Мо ба хотири ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва таъмиру нигоҳдории онҳо хеле корҳои созандаро оғоз кардаем ва кӯшиш дорем, ки тавассути созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ мероси моддӣ ва ғайримоддии кишварамонро ба аҳли олам ҳарчи бештар муаррифӣ намоем.

Эмомалӣ Раҳмон (аз Паём ба Маҷлиси Олӣ  26 январи соли 2021)

        Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола ба Маҷлиси олӣ  дар баробари дигар соҳаҳо ба илму маориф таваҷҷӯҳи хос зоҳир намуда, хусусан, дар бораи ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва муаррифӣ намудани мероси хаттии ниёгонамон барои оламиён, ҷумла қайд кард: «Мо – тоҷикон мероси гаронбаҳову ҷовидонаи ҳанӯз беш аз ҳазор сол қабл ба ёдгор гузоштаи ниёгони худро бе ягон мушкилӣ мехонем, мефаҳмем, барои тарбияи наслҳои навраси халқамон истифода мебарем ва ба мардуми олам муаррифӣ мекунем».

        Ҳифзу гиноҳдорӣ ва муаррифии мероси хаттии ниёгон ба зиммаи кормандони илмии Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон гузошта шудааст. Сарфи назар аз он ки Маркази мероси хаттӣ аз рӯзи таъсисёбиаш то ба имрӯз чандин маротиба тағйири ном кардааст, вале ҳадаф ва вазифаи асосии он ҳамеша нигоҳдорӣ, муаррифӣ ва таҳқиқу нашри мероси ниёгон аст. Дар ин Марказ ганҷинаи бою ғании мероси аҷдодонамон маҳфуз аст, ки ба номи академик Абдулғанӣ Мирзоев гузошта шудааст.

       Баъди бунёд шудани Академияи илмҳои Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (соли 1951) зарурати дар як муассиса ҷамъ овардани дастнависҳо ба миён омада буд. Нишон додани аҳамияти илмию таърихии онҳо зарур буд, то ки дар як маркази муайян ҷамъоварӣ ва феҳристнигорӣ карда шаванд. Нақши қаҳрамони миллати тоҷик академик Бобоҷон Ғафуров, ки соли 1956 директори Институти шарқшиносии АИ ИҶШС интихоб гардида буд, дар ташаккули мактаби бузурги шарқшиносӣ, аҳамияту зарурияти таъсиси Институти дастхатҳо хеле бузург аст.   Моҳи июни соли 1957 дар шаҳри Тошканд конфронси якуми умумиттифоқии  шарқшиносҳо баргузор гардид. Масъалаи таъсис додани Институти шарқшиносӣ дар ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ, аз он ҷумла, дар  Тоҷикистон ба миён гузошта шуд.  Баъд аз як сол, яъне соли 1958, шуъбаи шарқшиносӣ ва осори хаттӣ ташкил шуд ва мудири он академик Абдулғанӣ Мирзоев таъин гардид. Саъю кӯшиши Ҳукумати онвақтаи Тоҷикистон  барои ҳифз ва таҳқиқи мероси хаттӣ бо таъсис додани ин шуъба дар   Академияи илмҳо роҳи барқарорсозии мероси тоҷикон буд. Дастгирию ташаббуси академик Бобоҷон Ғафуров ва кӯшишу фаъолияти академик Абдулғанӣ Мирзоев аз рӯзҳои аввали таъсис ёфтани шуъбаи шарқшиносӣ ва осори хаттӣ дар  ташкил намудани гурӯҳи корие, ки дар он замон  феҳристи дастхатҳоро таҳия намудаанд, хеле калон аст. Омӯзиши меросу фарҳанги тоҷикон дар якҷоягӣ бо тарбия намудани як қатор олимони ҷавон барои  кафолати комёбӣ  дар роҳи наҷот додани фарҳангу мероси ниёгони тоҷик қадами ҷиддӣ буд.

        Тавсиф ва таҳияи феҳристи  дастхатҳо воситаи махсуси таҳқиқ, интишор ва ҳифзи осори хаттии тоҷикон мебошад. Феҳристҳои таҳияшуда нишон медиҳанд бештари нусхаҳои дар ганҷинаи Маркази мероси хаттии кишвари мо, китобхонаю марказҳои таҳқиқотии  Осиёи Миёна, Русия ва дар дигар китобхонаҳои машҳури ҷаҳон маҳфузбуда, ки нусхаҳои хаттиро дар он замон дар ҳудуди Осиёи Миёна ҷамъоварӣ намудаанд, ба забони тоҷикӣ мебошад. Ин далели он аст, ки забони тоҷикӣ асрҳо чун забони муоширати мардуми Осиёи Миёна нақши калон доштааст.

          Ҷилди аввали феҳристи дастнависҳо соли 1960 аз чоп баромада буд. Дар ин ҷилд асарҳои таърихӣ, ҷуғрофӣ, топографӣ, ёддоштҳо, санаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои қимати таърихидошта дохил шудаанд. Бесабаб дар ҷилди аввал осори таърихӣ ҷо дода нашуда буд, зеро ки дар байни 288 нусха дастхатҳои тавсифшуда асарҳою санадҳои хеле муҳиму арзишманди таърихию ҷуғрофӣ  ҷой доранд ва бо ин роҳ муҳаққиқони тоҷик  ба оғоз намудани таҳқиқи  таърихи халқу кишвари худ ҷалб карда шуданд. Миёни ин маҷмӯа нусхаҳои хеле нодир ва камёфт маҳфузанд, ки дорои аҳамият ва иттилооти хеле муҳими таърихӣ мебошанд. Аз ҷумла, се нусхаи аввали тавсифшуда асари таърихии  машҳуру арзишманд- «Таърихи Табарӣ» мебошанд. Яке аз нусхаҳои ин асар, ки таҳти №2000 дар ганҷинаи Марказ маҳфуз аст,  аз рӯи хусусиятҳои палеографӣ дар охири асри XIII нусхабардорӣ шудааст. Аз ҷумла, 92 нусха дастнавис оид ба омӯзиши таърихи Осиёи Миёна тавсиф гардидаанд. Дар байни онҳо дастнависҳое ҳастанд, ки  нусхахои хаттии худи муаллифони асар ва ё нусхаҳои ягонаю нодиранд, ки аз ҳар ҷиҳат муҳим ва ҷолиби таваҷҷуҳ мебошад. Аз ҷумла, чунин дастхатҳоро метавон номбар кард: «Тӯҳфаи шоҳӣ»-и Мирзо Азими Сомӣ (№927/III), «Тоҷ-ал-таворих»-и Муҳаммад Шарифбек бинни Муҳаммад Ноқӣ (№2282), «Тӯҳфат-ал-хонӣ»-и Муҳаммад Вафои Карминагӣ ва Домулло Олимбек валади Ниёзқулибек (1426/I), «Ҷангномаи Байрамалихон» (2004), «Давраи охирини таърихи Бухоро»-и Мирзо Ҳомид валади Абдулқодирбек бинни Камолбек мирохур бинни Файзуллоҳбек (1243/IX), «Таърихи Амирони манғити Бухоро»-и Олимхоҷа бинни Мирзо Саййидхоҷа Мушрифи Бухороӣ (2354/IV), «Наводири зиёия»-и Муҳаммад Шарифҷон Махдум (983) ва ғ. Азбаски феҳристҳо ба забони русӣ таҳия гардида буданд, аз ин рӯ муваффақ шуданд, ки дар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва хориҷ аз он интишор ёбанд. Тавсифҳои илмӣ дар феҳристҳои нашргардида тамоми маълумотҳои аниқи таърихӣ, илмӣ ва аз ҷиҳати хусусиятҳои хоси худи дастнавис (хат, варақ, муқова, таърихи китобат ва ғ.). хеле равшан баён карда шудааст. Бесабаб нест, ки тавсифҳои илмии ин феҳристҳо кайҳо мавриди таваҷҷӯҳу писанди нусхашиносони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва  кишварҳои дигари ҷаҳон қарор гирифтанд.

          Феҳристи дастнависҳо раҳнамои муҳаққиқон дар интихоби мавзӯи таҳқиқот ва муаррифгари мероси ниёгонамон ба шумор мераванд.  Дар заминаи истифодаи феҳристҳои чопшуда чандин матнҳои илмию интиқодӣ ва илмию оммавии осори гузаштагон дар  мавзӯъҳои гуногун таҳия ва нашр гардиданд.

          Дар замони Шӯравӣ кормандони шӯъба оид ба феҳристнигорӣ чунин корҳоро анҷом додаанд: аз соли 1960 то соли 1988, 6 ҷилд феҳристи нусхаҳои хаттӣ таҳти унвони «Каталог восточных рукописей Академии наук Таджикской ССР», бо сарсухани академик Абдулғанӣ Мирзоев,  ки дар онҳо 2372 номгӯй асар тавсиф гардидаанд, таҳия ва аз чоп баромаданд.  Феҳристи нусхаҳои нодиру пурарзише, ки ҳангоми ташкил намудани гурӯҳи эъзомӣ дар ВМКБ ба даст оварда шудаанд, таҳти унвони «Алфавитный каталог рукописей, обнаруженных в Горно-Бадахшанской Автономной области экспедицией 1959-1963 гг.» таҳия гардида, соли 1967 дар шаҳри Маскав аз чоп баромад. Феҳристи дастнависҳои музайяну мусаввари ганҷинаи дастхатҳои шарқии АИ аз ҷониби Лариса Додхудоева таҳти унвони  «Каталог художественно оформленных восточных рукописей Академии наук Таджикской ССР» соли 1986 таҳия ва нашр  шудааст.

        Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон низ кормандони шуъбаи тавсиф ва таҳияи феҳристи дастнависҳо ин иқдоми некро идома дода истодаанд. Дар ин давра, аз ҷумла, чунин корҳо ба анҷом расонида  шудаанд: тавсифи тамоми нусхаҳои хаттӣ ба забону хатти форсӣ дар шакли нисбатан мухтасар таҳия шуда, дар чор ҷилд дар Ҷумҳурии Исломии Эрон (1998-2005) ба табъ ра­сонида шуд. Соли 2002  дар ҳамкорӣ бо шӯъбаи дастхатҳои шарқии Китобхонаи Фирдавсӣ феҳристи мухтасари элект­ронии 500 номгӯй дастнависҳои нодири ҳар ду муассиса бо дастгирии молиявии Фонди Сорос ба забонҳои форсии тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ омода шуда, ба марказҳои гуногуни дастнависҳои шарқӣ ирсол гардиданд. Феҳристи китобҳои чопи сангӣ бо номи «Каталог литографированных книг» соли 2013 аз чоп баромад. Соли 2014 феҳристи қитъаҳои хушнависон аз тарафи кормандони шуъба Л. Додхудоева ва М. Шарифов бо унвони «Восточная каллиграфия в собрании Академии наук Республики Таджикистан» ба нашр расонда шуд. Феҳристи тавсифоти дастхатҳои арабӣ аз рӯйи ибтидои матн дар таълифи ходими калони илмӣ Саиднуриддин Шаҳобуддинов бо унвони  «Авоил-ул-китоб фӣ маърифат ил-китоб» соли 2020 ба нашр расид. Дар се соли охир феҳристи  ҷилдҳои VII-IX нусхаҳои хаттӣ ба забони русӣ, ки идомаи шаш ҷилд мебошанд, аз чоп баромаданд. Айни ҳол ҷилди даҳум низ омодаи чоп аст. Дар чор ҷилде, ки солҳои охир таҳия гардидаанд,  911 нусха дастнавис дар мавзӯъҳои гуногун  тавсиф гардидаанд.

          Ҳангоми тавсифи илмии дастнависҳо дар замони соҳибистиқлолӣ ба дастурамали махсусе, ки дар шаш  ҷилд  истифода шуда буд, баъзе таҳрироту тағйироти зарурӣ дароварда шуд. Ҳар дастнавис ба як тартиби муайян тавсиф карда мешавад. Аввал номи асар ва пас аз он номи муаллиф номбар мешавад. Баъд аз он дар бораи мавзӯъю мундариҷа ва таърихи таълифи асар маълумоти мухтасар дода мешавад. Дар сурати дар як ҷилд мавҷуд будани чанд номгӯи асар ва ё маҷмӯаҳо, ҳар як асар алоҳида тавсиф мешавад. Дар баъзе мавридҳо лозим дониста шудааст, ки роҷеъ ба  хусусиятхои хоси дастнавис  маълумот дода мешавад.

         Тавсифи кодикологии (дастхатшиносӣ) дастхатҳо бояд кӯтоҳ ва дақиқ бошад. Он ба тариқи зайл сурат мегирад: муайян кардани навъи хат ва коғаз, санаи аниқ ё тахминии китобати дастхат ва макони он, миқдори дафтарҳо, андозаи дастнавис ва андозаи матни он, номи хаттот, соҳиби нусха ва ороиши он, муқова, шероза, рикоба ва амсоли ин аломатҳо маълумоти дақиқ дода шавад.

        Дар охири ҳар як ҷилди феҳрист исми муаллифон ва номгӯйи асарҳо ва дигар нишондиҳандаҳо ҳам бо хатти форсӣ ва ҳам кириллӣ бо риояи тартиби алифбо оварда мешавад.

          Ҳукумати Тоҷикистон барои ҳифзи ёдгориҳои хаттии кишварамон ҳамеша ғамхорӣ менамояд. Сабаби асосии таваҷҷӯҳи Ҳукумати Тоҷикистон ва муҳаққиқони дохилию хориҷӣ ба ёдгориҳои хаттӣ, омӯхтан ва табъу нашри онҳо дар он аст, ки ин ганҷинаи безавол натанҳо маводи  таҳқиқот, балки маъхази боэътимоди таърихи қадимаи халқи тоҷик, таърихи илму адаб ва забону фарҳанги ин халқи соҳибтамаддуну бостонӣ мебошанд.

         Ҳамчунин бо кӯмак ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъоварӣ ва харидории дастнависҳо аз аҳолӣ идома дошта, ҳамасола тақрибан ба маблағи аз 20 то 100 ҳазор сомонӣ китобҳои нодири дастнавис ва  чопи сангӣ харидорӣ мешаванд. Маблағи ҷудогардида барои харидории китобҳои нодир сол аз сол зиёд гардида, аз ин ҳисоб ганҷинаи дастнависҳо бою ғанӣ мегардад. Дар даҳ соли охир зиёда аз 500 нусха дастнавис ва китобҳои чопи сангӣ, ки онҳо низ ҳукми дастнависро доранд, аз дасти аҳолӣ харидорӣ шудаанд.

        Дар партави Паёми Пешвои миллат  кормандони шуъбаи тавсиф ва таҳияи феҳристи дастхатҳо  тавсиф ва таҳияи феҳристҳои дастнависҳои тоза ба ганҷинаи Марказ воридшударо  ба забони русӣ идома дода, дар ояндаи наздик ин феҳристҳо ба забони давлатӣ низ таҳия хоҳанд шуд. Барои  ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани мероси ниёгон тавсифи мухтасари дастхатҳои нодиру арзишманд  ба забони англисӣ низ таҳия хоҳад гардид.

                                                           Бибисултон Навбаҳорова

                                                         мудири шуъбаи тавсиф ва таҳияи

                                                         феҳристи дастхатҳои Маркази

                                                           мероси хаттии назди Раёсати АМИТ

 

footer: