“КУЛОҲ АФТИДУ САР ВО ШУД”

“КУЛОҲ АФТИДУ САР ВО ШУД”

(Мулоҳизаҳо дар ҳошияи филми мустанади телевизонии “Хиёнат”, ки тавассути шабакаҳои ТВ намоиш дода шуд)

 

         Намоиши филми мустанади “Хиёнат” дар шабакҳои телевизонии кишвар бори дигар даҳшати рӯзҳои мудҳиши таърихи навтарини моро бозтоб дода, ҳамзамон моро ҳушёр медиҳад, ки ба Ватан ва давлатдории миллӣ худ содиқ ва вафодор бошем. Зеро як бор хатари аз даст додани давлатдории миллиро аз сар гузаронида, наздики 30 сол ба ин ҷониб бо пайомадҳои он панҷа нарм мекунем. Бидуни шак, далели асосии ҷанги шаҳрвандӣ дар ибтидои солҳои навадуми асри гузашта заъф шудани пояҳои низоми идораи давлатӣ буд. Заъфи идораи давлатӣ, адами мавҷудияти идеяи воҳиди миллӣ дар шароити фурӯпошандаи идеологияи ҳокими коммунистӣ, бистари муносибро барои рушди ҷараёнҳои манфиатпараст ва бунёдгаро фароҳам намуд. Ин чизро низ бояд қайд намуд, ки маҳз пуштибонӣ хориҷӣ доштани ин гуруҳҳои мазҳабӣ ва ифротӣ боис шуд, ки ҳаракатҳо ва шахсиятҳои дар ҳақиқат миллӣ ва ватандӯсту беғараз низ тавассути ин ҷараёнҳо балъида ва бадном шаванд. Ҳушдори таърих тавассути ин филм ба мо ва хусусан насли ҷавон ин аст, ки ба заъиф шудани пояҳои давлатдории миллӣ бояд ҳаргиз роҳ надиҳем ва бистари муносибро барои фаъол шудани чунин ҳаркатҳои тундрав ва ифротгаро мисли солиёни аввали истиқлол бо дастони худ фароҳам насозем.

     Аз айёме, ки таърихи инсоният, аз ҷумла, зиндагии халқи бостонии мо дар гардиш аст, муборизаи хайру шар ва сафеду сиёҳ, талошу мубориза барои сулҳу саодату озодӣ хуруҷу давом доштаанду дар рӯзгори мо ҳам ин ҳаракату бархӯрду мусодамаҳо давом доранду ҳаёти инсониро дар таҳлука мегузоранд.

       Устухони мардуми мо ҳам дар оташу оби чунин ҳарбу талошу муборизаҳо чайқал хӯрдаву чӣ будани душману душмандорӣ ва номусу ватандориро хуб медонад. Аммо дар майдону ҷараёни ҳама гуна муборизаву муҷодала ғуруру ҳашамати ҷавонмардӣ нишон додан аз одату суннатҳои хосу сазовору устувори мо гардидааст. Беҳуда нест, ки дар урфияти мо пайваста ба таъкид мерасонанд, ки

                                                                                    Андоза нигаҳ дор,ки андоза накӯст,

                                                                                    Ҳам лоиқи душман асту ҳам лоиқи дӯст!

         Мутаассифона, таърих гувоҳӣ медиҳад, ки дар лаҳзаву зинаҳои гуногуни зиндагӣ нусхаҳои одамсурати ваҳшитинате ҳам пайдо мешаванд, ки алайҳи қонунҳои волои навиштаву нонавиштаи ухуввату ҷавонмардӣ амал карда, номи шарифи инсонро сиёҳу доғдор месозанд. Бидуни шак амали чунин одамсуратони дадманиш дар намунаи роҳбарони ҲИНТ худро ба намоиш гузошта, асбоби истифодаи хориҷиҳо қарор гирифта, оташи ҷанги дохилиро дар Тоҷикистон аланга заданд. Дар филми мазкур ҳақиқати ботину зоҳири роҳбарони ин ҷараёнҳо, инчунин пайомади амалҳои тахрибкоронаи онҳо бозтоб ёфтааст.

     Чанд соли ҷанги таҳлилии шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон мисли оинаи қаднамо чеҳраи манфуру сиёҳи иддае аз ҳамдиёронамонро ба хубӣ аён намуд, ки ғуломанду чокару навкари бадном!

      Табиист, ки мардуми тоҷику дӯстону некхоҳони он имрӯзҳо ба хубӣ кӣ будани чунин зархаридони хоҷагони дохиливу хориҷиро медонанду бо нафрати сӯзон «ёдашон» мекунанд.

       Ин тойифаи разилу бадкор, даркору нодаркор, бе даъвату бе зарурате, аз паси симхору деворе, худро мутавалливу мутаваккиле вонамуд карда, ошамонро шӯру комамонро талх намудан мехостанду мехоҳанд. Аммо ҳамеша дасташон кӯтоҳӣ мекарду мекунад, расвову радди маъракаҳо мегаштанду мегарданд. Алҳақ,

 Гурбаи мискин агар пар доштӣ,

     Тухми гунҷишк аз ҳаво бардоштӣ!

Он ду шохи гов агар хар доштӣ,

Ҳеҷ касро пеши худ нагзоштӣ!

      Шоистаи таҳсину дастгирист, ки дар давоми чандин соли ахир Тоҷикистони азизамон таҳти сарвариву мададу ҳидояти Пешвои донову тавонои миллатамон Эмомалӣ Раҳмон баҳодуронаву устуворона пеш рафтаву ҷасуру нерӯмандтар гардида, ба туфайли дастовардаҳои азими сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангии худ теша ба решаи душманону бадхоҳони худ мезанад, оташи хашму бухлу ғазабу ҳасадашонро меафзояд.

      Мутаассифона, ба оташаки хирасӯзу дудолуди душманони миллат ононе қувватафзоӣ мекунанд, ки дар либоси сафед изҳори дӯстиву бародарӣ мекунанду дар киса нафти сиёҳу дар сина ниятҳое табоҳ доранд, кӣ киву куҷоӣ буданашонро тоҷикони огоҳ хуб медонанд. Зеро ба қавли маъруф “моргазида аз банди алло метарсад”. Мардуми тоҷик як бор фиреби ин тоифаро хурда ва дигар ҳаргиз ин ғалатро такрор нахоҳад кард.

Бисёр хубу матлуб аст, ки хадамоти ҳифзи ҳуқуқу амнияти кишвар ва расонаҳои ахбори умуми мо, ба истиснои иддае кӯрботин, пайваста ниқоб аз рӯйи манфуру мастури чунин ошӯбу фитнагарон бардошта, кӣ буданашону чӣ ҳадафҳое ғажду палид доштанашонро барои ҳамагон равшан месозанд. Алҳақ,

Чун мебинӣ, ки нобинову чоҳ аст,

Агар хомӯшбиншинӣ, гуноҳ аст!

         Филми ҳуҷҷатии «Хиёнат», ки имрӯзҳо тавассути шабакаҳои Телевизиони Тоҷикистон, намоиш дода мешавад, бешубҳа, давоми муваффақи ҳамин намоишномаҳост, ки касеро бетараф намегузоранд, балки нафрати хурду калонро нисбат ба хоинони ватан бармеангезаду бори дигар ҳамагонро ҳушдор медиҳад:

      Ҳар кӣ бо душмании халқ равон аст чу баҳр,

Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хурад!

         Инҷо бояд таъкид шавад, ки таърих як дарси дигаре ҳам дорад ва он ин аст, ки таърих ҳаргиз дарс нашудааст. Яъне “История учит, что… ничему не учит”. Аз ин ҷост, ки ҳанӯз дар асри ХIХ як шоири  тоҷики бухороӣ бо дарки ҳақиқати замони худ гуфта буд:

Мулло зи сиёсати ҷаҳон бехабар аст,

Аз макру фиреби ину он бехабар аст.

   Ҳарчанд зи душманони дин безор аст,

    Худ олаи дасти душманон бехабар аст.

         Агар мо гӯш ба чунин сухунони ҳикматбори гузаштагони худ, ки натиҷаи таҷрибаи таърихӣ ҳастанд, медодем, дар охири асри ХХ ба доми фиреби муллоҳо намеафтидем.

         Ҳоло чорае ба ҷуз аз бардоштани сабақ аз дарсҳои таърихи навтарини худ надорем. Роҳи дигар боз ҳам афтидан ба доми фитнаи муллоҳои хиёнаткорони озмудашудааст, ки алҳазар аз он.

                                                                  Латифов Собир

                                                         Ходими илмии ММХ – и АМИТ.