ХОЛОВ АЪЛОХОҶА САЙИДНОЗИМОВИЧ

Описание: H:\то 17.04.19\Новая папка\Холов А..jpg

Холов Аълохоҷа Сайиднозимович 21-уми декабри соли 1991 дар ноҳияи Ҳамадонӣ таваллуд шудааст. Соли 2009 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 82-и ш. Душанберо хатм кардааст. Соли 2013 факултети Филологияи араби Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абўҳанифаро ба анҷом расонида, ҳамон сол барои идомаи таҳсил ба шуъбаи магистратураи Донишгоҳи милли Тоҷикистон ҳуҷҷатҳояшро супорида, соли 2015 магистратураро бо ихтисоси Филологияи тоҷик хатм намудааст. Солҳои 2015-2018 аспиранти Институти забон ва адабиёти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон будааст.

Мавсуф фаъолияти меҳнатиашро аз соли 2013 ба ҳайси ассистенти кафедраи забон ва адабиёти араби ДИТ шурўъ кардааст. Аз сентябри соли 2017 то ҳол дар Маркази мероси хаттии АИ ҶТ дар вазифаи ходими хурди илмӣ кору фаъолият мекунад.

Холов А. С. муаллифи як китобу чандин мақолаҳои илмӣ, илмӣ-оммавӣ буда, дар конференсияҳои байналмилаливу ҷумҳуриявӣ иштирок ва суханронӣ кардааст.
Китобҳо
  1. Тоиров У., Сироҷидинзода М., Холов А.  Рисолаҳои илмии Абдурраҳмони Ҷомӣ. –Душанбе, 2014. – 96 саҳ.
Таҳияи китобҳо
  1. Шамсиддини Шоҳин. Лайлӣ ва Маҷнун (матни илмӣ-оммавӣ ба хатти криллӣ ва форсӣ). –Душанбе: Дониш, 2018. – 310 саҳ.
Мақолаҳо
  1. Аълохоҷа, Холов. Таъсири шоири араб Фараздақ ба эҷодиёти Абдурраҳмони Ҷомӣ // Паёми ДМТ № 4/7 (217). –Душанбе: Сино, 2016. С. 231-238.
  2. Аълохоҷа, Холов. Таъсири шоири араб Фараздақ ба эҷодиёти Абдурраҳмони Ҷомӣ // Паёми ДМТ. – Душанбе: Сино. 2016. 4/7 (216). Саҳ. 231.с. 231-238.
  3. Аълохоҷа, Холов. Саидуддин ал-Фарѓонӣ – аввалин шореҳи қасидаи «Тоияи кубро»-и Ибн ал-Фориз  // Паёми ДМТ № 4/5. –Душанбе: Сино, 2018. С. 203-212.
  4. Аълохоҷа Холов. Анъанаи муламмаънигорӣ дар адабиёти асри XIX (дар мисоли ашъори Шамсиддини Шоҳин) // Суханшиносӣ. № 3, 2018. Саҳ. 114-123.
  5. Асрори Раҳмонфар, Аълохоҷаи Сайиднозим. Достони ишқу фоҷеаи инсон // Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ. № 3/1 (252), 2018. Саҳ. 158-162.
  6. Аълохоҷа Холов, Ваҳдату якдилӣ дар ашъори Абдурраҳмони Ҷомӣ // Адабиёт ва санъат, № 28 (1947), 12 июли 2018. Саҳ. 7.
  7. Аълохоҷа Холов. «Забони миллат – ҳастии миллат» ва нақши он дар рушди маърифати ҷавонон // Ҷумҳурият, 11 декабри соли 2018. № 244 (23 578). Саҳ. 1.
  8. Аълохоҷа Холов. Симои Академик Абдулѓанӣ Мирзоев дар нигоштаҳои Аълохон Афсаҳзод // Баҳори Аҷам, №7-8 [483], 6 марти соли 2019. С. 13.
  9. Аълохоҷа Холов. Паёмҳои Пешвои миллат – раҳнамои ҷавонон // Паёми Донишкада/Махзани илм. МАВОДИ Конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзўи «Паёми Пешвои миллат – оинаи рушди сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва мадании Тоҷикистон», 19 марти соли 2019. Донишакадаи омўзгории Тоҷикистон дар ш. Панҷакент. Қисми 2. С. 275-279.
  10. Аълохоҷа Холов. Паёми Пешво-оинаи рушди сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон // Зарафшон № 15-16, 12 апрели соли 2019. С. 4-5
Суханронӣ дар конференсияҳо
  1. Суханронӣ бо маърўзаи «Анъанаи муламмаънигорӣ дар адабиёти асри XIX (дар мисоли ашъори Шамсиддини Шоҳин)» дар Конференсияи ҷумҳуриявии бахшида ба 160-умин солгарди Шамсиддини Шоҳин. ш. Душанбе, 18-уми октябри соли 2018.
  2. Суханронӣ бо маърўзаи «Корбурди вожаву таркиботи арабӣ дар “Баҳориёт”-и Сайидои Насафӣ» дар Конференсияи байналмилалии «Миробид Сайидои Насафӣ ва таҳаввулоти фарҳангию адабии Мовароуннаҳр», ш. Душанбе, 13-уми декабри соли 2018.
  3. Суханронӣ бо маърўзаи “Паёмҳои Пешвои миллат – раҳнамои ҷавонон” дар Конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзўи «Паёми Пешвои миллат – оинаи рушди сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва мадании Тоҷикистон», 19 марти соли 2019, ш. Панҷакент.