Мирзоев Иззатулло Маҳмадович
 

    Мирзоев  Иззатулло Маҳмадович 25 августи соли 1981 дар шаҳри Ваҳдат ба дунё омадааст. Соли 1998 баъди хатми мактаби миёна ба Шӯъбаи арабии Факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2004 аз рӯи ихтисоси мутахассиси филологияи забони арабӣ хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатиро аз соли 2005 дар Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ, ҳамчун лаборанти калон шурӯъ кардааст. Солҳои 2006-2009 аспиранти шӯъбаи арабии Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ будааст. Аз апрели соли 2009 масъули “Ганҷинаи дастхатҳои шарқӣ”-и ба номи А. Мирзоеви Институт кор кардааст. Аз соли 2017 то ҳол баъди тағйири ном кардани Институт ба Маркази мероси хаттии АИ ҶТ ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи мудири шуъбаи ҷамъоварӣ, нигаҳдорӣ ва тавсифи электронии нусхаҳои хаттӣ кору фаъолият дорад.

Соли 2017 матни «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Донишро бо тасҳеҳу муқобала ва тавзеҳоту луғатнома дар ду ҷилд ба табъ расонидааст.

Аз соли 2018 ба таҳияи матни илмӣ-интиқодӣ, феҳристи луғот ва тавзеҳоти «Захираи хоразмшоҳӣ»-и Сайид Исмоили Ҷурҷониро (дар 10 ҷилд) машғул мебошад.