Primary tabs
Конференсияи баАлишер Навоӣ ва асри XXI
8-10 феврали соли 2019 дар Донишгоҳи давлатии забон ва адабиёти ба номи Алишери Навоии шаҳри Тошканди Љумҳурии Узбекистон конфронси байналмилалӣ баргузор гардид. Дар кори конференсия мудири шуъбаи нусхашиноси ва тавсифу таҳияи мероси хаттӣ С. Ализода иштирок намуда дар бахши аввали кори конфронс туҳфаи Президенти АИ ЉТ (китобҳои илмие, ки нашриёти “Дониш” ба табъ равсонида буд) Фарҳод Раҳимӣ ва нусхаи Пртоколи ҳамкориҳои байни Маркази мероси хаттӣ, ки аз тарафи директори Маркази мероси хаттӣ Љ. Назриев ба имзо расида буд ва Донишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Алишери Навоӣ дар таҳқиқ, таҳия ва нашри факсималии нусхаҳои туркии ба ректори донишгои забон ва адабиёти ба номи Алишери Навоӣ Сирољиддинов Шуҳрат Самариддинович расман тақдим намуд.
Ҳамчунон с. Ализода дар мавзўи “Тарљумаҳои форсии “Маљолису-н-нафоис”-и Алишери Навоӣ гузориши илмӣ доданд.
Рўзи 9 феврал дар кафедраи забонии форсии донишгоҳи номбурда семинари илмӣ дар мавзўи “Фахрии Ҳиравӣ ва мақоми осори ў дар инкишофи адабиёти асри XVI” бо устодону унвонљўёни кафедра баргузор гардид.