“Мо – тоҷикон мероси гаронбаҳову ҷовидонаи ҳанӯз беш аз ҳазор сол қабл ба ёдгор гузоштаи ниёгони худро бе ягон мушкилӣ мехонем, мефаҳмем, барои тарбияи наслҳои навраси халқамон истифода мебарем ва ба мардуми олам муаррифӣ мекунем. Арҷ гузоштан ба фарҳангу таърихи бостонии миллат ва омӯхтани он, инчунин, аз худ кардани мероси ҷовидонаи садҳо ва ҳазорон нафар фарзандони фарзонаи халқамон, яъне шоирону адибон ва олимону мутафаккирони барҷастаи миллат вазифаи ҳар як соҳибватан мебошад”.

Эмомалӣ Раҳмон

           Яке аз масоили мавриди таваҷҷуҳи Пешвои миллат қароргирифта ҳифз кардан ва пос доштани мероси гаронбаҳои ниёгонамон аст ва аз ин хотир, барои боз ҳам баланд бардоштани ҳисси миллии мардум моро зарур аст, то ҳар чи бештар осори баргардон ё тарҷумашудаи саҳеҳ ва оммавигардонидаро пешкаш намоем.

      Дастнависҳо, ки ҳар кадоме шоҳиди гӯёи давру замони муайяне ҳастанд, фарҳанг ва тамаддуни миллатҳоро аз гузашта ба ҳозираву аз ҳозира ба оянда мебаранд. Ақидаи матншинос Стефан Цвейг дар мавриди мутолиаи нусхаҳои хаттӣ чунин аст: «На шоир ва не навозанда лаҳзаи илҳоми нависандаро пас аз гузашти вақт тавсиф карда наметавонанд ... Ягона чизе, ки метавонад моро ба раванди номафҳуми эҷод наздик созад, дастнависҳо мебошанд”, ки аз ҳар ҷиҳат дурусту бамаврид аст.

      Аз ин рӯ, барои аз даст надодани ин мероси гаронбаҳо, аввалан ҳифзу нигоҳдорӣ ва дар ин радиф, муаррифии онҳо тавассути матншиносони кордон беҳтарин роҳи наҷоти нусхаҳои хаттӣ мебошад.

      Матншиносӣ аз калимаи лотинии textum (алоқаи калимаҳо) ва калимаи юнонии қадим λόγος(таълим додан) гирифта шуда, яке аз соҳаҳои муҳимми адабиётшиносӣ маҳсуб меёбад ва бешубҳа ба таҳқиқи матн ва барқароросозии хат дар осори ниёгонамон, равона шудааст.       

        Истилоҳи матншиносӣ тақрибан дар миёнаҳои солҳои 30-юми асри ХХ пайдо шуда, намояндагони машҳури он матншиносони шинохта Б.В. Томашевский, С.А. Рейсер, Б.М. Эйхенбаум, Д.С. Лихачев, С.М. Бонди, В.В. Виноградов, А.Н. Болдырев, В.А. Мануйлов, В.Э. Вацуро, М.А. Цявловский, Н.Ф. Бельчиков, А. Мирзоев, А. Афсаҳзод ва дигарон мебошанд, ки ҳар яке барои омӯзишу таҳқиқи дақиқи матн ва натиҷагирии дурусти он, ки дар интиҳо боиси нашри комил ва босифати матн мегардад, тавассути асарҳо ва мақолаҳои худ, саҳми арзандаи хешро гузоштаанд.

     Матншиносӣ фаъолияти ниҳоят заҳматталаб буда, масъалаҳои матншиносӣ ва интиқоди матнро дар бар мегирад ва аз муҳаққиқ қобилияти интиқоди мустақилонаи матн, хуб эҳсос кардани мазмун ва мундариҷаи осори адабӣ, таҳлили олимона дар асоси дониши хуби таърихиву ҷуғрофӣ, таҳияи комил ва саҳеҳи матнро тақозо менамояд, ки бе ин таҳқиқи он имконнопазир аст. Чӣ тавре ки С.М. Бонди дар ин маврид гуфтааст: "Кори матншинос аксар вақт ҳамчун як кори саҳлу сабук ба назар мерасад, аммо аслан ин кор аз саҳливу сабукӣ дур аст, дар он муҳаққиқ мекӯшад ба коргоҳи як нобиға ворид шавад ва дар кори матншиносии худ пайгири эҷоди ӯ бошад...Дастнависро дар пайдарпаии навишта шудани он хонда истода, мо гӯё ба изи пои шоири эҷодкор қадам мегузорем ва бо ҷараёни андешаҳои ӯ ҳаракат мекунем ва то адозае (хеле кам) ба ваҳдати афкори шоир рӯ ба рӯ меоем».

     Ганҷинаи дастнависҳои шарқии Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бузургтарин маркази мероси ниёгон дар Тоҷикистон ва яке аз пурарзиштарин махзанҳои нусхаҳои хаттӣ дар Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад. Ин ганҷина дар соли 1953 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Зарурати маҳз дар назди Академияи илмҳо таъсис додани чунин ганҷина аз он иборат буд, ки нусхаҳои хаттии ҷамъовардашуда бо ҷалби муҳаққиқони матншиносу нусхашинос ҳаматарафа омӯхта шаванд ва табиист, ки пас аз тадқиқоти комил ва саҳеҳ тавассути нашри китобҳо бо хатти кириллӣ дастраси оммаи васеи хонандагон гардонидани онҳо таъриху тамаддун, илми фалсафа, шеъру адаб ва таърихи адабиёти ин халқи бофарҳанг муаррифӣ гардад. Аз ин хотир, бо ташаббуси фарзандони фарзонаи миллат Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Абдуғанӣ Мирзоев 17 январи соли 1958 он аввал ҳамчун шуъба бо номи шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ асос ёфта, баъдтар бо номҳои мухталиф арзи ҳастӣ намудааст ва солҳои тӯлонист, ки бо нусхаҳои хаттӣ сару кор дорад.

      Дар ин макони муқаддас дастхатҳои зиёде нигоҳдорӣ мешаванд, ки ҳар яке арзиши илмиву адабии хешро доро буда, зарурати таҳқиқу омӯзиши мукаммалро доранд. Гуфтаи матншиноси машҳур Н.Ф. Бельчиковро: “Ҳар адабиётшинос метавонад ва бояд, ки матншинос бошад” зикр намуда, боифтихор метавонем бигӯем, ки дар ин муассисаи бонуфуз беҳтарин мутахассисон-донишмандон, адабиётшиносон ва матншиносони баркамол ба монанди А. Мирзоев, А. Афсаҳзод, А. Алимардонов, Ҷ. Додалишоев, А. Девонақулов, С. Сиддиқов, А. Ҷонфидо, А. Зуҳуриддинов, З. Аҳрорӣ, А. Муҳаммадиев, С. Шаҳобуддинов, М. Аҳмадов, Ҷ. Наҷмиддинова, О. Зиёвуддинова, М. Мамедова ва дигарон фаъолият бурда, даҳҳо нусхаҳои хаттиро тарҷумаву баргардон кардаанд.

   Гарчанд Ганҷинаи мо таърихи таъсиси тӯлонӣ надошта бошад ҳам, имрӯз махзани бебаҳоест, ки дорои 6000 нусхаи хаттӣ ва 5500 чопи сангист, ки ҳамвора ба ин ҷо ворид мешаванд. Қобили қайд аст, ки бештари дастхатҳои Ганҷина бо забони форсӣ навишта шуда, қисмати камтарро нусхаҳои ба забонҳои арабӣ, туркӣ ва ибрӣ ташкил медиҳанд. Яке аз масъалаҳои ҷолиби матншиносӣ ин муайян намудани ҷойи китобат шудани нусхаҳои хаттӣ мебошад, ки диққати муҳаққиқонро ба сӯйи худ ҷалб мекунад. Дар Маркази мо дастхатҳое ҷамъоварӣ шудаанд, ки дар Эрон, Ҳинду Покистон, Афғонистон, Қошғар, Қафқоз, Самарқанду Бухоро ва Тошканд китобат шудаанд. 

       Ҳар як дастнависи дар Ганҷина ҷойдошта дорои мавзӯоти мухталиф буда, таърихи китобаташон асрҳои XI-XX-ро фаро мегиранд. Бо боварии тамом метавонем бигӯем, ки қадимтарин нусхаи хаттии мо ёдгори асри XI-и милодӣ мебошад, ки ин рисолаи “Бӯстон-ул-орифин”-и Абӯлайси Самарқандист, ки соли 489ҳ/1095м бо забони арабӣ китобат шудааст.

      Аз корҳои ба анҷомрасонидаи муҳаққиқон, бахусус феҳристҳои нусхаҳои шарқии Ганҷина, ки шаш ҷилди он (ҷ.1 с. 1960, ҷ.2 с. 1968, ҷ.3 с. 1968, ҷ.4 с. 1970, ҷ.5 с. 1974, ҷ.6 с. 1988) таҳти роҳбарии академик А. Мирзоев бо забони русӣ ба нашр расидаву се ҷилди дигар (ҷ.7 с. 2019, ҷ.8 с. 2019, ҷ.9 с. 2020) дар солҳои ахир аз чоп баромаданд ва китобҳое, ки аз ҷониби муҳаққиқони матншинос бо хатти кириллӣ дастраси ҳаводорон гардидаанд, бармеояд, ки дар Ганҷина нусхаҳои нодир – нус­хаи хаттии маснавии «Шаҳриёрнома»-и Усмон Мухтори Ғазнавӣ (вафоташ байни солхои 544-554ҳ./1149-1159м.), таҳти №17/1 ст., рисолаи «Мақомоти Шайх Абӯсайиди Абулхайр», соли китобаташ 1403м., «Маҷмаъ-ул-қасоид», китобаташ асри 16 м., «Рисолаи Кофия»-и Нуриддин Аҳмад, «Де­вони ашъор», «Искандарнома» ва «Соқинома»-и Хоҷа Ҳусайн ибни Инояти Баззози Саноӣ, «Девони ашъор»-и Абдулатифи Танҳо, «Девони ашъор»-и Муҳаммад Ризо Чалабии Унвон, маснавии «Хусрав ва Ширин»-и Оғо Шопури Розӣ (дар асри 17 м. китобат гардидаанд), девонҳои ашъори Муҳаммад Ҷамил Ҳориси Бадахшӣ, Мирзо Абдурраззоқ Нашъа (дар асри 18 м. китобат шудаанд), «Анис-уш-шуаро»-и Абдулкарим ибни Роҷии Ғазнавӣ, «Уммон-ул-маонӣ»-и Иброҳим Амираки Балхӣ, «Ҳафт кишвар»-и Фахрии Ҳиравӣ, «Маҷмаъ-ул-хикоёт», «Девони ашъор»-и Мухлиси Бадахшонӣ, «Умм-ул-хитоб», «Гуҳаррез», (дар асри 19 м. китобат шудаанд), «Девони ашъор»-и Ҳайрати Бухороӣ, «Усули одоб» (дар ибтидои асри 20 м. китобат шудаанд), ки таҳти рақамҳои 555/8, 1946, 2378/1, 867/6, 867/2, 867/1, 977, 1181, 474, 2729, 1415/5, 1247, 1959/2 нигоҳдорӣ мешаванд, қадимӣ ва боэътимодтарин –«Таърихи Табарӣ» бо тарҷума ва такмили форсии Абӯали ибни Абулфазл Муҳаммади Балъамӣ (вафоташ 363ҳ./974м.) таҳти №2000, рисолаи ба забони форсӣ таълифнамудаи Абӯрайҳони Берунӣ (вафоташ 430ҳ./1038м.) - «Ат-тафҳим ли авоил саноати-т- танҷим», тахти №385, «Кимиёи саодат»-и Абӯҳомид ибни Муҳаммади Ғаззолӣ (вафоташ 506ҳ./1111м.,) таҳти №1007, «Куллиёт»-и Саъдии Шерозй (ва­фоташ 609ҳ./1291м.,) тахти №503, «Шарҳ-ул-қофия фй-наҳв»-и Разиуддин Муҳаммади Астарободӣ (асри 7ҳ./13м.), таҳти №4331, нусхаҳои муаллифӣ – «Луғати Алии Сафӣ», таълифи Фахруддин Алии Сафй (вафоташ 939 ҳ./1532-1533м.,) таҳти №779, «Ҷангномаи Байрамалихон»-и Муҳаммад Иброҳим, «Умдат-ут-таворих»-и Мир Рабеъ ибни Мир Ниёз (дар асри 18м. таълиф шудааст), таҳти № 2004, 2030/1, «Таърихи манзум»-и Имомалии Қундузии Комӣ, «Тазкират-уш-шуаро»-и Ҳоҷӣ Неъматуллоҳи Муҳтарам, «Калила ва Димна»-и Абӯлмаоли Насруллоҳ, таҳти №829, «Ҷавомеъ-ул-хикоёт ва лавомеъ-ур-ривоёт»-и Муҳаммад Авфии Бухороӣ, таҳти №317 ва «Тӯтинома»-и Зиёи Нахшабӣ (асрҳои 12,13,14м.), таҳти №338/1, «Девони ашъор» ва «Ганҷи шойгон»-и Тамкини Бухороӣ (асри19 м.), таҳти рақамҳои 204, 394, 114, «Туҳфаи шоҳӣ»-и Мирзо Азими Сонӣ (вафоташ 1325ҳ/1907м.,) «Таърихи Ҳумоюн»-и Муҳаммади Гулшанӣ, «Наводири Зиёия»-и Садри Зиё (ибтидои асри 20), таҳти № 927/3, 1329, 2968, 983, «Дафтари дилкушо»-и Соҳиб ном шахси номаълум (дар соли 720ҳ/1320м.) таълиф шудааст; нусхаҳои хаттии дар замони зинда будани муаллифонашон китобатшуда – дастхатҳои таҳти рақамҳои 1183 ва 3279 «Нафаҳот-ул-унс мин хазарот-ул-қудс» дар замони зин­да будани Мавлоно Ҷомӣ (вафо­таш 898ҳ./1492м.), нусхаҳои ха­тии «Чаҳор Девон» ва «Лисон-ут-тайр»-и Мир Алишери Навоӣ (ва­фоташ 906х,/1501м.), таҳти рақамҳои 1990/1, 1990/2, нусхаи таҳти №1325 «Иёри дониш»-и Абдуфазли Алломӣ (вафоташ 1011ҳ./1602м.), нусхаи № 555/13 «Куллиёт»-и Убайди Зоконӣ (вафоташ соли 771ҳ./1369м. ё 772х./1370м.), ки 35 сол баъд аз вафоти муаллиф, яъне дар соли 809х./1405м. китобат гардидааст, маҳфуз ҳастанд ва ғайраро метавонем дарҷ намоем.

       Аз замони соҳибистиқлол шудани Тоҷикистони азизамон дар Маркази мероси хаттӣ корҳои зиёде ба анҷом расидаву дастраси оммаи васеи хонандагон гардидаанд, ки аз ҳар ҷиҳат, ҳам барои болотар бардоштани ғурури миллӣ ва ҳам барои вусъат додани дониши таърихиву ҷуғрофӣ, адабӣ, динӣ ва ғайра маъхази боэътимоде ҳастанд. Дар ин қатор машҳуртарин асарҳо - “Кимиёи саодат”-и Ғаззолӣ (таҳияи матн аз Қудратбек Элчибеков ва Дӯстмуҳаммади Дӯст), “Маснавии Маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ (таҳияи матн аз Алии Муҳаммадии Хуросонӣ, Бадриддин Ализода (Алавӣ), Мубашшир Акбарзод), “Мантиқ-ут-тайр”, “Илоҳинома” ва “Асрорнома”-и Аттор (таҳияи матн аз Алии Муҳаммадии Хуросонӣ), “Таърихи ҳумоюн”-и Гулшанӣ (таҳияи матн аз Алимардонов Амрияздон), “Китоб-уш-шифо”-и Абӯалӣ ибни Сино (таҳияи матн аз Сайиднуридин Шаҳобуддинов), “Куллиёт”-и Сайидои Насафӣ (таҳияи матн аз Алии Муҳаммадии Хуросонӣ ва Асрори Раҳмонфар), Девони ашъор, достони “Лайлӣ ва Маҷнун”, маснавии “Туҳфаи дӯстон” ва рисолаи “Бадоеъ-ус-саноеъ”-и Шамсиддин Шоҳин (таҳияи матн аз Асрори Раҳмонфар ва Аълохоҷа Сайиднозим), “Наводир-ул-вақоеъ”-и Аҳмади Дониш (таҳияи матн аз Ҷӯрабек Назриев, Баҳриддин Мирзоев (2017), Баҳриддин Мирзоев, Иззатулло Мирзоев (2020)), Маҷмӯаи расоили манзумаи Абдурраҳмони Ҷомӣ (таҳияи матн аз Исроилов Раҳматшо), “Манозир-ул-кавокиб”-и Аҳмади Дониш (таҳияи матн аз Холов Маҳмудҷон), Девони Фонӣ (таҳияи матн аз Алии Муҳаммадии Хуросонӣ), “Фарҳод ва Ширин”-и Алишер Навоӣ (тарҷумаи Муҳиддин Аминзода, таҳияи матн аз Алии Муҳаммадии Хуросонӣ ва А. Маликзод), Девони Калими Кошонӣ (таҳияи матн аз Нуриддинов Шамсиддин), “Чаҳорбоғи ғазал”-и Толиби Омулӣ, Калими Кошонӣ, Шавкати Бухороӣ, Ғании Кашмирӣ (таҳияи матн аз Алии Муҳаммадии Хуросонӣ), Ғазалиёти Васлии Самарқандӣ (таҳияи матн аз Давлатова Холида), Девони ашъори Ибни Ямини Фарюмадӣ (таҳияи матн аз Хуҷова Мавҷуда), Ғазалиёти Туғрал (таҳияи матн аз Асрор Раҳмонфар), Девони Фахрии Ҳиравӣ (таҳияи матн аз Ализода Сайидхоҷа), “Рисола дар назми тамаддун ва таовун”-и Аҳмади Дониш (таҳияи матн аз Исроилов Раҳматшо), Девони Файзии Даканӣ (таҳияи матн аз Алии Муҳаммадии Хуросонӣ), Ёддоштҳои Халилулло Халилӣ (таҳияи матн аз Мирзоев Баҳриддин ва Давлатов Раҳматкарим), “Мунтахаби тарҷумаи ас-савод-ул-аъзам”-и Хоҷа Муҳаммади Порсо (таҳияи матн аз Сайиднуриддин Шаҳобудинов) ва ғайраро метавонем ёдрас намоем. Ин асарҳо ҳар кадом дар доираи мавзӯъ ва муҳтавои худ бемисл буда, барои пешрафти илму дониш ва  вусъатбахшии доираи ҷаҳонбинии маънавӣ таконбахшандаи боқуввате ҳастанд, ки ҳаводорону талабгорони бешумор доранд. 

