Дирӯз (09.07.2020) дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ширкати аъзои раёсати он ва иборат аз аъзои пайваста ва вобаста Маҷлиси умумӣ доир гардид.
Ҷаласаро президенти АМИТ, академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ кард ва бо пешниҳоди ӯ аъзои Академия ҷиҳати гиромидошти панҷ нафар академик, ки моҳҳои наздик фавтиданд, як дақиқа сукут карданд.