Ҳунари шоирӣ ва суханпардозии Нахлии Бухороӣ

          Нахлии Бухороӣ яке аз бузургони адабиёти охири асри ХVl – ва авали асри ХVll ба ҳисоб рафта, дар соҳаи адабиёт бо лақабҳои «Мавлоно Нахлӣ», «Мулло Нахлӣ» ва «Киромӣ» шинохта шудааст.

     Таърихнависону тазкиранигорони адабиёт дар мавриди рӯзгору осори Нахлии Бухороӣ андешаҳои гуногун ва баъзан хилофи ҳамдигарро пеш гузошта, вобаста ба он хулосаҳои мухталиф баровардаанд. Парешонандешии эшон дар ду маврид: аввалан дар нишон додани санаи дақиқи соли таваллуд ва фавти адиб ва  сониян дар бораи  як шахс дониста шудани Нахлии Бухороӣ  ва Ҳофизи Таниш бинни Муҳаммади Бухороӣ машҳур ба Нахлӣ мебошад. Нависандаи бузурги тоҷик устод Садриддин Айнӣ дар асари калони адабиётшиносии худ бо номи «Намунаи адабиёти тоҷик», ки дар он дар бораи сесад шоир, ки бо тахаллуси Бухороӣ, Самарқандӣ, Намангонӣ, Андиҷонӣ, Тирмизӣ… маълумот дода шудааст, чунин авардааст: «Соли таваллуди бештарини шоирони классики адабиёти форс-тоҷик номаълум буда, соли вафоти як қисмашон дар тазкира ва таърихҳо қайд шуда бошад ҳам, аксаре бо ду-се ривоят ва дар зери пардаи шакку гумон мондааст», ки Нахлии Бухороӣ аз ҷумлаи онҳост.[1]

       Нахлии Бухороӣ аз худ ду нусхаи “Девон”-и ашъор барои бадинагон ба мерос гузоштааст, ки як нусхаи он дар захираи дастхатҳои шарқии АФ РСС Ӯзбекистон зери рақами 134 ва дигаре дар Ганҷинаи Маркази мероси хаттии АМИТ  зери рақами 1083 маҳфузанд, ки “Девон”-и зери рақами 1083 мунтахаби нусхаи 134, ки ягона нусхаи қадим ва пурратари Нахлии Бухороӣ мебошад, ки 5613 байтро дар бар мегирад. “Девон”-и Нахлии Бухороӣ дар навъҳои маъмули назми давраи ӯ: қасида, қитъа, ғазал, рубоӣ, мусаммат ва ғайраҳо навишта шудаанд, вале  қасида ва ғазал дар ашъори Нахлии Бухороӣ мақоми аввалиндараҷа дошта, қисми зиёди осори ӯро ташкил медиҳад. Мо дар ин мақола кӯшиш ба харҷ додем, ки танҳо дар бораи ҳунари шоирӣ ва суханпардозии Нахлии Бухороӣ маълумот диҳем ва то як андоза зеҳни хонандаи гиромиро ба дунёи пуробуранги ашъори Нахлии Бухороӣ ошно бисозем.

    Нахлии Бухороӣ шоири соҳибдевон буда, газал, касида, рубоӣ, китъа, маснавӣ, таркиббанд ва ғайра сурудааст. Махсусан, дар ғазалсароӣ мумтоз буда, мавзӯъҳои шикоят аз замона, тараннуми ишқи пок, панду ҳикмат ва гайра аз мавзуъҳои ашъори ӯ мебошад.

    Нахлӣ қисми зиёди қасидаҳояшро дар мадҳи соҳибмартабони замони худ, салотину умаро, намояндагони дину шариат, бузургони аҳли адаб бахшида бошад ҳам, вале дар ғазалҳояш тавонистааст, ки аз манзараҳои зебои табиат (пейзаж), ишқу муҳабат байни инсонҳо, дарду ғами ошиқ, ишқи поку ҳақиқӣ, адолати шоҳ ба тобеияти мансаб, ғалабаи осоиштагӣ ба зулм, мафҳуми хирад ва одобу ахлоқ, хирад ва қонунро бо мафҳуми шараф пайванд бахшида, алоқамандии қонун ва ҳукуматдории хирадмандонаро бо талаботҳои одобу ахлоқ ва меъёрҳои ахлоқӣ таъкид менамояд. Шоир пеш аз ҳама тараннумгари ишқ аст, ишқи пок, ишқи беолоиш, ишқи ҳақиқии дур аз ҳама гуна фасод, бидуни ҷудо намудани ишқи инсонӣ ва ишқи ирфонӣ. Мувофиқи эътирофи худи суханвар ишқи ҳақиқӣ дар эҷодиёти ӯ пеш аз ҳама ишқи ирфонӣ буда, асосан дар қолаби мафҳуму истилоҳҳои тасаввуфӣ баён гардидааст. Вай аз ишқи инсонӣ чун аз ишқи маҷозӣ таъбир мекунад ва ишқи заминиро барои расидан ба ишқи ирфонӣ гузаргоҳи дилхоҳ медонад.Ӯ бо офаридани ишқи ҳақиқӣ шамъи тоза ба мазори ишқи куҳан афрӯхтааст. Ба воситаи ғазалҳоҳои ошиқонааш шоир ба мардум дарси муҳаббат, покӣ, суббот, бурдборӣ, башардӯстӣ, ахлоқи ҳамида ва шоистаи инсонӣ ва дар ишқ устувор будан ва барои ишқи ҳақиқӣ мубориза бурданро меомӯзад.

мисол:

Ишқ омаду маро зи гиря навбаҳор кард,

Домону ҷайби ҳар мижаро лолазор кард.

Он шӯрише, ки дар дили тӯфон нуҳуфта буд,

Даврон зи чоки синаи мо ошкор кард.

      Ё дар ҷои дигар:

Боз о, ки мӯ ба мӯи ман аз интизор сӯхт,

Баргам дар оташ, оинаам дар ғубор сӯхт.

Шуд пой бар сарам ҳама маст аз туву ҳанӯз,

Мағзи дилам зи атша, лабам аз хумор сӯхт. [ 3,75].

         Мафҳуми қонуни адолат ва дифо аз ҳуқуқҳои инсонро Нахлӣ дар андешаҳои ахлоқӣ мебинад, ки донистани онро ба унвони сифати аслии шоҳи одил ва давлатдории одилона зарур мешуморад, ҳамаи инро шоир дар қолаби зебои назм, бо як ҷаҳон обу ранги бадеӣ ба қалам додаст, ки ин аз ҳунари баланди суханварии ӯ дар адабиёт дарак медиҳад:

Саргардонам зи чархи лӯъбатабоз,

Дар фиғонам зи даҳри кинагузор.

К-ин ба хунам фурӯ барад панҷа,

В-он ба мағзам дарафканад озор...

Ҳама аз кини якдигар хаста,

Ҳама аз ҷаври якдигар афгор.

Номи ин қавмро ниҳам пас аз ин,

Мардумозору хештанбезор.

         Манзараҳои табиатро шоирона тасвир кардан аз маҳорати суханпардозии Нахлӣ шаҳодат медиҳад.Ӯ бо як маҳорати баланди шоирӣ тавонистааст, ки тамоми  зебогиҳои табиат, аз ҷумла фасли зебои сол баҳорро, ки фасли шукуфоӣ ва зиндашавии табиат аст, дар шеърҳояш шоирона тасвир кунад. Нахлӣ дар байти зерин фасли зебои баҳор ва ҷашни Наврӯзро бо як ҷаҳон обу ранги бадеӣ чунин тавсиф кардааст:

Наврӯз расиду ба гул андуд ҷаҳонро,

Султони Ирам сохт заминрову замонро.

Боди нафаси барра дами сабза чаридан,

Гулдаста кунад чӯби кафи дасти шубонро.

Бобуна шавад обилаҳои дили ошиқ,

Гар бар дилаш афтад гузаре боди вазонро.

         Нахлии Бухороӣ дар адабиёт баъзан бо тахаллуси «Киромӣ» хам шеър гуфтааст:

Оташафшон не шиҳоб аст он, ки аз бас инфиол,

Мегурезад шаб зи базми ахтарон сайёраам.

Гулхани ишқам, Киромӣ, к-аз сафои сӯхтан,

Ханда бар сомони дӯзах дорад оташпораам.

      Аз овони ҷавонӣ ба шеъргӯӣ пардохтааст. Нисорӣ дар «Музаккир-ул- аҳбоб» хабар медиҳад, ки «Мавлоно Нахлӣ сирати хуб ва сурати марғуб дорад. Суханонаш дилкашу маҳбуби арбоби кулуб аст». Мутрибӣ ҳам ба ашъори Нахлии Бухороӣ баҳои баланд дода, ҳамчун шоири номӣ ёд кардааст. Ҳамин шӯҳрати шоирии Нахлии Бухороӣ буд, ки ӯро ба дарбори Имомқулихон мекашид ва муддати зиёд зери фишори сахти нотавонбинон, намакношиносон мегардад ва ба воситаи қаламаш ба муқобили он кӯрдилон мубориза мебарад. Нахлии Бухороӣ  дар дарбор мардумфиребии табақаҳои болоӣ , фиску фучур, бекадрии суханро бо чашмони худ дида, тоқаташ тоқ мешавад ва ин боиси он мегардад, ки Нахлии Бухороӣ дарборро тарк намояд, ки ҳамаи инро шоир  дар қолаби зебои назм чунин баён кардааст:

Вой аз бедоди чарҳу оҳ аз ошӯби даҳр,

К-аз нифоқи ин ду золим реш бошад рештар.

Ошиқи бадкору беуслуб доим номи мост,

Бо вуҷуди он ки кас набвад зи мо дарвештар.

Кори эъҷозӣ Масеҳо мекунад даврон ба халқ,

Мефишонад лек бар захми дили ман нештар.

Бандаи якто каломи он хирадмандам, ки гуфт:

«Ҳар кӣ зеботар, лагадкӯби ҳаводис бештар».

        Дигар аз ақидаҳои судманди Нахлӣ адолати шоҳ ва тобеияти мансаб мебошад. Ӯ маслиҳат медиҳад, ки ҳама дар мақоми адолат бошанд, зеро дар ҳамин ҳолат осоиштагии давлат таъмин карда мешавад. Ба андешаи Нахлӣ набояд ба ҳеҷ кас зулмро раво дид, зеро шуълаи ҳақиқат ҳамеша фурӯзон аст:

Мӯсиам, тарсам,ки аз бас печу тоби рӯзгор,

Бишканад дар остини ман Яди байзои ман…

Ҳеҷ гоҳам нест дасти илтифот аз рӯзгор,

Кӯҳнатақвиам, ки гаҳ месӯхт сар то пои ман.  

Ахтар аз ман дилгарону бахт бо ман дар ситез,

Сабр агар аз ман рамад, эй вои ман,эй вои ман!

Сӯхтам з-ин нохирадмандони белаззаткалом,

К-аз нафасшон доғҳо дорад дили донои ман.

         Корбасти санъатҳои бадеӣ дар коргоҳи эҷодии шоирон одатан бо мақсади ороиш ва муассир гаштани сухан амалӣ мешавад. Нахлӣ дар ашъори худ гоҳо аз санъатҳои бадеӣ хеле фаровон истифода бурда, табъозмоӣ кардааст ва ҳунари баланди эҷодкории худро ба намоиш гузоштааст. Истифодаи фаровон аз ташбеҳу истиора, маҷоз, ташхису такрор, тазоду талмеҳ ва дигар санъатҳои бадеӣ аз маҳорати суханофарии шоир дарак медиҳад. 
         Ташбеҳ аз серистеъмолтарин навъи санъати бадеист,ки дар ашъори шоирон, аз ҷумла дар ашъори Нахлӣ зиёд ба назар мерасад. Дар китобҳои илмии назарӣ, чунончӣ, дар асари «Бадоеъ-ус-саноеъ»-и олими асримиёнагӣ Атоулло Хусайнӣ, дар китоби «Санъати сухан» -и адабиётшиноси муосир Турақул Зеҳнӣ ва дигарон навъҳои гуногуни ташбеҳ нишон дода шудаанд, чунончи, ташбеҳи мутлақ ё мурсал, киноят, машрут, тасвит, акс, измор, таф зил.... 
          Мо дар ашъори Нахлии Бухороӣ анвои гуногуни ташбеҳ ва санъатҳои дигари бадеиро дучор шудем,ки овардани чанд намуди ташбеҳро беҳбудии кори худ донистем.

1.Ташбеҳи мутлақ, ки ташбеҳи сареҳ низ мегӯянд, содатарин навъи ташбеҳ дар адабиёт ба шумор меравад, ки дар ашъори Нахлӣ хело зиёд ба назар мерасад.

Мисол:

Имшаб аз рӯи ту дар вайронаам маҳтоб рехт,

 Моҳ натвонад кунун дар дасти бахтам об рехт.

          Дар ин мисол мушоҳида мекунем, ки чеҳраи маъшуқа ба моҳтоб монанд карда шудааст. Ин намуна ҳамчунин ташбеҳи ҳиссӣ аст, ки асоси монандкунӣ бар чизҳои махсуси дидашаванда аст. 
         2.Ташбеҳи измор (музмар). Дар ин маврид чизе ба чизе ташбеҳ карда мешавад, аммо зоҳиран чунин метобад, ки ташбеҳ мақсади ӯ нест, ҳол он ки дар замири ин тасвир мақсуд ҳамон ташбеҳ аст.Чунончи, дар байти зер калимаи «рӯй » ташбеҳи измор аст:

Рӯят чу дод рухсати дидан нигоҳро,

Шарми рухи ту чашмаи хун сохт моҳро

Ё дар ҷои дигар:

  Фидои ғунчаи минқори андалеб шавам,

Ки чун шукуфа шавад, хун кунад гулистонро.

         Дар адабиёти форсӣ шоирон санати такрорро ба ҳадди нисбатан зиёд истифода мебурданд, ки  Нахлӣ ҳам дар пайгирии онҳо дар истифода аз ин санъат бештар баҳра бурдааст. Такрор агар баъзан дар оҳангнокӣ ва зебоии сухан саҳм дошта бошад, гоҳо нишон медиҳад, ки шоир мехоҳад ягон нуқтаро маҳз таъкид кунад ё тақвият диҳад.

Мисол:
Ба зулфи ту, эй айш, то чанд худро,

Гирифтор дорам, гирифтор дорам?!

         Ё дар ҷои дигар:

Парешонрӯзгорам, турраи маҳбуб медонад,

Бале ҳоли парешонро парешон хуб медонад.

Диле бояд, ки ранҷи ман кашад, то сабри ман донад,

Таҳаммул кардани Аюбро Аюб медонад.

         Дар ашъори Нахлӣ ба ғайр аз санъатхое, ки дар боло гуфта гузаштем, инчунин санъатҳои акс, сифатчинӣ, мусаҷҷаъ, баргардо ниш, тааҷҷуб, тарсеъ, лаффу нашр, санъати лабрас, ирсоли масал, муқобала, тазод, фаровон истифода шудаанд. Яке аз санъатҳои лафзӣ, ки сифатҳо ва ҳолатҳо барои равшан кардани ҳолати предмет зид оварда мешавад, ки ин намуди санъатро дар адабиёти бадеӣ санъати тазод меноманд. Санъати тазод дар ашъори Нахлӣ хеле зиёд ба назар мерасад:

Лаби хушку чашми ҷигарбор дорам,

Ба хушку тари худ сару кор дорам.

         Дар ин байт калимаҳои хушк ва тар,заҳрхандаю шакарханда, қанд ва заҳр зидмаъно буда, шоир моҳирона ба таври хеле фаровон аз ин санъат истифода бурдааст.

Бар нахли мо магӯй, ки пайванди гул беҳ аст,

К-ин заҳрханди мо зи шакарханди гул беҳ аст.

Қанд аст хандаи гулу заҳр аст ашки мо,

Аммо чӣ гуна заҳр, ки аз қанди гул беҳ аст.

         Ё дар ҷои дигар:

Шодӣ каму ғам беҳаду айём сабукпой,

Бо ин се бало тирагии бахт кушандаст.

         Ё дар ҷои дигар:

Он талхмизоҷам, ки шуд олуда зи ҳар боб,

Гар тӯтии афлок ҳавои шакарам кард.

         Дар мисраи зерин Нахлии Бухороӣ маҳорати суханпардозиашро истифода бурда, санъати тасвирро моҳирона ба кор бурда, “Гуфтам, ки лола чинам, хоре ба дастам омад, Рафтам, ки зулф бинам, море ба дастам афтод”, ҷавлони хуршед, ғазоли гул, (ишқи гул), рухсори маъшуқ“- ро яке аз беҳтарин тасвирҳои шоиронаи Нахлианд:

Гуфтам, ки лола чинам, хоре ба дастам омад,

Рафтам, ки зулф бинам, море ба дастам омад.

         Ё дар ҷои дигар:

Чу хуршед аз ҳамал ҷавлон намояд,

Ғазоли гул лаби хандон намояд.

Шавад ҳавзи чаман рухсори маъшуқ,

Ки бар гирдаш хати райҳон намояд.

         Дар ин мисраҳо санъати тасвир хело шоирона истифода бурда шудааст, ки ин аз маҳорати суханофаринии Нахлӣ дарак медиҳад.
         Хулоса, дар корбасти анвои санъатҳо Нахлӣ баробари риояи анъана дар мавридҳои муносиб тозакориҳо намудааст.Ҷиҳати умумии кори ӯ дар ин ҷода билвосита ҷорӣ намудани рухи замон дар шеър, биниши тоза, чустуҷӯҳои хаёлӣ ва омезиши якчанд навъи санъатҳо зимни офариниши тасвири бадеист. Ҳангоми пайгирии санъати муболиға дар ашъори Нахлӣ мебинем, ки одатан дар дохили маҷоз ва баъзе санъатҳои дигар омадааст. Умуман дар эҷодиёти Нахлӣ агарчӣ гоҳ-гоҳ иғроқ вомехӯрад, асосан муболиға дар ҳолати муътадил корбарӣ шудааст, чунки муроди аслии шоир  мазмунофаринист:

Бо даҳони хунчакон чун лола аз гесӯи ӯ,

Он қадар гуфтам, ки сумбул аз даҳонам сабз гашт.

Ё дар ҷои дигар:

Рӯзе, ки тарки ғамза кашад теғ аз миён,

Захме ба ҳазор дуо метавон харид.

Хубон ситамгаранд, в-агарна ба ним ноз,

Ҳуши ҳазорсолаи мо метавон харид.

Як ноларо ду ғӯш кифоят намекунад,

Сад гӯш баҳри ним ҷафо метавон харид.  

Ё дар ҷои дигар:

Ҳафт дӯзах, ки ту сад бор шунидӣ, Нахлӣ,

Дар саропардаи ин тоифа як даҳлез аст.

         Мавзӯи дигаре, ки дар ашъори Нахлӣ мавқеи хос дорад, ин мавзӯи дӯст ва дӯстӣ мебошад.Тимсоли дӯст дар адабиёти тоҷик нав набуда, ҳануз дар адабиёти мумтози форсӣ дар ашъори як идда сухансароёни номӣ чун Саноӣ, Румӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва дигарон ҷой доштааства ин мавзӯъ дар эҷодиёти Нахлӣ низ ҷайгоҳи махсусро ишғол мекунад, ки шоир ин ҳамаро дар қолаби зебои назм чунин ба қалам додааст:

Абри найсон нестам, лекин ба ёди рӯи дӯст, 

По ниҳодам ҳар куҷо, гул то миёнам сабз гашт.

        Ситоиши дӯст бо бадеияти бештар дар ашъори Нахлӣ ҷой дорад, зеро шоир тавонистааст дар шеърҳояш паҳлӯҳои гуногуни характери дӯстро кушояд, дӯстро дар зиндагӣ ҳамраҳу ҳамдард ва ҳамрози ҳақиқии худ мешуморад, дар ҳама ҳолат дӯст касест, ки дар ҳама ҷо ӯро бо беқарорӣ интизорӣ мекашанд ва ҳар гоҳ сухан аз наҷобату меҳрубонии дӯст равад, ӯро ба некӣ ёд мекунанд ва аз пасаш дуои хайр мефиристанд:

               Чун дӯст рафт, баҳри чӣ, эй ашк, ашк медавӣ,

          Бар гирди умри рафта куҷо кас ба дав расад?!
         Агар образи дӯст дар адабиёт хеле кам ба назар расад, асосан дӯст бо  ҳусни зоҳирии дилбарона ва ахлоқи ҳамида ситуда шудааст. Дар ашъори Нахлӣ дӯст як инсони заминӣ нишон дода шудааст ва  гоҳо ин тимсол ранги идеалӣ гирифта, як дараҷа хусусияти қаҳрамони лирикӣ ба ҳисоб меравад.
      Ҳамин тариқ, симои дӯст чӣ дар ҳолати заъф ва чӣ бар сари қудрат, маҳбуб аст ва дар ашъори эҷодкори мазкур бо тамоми хусусиятҳое, ки асосан ба инсон хос аст, падидор мешавад. Яъне дар мавриди тасвири масъалаҳои иҷтимоӣ- ахлоқӣ образи дӯст бештар таҷассумгари симои як фарди заминӣ аст, аммо вақте ки шоир ормонгароӣ мекунад ва ба мухотаби худ сифатҳои баланди хаёливу ормониашро нисбат медиҳад, дар ин ҳангом он ба худ чиҳатҳои тоза касб намуда, рамзнок мегардад ва кибру ғурур ҷои эҳтиром, дастгирӣ, меҳру шафқат, таҳамул, фидокорӣ, ҷоннисорӣ, гузашт кардан,дӯст доштан, бахшиданро мегирад:

Аждаҳо дар остин меоям аз бозори дӯст,

Ҷои он дорад, ки хандад бахт бар савдои ман.

Ё дар ҷои дигар:

Боз доғи синаам аз ғам гулафшон гаштааст,

Қатраи ашкам зи ҳиҷри дӯст тӯфон гаштааст.
        Дар адабиёти мумтоз образи дӯст асосан дар гузориши мавзуъҳои ошиқонаву панду ахлоқӣ дучор ояд, дар ашъори шоир баробари ин дар аксари ҳолат дар заминаи баррасии мавзуъҳои иҷтимоиву ахлоқӣ бо тасвири ҷузъиву гуногунпаҳлуи симои дӯст ба назар мерасад.
      Умуман, образи дӯст дар адабиёти тоҷик ва дар намунаи эчодиёти Нахлӣ аз ҳар ҷиҳат такомул ёфта, ҳамчун яке аз образҳои марказӣ асосан бори ормонҳои олии шоир мекашад:

Нахлиё, хамӯшзабонам, дӯш дар таърифи дӯст,

Шохи сабзе буд, бар вай булбули гӯё нишаст.

        Хулоса, бо ҳунари шоирӣ ва суханпардозӣ Нахлии Бухороӣ дар адабиёти форс-тоҷик мақому манзалати махсус дорад. Аз тамоми паҳлӯҳои ҳунарии шоирӣ ва суханпардозии ӯ мо наметавонем ҳамаи онро дар як мақолаи кӯчак ҷой диҳем ва дар оянда тасмим гирифтем, хонандаи гиромиро бо паҳлӯҳои дигари ҳунари шоирӣ ва суханпардозии Нахлии Бухороӣ бо баргардон кардани матн, навиштани муқаддима ва тартиб додани лӯғоту тавзеҳоти “Деван”-и Нахлии Бухороӣ  ошно бисозем.

,Мавҷуда Хуҷова

ходими калони

илмии ММХ НР АМИТ

 

 

 

 

 


[1] Садриддин Айнї « Намунаи адабиёти тољик» - Душанбе, «Адиб». 2010, 448 с.