Primary tabs
Аз таърихи шуъбаи нусхашиносӣ ва тавсифу таҳияи мероси хаттӣ
Шўъбаи нигаҳдории нусхаҳои хаттӣ ва таҳияи феҳристҳо ҳамзамон бо таъсиси Институти шарқшиносӣ 50 сол аст, ки барои илму фарҳанг ва таъриху тамаддуни мардуми тољик хидмат менамояд ва осори гаронбаҳои ниёгони худро аз нобудшавӣ эмин нигоҳ медорад.
Асоси фаъолияти Институти тозабунёдро шуъбаи нигаҳдории нусхаҳои хаттӣ ва таҳияи феҳристҳо ташкил медод ва тақвияити ин соҳаи муҳими илми шарқшиносӣ таваљљўҳи хосро тақозо мекард. Маҳз ба ҳамин сабаб дар кишвар маъракаи љамъоварӣ ва харидории нусхаҳои хаттӣ аз аҳолӣ шурўъ шуд. Ҳамаи ин корҳо таҳти роҳбарии бевоситаи академик А. Мирзоев сурат гирифта, ба таври хеле самарабахш амалӣ мегардиданд.
Шоистаи қайд аст, ки зарурати љамъоварӣ ва нигаҳдории дастнависҳо ҳанўз солҳои 20-уми қарни гузашта ба миён гузошта шуда буд. Дар саргаҳи ин кори хайр асосгузори адабиёти муосири тољик Садриддин Айнӣ, олимони шинохтаи тољик академик Бобољон Ѓафуров, академик Абдулѓанӣ Мирзоев ва олимони рус Бартолд В. В., Зарубин Н. И., Андреев М. С., Семенов А. А. ва дигарон қарор доштанд. Дар солҳои баъдӣ ҷамъоварии дастнависҳо таҳти роҳбарии академик А. Мирзоев ва кормандони илмдўсти Институт ба монанди устодон Зоҳир Аҳрорӣ, Амрияздон Алимардон, Камол Айнӣ, Муҳаммадвафо Бақоев, Абибов Амирбек, Аълохон Афсаҳзод, Љобулқо Додалишоев, Абўбакр Зуҳуриддинов идома дошт.
Бо вуљуди ин ки Ганљинаи дастнависҳо таърихи на чандон тўлонӣ дорад, пайваста дар рушду тараққӣ буда, дар тайи 55 сол ба бузургтарин љойгоҳи дастнависҳои аљдоди гузаштаамон дар байни кишварҳои дуру наздик ва собиқ шўравӣ табдил ёфтааст.
Дар ин муддат шаш љилд «Феҳристи дастхатҳои шарқии Академияи фанҳои РСС Тољикисто» («Каталог восточных рукописей АН РСС Таджикистан») ба забони русӣ ба нашр расид. Феҳристи нисбатан мухтасари форсии дастнависҳои шарқии мазкур дар давраи соҳибистиқлолии Тољикистон дар љаҳор љилд аз тарафи кормандони Шуъба Алимардонов А., (собиқ мудири шуъба), Шаҳобуддинов С., Элчибеков Қ., Мамедова М. ва Наљмиддинова Љ, ба забони форсӣ анљом ёфт ва дар Эрон ба нашр расид. Феҳристи дастнависҳои арабии Ганљина аз љониби ходими калон Шаҳобуддинов С. пурра таҳия карда шуда, барои нашр омода шудааст.
Шуъбаи нигаҳдории нусхаҳои хаттӣ ва таҳияи феҳристҳо дар ҳамкорӣ бо Китобхонаи миллии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ феҳристи мухтасари электронии 500 номгўй дастнависҳои нодирро таҳия намуда, ба шабакаи Интернет ворид намуд.
То соли 2017 шуъба шуъбаи нигоҳдорӣ ва тавсифу таҳияи феҳристҳо аввал дар таркиби Институти шарқшиносӣ ва баъдан дар таркиби Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ, солҳои 2011-217 дар таркиби Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ, апрели соли 2017 дар таркиби Маркази мероси хаттии назди раёсати Акмадемияи илмҳои Љумҳурии Тољикистон фаъолият дорад. Дар давоми солҳои 2017-2019 кормандони шуъба кўшиш намуданд, ки Феҳристи нусхаҳои хаттии дар солҳои пешин таҳиянамударо, ки дар шакли дастнавис дар архиви шуъба нигоҳ дошта мешуданд, аз нав таљдиди назар намуда, шакли электронии онҳоро таҳия намоянд. Ҳангоми таҳияи шакли электронии феҳрист талаботи имрўзаи илми феҳристнигории љаҳонӣ ба инобат гирифта шуда, љилдҳои 7 ва 8-и феҳристҳо такмил дода шуда, барои нашр омода гардиданд. Феълан љилди 7 дар нашриёти «Дониш»-и Академияи илмҳо ба табъ расида, љилди 8 низ омодаи чоп аст.
Дар ҳоли ҳозир кормандони шўъбаи нусхашиносӣ ва тавсифу таҳияи мероси хаттӣ дар баробари тавсифи нусхаҳои хаттӣ ва нашри сангӣ ба таълифи корҳои илмӣ низ машѓуланд.
Аз кормандони хеле пуркори шуъба Саиднуриддин Шаҳобуддинов, Элчибеков Қудратбек, Додихудоева Л.Н., Навбаҳорова Бибисултон, Маҳмадёр Шарифов, Беҳрўзи Забеҳулло, Собир Латиповро бояд ном бурд, ҳамаи онҳо дар роҳи омўзишу муҳофизати осори ниёгон хизмат менамоянд ва нусхаҳои хаттиро ба таври хубу шоиста барои насли оянда маҳфуз медоранду муаррифӣ менамоянд.
Дар тайи ду соли ахир аз тарафи кормандони илмии шуъба дар баробари иљрои нақшаҳои инфиродӣ, китобу мақолоти зиёде доир ба мавзўи кории шуъба анҷом додаанд. Кормандони шуъба муназзам дар конференсияву симпозиумҳо ва семинарҳои илмӣ ширкат варзида, баромадҳои илмӣ намудаанд.
Дар ду соли ахир кормандони шуъбаи нусхашиносӣ ва тавсифу таҳияи феҳристҳои нусхаҳои хаттии марказ дар баробари иљрои нақшаҳои инфиродӣ пайваста фаъолиятҳои тадқиқотии илмии худро пеш бурда истодаанд. Дар тайи ду соли охир аз љониби ходимони илмии шўъба китобҳои зерин ба табъ расиданд: Махмадёр Шарипов, Лариса Додихудоева «Восточная каллиграфия в собрании Академии наук Республики Таджикистан. Душанбе-2017, Шамсиддин Шоҳин «Девони ашъор» (дар таҳияи Ҷӯрабек Назрӣ ва Беҳрўзи Забеҳуллоҳ), А. Алимардонов «Хазинату-т-таҳқиқ» (дар таҳияи Сайидхоља Ализода), «Мероси хаттии Осиёи Марказӣ: натиља ва паёмадҳои омўзиш»-Маводи Мактаби тобистонаи дастхатшиносони љавон, 17-20 сентябри соли 1918), дар таҳияи Л.Н. Додихудоева, маљмўаи мақолаҳо ба муносибати 80-солагии Қ. Элчибеков дар мавзўи «Авросиёи мусулмонӣ:сармояи рамзӣ дар раванди таърих», Душанбе-2018.
Хамчунон ходимони илмии шуъба дар воситаҳои ахбори умум ва маљмўаву маљаллаҳои илмӣ мақолаҳои зиёд ба нашр расонидаанд.
МУҲОКИМАИ ЧИЛДИ VIII ФЕҲРИСТИ НУСХАҲОИ ХАТТӢ (МАҶЛИСИ ШУЪБА) |
---|
![]() |
МУҲОКИМАИ ЧИЛДИ VIII ФЕҲРИСТИ НУСХАҲОИ ХАТТӢ (МАҶЛИСИ ШУЪБА) |
---|
![]() |
БА ТАБЪРАСОНИДАИ КОРМАНДОНИ ШУЪБА ДАР СОЛҲОИ 2017-2018 |
---|
![]() ![]() ![]() ![]() ![]() ![]() ![]() |