ҲИФЗИ ВАТАН МАРОМУ МАҚСАДИ МОСТ!

ҲИФЗИ ВАТАН МАРОМУ МАҚСАДИ МОСТ!

(Мулоҳизаҳо баъд аз тамошои “Хиёнат”)

     Имрӯз кишвари азизи моро дар тамоми гӯшаю канори дунё мешиносанд ва эътироф мекунанд. Забони тоҷикӣ бошад дар аксари донишгоҳҳои бузурги дунё омӯхта мешавад. Новобаста ба кишвари хурд буданаш, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар расонаҳои ҷаҳонӣ ҳамарӯза аз дастовардҳои беназири худ хабар медиҳанд. Ҳамаи ин бевосита бо азму талош ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт ва минбаъд ҳам идома хоҳад ёфт. Чанде пеш аз тариқи телевизиони марказӣ филми мустанади “Хиёнат” пахш гардид. Росташ аксарияти мардум, ки аз ин тавтиаҳо кам огаҳ буданд , филмро хело хуб қабул намуда, огаҳии сиёсии бештаре пайдо карданд.

      Тоҷикистон дар замони истиқлолият хело рушд намуд. Агар мардуми деҳот, ки дар даврони нооромиҳои кишвар дар асорати қувваҳои мухолифин қарор доштанд, маълум аст, ки он афроде, ки худро ҳомии дини ислом мегуфтанд, чӣ балоҳоеро бар сари мардуми бечора  оварда буданд. Дар ёдам ҳаст, ки аз деҳа чанд нафаре гуреза шуда омаданд ва як нафарашон гуфт, ки трансформаторои навро бо тир сурох намуда равғанашонро барои мошинҳояшон мегирифтанд. Дар саволи чанд тан аз мӯйсафедон, ки чаро чунин кор мекунед, посух медоданд, ки барои шумо аз Эрон трансформаторҳои нав меорем. Бештари ин силоҳбадастон худро фидоии роҳи ислом муаррифӣ мекарданд. То кунун ислом ба ҳимоя ниёзе надошт, мардуми тоҷик тамоми ибодоти худро тибқи мазҳаби Эмоми Аъзам идома медоданд. На ҳизби исломӣ барояшон лозим буд ва на бародарони исломӣ. Ҳамаи ин ҳизбу ҳаракатҳои гуногун, ки бо номи “исломӣ” муаррифӣ мешуд, баръакси ҳол, яъне теша бар решаи ислом ва аҳли суннат ва ҷамоат буд. Ифротгароӣ ба андозае рушд кард, ки дар радифи ҳизби исломӣ даҳҳо ҳаракатҳои дигари исломӣ низ ба фаъолият шуруъ карданд.

       Танҳо ҳушёрии сиёсӣ ва сиёсати оқилонаи раҳбарияти кишвар буд, ки пеши роҳи ҳамаи ин бедодгариҳоро гирифт. Раҳбарияти кишвар тавонист, ки Тоҷикистонро аз як вартаи ҳалокат берун кашад. Воқеан кишвари мо дар вазъи хатаровар қарор дошт. Дар ҳар минтақа “амирону вакилони” сохта пайдо шуданд. Агар сари вақт пеши роҳи онҳо гирифта намешуд, аз кишвари зебои Тоқикистон вайронае боқӣ мемонд. Аммо мардуми шарифи тоҷик нақшаҳои муғризонаи хоинони Ватан ва ҳимоятгорони хориҷии онҳоро сари вақт дарк намуда, дар атрофи ҳукумати марказӣ якдилу якҷон шуда, кишварро ҳимоя намуданд. Аммо хоинон ва бадхоҳони миллати тоҷик то кунун даст аз бадхоҳӣ Тоҷикистону мардуми он набардоштаанд. Ҳамарӯза онҳо аз тариқи торномаҳои интернетӣ ва родиюӣ  истифода бурда, мехоҳанд мардуми тоҷикро гумроҳ намуда, аз нав ба вартаи ҳалокат тела диҳанд. Аммо онҳо андеша намекунанд, ки мардуми тоҷик даврони Истиқлолият ба чӣ дастовардҳое ноил гаштаанд ва кӣ бо онҳо ҳамнаво мегардад? Пеш аз ҳама ҳамаи мардум осуда мехобанд ва дар пайи кору рӯзгори хешанд. Тоҷикистон дар давоми 70 соли Ҳукумати Шӯравӣ мисли даврони замони Истиқлолият рушд накарда буд. Новобаста ба он, ки қариб дар давоми даҳ соли аввал дар кишвар нооромӣ буд. Мардум аз як минтақа ба минтақаи дигар сафар карда наметавонистанд. Шабҳо дар тамоми роҳҳо роҳзанҳо амал мекарданд. Садҳо нафарони бегуноҳ қурбон мешуданд, аксари мардуми кӯҳистон гуреза шуда ба марказ куч баста буданд. Ягона оорзуяшон ҳарчи зудтар хотима додани ин нороромиҳо буд.

         Ноҷоти хешро танҳо дар Ҳукумати марказӣ, хусусан Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон медиданд. Ин буд, ки Тоҷикистон дар як муддати хело ҳам кӯтоҳ руш ва тараққӣ намуд. Бо тамоми манотиқи Тоқикистон  иртиботи доимӣ барқарор гардид. Касе дигар мушкилоти сафар ба диёрашро надорад. Тамоми вилоёти кишвар бо марказ бо роҳҳои замонавӣ пайваст карда шуд. Душанбе дигар он Душанбе 30 сол пеш нест. Он ба як шаҳри зебои имрӯза мубаддал гаштааст. Оё ҳамаи ин барои мардум басанда нест? Оё бадхоҳони кишвар инро дарк намекунанд, ки дар Тоҷикистон ҳомӣ ва пуштибон дигар надоранд. Мардуми тоҷик бадбахтиҳои зиёдро аз сар гузаронид. Дигар бас аст. Касе ба тавтиаи оҳо гӯш намекунад. Шояд афроди каме бошад, ки бо онҳо бовар кунанд. Ин қишри хело ками ҷомеаро ташкил мекунад ва шояд бештар ҷавононе бошанд, ки маълумоти кофӣ надоранд. Онҳо аз сиёсат бехабару гумроҳанд. Гумроҳии як ида ҷавонони тоҷик буд, ки ба сафҳои ДОИШ пайвастанд ва нафаҳмиданд, ки онҳо бо кӣ меҷанганд. Худро фидоии роҳи ислом мукаррифӣ намуда, баз зидди ислому мусалмонон мубориза бурданд. Бештари онҳо кушта шуданд ва занону фарзандони онҳо дар ба дар гаштанд. Бо дастури Пешвои миллат фарзандон бесоҳиб мондаи онҳоро ба Ватан оварданд. Оё ин дарси ибрат барои мардум, хусусан, ҷавонони тоҷик нест? Оё боз ҳам нооромӣ ва бадбахтиро мехоҳанд? Ҳеҷ кас намехоҳад, ки ин ватани зебояш гирифтори даргириҳои навбатӣ гардад ва ба тавтиаҳои бо ном “мухолифин” бовар кунад. Агар даҳҳо мубалиғи дигар ҳам пайдо шавад, ақидаи имрӯзаи мардуми тоҷикро иваз карда наметавонад.

      Баромаду суханрониҳои беасоси онҳо барои мафкураи имрӯзаи миллати тоҷик ғунҷоиш надорад. Роҳбарони ташкилоти террористӣ ва экстремистии наҳзати исломӣ наметавонанд, ки ақидаи мардумро аз нав тағйр дода, кишварро ноором кунанд. Чунки дар байни мардум пуштибон надоранд. Ҳукумати Тоҷикистон имрӯз қодир аст, ки Ватану миллати худро ҳифз кунад. Мардуми тоҷик ба ин итминони комил доранд ва ба ҳеҷ дасисае дигар бовар намекунанд.

           Мо бояд бо ақлу заковат ва хирад ба ҳамаи ин баҳо дода, дар ифшои бадхоҳони кишвар хомӯширо ихтиёр накунем.  Чуноне, ки шоир гуфтааст:

                                Чу мебинӣки нобинову чоҳ аст,

                                Агар хомӯш биншинӣ гуноҳ аст.

Сайидхоҷа Ализода,

ходими пешбари Маркази

мероси хаттии назди АМИТ