footer_1

ФЕҲРИСТИ ДАСТНАВИСҲО - МУАРРИФГАРИ МЕРОСИ НИЁГОН

               Мо ба хотири ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва таъмиру нигоҳдории онҳо хеле корҳои созандаро оғоз кардаем ва кӯшиш дорем, ки тавассути созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ мероси моддӣ ва ғайримоддии кишварамонро ба аҳли олам ҳарчи бештар муаррифӣ намоем.

Эмомалӣ Раҳмон (аз Паём ба Маҷлиси Олӣ  26 январи соли 2021)

        Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола ба Маҷлиси олӣ  дар баробари дигар соҳаҳо ба илму маориф таваҷҷӯҳи хос зоҳир намуда, хусусан, дар бораи ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва муаррифӣ намудани мероси хаттии ниёгонамон барои оламиён, ҷумла қайд кард: «Мо – тоҷикон мероси гаронбаҳову ҷовидонаи ҳанӯз беш аз ҳазор сол қабл ба ёдгор гузоштаи ниёгони худро бе ягон мушкилӣ мехонем, мефаҳмем, барои тарбияи наслҳои навраси халқамон истифода мебарем ва ба мардуми олам муаррифӣ мекунем».

        Ҳифзу гиноҳдорӣ ва муаррифии мероси хаттии ниёгон ба зиммаи кормандони илмии Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон гузошта шудааст. Сарфи назар аз он ки Маркази мероси хаттӣ аз рӯзи таъсисёбиаш то ба имрӯз чандин маротиба тағйири ном кардааст, вале ҳадаф ва вазифаи асосии он ҳамеша нигоҳдорӣ, муаррифӣ ва таҳқиқу нашри мероси ниёгон аст. Дар ин Марказ ганҷинаи бою ғании мероси аҷдодонамон маҳфуз аст, ки ба номи академик Абдулғанӣ Мирзоев гузошта шудааст.

       Баъди бунёд шудани Академияи илмҳои Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (соли 1951) зарурати дар як муассиса ҷамъ овардани дастнависҳо ба миён омада буд. Нишон додани аҳамияти илмию таърихии онҳо зарур буд, то ки дар як маркази муайян ҷамъоварӣ ва феҳристнигорӣ карда шаванд. Нақши қаҳрамони миллати тоҷик академик Бобоҷон Ғафуров, ки соли 1956 директори Институти шарқшиносии АИ ИҶШС интихоб гардида буд, дар ташаккули мактаби бузурги шарқшиносӣ, аҳамияту зарурияти таъсиси Институти дастхатҳо хеле бузург аст.   Моҳи июни соли 1957 дар шаҳри Тошканд конфронси якуми умумиттифоқии  шарқшиносҳо баргузор гардид. Масъалаи таъсис додани Институти шарқшиносӣ дар ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ, аз он ҷумла, дар  Тоҷикистон ба миён гузошта шуд.  Баъд аз як сол, яъне соли 1958, шуъбаи шарқшиносӣ ва осори хаттӣ ташкил шуд ва мудири он академик Абдулғанӣ Мирзоев таъин гардид. Саъю кӯшиши Ҳукумати онвақтаи Тоҷикистон  барои ҳифз ва таҳқиқи мероси хаттӣ бо таъсис додани ин шуъба дар   Академияи илмҳо роҳи барқарорсозии мероси тоҷикон буд. Дастгирию ташаббуси академик Бобоҷон Ғафуров ва кӯшишу фаъолияти академик Абдулғанӣ Мирзоев аз рӯзҳои аввали таъсис ёфтани шуъбаи шарқшиносӣ ва осори хаттӣ дар  ташкил намудани гурӯҳи корие, ки дар он замон  феҳристи дастхатҳоро таҳия намудаанд, хеле калон аст. Омӯзиши меросу фарҳанги тоҷикон дар якҷоягӣ бо тарбия намудани як қатор олимони ҷавон барои  кафолати комёбӣ  дар роҳи наҷот додани фарҳангу мероси ниёгони тоҷик қадами ҷиддӣ буд.

        Тавсиф ва таҳияи феҳристи  дастхатҳо воситаи махсуси таҳқиқ, интишор ва ҳифзи осори хаттии тоҷикон мебошад. Феҳристҳои таҳияшуда нишон медиҳанд бештари нусхаҳои дар ганҷинаи Маркази мероси хаттии кишвари мо, китобхонаю марказҳои таҳқиқотии  Осиёи Миёна, Русия ва дар дигар китобхонаҳои машҳури ҷаҳон маҳфузбуда, ки нусхаҳои хаттиро дар он замон дар ҳудуди Осиёи Миёна ҷамъоварӣ намудаанд, ба забони тоҷикӣ мебошад. Ин далели он аст, ки забони тоҷикӣ асрҳо чун забони муоширати мардуми Осиёи Миёна нақши калон доштааст.

          Ҷилди аввали феҳристи дастнависҳо соли 1960 аз чоп баромада буд. Дар ин ҷилд асарҳои таърихӣ, ҷуғрофӣ, топографӣ, ёддоштҳо, санаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои қимати таърихидошта дохил шудаанд. Бесабаб дар ҷилди аввал осори таърихӣ ҷо дода нашуда буд, зеро ки дар байни 288 нусха дастхатҳои тавсифшуда асарҳою санадҳои хеле муҳиму арзишманди таърихию ҷуғрофӣ  ҷой доранд ва бо ин роҳ муҳаққиқони тоҷик  ба оғоз намудани таҳқиқи  таърихи халқу кишвари худ ҷалб карда шуданд. Миёни ин маҷмӯа нусхаҳои хеле нодир ва камёфт маҳфузанд, ки дорои аҳамият ва иттилооти хеле муҳими таърихӣ мебошанд. Аз ҷумла, се нусхаи аввали тавсифшуда асари таърихии  машҳуру арзишманд- «Таърихи Табарӣ» мебошанд. Яке аз нусхаҳои ин асар, ки таҳти №2000 дар ганҷинаи Марказ маҳфуз аст,  аз рӯи хусусиятҳои палеографӣ дар охири асри XIII нусхабардорӣ шудааст. Аз ҷумла, 92 нусха дастнавис оид ба омӯзиши таърихи Осиёи Миёна тавсиф гардидаанд. Дар байни онҳо дастнависҳое ҳастанд, ки  нусхахои хаттии худи муаллифони асар ва ё нусхаҳои ягонаю нодиранд, ки аз ҳар ҷиҳат муҳим ва ҷолиби таваҷҷуҳ мебошад. Аз ҷумла, чунин дастхатҳоро метавон номбар кард: «Тӯҳфаи шоҳӣ»-и Мирзо Азими Сомӣ (№927/III), «Тоҷ-ал-таворих»-и Муҳаммад Шарифбек бинни Муҳаммад Ноқӣ (№2282), «Тӯҳфат-ал-хонӣ»-и Муҳаммад Вафои Карминагӣ ва Домулло Олимбек валади Ниёзқулибек (1426/I), «Ҷангномаи Байрамалихон» (2004), «Давраи охирини таърихи Бухоро»-и Мирзо Ҳомид валади Абдулқодирбек бинни Камолбек мирохур бинни Файзуллоҳбек (1243/IX), «Таърихи Амирони манғити Бухоро»-и Олимхоҷа бинни Мирзо Саййидхоҷа Мушрифи Бухороӣ (2354/IV), «Наводири зиёия»-и Муҳаммад Шарифҷон Махдум (983) ва ғ. Азбаски феҳристҳо ба забони русӣ таҳия гардида буданд, аз ин рӯ муваффақ шуданд, ки дар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва хориҷ аз он интишор ёбанд. Тавсифҳои илмӣ дар феҳристҳои нашргардида тамоми маълумотҳои аниқи таърихӣ, илмӣ ва аз ҷиҳати хусусиятҳои хоси худи дастнавис (хат, варақ, муқова, таърихи китобат ва ғ.). хеле равшан баён карда шудааст. Бесабаб нест, ки тавсифҳои илмии ин феҳристҳо кайҳо мавриди таваҷҷӯҳу писанди нусхашиносони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва  кишварҳои дигари ҷаҳон қарор гирифтанд.

          Феҳристи дастнависҳо раҳнамои муҳаққиқон дар интихоби мавзӯи таҳқиқот ва муаррифгари мероси ниёгонамон ба шумор мераванд.  Дар заминаи истифодаи феҳристҳои чопшуда чандин матнҳои илмию интиқодӣ ва илмию оммавии осори гузаштагон дар  мавзӯъҳои гуногун таҳия ва нашр гардиданд.

          Дар замони Шӯравӣ кормандони шӯъба оид ба феҳристнигорӣ чунин корҳоро анҷом додаанд: аз соли 1960 то соли 1988, 6 ҷилд феҳристи нусхаҳои хаттӣ таҳти унвони «Каталог восточных рукописей Академии наук Таджикской ССР», бо сарсухани академик Абдулғанӣ Мирзоев,  ки дар онҳо 2372 номгӯй асар тавсиф гардидаанд, таҳия ва аз чоп баромаданд.  Феҳристи нусхаҳои нодиру пурарзише, ки ҳангоми ташкил намудани гурӯҳи эъзомӣ дар ВМКБ ба даст оварда шудаанд, таҳти унвони «Алфавитный каталог рукописей, обнаруженных в Горно-Бадахшанской Автономной области экспедицией 1959-1963 гг.» таҳия гардида, соли 1967 дар шаҳри Маскав аз чоп баромад. Феҳристи дастнависҳои музайяну мусаввари ганҷинаи дастхатҳои шарқии АИ аз ҷониби Лариса Додхудоева таҳти унвони  «Каталог художественно оформленных восточных рукописей Академии наук Таджикской ССР» соли 1986 таҳия ва нашр  шудааст.

        Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон низ кормандони шуъбаи тавсиф ва таҳияи феҳристи дастнависҳо ин иқдоми некро идома дода истодаанд. Дар ин давра, аз ҷумла, чунин корҳо ба анҷом расонида  шудаанд: тавсифи тамоми нусхаҳои хаттӣ ба забону хатти форсӣ дар шакли нисбатан мухтасар таҳия шуда, дар чор ҷилд дар Ҷумҳурии Исломии Эрон (1998-2005) ба табъ ра­сонида шуд. Соли 2002  дар ҳамкорӣ бо шӯъбаи дастхатҳои шарқии Китобхонаи Фирдавсӣ феҳристи мухтасари элект­ронии 500 номгӯй дастнависҳои нодири ҳар ду муассиса бо дастгирии молиявии Фонди Сорос ба забонҳои форсии тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ омода шуда, ба марказҳои гуногуни дастнависҳои шарқӣ ирсол гардиданд. Феҳристи китобҳои чопи сангӣ бо номи «Каталог литографированных книг» соли 2013 аз чоп баромад. Соли 2014 феҳристи қитъаҳои хушнависон аз тарафи кормандони шуъба Л. Додхудоева ва М. Шарифов бо унвони «Восточная каллиграфия в собрании Академии наук Республики Таджикистан» ба нашр расонда шуд. Феҳристи тавсифоти дастхатҳои арабӣ аз рӯйи ибтидои матн дар таълифи ходими калони илмӣ Саиднуриддин Шаҳобуддинов бо унвони  «Авоил-ул-китоб фӣ маърифат ил-китоб» соли 2020 ба нашр расид. Дар се соли охир феҳристи  ҷилдҳои VII-IX нусхаҳои хаттӣ ба забони русӣ, ки идомаи шаш ҷилд мебошанд, аз чоп баромаданд. Айни ҳол ҷилди даҳум низ омодаи чоп аст. Дар чор ҷилде, ки солҳои охир таҳия гардидаанд,  911 нусха дастнавис дар мавзӯъҳои гуногун  тавсиф гардидаанд.

          Ҳангоми тавсифи илмии дастнависҳо дар замони соҳибистиқлолӣ ба дастурамали махсусе, ки дар шаш  ҷилд  истифода шуда буд, баъзе таҳрироту тағйироти зарурӣ дароварда шуд. Ҳар дастнавис ба як тартиби муайян тавсиф карда мешавад. Аввал номи асар ва пас аз он номи муаллиф номбар мешавад. Баъд аз он дар бораи мавзӯъю мундариҷа ва таърихи таълифи асар маълумоти мухтасар дода мешавад. Дар сурати дар як ҷилд мавҷуд будани чанд номгӯи асар ва ё маҷмӯаҳо, ҳар як асар алоҳида тавсиф мешавад. Дар баъзе мавридҳо лозим дониста шудааст, ки роҷеъ ба  хусусиятхои хоси дастнавис  маълумот дода мешавад.

         Тавсифи кодикологии (дастхатшиносӣ) дастхатҳо бояд кӯтоҳ ва дақиқ бошад. Он ба тариқи зайл сурат мегирад: муайян кардани навъи хат ва коғаз, санаи аниқ ё тахминии китобати дастхат ва макони он, миқдори дафтарҳо, андозаи дастнавис ва андозаи матни он, номи хаттот, соҳиби нусха ва ороиши он, муқова, шероза, рикоба ва амсоли ин аломатҳо маълумоти дақиқ дода шавад.

        Дар охири ҳар як ҷилди феҳрист исми муаллифон ва номгӯйи асарҳо ва дигар нишондиҳандаҳо ҳам бо хатти форсӣ ва ҳам кириллӣ бо риояи тартиби алифбо оварда мешавад.

          Ҳукумати Тоҷикистон барои ҳифзи ёдгориҳои хаттии кишварамон ҳамеша ғамхорӣ менамояд. Сабаби асосии таваҷҷӯҳи Ҳукумати Тоҷикистон ва муҳаққиқони дохилию хориҷӣ ба ёдгориҳои хаттӣ, омӯхтан ва табъу нашри онҳо дар он аст, ки ин ганҷинаи безавол натанҳо маводи  таҳқиқот, балки маъхази боэътимоди таърихи қадимаи халқи тоҷик, таърихи илму адаб ва забону фарҳанги ин халқи соҳибтамаддуну бостонӣ мебошанд.

         Ҳамчунин бо кӯмак ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъоварӣ ва харидории дастнависҳо аз аҳолӣ идома дошта, ҳамасола тақрибан ба маблағи аз 20 то 100 ҳазор сомонӣ китобҳои нодири дастнавис ва  чопи сангӣ харидорӣ мешаванд. Маблағи ҷудогардида барои харидории китобҳои нодир сол аз сол зиёд гардида, аз ин ҳисоб ганҷинаи дастнависҳо бою ғанӣ мегардад. Дар даҳ соли охир зиёда аз 500 нусха дастнавис ва китобҳои чопи сангӣ, ки онҳо низ ҳукми дастнависро доранд, аз дасти аҳолӣ харидорӣ шудаанд.

        Дар партави Паёми Пешвои миллат  кормандони шуъбаи тавсиф ва таҳияи феҳристи дастхатҳо  тавсиф ва таҳияи феҳристҳои дастнависҳои тоза ба ганҷинаи Марказ воридшударо  ба забони русӣ идома дода, дар ояндаи наздик ин феҳристҳо ба забони давлатӣ низ таҳия хоҳанд шуд. Барои  ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани мероси ниёгон тавсифи мухтасари дастхатҳои нодиру арзишманд  ба забони англисӣ низ таҳия хоҳад гардид.

                                                           Бибисултон Навбаҳорова

                                                         мудири шуъбаи тавсиф ва таҳияи

                                                         феҳристи дастхатҳои Маркази

                                                           мероси хаттии назди Раёсати АМИТ

 

footer: 

Матншиносӣ – кушояндаи асрори мероси хаттӣ

          “Мо – тоҷикон мероси гаронбаҳову ҷовидонаи ҳанӯз беш аз ҳазор сол қабл ба ёдгор гузоштаи ниёгони худро бе ягон мушкилӣ мехонем, мефаҳмем, барои тарбияи наслҳои навраси халқамон истифода мебарем ва ба мардуми олам муаррифӣ мекунем. Арҷ гузоштан ба фарҳангу таърихи бостонии миллат ва омӯхтани он, инчунин, аз худ кардани мероси ҷовидонаи садҳо ва ҳазорон нафар фарзандони фарзонаи халқамон, яъне шоирону адибон ва олимону мутафаккирони барҷастаи миллат вазифаи ҳар як соҳибватан мебошад”.

Эмомалӣ Раҳмон

           Яке аз масоили мавриди таваҷҷуҳи Пешвои миллат қароргирифта ҳифз кардан ва пос доштани мероси гаронбаҳои ниёгонамон аст ва аз ин хотир, барои боз ҳам баланд бардоштани ҳисси миллии мардум моро зарур аст, то ҳар чи бештар осори баргардон ё тарҷумашудаи саҳеҳ ва оммавигардонидаро пешкаш намоем.

      Дастнависҳо, ки ҳар кадоме шоҳиди гӯёи давру замони муайяне ҳастанд, фарҳанг ва тамаддуни миллатҳоро аз гузашта ба ҳозираву аз ҳозира ба оянда мебаранд. Ақидаи матншинос Стефан Цвейг дар мавриди мутолиаи нусхаҳои хаттӣ чунин аст: «На шоир ва не навозанда лаҳзаи илҳоми нависандаро пас аз гузашти вақт тавсиф карда наметавонанд ... Ягона чизе, ки метавонад моро ба раванди номафҳуми эҷод наздик созад, дастнависҳо мебошанд”, ки аз ҳар ҷиҳат дурусту бамаврид аст.

      Аз ин рӯ, барои аз даст надодани ин мероси гаронбаҳо, аввалан ҳифзу нигоҳдорӣ ва дар ин радиф, муаррифии онҳо тавассути матншиносони кордон беҳтарин роҳи наҷоти нусхаҳои хаттӣ мебошад.

      Матншиносӣ аз калимаи лотинии textum (алоқаи калимаҳо) ва калимаи юнонии қадим λόγος(таълим додан) гирифта шуда, яке аз соҳаҳои муҳимми адабиётшиносӣ маҳсуб меёбад ва бешубҳа ба таҳқиқи матн ва барқароросозии хат дар осори ниёгонамон, равона шудааст.       

        Истилоҳи матншиносӣ тақрибан дар миёнаҳои солҳои 30-юми асри ХХ пайдо шуда, намояндагони машҳури он матншиносони шинохта Б.В. Томашевский, С.А. Рейсер, Б.М. Эйхенбаум, Д.С. Лихачев, С.М. Бонди, В.В. Виноградов, А.Н. Болдырев, В.А. Мануйлов, В.Э. Вацуро, М.А. Цявловский, Н.Ф. Бельчиков, А. Мирзоев, А. Афсаҳзод ва дигарон мебошанд, ки ҳар яке барои омӯзишу таҳқиқи дақиқи матн ва натиҷагирии дурусти он, ки дар интиҳо боиси нашри комил ва босифати матн мегардад, тавассути асарҳо ва мақолаҳои худ, саҳми арзандаи хешро гузоштаанд.

     Матншиносӣ фаъолияти ниҳоят заҳматталаб буда, масъалаҳои матншиносӣ ва интиқоди матнро дар бар мегирад ва аз муҳаққиқ қобилияти интиқоди мустақилонаи матн, хуб эҳсос кардани мазмун ва мундариҷаи осори адабӣ, таҳлили олимона дар асоси дониши хуби таърихиву ҷуғрофӣ, таҳияи комил ва саҳеҳи матнро тақозо менамояд, ки бе ин таҳқиқи он имконнопазир аст. Чӣ тавре ки С.М. Бонди дар ин маврид гуфтааст: "Кори матншинос аксар вақт ҳамчун як кори саҳлу сабук ба назар мерасад, аммо аслан ин кор аз саҳливу сабукӣ дур аст, дар он муҳаққиқ мекӯшад ба коргоҳи як нобиға ворид шавад ва дар кори матншиносии худ пайгири эҷоди ӯ бошад...Дастнависро дар пайдарпаии навишта шудани он хонда истода, мо гӯё ба изи пои шоири эҷодкор қадам мегузорем ва бо ҷараёни андешаҳои ӯ ҳаракат мекунем ва то адозае (хеле кам) ба ваҳдати афкори шоир рӯ ба рӯ меоем».

     Ганҷинаи дастнависҳои шарқии Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бузургтарин маркази мероси ниёгон дар Тоҷикистон ва яке аз пурарзиштарин махзанҳои нусхаҳои хаттӣ дар Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад. Ин ганҷина дар соли 1953 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Зарурати маҳз дар назди Академияи илмҳо таъсис додани чунин ганҷина аз он иборат буд, ки нусхаҳои хаттии ҷамъовардашуда бо ҷалби муҳаққиқони матншиносу нусхашинос ҳаматарафа омӯхта шаванд ва табиист, ки пас аз тадқиқоти комил ва саҳеҳ тавассути нашри китобҳо бо хатти кириллӣ дастраси оммаи васеи хонандагон гардонидани онҳо таъриху тамаддун, илми фалсафа, шеъру адаб ва таърихи адабиёти ин халқи бофарҳанг муаррифӣ гардад. Аз ин хотир, бо ташаббуси фарзандони фарзонаи миллат Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Абдуғанӣ Мирзоев 17 январи соли 1958 он аввал ҳамчун шуъба бо номи шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ асос ёфта, баъдтар бо номҳои мухталиф арзи ҳастӣ намудааст ва солҳои тӯлонист, ки бо нусхаҳои хаттӣ сару кор дорад.

      Дар ин макони муқаддас дастхатҳои зиёде нигоҳдорӣ мешаванд, ки ҳар яке арзиши илмиву адабии хешро доро буда, зарурати таҳқиқу омӯзиши мукаммалро доранд. Гуфтаи матншиноси машҳур Н.Ф. Бельчиковро: “Ҳар адабиётшинос метавонад ва бояд, ки матншинос бошад” зикр намуда, боифтихор метавонем бигӯем, ки дар ин муассисаи бонуфуз беҳтарин мутахассисон-донишмандон, адабиётшиносон ва матншиносони баркамол ба монанди А. Мирзоев, А. Афсаҳзод, А. Алимардонов, Ҷ. Додалишоев, А. Девонақулов, С. Сиддиқов, А. Ҷонфидо, А. Зуҳуриддинов, З. Аҳрорӣ, А. Муҳаммадиев, С. Шаҳобуддинов, М. Аҳмадов, Ҷ. Наҷмиддинова, О. Зиёвуддинова, М. Мамедова ва дигарон фаъолият бурда, даҳҳо нусхаҳои хаттиро тарҷумаву баргардон кардаанд.

   Гарчанд Ганҷинаи мо таърихи таъсиси тӯлонӣ надошта бошад ҳам, имрӯз махзани бебаҳоест, ки дорои 6000 нусхаи хаттӣ ва 5500 чопи сангист, ки ҳамвора ба ин ҷо ворид мешаванд. Қобили қайд аст, ки бештари дастхатҳои Ганҷина бо забони форсӣ навишта шуда, қисмати камтарро нусхаҳои ба забонҳои арабӣ, туркӣ ва ибрӣ ташкил медиҳанд. Яке аз масъалаҳои ҷолиби матншиносӣ ин муайян намудани ҷойи китобат шудани нусхаҳои хаттӣ мебошад, ки диққати муҳаққиқонро ба сӯйи худ ҷалб мекунад. Дар Маркази мо дастхатҳое ҷамъоварӣ шудаанд, ки дар Эрон, Ҳинду Покистон, Афғонистон, Қошғар, Қафқоз, Самарқанду Бухоро ва Тошканд китобат шудаанд. 

       Ҳар як дастнависи дар Ганҷина ҷойдошта дорои мавзӯоти мухталиф буда, таърихи китобаташон асрҳои XI-XX-ро фаро мегиранд. Бо боварии тамом метавонем бигӯем, ки қадимтарин нусхаи хаттии мо ёдгори асри XI-и милодӣ мебошад, ки ин рисолаи “Бӯстон-ул-орифин”-и Абӯлайси Самарқандист, ки соли 489ҳ/1095м бо забони арабӣ китобат шудааст.

      Аз корҳои ба анҷомрасонидаи муҳаққиқон, бахусус феҳристҳои нусхаҳои шарқии Ганҷина, ки шаш ҷилди он (ҷ.1 с. 1960, ҷ.2 с. 1968, ҷ.3 с. 1968, ҷ.4 с. 1970, ҷ.5 с. 1974, ҷ.6 с. 1988) таҳти роҳбарии академик А. Мирзоев бо забони русӣ ба нашр расидаву се ҷилди дигар (ҷ.7 с. 2019, ҷ.8 с. 2019, ҷ.9 с. 2020) дар солҳои ахир аз чоп баромаданд ва китобҳое, ки аз ҷониби муҳаққиқони матншинос бо хатти кириллӣ дастраси ҳаводорон гардидаанд, бармеояд, ки дар Ганҷина нусхаҳои нодир – нус­хаи хаттии маснавии «Шаҳриёрнома»-и Усмон Мухтори Ғазнавӣ (вафоташ байни солхои 544-554ҳ./1149-1159м.), таҳти №17/1 ст., рисолаи «Мақомоти Шайх Абӯсайиди Абулхайр», соли китобаташ 1403м., «Маҷмаъ-ул-қасоид», китобаташ асри 16 м., «Рисолаи Кофия»-и Нуриддин Аҳмад, «Де­вони ашъор», «Искандарнома» ва «Соқинома»-и Хоҷа Ҳусайн ибни Инояти Баззози Саноӣ, «Девони ашъор»-и Абдулатифи Танҳо, «Девони ашъор»-и Муҳаммад Ризо Чалабии Унвон, маснавии «Хусрав ва Ширин»-и Оғо Шопури Розӣ (дар асри 17 м. китобат гардидаанд), девонҳои ашъори Муҳаммад Ҷамил Ҳориси Бадахшӣ, Мирзо Абдурраззоқ Нашъа (дар асри 18 м. китобат шудаанд), «Анис-уш-шуаро»-и Абдулкарим ибни Роҷии Ғазнавӣ, «Уммон-ул-маонӣ»-и Иброҳим Амираки Балхӣ, «Ҳафт кишвар»-и Фахрии Ҳиравӣ, «Маҷмаъ-ул-хикоёт», «Девони ашъор»-и Мухлиси Бадахшонӣ, «Умм-ул-хитоб», «Гуҳаррез», (дар асри 19 м. китобат шудаанд), «Девони ашъор»-и Ҳайрати Бухороӣ, «Усули одоб» (дар ибтидои асри 20 м. китобат шудаанд), ки таҳти рақамҳои 555/8, 1946, 2378/1, 867/6, 867/2, 867/1, 977, 1181, 474, 2729, 1415/5, 1247, 1959/2 нигоҳдорӣ мешаванд, қадимӣ ва боэътимодтарин –«Таърихи Табарӣ» бо тарҷума ва такмили форсии Абӯали ибни Абулфазл Муҳаммади Балъамӣ (вафоташ 363ҳ./974м.) таҳти №2000, рисолаи ба забони форсӣ таълифнамудаи Абӯрайҳони Берунӣ (вафоташ 430ҳ./1038м.) - «Ат-тафҳим ли авоил саноати-т- танҷим», тахти №385, «Кимиёи саодат»-и Абӯҳомид ибни Муҳаммади Ғаззолӣ (вафоташ 506ҳ./1111м.,) таҳти №1007, «Куллиёт»-и Саъдии Шерозй (ва­фоташ 609ҳ./1291м.,) тахти №503, «Шарҳ-ул-қофия фй-наҳв»-и Разиуддин Муҳаммади Астарободӣ (асри 7ҳ./13м.), таҳти №4331, нусхаҳои муаллифӣ – «Луғати Алии Сафӣ», таълифи Фахруддин Алии Сафй (вафоташ 939 ҳ./1532-1533м.,) таҳти №779, «Ҷангномаи Байрамалихон»-и Муҳаммад Иброҳим, «Умдат-ут-таворих»-и Мир Рабеъ ибни Мир Ниёз (дар асри 18м. таълиф шудааст), таҳти № 2004, 2030/1, «Таърихи манзум»-и Имомалии Қундузии Комӣ, «Тазкират-уш-шуаро»-и Ҳоҷӣ Неъматуллоҳи Муҳтарам, «Калила ва Димна»-и Абӯлмаоли Насруллоҳ, таҳти №829, «Ҷавомеъ-ул-хикоёт ва лавомеъ-ур-ривоёт»-и Муҳаммад Авфии Бухороӣ, таҳти №317 ва «Тӯтинома»-и Зиёи Нахшабӣ (асрҳои 12,13,14м.), таҳти №338/1, «Девони ашъор» ва «Ганҷи шойгон»-и Тамкини Бухороӣ (асри19 м.), таҳти рақамҳои 204, 394, 114, «Туҳфаи шоҳӣ»-и Мирзо Азими Сонӣ (вафоташ 1325ҳ/1907м.,) «Таърихи Ҳумоюн»-и Муҳаммади Гулшанӣ, «Наводири Зиёия»-и Садри Зиё (ибтидои асри 20), таҳти № 927/3, 1329, 2968, 983, «Дафтари дилкушо»-и Соҳиб ном шахси номаълум (дар соли 720ҳ/1320м.) таълиф шудааст; нусхаҳои хаттии дар замони зинда будани муаллифонашон китобатшуда – дастхатҳои таҳти рақамҳои 1183 ва 3279 «Нафаҳот-ул-унс мин хазарот-ул-қудс» дар замони зин­да будани Мавлоно Ҷомӣ (вафо­таш 898ҳ./1492м.), нусхаҳои ха­тии «Чаҳор Девон» ва «Лисон-ут-тайр»-и Мир Алишери Навоӣ (ва­фоташ 906х,/1501м.), таҳти рақамҳои 1990/1, 1990/2, нусхаи таҳти №1325 «Иёри дониш»-и Абдуфазли Алломӣ (вафоташ 1011ҳ./1602м.), нусхаи № 555/13 «Куллиёт»-и Убайди Зоконӣ (вафоташ соли 771ҳ./1369м. ё 772х./1370м.), ки 35 сол баъд аз вафоти муаллиф, яъне дар соли 809х./1405м. китобат гардидааст, маҳфуз ҳастанд ва ғайраро метавонем дарҷ намоем.

       Аз замони соҳибистиқлол шудани Тоҷикистони азизамон дар Маркази мероси хаттӣ корҳои зиёде ба анҷом расидаву дастраси оммаи васеи хонандагон гардидаанд, ки аз ҳар ҷиҳат, ҳам барои болотар бардоштани ғурури миллӣ ва ҳам барои вусъат додани дониши таърихиву ҷуғрофӣ, адабӣ, динӣ ва ғайра маъхази боэътимоде ҳастанд. Дар ин қатор машҳуртарин асарҳо - “Кимиёи саодат”-и Ғаззолӣ (таҳияи матн аз Қудратбек Элчибеков ва Дӯстмуҳаммади Дӯст), “Маснавии Маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ (таҳияи матн аз Алии Муҳаммадии Хуросонӣ, Бадриддин Ализода (Алавӣ), Мубашшир Акбарзод), “Мантиқ-ут-тайр”, “Илоҳинома” ва “Асрорнома”-и Аттор (таҳияи матн аз Алии Муҳаммадии Хуросонӣ), “Таърихи ҳумоюн”-и Гулшанӣ (таҳияи матн аз Алимардонов Амрияздон), “Китоб-уш-шифо”-и Абӯалӣ ибни Сино (таҳияи матн аз Сайиднуридин Шаҳобуддинов), “Куллиёт”-и Сайидои Насафӣ (таҳияи матн аз Алии Муҳаммадии Хуросонӣ ва Асрори Раҳмонфар), Девони ашъор, достони “Лайлӣ ва Маҷнун”, маснавии “Туҳфаи дӯстон” ва рисолаи “Бадоеъ-ус-саноеъ”-и Шамсиддин Шоҳин (таҳияи матн аз Асрори Раҳмонфар ва Аълохоҷа Сайиднозим), “Наводир-ул-вақоеъ”-и Аҳмади Дониш (таҳияи матн аз Ҷӯрабек Назриев, Баҳриддин Мирзоев (2017), Баҳриддин Мирзоев, Иззатулло Мирзоев (2020)), Маҷмӯаи расоили манзумаи Абдурраҳмони Ҷомӣ (таҳияи матн аз Исроилов Раҳматшо), “Манозир-ул-кавокиб”-и Аҳмади Дониш (таҳияи матн аз Холов Маҳмудҷон), Девони Фонӣ (таҳияи матн аз Алии Муҳаммадии Хуросонӣ), “Фарҳод ва Ширин”-и Алишер Навоӣ (тарҷумаи Муҳиддин Аминзода, таҳияи матн аз Алии Муҳаммадии Хуросонӣ ва А. Маликзод), Девони Калими Кошонӣ (таҳияи матн аз Нуриддинов Шамсиддин), “Чаҳорбоғи ғазал”-и Толиби Омулӣ, Калими Кошонӣ, Шавкати Бухороӣ, Ғании Кашмирӣ (таҳияи матн аз Алии Муҳаммадии Хуросонӣ), Ғазалиёти Васлии Самарқандӣ (таҳияи матн аз Давлатова Холида), Девони ашъори Ибни Ямини Фарюмадӣ (таҳияи матн аз Хуҷова Мавҷуда), Ғазалиёти Туғрал (таҳияи матн аз Асрор Раҳмонфар), Девони Фахрии Ҳиравӣ (таҳияи матн аз Ализода Сайидхоҷа), “Рисола дар назми тамаддун ва таовун”-и Аҳмади Дониш (таҳияи матн аз Исроилов Раҳматшо), Девони Файзии Даканӣ (таҳияи матн аз Алии Муҳаммадии Хуросонӣ), Ёддоштҳои Халилулло Халилӣ (таҳияи матн аз Мирзоев Баҳриддин ва Давлатов Раҳматкарим), “Мунтахаби тарҷумаи ас-савод-ул-аъзам”-и Хоҷа Муҳаммади Порсо (таҳияи матн аз Сайиднуриддин Шаҳобудинов) ва ғайраро метавонем ёдрас намоем. Ин асарҳо ҳар кадом дар доираи мавзӯъ ва муҳтавои худ бемисл буда, барои пешрафти илму дониш ва  вусъатбахшии доираи ҷаҳонбинии маънавӣ таконбахшандаи боқуввате ҳастанд, ки ҳаводорону талабгорони бешумор доранд. 

     Ҳамчунин, муҳаққиқони Марказ бо ҳамкории Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон асари Ҳаким Сайид Исмоили Ҷурҷонӣ «Захираи хоразмишоҳӣ»-ро, ки таҳти рақамҳои 229, 712, 898, 1272, 2102, 4009 ва 4595 маҳфуз буда, дар соҳаи илми тиб яке аз асарҳои гаронбаҳову барҷаста маҳсуб меёбад, таҳия карданд, ки нашри он то ҷашни 30-солагии истиқлолияти Тоҷикистон дар назар аст.

    Ба Ганҷинаи дастнависҳои Маркази мероси хаттӣ ҳамасола беҳтарин нусхаҳо ворид мегарданд, ки илмҳои мухталиф – адабиёт, таърих, фалсафа, ҷуғрофиё, ҳандаса, нуҷум, сарфу наҳв, фиқҳ, тиб ва ғайраро дар бар гирифтаанд.

     Боиси таҳсину ифтихор аст, ки Президенти муҳтарам ҳифзи мероси гузаштагонамонро барои ба насли оянда супоридани он ҳамчун фарзандони содиқ ва бовиҷдони миллат, вазифаи ҳар шахс мешуморад, ки гуфтаҳои ӯ дар паёми имсола гувоҳи ин суханҳоянд. Аз ин рӯ, мо – кормандони Маркази мероси хаттӣ худро беш аз пеш бо ҷалби матншиносони болаёқат масъули дастрас намудани хосу ом ба дастнависҳои таҳқиқшуда, ки саҳеҳ, комил ва аз ҳар ҷиҳат хуб омӯхташудаанд, мешуморем.

Давлатова Холида

                                               мудири шуъбаи матншиносӣ, таҳқиқ ва

                                               таҳияи мероси хаттии Маркази мероси

хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

footer: 

   “ДЕВОНИ АШЪОР” – и Ибни Ямини Фарюмадӣ     

 ДЕВОНИ АШЪОР – и Ибни Ямини Фарюмадї  

  

         Таҳияи матн, муаллифи муқаддима ва луғоту тавзеҳот: номзади илмҳои филология, ходими калони илмии шуъбаи матншиносӣ ва нашри мероси хаттии Маркази мероси хатии АМИ ҶТ Хуҷова Мавҷуда

        Ба хонандаи тољик бори нахуст ашъори парешон ва пур аз панду ахлоќи шоири тавоно, китъасарои бењамто, Ибни Ямини Фарюмадї бо умеди бањрањои судманд бардоштан аз он, таќдим мегардад.

Ибни Ямини Фарюмадї яке аз адибони нимаи аввали асри ХIV буда, бо мероси ѓанию гаронбањои худ,аз љумла жанри ќитъа дар таърихи тамаддуни форситаборон маќому манзалати намоёнро ишѓол намудааст. Ў аз ситорагони тобноки осмони шеър аст, ки тўли асрњо бо нури хираду маърифат роњи њаёти мардумони зиёдеро мунаввар месозад. Осори фаровону рангини ў мавзуъњои гуногунро фаро гирифта, аз вусъати дониш ва пањнои назари шоир гувоњї медињад. Ибни Ямини Фарюмадї бо шахсияти нотакрор, истеъдоди бесобиќа ва осори гаронбањояш дар таърихи тамаддуну фарњанг ва адаби форсї наќши бориз ва маќому мањбубияти пояндае дорад.Чунонки ёд кардем, Ибни Ямин дар таърихи адабиёти форсии тоҷикї ҳамчун шоири ќитъасаро ё устоди жанри қитъа маълуму машҳур аст. Пеш аз он ки дар бораи мазмуну мундариҷаи ғоявии қитаоти шоир маълумот диҳем, зарур медонем, ки шумо, хонандагонро бо хусусиятҳои жанри қитъа ошно бисозем. Жанри қитъа ҳанӯз дар асрҳои IХ-Х дар адабиёти форсии тоҷикїпайдо шуда буд.

Намунаҳои ќитъаро метавон дар осори устод Рӯдакӣ, Абўшакури Балхї, Кисоии Марвазї ва дигар ҳамасрони устод Рӯдакїпайдо кард. Қитъа дар «Луѓати истилоҳоти адабиётшино сї» ба тариќи зайл маънидод карда шудааст: «Қитъа, яке аз намудҳои назми классикист. Қитъа аз ҷиҳати шакл ба ѓазал ва қасида наздик аст, аммо матлаъ надорад, яъне қофиябандии он ба ин тарз аст: аб, вб, гб, дб…». Таърихнависону тазкираниго рони адабиёт дар мавриди рўзгору осори Ибни Ямини Фарюмадї андешањои гуногун ва баъзан хилофи њамдигарро пеш гузошта, вобаста ба он хулосањои мухталиф баровардаанд. Парешонандешии эшон дар ду маврид: аввалан дар нишон додани санаи даиќи соли таваллуд ва фавти адиб, сониян дар муайян сохтани теъдоди осори навиштаву ба ёдгор мондаи ў ба мушоњида мерасад. Олими шинохтаи тољик С.Имронов дар китоби худ бо номи «Љараён ва зиндагию мероси адабии Ибни Ямини Фарюмадї», (Душанбе,1956) нишон додааст, ки «Соли таваллуди бештарини шоирони классики адабиёти форс-тољик номаълум буда, соли вафоти як ќисмашон дар тазкира ва таърихњо ќайд шуда бошад њам, аксаре бо ду-се ривоят ва дар зери пардаи шакку гумон мондааст», ки Ибни Ямин аз љумлаи онњост. Саид Нафисї менависад, ки ќадимтарин маъхазе, ки дар дасти ў ќарор дошт, сафина ё худ маљмуаи ашъоре мебошад, ки мањфуз дар китобхонаи шањрдории Исфањон мебошад ва он нусха, бемубоњот, аз пурарзиштарин нусхањо мањсуб мешавад.Дар муќаддимаи ин китоб бо асноди собит номи комили Ибни Ямин зикр шудааст: Имом Фахруддин Яњё ибни Муъин маъруф ва мутахаллис ба «Ибни Ямин».Танњо олими маъруфи Эрон  Рашид Ёсамї дар рисолаи худ «Ањволи Ибни Ямин» комилан ба дастхат ва сарчашмањо такя карда, соли вафоти шоирро аз рўи мазмуни ќитъањои ў дуруст маънидод кардааст, ки мувофиќи њисоби абљад ба соли 869 њиљрї ва 1464-1465 мелодї рост меояд.

Њафтодсолагї, ки дучандонт умр бод,

Кардаст ранљаш Ибни Яминро зи љон малул.

Пирї махоњ, з-он ки надидам, ки назди пир

Ояд зи њеч рўй насими хуше ќабул.

Савдои пир гаштан агар мепазад љавон,

Бошад аз он сабаб, ки залум омаду љањул.

ё дар ќитъаи дигар чунин гуфтааст.

Маро њафтодупанљ аз умр бигзашт,

Надидам мардумї аз њеч инсон.

На аз тањсин амире гашт хуррам,

На аз тањљї вазире шуд њаросон…

Падари шоир Яминиддини Муставфии Фарюмадї аввалин муаллими ў ба њисоб мерафтааст. Падараш ба машѓулияти илмомўзии фарзандаш аз даврањои хурдсолии шоир шурўъ кардааст. Ба ќавли Ибни Ямин падари асил будан  яке аз њунарњои инсониест, ки маќсуд аз ин њунари худододї тарбия намудани одамият ва дар замири фарзанд бедор намудани хислатњои накўи инсонї, ба монанди инсондўстї, мењанпарастї, аљдодхоњї ва њатто худопарастї мебошад. Падар тамоми кўшишашро ба харљ дода, мехостааст, ки фарзандаш дар оянда шахси бомаърифат, накўкору олињиммат, хоксору инсондўст, ростќавлу поквиљдон шуда, ба халќу ватанаш хизмати шоиста кунад. Ин пандњои падарро Ибни Ямин дар њар лањзаи њаёти худ шиор њисобида, дар ќисми зиёди эљодиёташ такрор ба такрор ба некї аз падар ёд мекунад, ки ќитъаи зерини шоир ба ин мисол шуда метавонад:                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                       

Падар, ки рањмати њаќ бар равони покаш бод,

Зи ман дареѓ намедошт панди пирона.

Чї гуфт? Гуфт, киљони падар, насињати ман

Агар ќабул кунї, ин-т марди мардона…

Пас аз ту Ибни Ямин чун фасона хоњад монд,

Бикўш, то зи ту некї бимонад афсона.

Ё дар љои дигар чунин овардааст:

Ба роњи рост тавонї расид дар маќсуд,

Ту рост бош, ки њар давлате, ки њаст, турост.

Ту чўби рост ба оташ дареѓ медорї,

Куљо ба оташи дўзах баранд мардуми рост.

Дар љодаи шеъру шоирї њам Ибни Ямин падарашро устоду мураббии худ мешуморад. Аз  ашъораш бармеояд, ки аввалин бор оташи шеърро дар замири ў падараш фурўзон кардааст ва ин хислатњои падаррошоир дар ќолаби зебои назм ин тавр баён мекунад:

Фарзанди нури дидаи ман,эй ки дар сухан,

Донад хирад, ки мартабаи мењтарї турост.

Хуршед дурри назми ту дар гўш мекунад,

Чун офтоб мулки сухан муштарї турост.

Майдони назму наср маро буд пеш аз ин,

По нењ дар ин бисот, кунун сарварї турост.

Он кас, ки аз маонии алфоз воќифаст,

Донад яќин, ки мартабаи шоирї турост.

Ибни Ямин туро чу назар мекунад ба мењр,

Мањмуд бош, оќибати Унсурї турост.      

 Ибни Ямин тањсили ибтидоиро дар назди падар гирифта, аз хурдсолї ба шеъру шоирї мухаббат пайдо кардааст. Метавон гуфт, ки ў аз мактаби бузурги Рудакї ва Фирдавсї сабаќ бардоштааст, ки инро аз ашъори шоир пай бурдан осон аст. Чунончи, ба шеъри устод Абўабдуллоњи Рудакї "Њар бод, ки аз сўи Бухоро ба ман ояд" чунин назирае дорад:

Бўе, ки зи чини сари зулфат ба ман ояд,

Хуштар зи дами нофаи мушки Хутан ояд.

 

Ё љои дигар шоир дар хаќќи Фирдавсии Тўсї мегўяд:

Сиккае, к-андар сухан Фирдавсии Тўсї нишонд,

Кофирам, гар њељ кас аз зумраи фурсї нишонд.

Аввал аз болои курсї бар замин омад сухан,

Ў суханро боз боло бурду бар курсї нишонд.

     Оид ба зиндагии шахсии Ибни Ямин дар сарчашмахо зикр мешавад, ки ў нињоят дер оиладор шудааст. Дар љавонї њаёти ихтиёр намудааст. Танњо дар охири умр хонадор шуда,бинобар заифиву пирї ва ноумедињо нињоят азоби рўњї мекашид. Назар ба ашъори Ибни Ямин моро ба чунин хулоса меорад, ки шоир ба масъалањои ичтимої мањз аз сабаби вазнинии рўзгор ва норасоињои њаёт рўй овардааст. Мероси адабии Ибни Ямин ќариб 15000 байтро ташкил мекунад, ки он аз ќасида, ѓазал, ќитъа, рубої, маснавї иборат аст.

footer: 

ПОСДОРИ МЕРОСИ ХАТТӢ

ПОСДОРИ МЕРОСИ ХАТТӢ

24 майи соли 2020  қалби ходими намоёни илму адаб ва ҳунар, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ Ҷӯрабек Назриев                                                                                                                                   аз таппиш бозмонд.

3.28.jpg - 47.12 KB

      Ҷӯрабек Назриев солҳои тӯлонӣ муассисаҳои илмии вобаста ба Академияи миллиии илмҳои Тоҷикистон, аз ҷумла Иттиҳодияи осорхонаҳои адабӣ, Институти мероси хаттӣ, Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ ва ахиран Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ-ро роҳбарӣ намуда, дар рушди илм, оммавигардонии осори хаттии ниёгон ва тарбияи насли нави олимон саҳми босазо гузошта аст. Ӯ 23-июни соли 1946 дар рустои Навруҳои ноҳияи Ховалинги собиқ вилояти Кӯлоб таваллуд шуда, соли 1950 ҳамроҳ бо волидайнаш ба шаҳри Душанбе кӯчида, мактаби миёнаро дар пойтахт хатм мекунад.

   Ҷӯрабек Назриев соли 1968, баъди хатми факултаи таърих ва филология, бо роҳхати раёсати донишгоҳ ва пешниҳоди устодаш Аълохон Афсаҳзод ба аспирантураи  назди Шуъбаи шарқшиносӣ ва осори хаттии Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон шомил гардид ва аз он замон то лаҳзаи охирини ҳаёташ дар ин ниҳоди вобаста ба Академияи илмҳо кору фаъолият намуд.

    Ӯ соли 1974  рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Мактабӣ Шерозӣ ва достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-и ӯ» ва соли 1996 рисолаи докторияшро таҳти унвони «Ривоёти Библияву Қуръон роҷеъ ба Сулаймон ва таҳаввули он дар адабиёти форс-тоҷик» дифоъ намудааст.

     Доираи фаъолияти илмии Ҷӯрабек Назриев басо васеъ буда, соҳаҳои гуногуни шарқшиносӣ, матншиносиву адабиётшиносӣ, аз қабили таърихи адабиёти форсу тоҷик, таърихи санъати мусиқии тоҷик, робитаҳои адабӣ-фарҳангии халқи тоҷик бо халқҳои ҳамҷавор, маъхазшиносӣ, нусхашиносӣ ва назарияи адабиётро дар бар мегирад. Ӯ муаллифи зиёда аз 150 китобу рисола ва мақолаҳои илмӣ, адабӣ ва илмӣ-оммавӣ мебошад, ки ҳам дар Тоҷикистону ҳам дар хориҷ аз он ба нашр расида, мавриди таваҷҷӯҳи донишмандони дохиливу берунӣ қарор гирифтаанд. Махсусан, рисолаи «Мактабии Шерозӣ. Ҳаёт ва эҷодиёт», китобҳои «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Мактабии Шерозӣ, «Сулаймоннома»-и Зулолии Хонсорӣ ва рисолаи фундаменталии «Ҳунари номанигорӣ дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ», «Қиссаи Сулаймону маликаи Сабо дар назми форсу тоҷик»-ро метавон ном бурд, ки аз тарафи таҳқиқотчиёну адабиётшиносони варзида мавриди қабул қарор гирифта, роҷеъ ба ҳар кадоми онҳо дар матбуоти даврӣ чандин тақриз ба чоп расидааст.

   Хизмати Ҷӯрабек Назриев дар мураттаб сохтану чоп намудани 9 ҷилди «Феҳрасти  нусхаҳои  хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» хеле калон аст.

Зери назар ва бо иштироки бевоситаи Ҷӯрабек Назриев дар Институти шарқшиносӣ ва  мероси хаттӣ 15 асари калонҳаҷм ба чоп расиданд, ки мавсуф ба онҳо муқаддимаҳои густардаи илмӣ навиштааст.

    Ҷӯрабек Назриев ҳамчун адабиётшинос, ҳунаршинос ва шарқшинос дар ҷомеаи мо мақому мартабаи хосеро соҳиб гашта буд. Дар чандин конференсияҳо ва симпозиумҳои байналхалқӣ ширкат варзида, роҷеъ ба мақому инкишофи илми адабиётшиносӣ ва шарқшиносӣ дар Тоҷикистон мақолаҳои зиёде мунташир кардааст.

    Ҷӯрабек Назриев дар корҳои илмию ҷамъиятӣ ҳам фаъолона иштирок менамуд. Ӯ узви Шӯрои илмии Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дифои рисолаҳои илмӣ ва узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд. Ҷӯрабек Назриев дар тарбияи кадрҳои илмии баландихтисос низ саҳми арзанда дорад.

     Хизмати Ҷӯрабек Назриев дар тарѓиби комёбиҳои илму фарҳанги тоҷик, ташвиқи сиёсати илмӣ ва фарҳангии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути рӯзномаву маҷаллаҳо ва радиову телевизион низ калон буд.

     Ҷӯрабек Назриев дар баробари донишманди нуктадон будан, ҳунарманди маънисаро низ буд. Ӯ ба дунёи ҳунари мутрибиву хунёгарӣ эҷодкорона, бо тарзу тариқи нав, бо услуби ба худ хос омад, ки имрӯзҳо чунин роҳу тариқи суруд хонданро мактаби ҳунарии Ҷӯрабек Назриев мегӯянд. Аз муҳити маҳдуди маҳаллу водиҳо берун қадам ниҳод. Сурудаҳояш марзҳои маҳаллу минтақаро шикастанд. Садои ӯ дар ҳама атрофу акнофи Тоҷикистон ва берун аз он мақбули аҳли завқу ҳунар буд. Ошиқона суруд мехонд, сурудҳои хубу дилкашу дилбар барои ҳама.

    Ҷӯрабек Назриев аз рӯзи хатми донишгоҳ то охири ҳаёташ дар Академияи илмҳо кор мекард. Аз аспирантию ходими хурди илмӣ то мақоми Раиси Иттиҳодияҳои музейҳои адабӣ, директори Институти мероси хаттӣ ва директори Институти овозадори шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон расидааст ва аз соли 1991 то июни соли 2007 ин даргаҳи муқаддасро раҳбарӣ мекард.

   Аз марти соли 2017 вазифаи Директори Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда дошт.

    Хизматҳои шоистаи илмӣ ва фаъолияти босамари ташкилотчигии ӯ сазовори чандин унвону мукофот ва ифтихорномаҳои гуногун, аз ҷумла, «Грамотаи фахрӣ»-и Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон, унвони «Арбоби хизматнишондодаи санъат» (1990), «Корманди шоистаи Тоҷикистон» (1999) ва нишони фахрии АИҶТ (2016) қадршиносӣ шудааст.

Ному хотираи Ҷӯрабек Назриев дар ёду дили ҳамкорон, шогирдон ва мухлисонаш абадӣ боқӣ хоҳад монд. 

 

Раёсати Академияи миллии

илмҳои Тоҷикистон

 

footer: 

24.02.2020

“Захираи Хоразмшоҳӣ”-и Ҷурҷонӣ дар даҳ ҷилд ба нашр мерасад

     Имрӯз (24.02.2020 ) дар толори Маркази мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон президенти АИ ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ ва директори Маркази мероси хаттӣ,  профессор Ҷурабек Назрӣ   ҳамроҳ бо ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Данғара,  доктори илмҳои тиб, профессор,  узви вобастаи АИ ТТ, Убайдулло  Қурбон  вохӯрӣ намуданд.  

    Мақсад аз ин мулоқот баррасии ҳамкориҳои илмӣ миёни АИ ҶТ ва ДДТД мебошад.

3.10.jpg - 169.39 KB

    Дар ин миён,  ҳамчунин тарафҳо сари масъалаи омодасозии асари машҳури “Захираи Хоразмшоҳӣ”-и Саид Исмоили Ҷузҷонӣ тавофуқ намуданд. Тибқи иттилои роҳбарони муассисаҳо  асари мазкур бо ибтикору дастгириҳои тарафайн рӯзҳои наздик дар 10 ҷилд ба табъ  мерасад.

footer: