатлуб реша доштаву мањкум карда шуда, маѓлуб љамъбаст гардидааст, то инсонњоро њушдор дињад ва эшон аз ин роњи бад канораљўйї намоянд. Агар љиддан ба сањфањои ин адабиёти ѓанї мутаваљљењ шавем, мебинем, ки дар кўлбори њар суханвари тавонои он доир ба хиёнату хиёнаткорї ва пањлуњои дурушти он ишорае, андешае, мулоњизае ва дар ин замина хулосањои ибратбахше мављуданд, ки то ба имрўз ќимати тарбиявии худро гум  накардаанду  омўзандаанд.

      Њанўз Одамушшуаро Абўабдуллоњи Рўдакї оид ба хиёнату хиёнаткорї дар порчањои боќимондаи достони «Синдбоднома»-и худ манзараеро, ки зане ба мард хиёнат мекунад, ин тавр  тасвир кардааст:

 

                             Он гурунљу он шакар бардошт пок

                             В-андар он дастор он зан баст хок.

                             Он зан аз дуккон фуруд омад чу бод,

                             Пас фаларзангаш ба даст-андар нињод.

                             Мард бикшод он фаларзаш, хок дид,

                             Кард занро бонгу гуфташ: -Ай палид!...

 

     Маатаассуф оѓоз ва фароварди  њикоят то замони мо нарасидааст, то донем, ки ин зани хиёнатгар чї зане буда ва чаро ин хиёнатро бар он мард раво дида!

       Аз нигоњи суханварони адабиёти форсии тољикї хиёнату хиёнаткрорї, ки дар байни афроди љомеа рух медињад, аксар бо дастдарозї намудан ба дороии мардум ва љомеа амалї мешавад. Фирдавсии бузург ба ин маънї мегўяд:

                            

                             Ба чизи касон даст ёзад касе,

                             Ки бањра надорад зи дониш басе.

 

       Њамин маънї дар як њикояти «Гулистон»-и Шайх Саъдии Шерозї чунин омадааст:

       «Корвонеро дар замини Юнон бизаданд (яъне, дуздон) ва неъмати беќиёс бибурданд. Бозаргон гиряву зорї карданд ва ба Худову Пайѓамбар(с)  шафеъ оварданд, фоида набуд…

       Луќмони њаким андар он корвон буд, яке гуфташ аз корвониён: -Магар инонро насињат кунї, то тарафе аз моли мо даст бидоранд, ки дареѓ бошад, ки чандин неъмат, ки зоеъ шавад?

       Гуфт: -Дареѓи калимаи њикмат бошад бо эшон гуфтан:

 

                             Оњанеро, ки мўриёна бихўрд,

                             Натавон бурд аз ў ба сайќал занг.

                             Бо сияњдил чї суд гуфтан вазъ,

                             Наравад мехи оњанин дар санг!»

 

       Бале, љавоби Луќмони њаким ба суолкунанда бамаврид аст, зеро оне, ки хиёнат дар тору пудаш танидааст,  тарбият кардану ба роњи рости инсонї даровардан ѓайриимкон мебошад.  Магар чунин хиёнаткорон имрўз каманд!

        Саъдии Шерозї ин бардошти худ аз зиндагиро таќвият дода, гуфтааст:

 

                             Аз раъият касе, ки мол рабуд,

                             Гил зи пай баргирифту бом андуд!

    

      Яъне, хиёнатгару ѓоратгари моли мардум ба маќсад нахоњад расид.

       Боз аз Саъдии бузургвор аст, ки гўяд:

          Њар кї хиёнат варзад, дасташ аз њисоб диларзад!

 

       Ва ё дар њикмати халќ омадааст, ки:

                              «Хиёнатгар саломат намемонад».

 

          Ваќте ба достонњои «Хамса»-и Низомии Ганљавї рўй меорем, мебинем, ки шоири њаким дар ин бора бетараф нест. Вай борњо хиёнату хиёнаткориро салоњи ахлоќи њамидаи  одамї надониста, фарљоми бад доштани онро таъкид меенамояд ва мегўяд:

 

                             Аз хиёнатгарист  бадномї

                             В-аз бадї њаст бадсаранљомї.

 

        Дар ин маврид аз офаридањои  Низомии Ганљавї танњо њикояти «Хайр ва Шар»-ро ба ёд меорем, ки хиёнати  Шарри дар аввал дўст ба Хайр чї рўзњои мудњишеро бор овард. Дар охир Хайр аз гуноњи азими Шар гузашта бошад њам, вале шоњиди воќеа - марди курд бо теѓ сари Шарро аз тан људо менамояд, то чунинњоро дарси  ибрат шавад. Аз ин рў,  суханвари дигари тољик Носири Хусрави Ќубодиёнї ба хоин њамнишин буданро салоњ надонистааст:

 

                             Зи хоин дур бош, ай дўст, њамвор,

                             Ки хоинро набошад дил ба як бор!

 

        Яке аз масъалањои муњимми њамаи давру замонњо, ки рўзгори мо низ аз он истисно нест, ин дар давлатдорї хиёнат накардани зердастон ба шоњу њокимони худ аст, новобаста ба он ки њукмраво дар чї появу дар кадом маќом аст. Ба ин маънї, дар «Шоњнома»-и Абулќосими Фирдавсї ба зиддиятњоне дучор меоем, ки аз хиёнат сар задаанд. Ба ёд меорем хиёнате, ки солорони лашкари Суњроб ба Суњроб раво диданду оќибати он бо фољеаи мудњиш анљомид. Бале, кўшиш рафт, ки писарро бо падар шинос нанамоянду бояд яке аз байн равад, то ду ќувва якљо шуда љањонгир нагарданд.  

      Бо макру хиёнати зани навбатии Ковусшоњ Судоба- духтари шоњи Њомоварон  Сиёвуш - писари Ковусшоњ ба рўзњои сахт рў ба рў шуда, нињоят бо њилаву найранги Афросиёб ва атрофиёнаш ба фољеа  дучор  ва  берањмона  кушта мешавад.

     Дар баробари он ки Рустами Дастон ба шоњ Ковус ва њамватанонаш љоннисор аст, боз њам  шоњ ба љањонпањлавон хиёнат мекунад. Сифати пастию нокасї, берањмию бемурувватї ва носипосии Ковусшоњ нисбат ба Рустам дар пайѓоми «Нўшдору хостани Рустам аз Ковус» аз забони сипањдор Гударзи Кашвод љолибу мушаххас ва њаќиќї љамъбаст шудааст.  Магар чунин рафтор ба љањонпањлавони кишвар хиёнат нест. Албатта Рустами Дастон аз ин рафтори ношоистаи шоњ меранљад, вале ватандор, ки њаст, бо ватан мемонад ва бештар аз пештар дар њимояи марзу буми ватан аст. Кушта шудани Рустами Дастон аз дасти Шаѓод яке аз мудњиштарин хиёнатњои бародар ба дародар дар сањифањои «Шоњнома» ба шумор меравад. Дар ин сањна магар Шаѓод ба муроди дили худ расид. Њаргиз!

       Дар «Гаршоспнома»-и Асадии Тўсї низ ба ин амали номатлуб  андешањои падари Гаршосп омўзандаанд. Вай пеш аз он ки Гаршоспро ба хидмати Зањњокшоњи золим гусел намояд, ба писари пањлавонаш чанд панди судманд медињад, ки асоситарини он њамоно чун зердаст хиёнат накардан ба шоњи замон аст. Агар зердаст  ба шоњ ва хазинаи мамлакат хиёнат намояд, он ба  костагии ахлоќи љомеа ва шикасти кишвар оварда мерасонад.  Хўшаро њам агар шоњ хонанд, ба он бояд итоат кард, -мегўяд падари Гаршосп.

      Баъди Фирдавсиву Асадии Тўсї ва Низомию Саъдї њам дар адабиёти ѓановатманди мо, вобаста ба муњтавои ин ё он асар,  бо ин мавзўъ метавон хеле зиёд дучор омад, монанди осори Саноии Ѓазнавї, достонњои  Амир Хусрави Дењлавї, офаридањои манзуми Шайх Аттори Нишопурї, «Маснавии маънавї» ва «Девони кабир»-и Мавлоно Љалолуддини Балхї, асарњои пурмуњтавои  Абдуррањмони Љомї, Бадриддин Њилолї, Зайниддини Восифї, Ањмади Дониш ва дањњои дигар. Ин маънои онро дорад, ки дар њамаи давру замонњо ин амали номатлуб ва разилона  боиси бисёр бадбахтињо ва фољеањо мешудааст.

        Вазнинтарин ва нобахшидатарин хиёнат ин хиёнат кардан ба халќу ватан ва миллат мебошад, ки чунинњоро Њаким Фирдавсї љасурона носазо гуфтааст. Доир ба амали хиёнату хиёнаткорони малъун дур намеравем ва ба ќарни ХХ нигоњ мекунем, зеро назираш дар Љанги Бузурги Ватании солњои  1941-1945 хеле равшан мушоњида шудаасту бо мисолњои мушаххас дар кутуби таърих ба адабиёти бадеии суханварони собиќ Иттињоди Шўравї  мунъакис ёфтааст. Он ваќт ватани шўравї ватани мо њам буд ва  таърих инро аз сањифаи худ  њеч ваќт сутурда наметавонад.  Акнун, ки кишвари мо бо талошњои чандинасра ва зањмату љоннисорињои фарзандони асил ва мардуми сарбаландаш ба соњибистиќлолї расидаасту  ватани озод дорем, мебояд ба  ќадри ин озодї бирасем ва љавонмардона аз халќу ватану миллатамон пуштбонї намоем, парчами кишварамонро болои сарњо њамеша парафшон бинем. Дар ин сї соли охир баробари достовардњои бесобиќа дидаем, ки дастањои муноќишакор, афроди ба аљнабиён фурўхташуда, ашхоси љоњталаб, баъзан роњгумзадагон  ва ѓ. ба сари мардумамон чї сахтињо ва ба ватанамон чї хисоротњое овардаанд. Ба онњое, ки барои мансабу љоњ ва молу манол  ба сулњу салоњ ва ягонагиву вањдати ватанамон хиёнатро раво медоранд, оштинопазир бошем,  гумрањон ва манфиатљўёнро пайваста мањкум намоем ва ѓ. Дар ин љода љавонон бояд зиракии фарњангї, љомеашиносї ва сиёсии худро њамеша нигоњ дошта,  ба иѓво ва таблиѓоти афрод ва гурўњњое, ки дар хоирљ аз кишвар истода љониби ватани худ санг мезананд, дода нашаванд. Бешак ин гунна афрод фурўхташуда ва иљрокунандаи барномањо ва супоришњои хољагони хориљии худанд. Аз ин рў, љавонон бояд пайваста дар њифзи ватану халќу миллат бошанд, зеро меваи баъди турктозињои ќарнњо  бо душворињои зиёд ба соњибистиќлолї ва озодї расиданамонро  барои њамешагии ватану миллату халќ бурдборона  ва содиќона муњофизат намоянд.

        Нињоят гуфтаниям, ки:

                             Шунидастам зи мардони диловар,

                             Хиёнатгар набошад фарди бовар!

 

 

Алии Муњаммади Хуросонї,

адабиётшинос, мудири шуъбаи Маркази мероси хаттии

назди Раёсати АМИТ