creatot
Primary tabs
Маркази мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии
Маркази мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон калонтарин махзани дастнависҳои шарқӣ дар қаламрави Осиёи Миёна ва собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад. Заминаи марказ баъди ташкилёбии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Тоҷикистон (1924) гузошта шудааст. Ҷамъоварии дастнависҳо аз тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Миёна, бахусус, Самарканду Бухоро ва ғ. Пас аз таъсиси Шуъбаи Тоҷикистонии АИ Иттиҳоди Шӯравӣ(1932) ва Китобхонаи ҷумҳуриявии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ (1933) шурӯъ гардидааст. Баъди дар заминаи Шуъбаи Тоҷикистони АИ Иттиҳоди Шӯравӣ бунёд шудани АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (1951) зарурати дар як муассиса ҷамъ овардани дастнависҳо ба миён омада, бо ҳамин мақсад Шуъбаи шарқшиносӣ ва осори хаттӣ Шўрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон аз 17 январи соли 1958, ташкил ёфтааст. Соли 1970 Институти шарқшиносии АИ ҶШС Тоҷикистон таъсис ёфта дар заминаи он, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон таҳти № УП-103, аз 02 апрели соли 1991, Институти мероси хаттии АИ ҶШС Тоҷикистон ташкил гардид. Институти шарқшиносии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, 12 марти соли 1993, бо Қарори Шўрои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти №3 барҳам дода шуда, ба ҳайати Институти мероси хаттии АИ ҶТ дароварда шудааст. Дувуми апрели соли 1998, бо Қарори Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти № 48, муассисаи мазкур, ба Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳо табдил шудааст. Аз 4 феврали соли 2011, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 36, Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ бо Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакӣ муттаҳид шуда, минбаъд Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рудакии АИ ҶТ номгузорӣ шудааст. Мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 28 октябри 2016, таҳти №465, Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рўдакии АИ ҶТ ба муассисаҳои зерини илмӣ-таҳқиқотӣ ҷудо карда шуд: Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии АИ ҶТ ва Хазинаи мероси хаттии АИ ҶТ. Бо Қарори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти № 125, аз 13 ноябри 2017, номи Хазинаи мероси хаттии назди Раёсати АИ ҶТ, бо тасвиби Қарори Раёсати АИ ҶТ, №42 (а), аз 20 марти соли 2017, ба Маркази мероси хаттии назди Раёсати АИ ҶТ табдил дода шуд ва директори марказ доктори илмҳои филология, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯрабек Назриев таъйин гардид.
Таърих гувоҳ аст, ки Мовароуннаҳру Хуросон аз қадимулайём аз ҷумлаи
Таърих гувоҳ аст, ки Мовароуннаҳру Хуросон аз қадимулайём аз ҷумлаи бузургтарин марказҳои тамаддуни ориёӣ буда, дар ин сарзамин дар имтидоди асрҳо нусхаҳои дастнависи мутаъаддади осори форсизабонон офарида шудаанд ва ҷиҳати ҳифзи ин осор дар ҳар давру замон китобхонаҳои гуногун таъсис ёфтаанд.
Пас аз ташкил ёфтани Академияи улуми мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади омӯзишу таҳқиқи таъриху фарҳанги тоҷик зарурати аз муассисоти мухталиф дар як ҷо ҷамъ овардани нусаҳои хаттӣ ва таҳқиқу нашри онҳо ба миён омад. Бинобар ин, бо фармони махсуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистони Шӯравӣ (соли 1953) тамоми нусхаҳои хаттии мавҷуд дар Китобхонаи ҷумҳуриявии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ва дигар муассисоти илмӣ, таълимию маданиву маърифатии пойтахти ҷумҳурӣ ба ихтиёри Академияи илмҳо гузаронида шуда, захира ё худ “Ганҷина”-и осори хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд.