     Ҳамчунин, муҳаққиқони Марказ бо ҳамкории Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон асари Ҳаким Сайид Исмоили Ҷурҷонӣ «Захираи хоразмишоҳӣ»-ро, ки таҳти рақамҳои 229, 712, 898, 1272, 2102, 4009 ва 4595 маҳфуз буда, дар соҳаи илми тиб яке аз асарҳои гаронбаҳову барҷаста маҳсуб меёбад, таҳия карданд, ки нашри он то ҷашни 30-солагии истиқлолияти Тоҷикистон дар назар аст.

    Ба Ганҷинаи дастнависҳои Маркази мероси хаттӣ ҳамасола беҳтарин нусхаҳо ворид мегарданд, ки илмҳои мухталиф – адабиёт, таърих, фалсафа, ҷуғрофиё, ҳандаса, нуҷум, сарфу наҳв, фиқҳ, тиб ва ғайраро дар бар гирифтаанд.

     Боиси таҳсину ифтихор аст, ки Президенти муҳтарам ҳифзи мероси гузаштагонамонро барои ба насли оянда супоридани он ҳамчун фарзандони содиқ ва бовиҷдони миллат, вазифаи ҳар шахс мешуморад, ки гуфтаҳои ӯ дар паёми имсола гувоҳи ин суханҳоянд. Аз ин рӯ, мо – кормандони Маркази мероси хаттӣ худро беш аз пеш бо ҷалби матншиносони болаёқат масъули дастрас намудани хосу ом ба дастнависҳои таҳқиқшуда, ки саҳеҳ, комил ва аз ҳар ҷиҳат хуб омӯхташудаанд, мешуморем.

Давлатова Холида

                                               мудири шуъбаи матншиносӣ, таҳқиқ ва

                                               таҳияи мероси хаттии Маркази мероси

хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

footer: