Ҳусайни Масъудӣ ва «Муруҷу-з-заҳаб ва маъодину-л -ҷавҳар»-и ӯ

Ҳусайни Масъудӣ ва «Муруҷу-з-заҳаб ва маъодину-л -ҷавҳар»-и ӯ
Сафдаршоев Толибзиё
Корманди Шуъбаи тавсифи дастхатҳо, таҳияи феҳрист ва ахбори илмии Маркази мероси хаттии АИ ҶТ
 
  Абулҳасан Алӣ бинни Ҳусайн Масъудӣ таърихшиносу ҷуғрофидони бузурги исломи дар охири асри сеюми ҳиҷрӣ, тақрибан  дар соли 280 дар Бағдод ба дунё омадааст. Ҳусайн Масъудӣ дар кишварҳои Ироқ, Миср, Шом, Фаластин, Эрон, Арманистон, Ҳинд, Сейлон, Уммон ва соҳили шарқии Африқо, Модогаскар саёҳат кардааст , ҳатто аз Чину Малазиё дидан кардааст.
Масъудӣ дар соли 336 дар шаҳри Миср муқими шудааст, яъне ӯ то синни 56 солагиаш дар саёҳат будааст. Ҳусайн Масъудӣ дар соли 345 ҳиҷрӣ (956 мелодӣ) дар шаҳри Фистоти Миср аз дунё гузаштааст. Масъудӣ 36 соли умрашро дар саёҳат гузаронидааст.
Дар китоби «Муруҷу-з-заҳаб ва маъодин ул- ҷавҳар»-и Ҳусайн Масъудӣ дар бораи  муборизаю  муҳорибаи юнониёну рӯмиён бо дигар кишварҳо зикр ёфтааст. Дар ин асар муаллиф он ҳодисаю воқеаҳое, ки дар замони пайамбарон ва подшоҳони кишварҳои Ховари миёнаю наздик (арабҳо ва арабҳои Африқо) ва байни юнониёну рӯмиён рух додаст,тасвир  шудааст. Юнониёну рӯмиён  мехостанд, ки таъсири худро дар ин кишварҳо пурзӯр намоянд ва ин кишварҳоро зери дасти худ бигиранд.
Муборизаю муҳорибаи юнониён дар давраҳои мухталифи таърих бо эрониёну арабҳо ва тафриқаҳои авлодии подшоҳони  чину турк ва саргузашту сиёсати онҳо ифода гардидааст. Дар ин асар инчунин дар бораи зиддиятҳои мазҳабии арабҳо ва юнониён, яъне мусулмонону насрониён пурра ифода шудааст.
  Қисмати якуми ин китоб аз се боб иборат мебошад:
 
1. Боби ёдоварӣ: Мақсад аз талифи ин китоб.
2. Бобҳое ки дар ин китоб ҳаст ёдоварӣ шудааст.
3. Боби сеюм: Хилқат ва пайдоиши махлуқ  зикр гардидааст.
 Ҳусайн Масъудӣ дар ин бобҳои китоби худ  дар бораи ин мавзӯҳо маълумоти муфассал  додаст, то ки хонандаи тоҷик аз он ба худ баҳрае бигирад. Муаллиф дар мавзӯҳои мухталифи бобҳои ин китоб шарҳ дода,  баён намудааст.
1. Ахбор дар бораи баҳри Рӯм, шарҳи оиди тӯлу арз ва аввалу охири он баён кардааст.
2. Дар бораи дарёҳо, баҳрҳо аҷоибии ақвому муроқибате, ки дар ҷазираҳои атрофи Андалус (Испания) ба вуҷуд омадааст, баён намудааст.
3. Подшоҳии Асуриён (нажоди қадимтарини арабҳо)
4. Подшоҳии Бобул.
5. Подшоҳии табақаи аввали Эрон.
6. Подшоҳии табақаи аввалу дуюми Эрон.
7. Насаби эрониён ва он касоне,ки дар ин боб буданд, баён шудааст.
8. Ахбори подшоҳони Сосонӣ табақаҳои дуюми Эрон будаанд, баён ёфтааст.
9. Ахбори подшоҳииЮнониён (Гресия) Рӯмиён (Италия) зикр ёфтааст.
10. Матлаб аз ҷангҳои Искандари Мақдунӣ дар Ҳинд.
11. Подшоҳии юнониён пас аз Искандари  Мақдунӣ.
12. Подшоҳии Масеҳи Рӯм, ки подшоҳии Қастантиниёанд (Стамбул) ва каме аз ахборашон зикр гардидааст.
13. Ахбор дар бораи рӯди Нил дар Миср ва каму зиёд шудани он.
14. Ахбор дар бораи подшоҳии Искандари Мақдунӣ ва матлаби дигари ӯ ёдоварӣ шудааст.
15. Дар бораи Сақлобиён (қабилаҳои славянӣ) русҳою аврупоиён маскан ва ахбори подшоҳиҳою қабилаҳои гуногуни онҳо, ёдоварӣ шудааст.
16. Дар бораи чаро мардумони араб саҳронишин ва ақвоми дигар саҳронишин шуданд,баён гардидааст.
17. Диёнатҳою ақоидҳои араб, даврони ҷоҳилият ва пароканда шудани онҳо зикр шудааст.
18. Мухтасар дар бораи таърихи оғози Олам то мавлуди пайамбари Худо салаллоҳ алайи ва салам ифода ёфтааст.
19. Дар бораи саёҳон  насабу ақвоми диёри мухталифашон зикр шудааст.
20. Дар яке аз бобҳояш   баҳс оиди   офариниш байни  Исои Масеҳ ва Муҳаммад салаллоҳу алайҳи вассалам зикр гардидааст.
Ба фикри мо,  дар ин китоб он муборизаю муҳорибаҳое, ки  хусусан аз тарафи юнониёну рӯмиён  бо роҳбарии Искандари Мақдунӣ рух дода буд, ин пеш аз ҳама ба мақсади истилоҳу ишғолгарии  манотиқи ин кишваҳо, махсусан Эрон буд . Ӯ як нафари нопок, ҷангҷӯй, хунхор, ғоратгару истилогар буд, ки одамонро ғорат намуда, онҳоро ба қатл расонда, манзили истиқоматиионҳоро сӯзонид. Ин хунхор  манораҳои шаҳри зебои 
Шерозро   нест карда, шаҳрро сӯзонида, тахти шоҳ  Дороро рахна карда, ба харобазор табдил дода маданияту  фарҳанги  Эронро нобуд сохт. Ин амали нопоки ӯ барин ҷоҳилон, албатта  нобахшиданӣ мемонад.
         Аҳамияти илмии ин асари Ҳусайн Масъудӣ «Муруҷу-з-заҳаб ва маъдоину-л- ҷавҳар» аз он иборат мебошад, ки муаллиф дар бораи кишварҳои Ховари миёна ва наздик ба хонандаи имрӯзаи тоҷик маълумоти пурраю ҳаматарафа медиҳад. Албатта на ҳамаи хонандаи тоҷик дар бораи таърих ва ҷуғрофияи ин кишварҳо маълумот доранд, фақат мутахассисоне, ки дар соҳаи улуми таърих,ҷуғрофия ва адабиёт фаъолият доранд бохабар мебошанд. Мутахассисоне, ки дар соҳаи илми таърих,ҷуғрофия адабиёт инчунин унвонҷӯён, магистрантҳо ва доктарантҳо метавонанд  аз ин асар ба пуррагӣ  истифода хоҳанд кард. 
 Хулоса, дар ин асари худ Ҳусайн Масъудӣ дурдонаҳои соҳаи илми таъриху ҷуғрофияро гирд овардааст, то ки хонандаи ин асар аз  воқеаҳою ҳодисаҳои таърихӣ барои ӯ нофаҳмо пурра водор  гардад. Дар бораи пайғамбарони даврон ва подшоҳоне,  ки    дар кишварҳои мухталиф  подшоҳ буданд, ошноӣ пайдо намоянд.
  Бояд қайд кард, ки ин асар аз ҷиҳати илмӣ-тадқиқотӣ дар соҳаи илми таъриху ҷуғрофия аҳамияти махсуси  бузурги худро дорад.
 
Мақолаи мазкур дар маҷаллаи « Илм ва ҳаёт»,  №3, соли 2019, саҳ: 31-32  чоп шудааст.