Корбурди санъати талмеҳ дар ашъори Сӯзании Самарқандӣ
Primary tabs
аз рӯйдодҳои динӣ ва таърихӣ, аз қаҳрамонони осори адабӣ, монанди Исо, Марям, Юсуф (а), Сулаймон, Абсол, Саломон, Рустами Дастон, Фаридун, Искандари Мақдунӣ, Хоруту Морут, Афроси еб, Иброҳим пайғамбар, Шабору Шабир, Муҳаммад пайғамбар (с), Абубакр (а), Умар (а), Алӣ (а), Ҳасану Ҳусейн, Исфандиер хеле зиед кор гирифта, дар бештар маврид бо истифода аз ин номҳои забонзадаи байни мардум мамдуҳони худро сифат намудааст.
Даҷҷол чӣ харе буд? Муҳаммад Ҷаъфари Ёҳақӣ менависад;
«Даҷҷол пас аз зуҳур аз Хуросон ё Кӯфа, ё маҳаллаи яҳудияи Исфаҳон иддиои худой мекунад ва ба харе менишинад ва ранги сурх ва поҳои хокистарӣ, ки ҷуссаи он ба кӯҳе монанд ва дар ҳар қадам шаш фарсанг роҳ менавардад. Ҳар як аз мӯйҳои ин хар рӯзи қиёмат нағмаи махсус соз мекунад. Аз гӯшҳояш нон фурӯ мерезад ва саргинаш хурмост. Тамоми мардумони сустирода нопарҳезгор ба дунболаш меафтанд ва ҳама ба дӯзах мераванд. [3,163]
Сӯзанӣ дар ашъори худ ҳамчунон аз Бутхонаи Суманот, аз Бутхонаи Буҳор, рудхонаҳои Даҷлаву Фурот, номи ситорагони осмон ба сифати талмеҳ истифода намуда, шеъри худро рангину намакин сохтааст.
Талмеҳи Бутхонаи Буҳор:
Шоир ба талмеҳ аз рудхонаҳои бузурги Даҷла ва Фурот гӯяд:
Талмеҳи номи Зӯҳра:
Сӯзании Самарқандӣ чун як мусулмони асил ба Муҳаммад пайғамбар (с) ва чаҳор халифаи аввалини ӯ; Абубакру Умар, Усмону Алӣ эҳтироми хосса қоил бошад ҳам, майли ӯ бештар ба хонадони пайғамбар ва олӣ Алӣ мебошад. Вай дар талмеҳоти худ зиёда номи Алӣ (а)- ро ҷой додаст.
Ба ин маънӣ, Садрӣ Саъдиев менависад, ки «Аз ин изҳори ҳавохоҳии самимӣ нисбат ба хонадони Алӣ дар мазҳаби шиа будани Сӯзаниро тасдиқ кардан мумкин аст» [7,130].
Шоир мегӯяд:
Сӯзании Самарқандӣ ҳамчунон дар сохтани талмеҳ аз рӯйдодҳо ва ашхоси таърихӣ (Фағфур, Хоқон, Маҳмуд ва Аёз, Мансурӣ Ҳаллоҷ, Ҳасану Ҳусейн), воқеаҳои фарҳангӣ, ёди номи аҳли илму адаб (устод Рӯдакӣ, Унсурӣ, Маъсуди Саъди Салмон, устод Рашидӣ ва ғ…) номи маконҳои ҷуғрофӣ (куҳи Тур, куҳи Дамованд, Куҳи Бесутун, Қоф, Чин, Хутан ва ғ…) хеле фаровон кор гирифтааст, ки таҳқиқи баррасии ҳамҷонибаи он фурсати дигар ва сиёҳ намудани авроқи зиёдеро талаб менамояду бояд аз корҳои ҳатмии ояндам дониста шавад. Зеро кушодани ашъори талмеҳоти истифодакардаи шоир метавонад ба мо ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии замони эҷодкорро ҳар чӣ бештар равшан созад. Дар навбати худ ин ҳама метавонад дар муайян намудани раванди таърихии он замон мусоидат намояд.
Ниҳоят метавон хулоса намуд, ки дар девони ашъори Сӯзании Самарқандӣ аз ин қабил талмеҳҳое, ки дар навбати аввал маънисозанд, садҳо мисол овард. Ин шаҳодати он аст, ки суханвар ба таърих, фарҳанге ва мероси ғании гузаштагони худ огоҳии ҳамаҷониба дошта, аз онҳо вобаста ба муҳтавои ашъораш, кор гирифтааст.
Адабиёт
- Афсаҳов А. Талмеҳ /А. Афсаҳов/ Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, ҷилди 3.- Душанбе, 2004.- С.165.
- Девони Ҳаким Сӯзании Самарқандӣ. Бо тасҳеҳ ва муқобилаи Насриллин Шоҳҳусайнӣ.- Теҳрон, 1338,-736с.
- Ёҳақӣ Муҳаммадҷаъфар. Фарҳанги асотир ва достонвора- ҳо дар адабиёти форсӣ /Муҳамадҷаъфари Ёҳақӣ/ Таҳия бо шарҳу тавзеҳот ва таълиқоти Рустами Ваҳоб.- Душанбе: Бухоро, 2014.- 748с.
- Розӣ, Шамс Қайс. Ал- Муъҷам /Шамс Қайси Розӣ/ муаллифи сарсухану тавзеҳот ва ҳозиркунандаи чоп У. Тоҳиров,- Душанбе, Адиб,1991,- 464 с.
- Самарқандӣ Сӯзанӣ. Девони № 440. Ганҷинаи дастхатҳои ба номи ак. А. Мирзоеви АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон /Сӯзании Самарқандӣ/
- Саъдиев С. Сӯзании Самарқандӣ /С. Саъдиев/ Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷилди 3.- Душанбе, 2004.- С. 148.
- Саъдиев С. Сӯзанӣ ва муҳити адабии Самарқанди асри X11 /Садрӣ Саъдиев/.- Душанбе: Дониш, 1974.- 166с.
- Ҳодизода Р., Шукуров М., Абдуҷабборов Т. Луғати истилоҳоти адабиётшиносӣ /Р. Ҳодизода, М. Шукуров, Т. Абдуҷабборов/.- Душанбе: Ирфон, 1964.- 184с.