ШАСТ СОЛИ БОСАОДАТИ ОИЛАДОРӢ

ШАСТ  СОЛИ   БОСАОДАТИ

ОИЛАДОРӢ

     Ҳамсоя ҳастем, чандин сари сол. Не, ба гумонам, ки пасу пеш дар як деҳа ба дунё омадем, пушт ба пушт, авлод ба авлод ҳамдигарро мешиносем. Аз шодию ғам ва бешу ками ҳамдигар  огоҳему паҳлу ба паҳлуи ҳамем… Бале, ҳамсояем, беш аз сӣ сол боз ва ҳолдони ҳамдигар.

    Ин ҷо сухан дар бораи оилае меравад, ки ду ҳамсари меҳрубон собиқаи содиқонаи шастсолаи ҳамхонагӣ доранд. Инҳо хатмкардагони факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон)  дар аввали солҳои шасти қарни гузашта доктори илмҳои педагогӣ, профессор Хуррам Раҳимзода ва завҷаи меҳрубонаш Латофатбону Якубова мебошанд. Дар давоми таҳсил Хуррам Раҳимзода тахассуси суханшиносиро ба худ пеша намуду Латофат Якубова аз дунболи таърихи пурасрор рафт. Ба ҳам омадану дӯсту наздик  ва сипас ҳамхона шуданашон бошад дар як шаби хурсандӣ, тӯйи як ошнои умумиашон, соли 1959 ба вуқӯъ пайваста буд. Базм тафсон ва  ҳама шоду хандон. Аҳли маъракаи шодӣ ба хушии маъракадорон хушӣ зам намуда, суханронӣ  мекарданду месуруданду мерақсиданд. Хуррам Раҳимзода, ки аз овони кӯдакию ҷавонӣ ба ҳунару ҳунармандӣ завқ дошту асбобҳои мусуқиро истифода мекард, ба ҳунари машшоқони ин базми хушӣ ҳамоҳанг гардида, бо рақси мардона  саҳнаро шукуфон мекард. Қомати баланди навча, дасту бозуи ба чашм мерасида дошт (яке аз шуғлҳои дӯстоштаи  ҳамешагиаш вазнбардорӣ) магар, ки  ба чанголи чашмони Латофатбону Якубова, ки ӯ бо завқ саҳнаро тамошо мекард, афтод. Вай чун дугонаҳояш ноаён ба рақс баромаду худро ба ҳамтақдири зиндагии ояндааш, ки дар ин бора ҳанӯз  хаёле ҳам надошт, наздик шуд. Нигаҳҳо ба ҳам печиданду дилҳо ба ҳам роҳ кушоданд…

    Ин воқеаи барои онҳо ба минбаъд ва тамоми умр гуворо соли 1959 рух дода буд. Баъди ба анҷом расидани тӯй Хуррам Раҳимзода  Латофатбонуро  то хобгоҳ, албатта ҳамроҳи дугонаҳояш, гусел намуду дар вуҷудаш нисбат ба ин духтараки зебову назаррабо як чароғаке пайдо шуд ва ҳатто баъди гусел, дар бозгашт баъзе торикиҳои кӯчаҳои дар он замон бечароғи пойтахт- Сталинободро, то ба ҷойи истиқомат расидан, ба пиндораш равшаноӣ мебахшид. Ин чароғак чароғаки ишқ буд… Вале дар ҷодаи ишқ доноён дониста қадам мегузоранд, - аз дил гузаронд Хуррам Раҳимзодаи суханшинос. Ҳамин аст, ки дар тӯлли як сол ҳамдигарро омӯхтаву санҷида, ниҳоят бо розигии волидайн ва азизону наздикон, ба қарор омаданд, ки муносиби ҳамдигаранд. Тӯйи хонадоршавӣ ороста шуд ва дилдодагон соли 1960 оила бунёд намуданду инак аз он лаҳзаи издивоҷ то  кунун 60 сол сипарӣ шудааст.  60- сол . Ин ба гуфтан осон аст, вале ин роҳи тӯлонӣ чӣ пастию баландиҳо дошт, Хуррам Раҳимзодаву Латофатбону Якубова медонанд. Ва инҷониб гумони нек дорам, ки дар ин муддат онҳо бештар зиндагонии саодатмандонаро  сипарӣ  намудаанд.

Хуррам Раҳимзода соли 1961 динишгоҳро хатм намуда, аввал дар макотиби ноҳияҳои Рӯдакӣ , Колхозобод (ҳоло ҷалолудини Балхӣ) ва ғайра ба вазифаҳои омӯзгор, муовини директор оид ба таълим ва муддате директори мактаб фаъолият менамояд. Заҳамоти  назаррасаш боис мегардад, ки ӯро ба Кумитаи марказии кор бо ҷавонон даъват менамоянд. Замоне дар ҷамъияти «Дониш»-и кишвар низ кор кардааст. Агар ин ду-се ҳарфро ба таври умумӣ ҷамъбаст намоем, фаъолияти кори ӯ пайваста бо кори тарбияи наврасону ҷавонон вобастагӣ дошту дорад.     Ӯ минбаъд ба фаъолияти илмӣ-пажӯҳишӣ гузашт ва қадам ба ҷодаи илм гузошт. Дар ин роҳ ҳаройина диққати ӯро мушкилоти таълиму тарбияи насли наврас, ҷавонони бакамолрасида, ташвиқи анъанаи таълиму тарбия, барпо намудану маърифати ойиладорӣ, тарбияи фарзандон дар хонавода ба худ ҷалб намуда буданд. Нахустин мақолаю дастурҳои ӯ дар ин самт гӯёйи андеша мебошанд.

   То ба додаи илм қадим гузоштани Хуррам Раҳимзода ӯ бо ҳамсараш Латофатбону Якубова паҳлу ба паҳлу фаъолият меварзиданд, ҳар ду ҳамеша бо ҳам буданд, дар як  ҷо кор мекарданд, зиёда аз корҳои рӯзгор, тарбияи ду фарзанди дӯстрӯ-Хуршед ва Умедҷон, дар кори муаллимӣ дастгиру мададгори ҳам буданд. Саодати ҳамхонагии онҳо дар он буд, ки бо ишорае оромана ҳамдигарро мефаҳмиданд, аз пайи иҷроиши муваффақона анҷом додани он мешуданд. Акнун бошад, баробари ба ҷодаи илм қадам гузоштани Хуррам Раҳимзода заҳматаш бештару масъулияташ зиёдатар гашта бошад ҳам, боз аз дунболи кор мешуд. Ӯ дар гузаронидани баъзе таҷрибаҳои педагогӣ, барои беҳтар шудани андешаҳои илмиаш бо ҳамари меҳрубон маслиҳату машваратҳо мекард. Боре аз Хуррам Риҳимзода шунида будам, ки беш аз панҷоҳ фисади дастовардҳои илмиаш дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон бо машваратҳои  Латофатбону Якубова амалӣ гардидаанд. Ҳосили ин ҳама беш аз 200 мақолаи илмӣ, илмӣ-оммавӣ ва зиёда аз 15 китобу рисолаҳо илмӣ-тадқиқотӣ ва дастурҳои методӣ мебошанд. Дар дифоъ намудани рисолаи номзадӣ дар маврӯи «Анъанаҳои халқи тоҷик ва мақоми онҳо дар омода намудани талабагони синфҳои боло ба ҳаёти оилавӣ» (1990) ва рисолаи докторӣ дар мавзӯи «Таърихи институтҳои тарбиявӣ дар омода намудани ҷавонон ба оиладоршавӣ» (2002) ба Хуррам Раҳимзода  кӯмаки  муаллима калон аст, зеро оилаи солим ва ҳаёти солим, дар тамоми соҳа, натиҷаҳои хубро ба даст меовараду дуруст ҳам ҳаст.

   Дар давоми шаст  соли ҳамхонагӣ муаллима Латофатбону Якубова дар баробари омӯзгорӣ ду писари дӯстрӯро тарбия намудаву ба камол расониду устод Раҳимзода бар наҳлуи ӯ, вобаста ба мавзӯи мадди назар, китобу рисолаҳои «Одоби оиладорӣ», «Маърифати оиладорӣ», «Бунёди оилаи солим», «Танзим-бахту  саодати оила, «Тарбияи ҳаёти солим», «Маҳоратҳои заношӯйӣ» (Эрон:Теҳрон) «Оила ва ҷомеа» ва ғайраро навишта бар манфиати ҷомеа равона кард, ки дар онҳо пеш аз ҳама, ҳувияти миллӣ ва рӯҳи ватанпарастӣ тараннум гардидааст. Имрӯз ҳам фарзандон ва ҳам теъдоди китобҳою мақолаҳои ёдшуда дар хидмати ҷомеаанду эшон дар байни ҷамъият аз кардаҳои самаровари  худ меболанд. Ҳамин бунёди оилаи солим, нигаҳ доштани одоби оиладорӣ, тарбияи ҳаёти  солим ва ғ. буд, ки баъди ба ҳаёти мустақил баромадан  Хуррам Раҳимзода ва Латофатбону Якубова роҳи рости зиндагиро ихтиёр намуданд, ҳамдигарфаҳмиро асосу пояю мояи зиндагии худ қарор доданд ва зина ба зина ба муроди дил расиданду дар саҳнаи зиндагӣ шодобанд. Имрӯз фарзандону келинҳо ва 8 набераи дӯстрӯяк бошанд аз дунболи воладайни соҳибмаърифат дарси ҳаёти солим меомӯзанд.

Барои устод Хуррам Раҳимзода ва муаллима Латофатбону Якубова 60   соли босаодати хонадорӣ  бо дастовардҳои  ба ин 60-солагӣ арзандаю  зебанда  сидқан муборак бошад!

 Корманди  Маркази мероси

 хаттии назди Раёсати АМИТ,

Алии  Муҳаммадии  Хуросонӣ

(Бознашр аз рӯзномаи “Омӯзгор”

№32, 6 августи соли 2020)