Ба муносибати  30 – юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нашри китоби «Туҳфату-л-аҳбоб фӣ тазкирати-л-асҳоб»-и Возеҳи

            Муаллиф:  Ҷурабек Назрӣ (Назриев) директори Маркази мероси хаттӣ,  Доктор илмҳои филологӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

              Қори Раҳматуллоҳи Возеҳ аз ҷиҳати иншои тазкираи шоирони даврони хеш пас аз 150 соли сукут эҳёгари дубораи ин жанри адаби ба шумор меравад. Дар ин тазкира, ки аз 26 – боб иборат мебошад, рӯзгору аҳвол ва осори 148 намояндаи ҳавзаи адабии Бухорову Хуқанд дар авохири асри ХVIII – ибтидои XIX ба тартиби ҳуруфи ҳиҷҷо зикр ёфтаанд.

           Ба ин маънӣ, Қори Раҳматуллои Возеҳ аз ҷумлаи маъдуд донишмандонест, ки ананаи тазкиранависиро дар асри XIX дубора эҳё намуд ва арзишу эътибори тазкираи ӯ низ аз ҳамин ҷо маншаъ мегирад.

          Инак, ин тазкираи муҳим барои нахустинбор ба хатти кириллӣ бо талоши Ҷӯрабек Назрӣ – доктори илмҳои филологӣ, узви вобастаи АИҶТ ба муносибати 30 – солагии истиқлоли кишвари азизамон пешкаши хонандагони тоҷик мегардад.

footer: