"РӮЗИ ИЛМ" БО ТАНТАНА БАРГУЗОР ШУД

     Дар маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба "Рӯзи илм" маҷлиси тантанавӣ ва дар иртибот ба "Рӯзи бийналмилалии занону духтарон дар илм" Конференсияи илмии "Саҳми бонувон дар рушди илм" баргузор шуд, ки дар он директорон, муовинони директорҳо ва котибони илмии муассисаҳои илмӣ, кормандони вазоратҳо ва идораҳои давлатӣ, намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.

3.22.jpg - 246.42 KB

    Чун ҳамасола дар Тоҷикистон сешанбеи хафтаи сеюми моҳи апрел «Рӯзи илми тоҷик» ҷашн гирифта мешавад.
Ҷаласаи тантанавиро президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, зимни баррасии рӯзи илми ватанӣ чунин гуфт: "Соли равон барои олимони тоҷик аз ин лиҳоз фаромушнашаванда мебошад, ки маҳз дар ҳамин сол Мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо олимон ва татбиқи ҳадафҳои истеҳсолию ихтирокории Академияи илмҳо бинобар "миллӣ" номгузорӣ шудани он барпо шуд ва бояд донист, ки масъулияти олимон низ дар назди миллату Меҳан дучанд афзуд. Моро зарурат пеш омадааст, ки беш аз пеш дар рушди илми тоҷик саҳми хешро бигзорем, чунки таъмини рушди илм айни замон тараққии кишвар маҳсуб мешавад".

3.23.jpg - 101.89 KB

     Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳозиринро бо фарорасии Рӯзи илм табрик намуда, қайд намуд, ки бо қарори Созмони Милали Муттаҳид 11-уми феврал “Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар илм” эълон карда шудааст ва бинобар ҳамкории судманд бо Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон он рӯзро ин соат бо дарназардошти Конференсияи илмии "Саҳми бонувон дар рушди илм" барпо мекунем.

3.24.jpg - 131.90 KB
     Субҳи имрӯз, соати 08:00 аз ҷониби олимону аҳли кормандони Академияи миллии илмҳо гузоштани гулчамбарҳо дар пояи нимпайкараҳои олимони барҷастаи тоҷик чун С.Айнӣ, Б. Ғафуров, С.У. Умаров, ва М. Осимӣ сурат гирифт.
Баъдан, масъулини зерин бо сухани табрикотӣ маърӯза мекунанд:
- намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- вазири маориф ва илми ҶТ, академик М. Имомзода;
- раиси Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ Ҳилолбӣ Қурбонзода...
      Вобаста бар баррасӣ ва таҳқиқи мавзӯи илми муосир директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ Боймурод Шарифзода, раиси Шӯрои занони АМИТ, доктори илмҳои фалсафа Муҳиба Маҳмадҷонова, котиби илмии Институти кимиёи ба номи Никитини АМИТ, номзади илмҳои кимиё Муътабар Зоидова, раиси Шӯрои занони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, номзади илмҳои тиб Гулнора Ҳоҷиева, ходими илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АМИТ, номзади илмҳои таърих Мубина Маҳмудова бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуданд. Дар гузориши олимон саҳми занон дар рушди илм, баҳамоӣ ва омӯзиши ҳосилаҳои имидазо - тиабиазол, коронавирус ва роҳҳои пешгирию интиқоли он, таърихи либоси анъанавии тоҷикон дар сарчашмаҳои хаттии асрҳои XIV - XVIII мавриди баррасӣ қарор гирифта, баъзе масоили ҳамоҳангии онҳо бо дар назардошти ҷаҳонбинии илмии муосир баён гардиданд.

3.25.jpg - 135.68 KB
Сипас, тақдими дипломҳо ва ифтихорномаҳо барои дастовардҳои назарраси илмӣ сурат гирифт...

3.26.jpg - 109.02 KB

    Ҳамчунин, ифтихорномаҳо ба ректороне низ тақдим гардиданд, ки донишҷӯёни Донишгоҳҳои онҳо дар олимпиада барои дарёфти "Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷойҳои ифтихориро соҳиб шудаанд.
      Унвони "Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон" аз ҷониби Вазири маориф ва илми ҶТ ба кормандони АМИТ супорида шуд, ки ин омил аз таваҷҷуҳи Вазорати маориф ва илм ба олимони кишвар дарак медиҳад.
Дар анҷоми маҷлиси тантанавӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ сухани ҷамъбастӣ намуд.