Бояд тазаккур дод, ки нусхаҳои хаттӣ то кунун дар Китобхонаи давлатии миллии Тоҷикистон (бештар аз 2200 нусха), Донишкадаи забон ва адабиёти тоҷик, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ганҷинаи А.А. Семёнов (тобеъи пажуҳишгоҳи таърих ва бостонишиносӣ), Инситути забон ва адабиёти ба номи Рўдакии Академияи улуми Тоҷикистон, китобхонаи Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, китобхонаи ба номи Тошхоҷа Асирии вилояти Суғд, шуъбаи Академияи улуми Тоҷикистон дар вилояти Кӯҳистони Бадахшон (шаҳри Хоруғ) ва осорҳонаҳои кишваршиносии аксари навоҳии кишварамон низ нигаҳдорӣ мешаванд.
Маркази мероси хаттии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати чилу чаҳор соли мавҷудияташ ба калонтарин маъхази дастнависҳо дар ҷумҳурӣ ва яке аз захираҳои пурарзиши нусхаҳои хаттӣ дар Осиёи Марказӣ табдил ёфтааст. Ҳоло дар ганҷинаи дастнависҳои марказ беш аз 5750 ҷилд нусхаи хаттӣ ва 6340 ҷилд китобҳои чопи сангӣ (литографӣ) маҳфуз аст.
Аксари дастнависҳои Марказ ба забони форсӣ навишта шуда ва бахши камтари онҳоро нусхаҳои китобатшуда ба забонҳои арабиву туркӣ ва ибрӣ ташкил медиҳанд.
Ҷуғрофиёи китобати нусхаҳои хаттии марказ бисёр васеъ мебошад. Дастхатҳо дар минтақаҳои мухталиф, аз ҷумла Мовароуннаҳр, Афғонистон, Эрон, Покистон, Қафқоз, Кошғар ва Поволжейи Русия китобат шудаанд, ки дар гузашта бо ҳамдигар равобити мустаҳками фарҳангиву адабӣ доштаанд.
Аз лиҳози таърихи китобат дастнависҳои Марказ давраи калону доманадор, яъне қарнҳои Х1-ХХ-ро фаро мегиранд. Ба ибораи дигар, қадимтарин нусхаи хаттии мавҷуд дар марказ дар қарни Х1 ва навтарини он дар рўзгори мо китобат шудааст.
Доираи мавзӯоти баҳсу масоили фарогирифтаи нусхаҳои хаттӣ бисёр васеъ ва гуногун буда, тамоми риштаҳои илму адаб ва донишу ҳунарро дар бар мегиранд.
Қадимтарин нусхаҳои хаттии Маркази мероси хаттии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастнависи «Таърихи Табарӣ» тарҷума ва такмили форсии Абуали ибни Абулфазл Муҳаммади Балъамӣ (363ҳ/974м), «Ат-тафҳиму ли авоил-ис-синоат ат-танҷим» Абурайҳони Берунӣ (430ҳ/1038м) «Кимиёи саодат» Абӯҳомид ибни Муҳаммади Ғаззолӣ (506ҳ/1111м), «Куллиёт”-и Саъдии Шерозӣ» (690ҳ/1291м), «Шарҳу-л-қофия фӣ наҳв»-и Разиюддин Муҳаммади Астарободӣ ва амсоли инҳо мебошанд, ки китобаташон ба асри Х111 тааллуқ дошта, дар айни замон аз ҷумлаи қадимтарину муътамадтарин дастнависҳо маҳсуб мегарданд.
Як теъдод нусхаҳои хаттии марказро дастнависҳои худи муаллифон ва ё нусхаҳои
Як теъдод нусхаҳои хаттии марказро дастнависҳои худи муаллифон ва ё нусхаҳои ягонаву нодир ташкил медиҳанд, ки аҳамияти калони илмию таърихӣ доранд.
«Луғати Алӣ Сафӣ» – таълифи Фахриддин Алии Сафӣ (939ҳ/1532м), «Зафарнома»-и Бадриддини Кашмирӣ (асри XV1), «Ҷангномаи Байрамалихон»-и Муҳаммад Иброҳим, «Умдат-ут-таворих»-и Миррабеъ ибни Мирниёз (асри XV111), «Таърихи манзума»-и Имомалии Қундузии Комӣ, «Тазкират-уш-шуаро»-и Ҳоҷи Неъматуллоҳи Муҳтарам, девони ашъор ва «Ганҷи шойгон»-и Абдурраҳмон Тамкини Бухороӣ (асри Х1Х), «Туҳфаи шоҳӣ»-и Мирзо Азими Сомӣ (1325ҳ/1907м), «Таърихи ҳумоюн»-и Муҳаммад Содиқи Гулшанӣ, «Наводири Зиёия»-и Шарифҷон Махдуми Садри Зиё (асри ХХ) ва боз теъдоде аз нусхаҳои хаттӣ аз ҳамин қабиланд.
Ганҷинаи марказ, ҳамчунин, дорои нусхаҳои бисёр нодири мансуру манзумест, ки дар асрҳои гуногун таълиф ёфта, дар дигар китобхонаҳои ҷаҳон дида намешаванд. «Рисолаи мақомот»-и Шайх Абӯсаиди Абулхайр (1403м), «Шарҳ-ул-муғаннӣ»-и Абӯмуҳаммади Мансур (асри X1V), «Маҷмаъ-ул-қасоид» (асри XV1), «Рисолаи қофия»-и Нуриддин Аҳмад, «Рубоиёти мутафарриқа», “Девони ашъор”, «Соқинома» ва «Искандарнома»-и Хоҷа Ҳусайн ибни Иноят Баззози Саноӣ, девони ашъори Абдулатифи Танҳо, қасоиди Назмӣ, девони ашъори Муҳаммадризои Чалабӣ, «Хусраву Ширин»-и Оқошопури Розӣ (асри XV11), девони ашъори Мирзо Абдурразоқи Нашъаӣ, девони ашъори Муҳаммад ибни Абӯтуроб Ҷамил Ҳориси Бадахшӣ, «Миръот-ут-тайиба»-и Муъинуддин ибни Хоҷа Хованд (асри XV111), «Анис-уш-шуаро»-и Абдулкарим ибни Роҷии Ғазнавӣ, «Уммон-ул-маъонӣ»-и Иброҳим Амираки Балхӣ, «Ҳафт кишвар»-и Фахрии Ҳиравӣ, «Латоифи субҳонӣ»-и Абдуссаломи Чигадликӣ, «Маҷмаъ-ул-ҳикоёт» ва «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт», девони Мухлиси Бадахшонӣ, «Умм-ул-китоб», «Гуҳаррез», девони ашъори Ҳайрати Бухороӣ, «Усули одоб» ва ғайраҳо аз ҷумлаи дастнависҳои нодири марказ.
Баъзе аз нусхаҳои хаттӣ аз он ҷиҳат муҳиму шоистаи диққатанд, ки дар замони зиндагии муаллифон ва ё каме баъдтар аз фавти онҳо китобат шудаанд. Чунончи, нусхаҳои хаттии «Нафаҳот-ул-унс мин ҳазарот-ул-қудс» дар замони зинда будани мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ (в.898ҳ/1492м), нусхаҳои хаттии «Чаҳор девон» ва «Лисон-ут-тайр»-и Алишери Навоӣ (в.906ҳ/1501м), ҳангоми зиндагии ӯ ва нусхаи хаттии «Иёри дониш»-и Абулфазли Алломӣ (в.1011ҳ/ 1602м) панҷ сол баъд аз хатми таълифи китоб (соли 996ҳ/1587м) китобат шудаанд. Ва ё куллиёти Убайди Зоконӣ (в. 772ҳ/1370м), ки 35 сол баъд аз вафоти муаллиф, яъне дар соли 809ҳ/1405м китобат гардидааст, қадимтарин ва боэътимодтарин нусхаи хаттии бадастомадаи осори шоир мебошад. Дар ҳошияи нусха ғазалиёти мунтахаби Ҳофизи Шерозӣ сабт гардидаанд, ки аз ҷумлаи қадимтарин дастнависи ашъори шоир маҳсуб мешавад. Нусхаҳои хаттии “Куллиёт”-и Котибии Нишопурӣ (в. 838ҳ/1434м), «Се девон»-и Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ, “Куллиёт”-и Абдурраҳмон Мушфиқии Бухороӣ (в. 996ҳ/1588м), девони ашъори Шавкати Бухороӣ (в. 1106ҳ/1695м) чанд сол баъд аз фавти муаллифонашон китобат гардида, қадимтарин ва муътабартарин нусха шинохта шудаанд.
Дар ганҷинаи марказ баъзе асарҳои нодир мавҷуданд, ки аз онҳо то рӯзгори мо фақат чанд нусхаи хаттӣ боқӣ мондааст. Нусхаи хаттии «Шаҳриёрнома»-и Усмон Мухтори Ғазнавӣ (в.544-554ҳ/1149-1159м) аз ҳамин қабил дастнависҳост, ки дар асри Х1Х китобат шуда, аз китобхонаи Стариков (ховаршиноси рус) ба ганҷинаи марказ ворид гардидааст. Матни асар дар ин нусха нисбат ба дувумин нусхаи то кунун маълуми китоб, ки ба Музейи Бритониё тааллуқ дорад, мукаммалтар мебошад. Ё худ дар ганҷина нусхаи бисёр ҷолиби девони ашъори Сӯзании Самарқандӣ (в. 561ҳ/1173м) мавҷуд аст, ки бо вуҷуди дар асри Х1Х китобат шуданаш аз нусхаи аслии худи муаллиф саҳеҳтар аст.
Қадимтарин нусхаи хаттии то имрӯз бадастомада куллиёти шоири маъруфи асри XV1 Ваҳши Бофқӣ (китобаташ аввалҳои асри XV11) ва мукаммалтарину саҳеҳтарин нусхаҳои девону куллиёти ашъори шоирони номии асрҳои ХV11-X1X Эрону Мовароуннаҳр – Қассоби Кошонӣ, Сайидои Насафӣ ва Шамсиддини Шоҳини Бухороӣ ба Маркази мероси хаттӣ таъаллуқ дошта, дар ягон китобхонаи дигари ҷаҳон дида намешаванд.
Нусхаҳои хаттии «Ғуррат-ул-камол»-и Хусрави Деҳлавӣ (в. 725ҳ/1325м) китобаташ- қарни X1V, куллиёти Низории Қуҳистонӣ (в. 720ҳ/1320м) китобаташ- соли 972ҳ1564м, ғазалиёти Сайф Арўзии Бухороӣ (в.байни солҳои 905-909ҳ/1500-1503м) китобаташ-охири асри XV1, «Фарҳанги вафоӣ»-и Ҳусайни Вафоӣ (таълифаш-байни солҳои 933ҳ/1526-1527м) китобаташ-соли 1209ҳ/1794м), «Ихтиёроти бадеъӣ»-и Али ибни Ҳусайнӣ машҳур ба Зайн-ул-аттор (в. 807ҳ/1404м) китобаташ- 769ҳ/1465 аз ҷумлаи нусхаҳои қадимию камёб ва нисбатан комилу саҳеҳи ин китобҳо буда, танҳо дар ганҷинаи дастнависҳои Маркази мероси хаттии Академияи илмҳои Тоҷикистон нигоҳдорӣ мешаванд.
Дастхатҳои «Калилаву Димна»-и Абулмаъолӣ Насруллоҳ Муҳаммад ибни Абдулҳамид Шерозӣ (асри Х11), «Ҷавомеъ-ул-ҳикоёт ва лавомеъ-ур-ривоёт»-и Ҷамолуддин Муҳаммад Авфии Бухороӣ (в. 635ҳ/1232м) ва «Тӯтинома»-и Зиёуддин Нахшӣ (в.751ҳ/ 1350м), ки дар ганҷинаи марказ маҳфузанд, бо вуҷуди дар қарни XV11 китобат гардиданашон, аз ҷумлаи нусхаҳои қадимаи ин китобҳо маҳсуб мешаванд.
Дар марказ беш аз 1200 лавҳаву намунаҳои хушнависӣ ва қатаъоти хаттотишуда мавҷуданд, ки маҳсули қалами сеҳрангези хаттотону хушнависони моҳири давраҳои гуногуни Мовароуннаҳру Хуросону Эрон мебошанд.
Дар гӯшаи махсус, ки «Захираи ёдгориҳои хаттии Бадахшон» ном дорад, микрофилму акси нусхаҳои беш аз 280 дастнависи дар миёнаи солҳои 1959-63 аз ноҳияҳои мухталифи ВМБК дарёфтшуда, нигоҳ дошта мешаванд. Илова бар ин, дар марказ маҷмӯае бо номи ёдгории хаттии Бадахшон мавҷуд аст, ки дар он бештар аз сесад микрофилму фотонусхаи дастнависи осори мардуми Бадахшон нигоҳ дошта мешаванд. Дар ин захираи начандон калон бештар аз 35 нусхаи хаттии осори нодир мавҷуд аст. Аз ҷиҳати фарогирифтани осори марбут ба таълимоту ақоиди фирқаи исмоилия захираи мазкур дар миқёси ҷаҳон дар ҷойи аввал меистад.
Дар марказ ҳудуди 6000 дастнавис, 6380 нусхаи чопи сангӣ, 1300 микрофилм, 400 фотонусха ба забонҳои тоҷикӣ(форсӣ), арабӣ, туркӣ ва ибрӣ мавҷуд аст. Инчунин, миқдори зиёди руқаот – қитъаҳои хаттотони маъруф, муншаот (номаҳо), санаду васиқаҳо, китобҳои чопи Эрон, рӯзномаву маҷаллаҳои солҳои аввали даврони шӯравӣ нигаҳдорӣ мешаванд. Аз қадимтарин нусхаҳои хаттии мавҷуд дар марказ нусхаи китоби мукаддаси Қуръон (асри Х11) бо тарҷумаи таҳтуллафзӣ ба забони тоҷикӣ, дастхати китоби динӣ ба забони русӣ (асри XV111), нусхаи асари бузурги Абурайҳони Берунӣ «Китоб-ут-тафҳим-лӣ-авоили-саноат-ит-танҷим» (а. X111) ва ду ҷилд китоби муқаддаси «Таврот» ба забони ибрӣ дар ду сандуқи махсуси доирашакл, ки дар Бухоро дар пӯсти даббоғишуда китобат шуда, дарозии он ба чанд метр мерасад, ба ҳисоб мераванд.
Дастнависҳои марказ дар қаламрави Осиёи Миёна, Афғонистон, Эрон, Ҳиндустон, Покистон, кишварҳои араб, Синсзяни Чин китобат шуда, соҳаҳои мухталифи илму дониш, минҷумла, таърих, фалсафа, ҷуғрофиё, риёзиёт, ҳандаса, фиқҳ, илоҳиёт, адабиётшиносӣ, забоншиносӣ, мардумшиносӣ, тасаввуф, мусиқӣ, нуҷум, маъданшиносӣ, тиб, байторӣ, варзиш, ҳукукшиносӣ, таббохӣ, хуллас ҷанбаҳои гуногуни илму фарҳангро фаро мегиранд. Теъдоди зиёди китобҳои чопи сангӣ (литография)-и марказ дар Лакҳнав, Бамбаӣ (ҳоло Мумбай), Пешовар, Кашмир ба чоп расидаанд (охири асри Х1Х – ибтидои асри ХХ), ки як навъ ҳукми дастнависро дошта, камёфту нодир гардидаанд.
Дар марказ, инчунин, асарҳои зиёде роҷеъ ба таъриху фарҳанги мардуми тоҷик, ки дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон нашр гардидаанд, вуҷуд доранд. Дастнависҳои мавҷуд ҳангоми таҳияи матнҳои илмӣ-интиқодӣ ва илмию оммавии осори пурарзиши ниёкони мо аз ҷониби муҳаққиқони Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои илмии собиқ Итгиҳоди Шӯравӣ, донишмандони кишварҳои дигари хориҷӣ истифода шудаанду мешаванд. Тавсифи дастнависҳои тоҷикӣ-форсӣ ва туркии марказ дар 10 ҷилд ба поён расонида шудааст, ки аз онҳо 6 ҷилд (1960-74) ба табъ расидаанд. Феҳристи дастнависҳои аз ВМБК дарёфтшуда ва феҳристи дастнависҳои мусаввару мунаққаш соли 1967 нашр шудаанд. Феҳристи нусхаҳои хаттии марказ дар чор ҷилд зери назари А. Алимардонов дар Теҳрон (ҶИЭ) ба чоп расидааст. Варианти электронии дастнависҳо(2009-2012) дар ҳамкорӣ бо «Маркази Ҷумъа ал-Моҷид оид ба фарҳанг ва мерос» (Амороти Муттаҳидаи Араб) омода шуда, ба чоп пешниҳод шудааст. «Феҳристи дастнависҳои шарқии аз нигоҳи бадеӣ ороишёфтаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон» (1986) ва «Феҳристи китобҳои чопи сангӣ» (2013) ба чоп расидаанд. Мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои аз аҳолӣ харидорӣ кардани китобҳои нодир ҳамасола (аз соли 2009) 20 ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешавад ва, дар натиҷа, солҳои охир беш аз 500 дастнавису китоби чопи сангӣ вориди ганҷинаи марказ гардидааст. Дар даврони истиқлол ба марказ раҳбарони кишварҳои мухталифи ҷаҳон, аз ҷумла Борис Елтсин (Русия), Бурҳониддини Раббонӣ (Афғонистон), Аскар Акаев (Қирғизистон), Ҳошимии Рафсанҷонӣ, Муҳаммади Хотамӣ (Эрон), инчунин, муҳаққиқони Фаронса, Олмон, Англия, ИМА, Эрон, Узбекистон, Қазоқистон, Туркманистон ва ғ. ташриф оварда, бо мероси гаронбаҳои хаттии халқи тоҷик шинос шудаанд.
Маркази мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон алҳол аз чаҳор шуъба: матншиносӣ, таҳқиқ ва нашри мероси адабӣ, таснифи дастнависҳо ва феҳристнигорӣ, ҳифзу нигаҳдории дастнависҳо, иттилооту тарҷума ва робитаҳои илмӣ таркиб ёфта, беш аз 30 муҳаққиқ саргарми фаъолиятҳои илмию таҳқиқотӣ ҳастанд.
Директори Маркази мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои филология, узви вобастаи академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯрабек Назриев мебошад.
- List item one
- List item two
- List item three
ТАСОВИРҲОИ МАРКАЗ
Cras dictum. Pellentesque habitant morbi tristique senectus et netus et malesuada fames ac turpis egestas. Vestibulum ante ipsum primis in faucibus orci luctus et ultrices posuere cubilia Curae; Aenean lacinia mauris vel est.
Suspendisse eu nisl. Nullam ut libero. Integer dignissim consequat lectus. Class aptent taciti sociosqu ad litora torquent per conubia nostra, per inceptos himenaeos.
Настройки : История : Обратная связь : Donate | Закрыть |