«Тӯҳфат-ул-Ҳабиб»-и Фахрии Ҳиравӣ аз чоп баромад!

        

        Матни илмӣ- омавии «Тӯҳфат-ул-Ҳабиб» аз ҷониби ходими пешбари илмии Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Сайидхоҷа Ализода таҳия ва аз тариқи нашриёти “Дониш”-и Академияи миллии Тоҷикистон ба теъдоди 200 нусха ба табъ расид.

     С. Ализода дар давоми солҳои зиёд нусхаҳои қаламии “Туҳфат-улабиб”-ро дастрас намуда матни пурраи онро бо луғату тавзеҳот ва феҳристи ашхосу  ғазалиёт пешкаши олимону муҳаққиқони адабиёти тоҷикӣ-форсӣ гардонидааст. Дар таҳияву тадвини китоб матни дастнависи китобхонаи шахсии шодравон Эргашалӣ Шодиевро асос қарор дода, барои такмил ва муқобалаву муқоисаи он аз ду нусхаи хело нодири Оршифи миллии Афғонистон ва ду нусхаи китобхонаи Донишгоҳи адабиёт ва улуми инсонии Машҳади Эрон  истифода намудааст. Бояд тазаккур дод, ки қабл аз тадқиқоти С. Ализода роҷеъ ба “Туҳфат-улабиб”-и Фахрии Ҳиравӣ адабиётшиносони варзидаи тоҷик академик Абдулғанӣ Мирзоев, профессор Аълохон Афсаҳзод, профессор Эргашалӣ Шодиев ва Амрияздон Алимардонов дар тадқиқотҳои хеш дар бораи ин маҷмӯаи беназир маълумоти мухтасар низ дода буданд. С. Ализода солҳои зиёд дар бораи Фахрии Ҳиравӣ ва хусусан дар атрофи ҳамин маҷмӯа  тадқиқотҳои зиёдеро анҷом додааст.

              “ТУҲФАТ-УЛ-ҲАБИБ”-И ФАХРИИ ҲИРАВӢ

         Дар таърихи адабиёти форсу тоҷик дер боз мураттаб сохтану таълиф намудани чунин тазкираву маҷмӯаҳо ба ҳукми анъана даромада буд. Ин кор боиси он гардидааст, ки ному осори як идда шоирони гумном дар онҳо боқӣ монда, то замони мо бирасанд.

       Ин анъанаи адабӣ аз тазкиранигорӣ, баёзнависӣ, тартиб чдодани радоифулашъорҳо ва маҷмӯаҳои мухталифи дигаре иборат аст, ки то имрӯз дар китобхонаҳои гуногуни дунё шумораи зиёди онҳо нигоҳдорӣ мешаванд. Бояд гуфт, ки чунин маҷмӯаҳо то кунун ба таври комилу ҳаматарфа мавриди омӯзиш ва таҳқиқ қарор нагирифтаанд. Осори садҳо нафар шоири ношинохтаи форс-тоҷик дар саҳоифи чунин асарҳо нигоҳ дошта мешаванд. Аз ин рӯ, лозим меояд, ки ба омӯзишу таҳқиқи ҳамаҷонибаи онҳо таваҷҷуҳи бештаре зоҳир сохта шавад, то ин ки осори ношинохтаи шоирони бузург аз осори илҳоқӣ ҷудо танзим гардад. Дар ин ҷо на танҳо қасоид, ғазалиёт, маснавиву қитаъоти асил аз ғайри асилро ҷудо бояд кард, балки ҳар байт санҷида ва муайян карда шавад, ки он оё ҷузви қасида ё ғазал ва қитъаву маснавии асил ҳаст ё не?

        Яке аз чунин маҷмӯаҳои пурарзиши қадимӣ «Маҷмӯаи латоиф ва сафинаи зароиф» буда, назар ба таҳқиқи олимон фақат се нусхаи хаттии он то имрӯз маҳфуз мондаасту бас.

        Нусхаи аввали хаттии  асари мазкур дар музеи Британияи Кабир (дар шаҳри Лондон) мавҷуд буда, нусхаи дуюми он дар китобхонаи Донишгоҳи Кобул маҳфуз аст. Қаблан номи ин баёз ва муаллифи он маълум набуд ва дар феҳристи Рё чунин тавсиф карда шудааст: «Як баёзи пурарзиши форсӣ бидуни унвон ва исми муаллиф. Муаллифи ин баёз дар замони ҳукмронии кӯтоҳи Султони Шарқ - Муборакшоҳ, ки дар соли 803/1400 ҳиҷрӣ бар тахти салтанати Ҷунпур нишаста, пас аз 2 сол фавтидааст, зиндагӣ намудааст»[1].

        Ин маҷмӯа тақрибан ба саду як қисм тақсим мешавад, ки дар қисматҳои он ашъори шуаро аз рӯйи мавзӯъ, шакл ва саноеи адабӣ гирд оварда шудаанд.

        Шуарои дар ин баёз аз онҳо номбурдашуда аз Ҳаким Фирдавсӣ то Ҳофиз мебошанд. Ҳамчунон ба тариқи илова дар байни онҳо шоирони ҳиндӣ низ муаррифӣ гардидаанд, ки дар хориҷи Ҳинд шуҳрате надоштанд. Аммо ин нусхаи хаттӣ ноқис буда, баъзе қисматҳои он аз байн рафтааст ва унвонҳои он дурусту саҳеҳ боқӣ  намондаанд.[2] Дар ин ҷо нусха «Дастур-уш-шуаро» номида шудааст. Профессор Маҳмуди Шаҳронӣ низ ин маҷмӯаро «Дастур-уш-шуаро» ба қалам дода, ба иштибоҳ роҳ додааст.[3]

          Адабиётшиноси афғон, доктор Назир Аҳмад нусхаҳои музеи Британия, нусхаи Пуҳантуни Кобул ва нусхаи аслии дар китобхонаи Донишгоҳи Олигархи Ҳинд маҳфузро мутолиа намуда, ба чунин хулоса омадааст: «Ин баёз дар Ҳинд анҷом ёфтааст ва шояд қадимтарин баёзи Ҳинд бошад…Таълифи ин баёз дар аҳди Фирӯзшоҳи Туғлуқ (852-874/1448-1469) шурӯъ шуда, шомили ашъоре низ мебошад, ки баъд аз Султон Муборакшоҳи Машриқӣ (вафоташ 809/1407) суруда шуда буд».[4]

            Доктор Назир Аҳмад аз ин баёз маълумоти зарурӣ дар бораи шоирони бузурги гумном, мисли Ҷамолуддин Истоҷӣ, Илёси Ҳиравӣ, Саййид Алии Содот, Ҳамади Қандаҳорӣ, Ҳамид Тавлаки Саномӣ ва Малик Азизуллоҳи Басомӣ пайдо намуда, аз осори гаронбаҳои онҳо намунаҳо ба табъ расонидааст. Муаллифи ин нусхаи нодир Сайфи Ҷоми Ҳиравӣ мебошад, ки ӯ яке аз донишмандони бузурги замони худ буда, дар улуми фатво ва арӯз дониши мукаммал доштааст.

         Дар ин баёз намунаи ашъори шоирони зиёде оварда шудааст, ки бештари осори онҳо аз байн рафта, ҳатто номашон ҳам маълум нест. Ҳамчунон дар ин маҷмӯаи нодир осори Манучеҳрӣ, Носири Хусрав, Шайх Аҳмади Ҷом, Амир Хусрав ва Ҳасани Сиҷзӣ ба чашм мерасад, ки онҳо то имрӯз аз назари донишмандон пӯшида ва ношинохта монда буданд.

          Аммо бояд тазаккур дод, ки бо дастрас гардидани як ғазал ва қитъае маҳорат, сухандонӣ ва сухансанҷии ин ё он шоирро арзёбӣ намудан бисёр мушкил аст. Ғайр аз ин дар даврони баъдӣ гурӯҳи дигари мусаннифоне пайдо шудаанд, ки онҳо ба ҷамъу мураттаб сохтани осори татаббуии шоирон пардохтаанд ва ё ин ки ашъори ҷавобияи шоиронро гирд оварда, маҷмӯаҳои ҷудогонаи мухталиф мураттаб сохтаанд.

        Пеш аз он ки бевосита оид ба «Тӯҳфат-ул-Sабиб»-и Фахрии Ҳиравӣ мундариҷа ва мазмуни он маълумот диҳем, лозим донистем, ки мухтасаран роҷеъ ба масъалаи назирасароӣ дар адабиёти форс-тоҷик таваққуф намоем. Назар ба ақидаи шарқшиноси барҷастаи шӯравӣ Е.Э. Бертеьлс дар давраи ҳукмронии Темуриҳо агар аз як тараф анъанаи хамсанависӣ ривоҷ ёфта бошад, аз тарафи дигар сароидани достонҳои хурди мустақил низ қувват мегирад.[5] Аммо батадриҷ аз нимаҳои дуюми садаи XV сар карда анъанаи хамсасароӣ рӯ ба таназзул ниҳода, дигар ривоҷ пайдо накард.[6] Аз ин ҷост, ки дар нимаи дуюми садаи XV ғайр аз «Ҳафт авранг»-и Ҷомӣ мо дигар «Хамса»-и мукаммалро дучор намеоем. Дар айни ҳол аз тарафи Ҷомӣ зиёд карда шудани миқдори достонҳои «Хамса» ва аз ҳамин сабаб унвони қабул кардани асар ва аз тарафи Ҳотифӣ ба ҷойи «Искандарнома» дохил кардани мавзӯи лашкаркашиҳои Темур худ, яъне  аз тарафи ин ду устоди назм ин тариқ риоя карда нашудани талаботи «Хамса»-сароӣ куҳна шудани ин равияро боз як бори дигар тасдиқ мекунад.[7] Шояд ҳамин вазъ боис гардидааст, ки ҳеч яке аз «Хамса»-сароён кори саркардаи худро дар ин ҷода ба анҷом  расонида натавонистаанд.

         Ҳарчанд Алишери Навоӣ дар заминаи адабиёти ӯзбек шакли комили «Хамса»-ро ба вуҷуд овард, аммо ин ташаббуси ӯ низ бинобар сабабҳои дар боло баёншуда дар таърихи баъдии адабиёти ӯзбек низ пайравони ҳақиқии худро ёфта натавонист. Анъанаи хамсасароӣ дар нимаи дуюми садаи XV коҳиш ёфта, ба ҷойи он равияи назиранависӣ ривоҷ пайдо менамояд. Шарқшиноси маъруфи тоҷик Абдулғанӣ Мирзоев дар асари пурарзиши илмии худ «Биноӣ» менависад: «Дар ин давра назиранависӣ на фақат дар эҷод кардани «Хамса» қувват мегирад, балки дар дигар қисматҳои назм, дар эҷод кардани як қисми муайяни достонҳои хурди зикршуда, қасидаҳои фалсафӣ, ғазал ва ғайра роли асосӣ мебозидагӣ мешавад. Хусусан дар эҷод кардани ғазал ин равия ривоҷи куллӣ пайдо кард»[8].

         Рӯҳи пайравӣ ва назира дар ин замон тамоми соҳаҳои адабиёт ва sунарро фаро гирифта буд. Ин анъана ба бисёр соҳаҳои илм гузашта, дар меъморӣ, мусиқӣ, рассомӣ ва ғайра низ тазоҳур дошт. Аз ин рӯ, назиранависӣ дар адабиёт дерҳо боз таваҷҷуҳро ба сӯйи худ мекашид.

        Аксари тадқиқотчиёни Ғарб ва Эрон барои омӯхтани асрори он саъй накарданд. Ақидаи онҳоро дар ин бора чунин фикри Саид Нафисӣ равшан ифода мекунад: «Дигар аз хасоиси шеъри форсӣ дар қарни нуҳум ин аст, ки рӯҳи тақлид ва пайравӣ аз сабки шуарои бузург, ки дар натиҷаи нотавонии сарояндагон аз падид омадани сабкҳои хос ба худ дар қарни ҳаштум ривоҷ гирифта буд ва махсусан муқаллидони сабкҳои Саъдӣ ва Низомӣ дар он замон рӯзафзун буданд, дар ин давра низ шадидтар шуда ва аз он ҷумла касоне, ки аз сабки Низомӣ пайравӣ карда ва ба тақлиди ӯ маснавиёт сурудаанд, ҳар рӯз бештар мешуданд ва аз ин ки дар қарни баъдӣ ин равиш дар шеъри форсӣ давом дорад, дунболаи мустақили адабиёти қарни нуҳум аст»[9].

         Муҳаққиқи дигар Аълохон Афсаҳзод дар китоби худ «Нақд ва баррасии осор ва шарҳи аҳволи Ҷомӣ» баҳои носаҳеҳи Малик-уш-шуаро Баҳорро дар бораи ғазалҳои Ҷомӣ оварда, онро бо далел рад мукунад. А. Афсаҳзод навиштааст, ки албатта, ин сухани Баҳор, ки онро аз забони одамони дигар меоварад, ғалат аст, вале ҷойи афсӯс аст, ки ин андешаи нодурусти М. Баҳор,  солҳост, ки дар Эрон аз китобе ба китобе мегузарад ва ё такроран оварда мешавад. Чун мазмун ва моҳияти ҳамаи он гуфтаҳо аз ҳамдигар тафовут надорад, ба иқтибоси онҳо ҳоҷат нест. А. Афсаҳзод дар поинтари фикри худ номи ҳамаи он асарҳоеро, ки ин андеша дар онҳо баён гардидааст, овардааст.[10] Ӯ навиштааст, ки бо ин ҳама пастзаниҳо ва хоршумурданҳо ҳеҷ як даъвогар ягон ғазали Ҷомиро таҳлил ва ё бо ғазалҳои гузаштагон муқоиса низ накардааст. Чунин баҳодиҳии беасос ва ғаразнок наметавонист, ки қабули дигарон гардад.

        Бештари муҳаққиқон бо ҷавобҳои далелнок ин ақидаи нодурусти ховаршиносонро рад намудаанд.

        Абдунабӣ Сатторов дар китоби худ «Афкори адабӣ ва эстетикии Абдураҳмони Ҷомӣ»[11] ботил будани даъвоҳоеро, ки Ҷомиро тақлидкор мешуморанд, исбот менамояд. Абдунабӣ Сатторов чунин менависад, ки ба шеъри шоирони номии гузашта ҷавоб гуфтан дар садаи XV аз «камолоти назм» ба ҳисоб меомад ва маънии мусобиқа карданро дошт. Шоире, ки дар гуфтани ҷавоб қодир буд, сазовори шуҳрат мегардид. Чунончи, Алишери Навоӣ дар бораи Амир Аслами Ғаззолӣ чунин мегӯяд: «Чун муроди хешро бо мулки Рай кардам қиёс» маълум мешавад, ба ин маънӣ на танҳо ба асарҳои шоирон ва нависандагон ҷавоб навишатани Абдураҳмони Ҷомӣ, балки ишора ва гуфтаҳои зиёди ӯ низ, ки дар ғазалу қасида, хусусан маснавиҳо ва равзаи ҳафтуми «Баҳористон» фаровонанд, далолат мекунанд.

           Шеъри ҷавобия ба ақидаи Ҷомӣ бояд аз сармашқ бартарӣ дошта ва ё ҳеҷ набошад ақаллан ба он ҳампоя бошад ба ин талабот Ҷомӣ кӯшидааст дар тамоми ҷавобҳои худ риоя кунад.[12]

           То Абдунабӣ Сатторов чандин муҳаққиқ ба ин ақида буданд, ки назира тақлид набуда, балки як равияи адабӣ аст. Дар охири садаи гузашта шарқшиноси англис Э. Гиб дар китоби «Таърихи назми туркон»-и худ, ки соли 1900 дар Лондон ба табъ расида буд, менависад, ки назира на чун тақлид, балки як навъ мусобиқаи адабӣ мебошад. Е. Э. Бертелс, А. А. Стариков, А.Н.Болдирев, Ғ.Ю. Алиев, А.Афсаҳзод, А.Сатторов, А.Афсаҳов, А.Ш.Шомуҳаммадов ва дигарон низ изҳори ақида кардаанд, ки назира дар ҳеч сурат тақлид нест, балки он анъанаи адабиест, ки ба василаи мусобиқаи эҷодӣ, ҷавобнависӣ ба беҳтарин асарҳои гузаштагон давом ёфта беҳтарин суннатҳои устувори адабиро ифода медиҳад. Олими эронӣ Ҷ. Ҳумоюн низ мустақиман ба ҳамин ақида расидааст.

            Қабл аз он ки дар бораи ин анъанаи адабӣ, ки дар асрҳои XV-XVI хеле ривоҷ ёфтааст, маълумот диҳем, бояд тазаккур дод, ки дар адабиёти форс-тоҷик ин анъана дар эҷоди қасидаҳои ҷавобия аз замони Унсурӣ сар шудааст. Аввалин маҷмӯае, ки ашъори татаббӯӣ дар он гирд оварда шудааст, маҷмӯаи «Мӯнис-ул-аҳрор фӣ дақоиқ-ил-ашъор»-и Муҳаммад ибни Бадри Ҷоҷурмии шоир мебошад. Дар ин маҷмӯа қасоид, ғазалиёт, рубоиёт, қитаъот ва ғайра аз 200 нафар шоири форс-тоҷик гирд оварда шудааст. Муаллиф кӯшидааст, ки дар ин ҷо аз ҳар шоире намунае чанд аз ашъорашон: қасида, ғазалиёт, қитъа ва рубоиётро интихоб кунад. Ӯ ашъори мақбули хешро интихоб карда, онҳоро бидуни шарҳу эзоҳ дохил кардааст.

           Дар муқаддимаи аввалин, ки аз ҷониби аллома Муҳаммад Қазвинӣ навишта шудааст, чунин омадааст: «…Кунун ағлаби ашъори эшон аз миён рафтааст, балки ҳатто асомии бисёре аз эшон низ дар садаи мо ба куллӣ аз даҳон фаромӯш шудааст. Муаллиф хизмати бисёр бузурге ба забони форсӣ ва адабиёти форсӣ намудааст. Эрониён бағоят шуркгузори касе бояд бошанд, ки осори дивист нафар аз шуарои эшонро аз аҳди қадим гирифта».[13]

         «Мӯнису-л-аҳрор фи дақоиқу-л-ашъор» аз рӯйи феҳристи худи муаллиф, ки ба китобаш таълиф намудааст, аз сӣ боб дар навъҳои мухталифи шеърӣ, хоҳ аз ҷиҳати мавзӯъ, хоҳ аз ҷиҳати лафз ва хоҳ аз ҳар ду ҷиҳат аз қабили тавҳид, наът, ҳикмат, васфиёт ташбеҳот, мутоибот, маросӣ ва ғайра аз қабили қасидаву ғазалиёт, тарҷеот муқаттаот, рубоиёт, фардиёт, таҷнисот ва ғайраҳо иборат аст. Вале ба таври умум метавон гуфт, ки қисми бештари китоб шомили қасидаҳо ва ғазалиёт аст.

Дар ин маҷмӯаи бузург, ки дорои ду ҷилд аст, бештар қасидаҳои дар ҷавоби якдигар гуфташуда оварда мешаванд.  Чунончи дар он ба як қасидаи Хоқонии Шервонӣ гуфта шудани ҷавобҳои зерин зикр гардидааст:

    Дар коми субҳ аз нофи шаб мушк аст амдо рехта,

    Заррин ҳазорон наргисе аз сақфи мино рехта [14]

Хоқонӣ (ғазал):

     Эй тирборони ғалат хуни дили мо рехта,

     Нагзошт тӯфони ғамат хуни диле норехта.[15]

 матлаи зерин аз қасидаи дигари Хоқонии Шервонӣ:

   То аз тафи зарринсадаф шуд оби дарё рехта,

   Абри наҳангосо зи каф луълуи лоло рехта[16].

Фаридуддини Исфароинӣ фармояд

   Бар саҳни саҳро гавҳар аст аз қаъри дарё рехта,

   Дар ташти дашт аст аз ҳаво лӯълӯъи лоло рехта.

Дар боби «Зикри ташбеҳот» қасидаи Унсурӣ бо матлаи зерин:

   Наврӯз фароз омаду идаш ба асар бар,

   Бар якдигару ҳарду зада як ба дигар бар![17]

   оварда шуда, баъд аз он қасидаҳои ҷавобии шоирон Амир Муиззӣ, Мухтории Ғазнавӣ, Саноии Ғазнавӣ ва Сайфиддини Аъроз[18] пайиҳам оварда шудаанд.

         Мураттиб дар ин ҷо қасидаҳои шоиронеро меорад, ки ба онҳо ҷавоб гуфтаанд ва баъд қасидаи дигаре аз ҳамон шоири ба қасидаи пешин ҷавоб гуфтаро меорад, ки дигарон ба қасидаи ӯ ҷавоб гуфтаанд.

Масалан, ба як қасидаи Рафеъуддини Лунбонӣ, ки матлааш ин аст:

Моҳро мушк намояд рухат аз зебоӣ,

Сарвро тира диҳад қоматат аз раъноӣ.[19]

шоирони зерин аз қабили Мавлоно Рукнуддини Даъвидорӣ, Шамсиддини Табасӣ, Ҷарбод–Қонӣ[20] ҷавоб гуфтаанд. Умуман, тамоми қасидаҳои ба якдигар бо усули тақлид ё назира навишташуда будааст тартиб оварда шудаанд. Тамоми матолиби дар ин асар гирдовардашуда аз рӯйи хусусият ва навъи бадеият дар дохили бобҳои ҷудогона сабт гардидаанд. Ин асар ба бештари муҳаққиқин ошно набуда, мавриди таҳқиқи ҷудогона қарор нагирифтааст.

            Матлаб аз баёни маълумоти мухтасар оиди ин асар дар он аст, ки ин анъана баъзан дар адабиёти асрҳои пеш аз замони Фахрӣ низ дучор меомад, аммо мавриди дастгирӣ ва пайравии умум қарор нагирифт. Таҳқиқи ҷудогонаи ӯ барои омӯзиши адабиёти классикии форс-тоҷик аз аҳаммият холӣ нест ва омӯзишу тадқиқоти ҷудогонаро тақозо мекунад.

            Мавридҳои ҷавобгӯӣ ба ашъори гузаштагон хеле гуногун буда, дар ҳама ҳолаsо ин ҳодиса ранги қувваозмоӣ ва мусобиқа ё имтиҳонро доштааст.

          Пеш шоирон аз мутолиаи шеъру ғазал ба шавқ омада, ба онҳо ҷавоб мегуфтанд, вале аксар вақтҳо шоир ба қувваи шоирии худ бовар мекунад ва ба мақсади он ки мавқеи худро дар муҳити адабии замон мустаҳкам намояд, ба назирагӯӣ рӯ меоварад. Дар ин ҷо вазифаи ӯ хурд нест. Ӯ бояд аз осори беҳтарин ва машҳури шоирони забардасти гузашта ва ё асари мустақили шеърӣ: ғазал, маснавӣ, қитъа ва рубоиро гирифта, дар вазн, қофия ва мавзӯи он шеър эҷод намояд. Ба ин роҳ ӯ қувваи табъи худро дар рoёрӯи шеъри баланд як бори дигар санҷиданӣ мешавад. Баъзан шоирон барои санҷидани қувваи шоирии худ маҳфилҳо меоростанд ва аз яке талаб менамуданд, ки шеъре гӯяд, то ин ки қувваи эҷодӣ ва нерӯи суханварӣ ва тахайюли шоириашро дар ҷавоб гуфтан ба ин  ё он шеъри машҳур имтиҳон кунанд.       Давлатшоҳи Самарқандӣ дар «Тазкират-уш-шуаро»-и худ менависад, ки вақте ки Шайх Саъдӣ қасидаи худро дар мадҳи Шоҳрух мехонд, Хоҷа Абдулқодири Увдӣ ба мубориза бармехезад. Озариро дар гуфтани ҷавоб ба чанд қасидаи Салмон имтиҳон мекунанд. Озарӣ… ҷавоб ба ваҷҳе мегӯяд, ки писанди бузургон меафтад.[21]

                 Давлатшоҳи Самарқандӣ дар бораи Мавлоно Қанбарии Нишопурӣ менависад: «Марди олӣ буда, дар шоирӣ ҳидояте ва бахшише ёфта буд. Қасоидро муҳкам ва пурмаънӣ мегӯяд ва баъзе афозил дар кори ӯ мутаҳаййир буданд ва ӯро дар ҷавоби қасоиди акобир имтиҳон мекарданд ва сухани ӯро муҳкам меёфтанд».[22] Барои исботи ин фикр садҳо намуна овардан мумкин аст. Таҳқиқи комилу ҳаматарафаи ин равияи бисёр аҷоиб ва дилчаспи адабиёти форсу тоҷик тадқиқоти комилу ҳаматарафаро тақозо мекунад. Барои ифодаи он осори адибон (шоирону нависандагон ва муҳаққиқини таърихи адабиёт-С.А.) истилоҳҳои гуногун ба кор бурда шудааст.    Истилоҳҳои     «назира», «ҷавоб», «татаббуъ», «истиқбол» ва «муқобила» тақрибан ҳаммаъно буда, чунин фаъолияти адабиеро нишон медиҳанд, ки дар он ҷавоби шеъре ба шеъри дигар дода шавад.

            Дар ҳолати ба маснавӣ ё достон ҷавоб навиштан вазну мазмуни он истиқбол карда мешавад.

         Шоири ҷавобгӯ дар чунин маврид ба соҳиби шеъри истиқболшаванда даъвои баробарӣ ва бартарӣ дошта, иддаои худро бештар бо ашъори фахрия иброз медорад. Асари истиқболкунанда метавонад дар мазмуну ғоя акси асари истиқболшаванда бошад. Дар ғазалҳои истиқболшаванда тазмини мисраи аввал ё матлаи ғазали татаббуъшаванда маъмул аст.[23]

            Ҳангоми мутолиаи осори адабиёти форс-тоҷики садаи XV унсурҳои тақлид ва такрори мазмун дар он ба назар мерасанд, ки онҳо то андозае аҳаммияти адабиётро каме коста мекунанд.

          А.Афсаҳзод дар таҳқиқоти худ менависад, ки манзури мо аз назира ҳамон амали эҷодиест, ки шоир барои намоён сохтани иқтидори табъ, қудрати тахайюл ва маҳорати эҷодии хеш ба осори беҳтарин суханварони пешин ё муосири худ ҷавоб мегӯяд. Ин ҳодиса метавонад ба ихтиёри худи назиранавис рух диҳад. Мумкин аст, ки он чун санҷиш аз тарафи касони дигар амал] шавад. Беҳтарин асарҳои адибони нимаи дуюми садаи XV (Ҷомӣ, Кошифӣ, Навоӣ ва дигарон) бо ҳамин роҳи назира навишта шудаанд.[24]

            Эҳсони Ёршотир дар натиҷаи тадқиқи адабиёти нимаи аввали садаи XV ба хулосае омадааст, ки аз шоирони гузашта дар ин аср Ҳаким Абулқосими  Фирдавсӣ, Ҳасани Деҳлавӣ, Саъдии Шерозӣ Мавлонои Балхӣ, Ҳоқонии Шервонӣ, Заҳири Форёбӣ, Анварии Абевардӣ, Камол Исмоили Исфаҳонӣ, Салмони Соваҷӣ, Ҳофизи Шерозӣ ва Камоли Хуҷандӣ бештар мавриди пайравӣ қарор гирифтаанд.

Ҷамъ ва мураттаб намудани ашъори истиқболия ё ҷавобияи шоирон аз нимаи дувуми садаи XV шурӯъ мешавад. Бисёре аз муҳаққиқони таърихи адабиёт дар чунин ақидаанд, ки дар ин амали хайр аввалин иқдомро Фахрии Ҳиравӣ гузошта ду маҷмӯае ба унвони «Бӯстони хаёл» ва «Туҳфат-ул-Ҳабиб» тартиб додааст.

                          Аз ҷумла, олими шинохтаи афғон Абдулҳай Ҳабибӣ дар яке аз  мақолаҳои худ бо номи «Фахрии Ҳиравӣ»[25] роҷеъ ба «Бӯстони хаёл» чунин маълумот додааст:

                          «Бӯстони хаёл» муштамил бар мунтахаботи ашъори форсиест, ки нусхаҳои хаттии он мавҷуд, вале табъ нашудааст. Як нусхаи хаттии он дар санаи 1273ҳ./1856м. дар 539 саҳифа навишта шуда буд, дар китобхонаи шахсии Муҳаммадшофеи Лоҳурӣ мавҷуд буд».

                          Мутаассифона, Абдулҳай Ҳабибӣ аз нусхаи хаттии китобхонаи Пуҳантуни Кобул бехабар будааст.[26]

                          Аълохон Афсаҳзод дар китоби худ «Адабиёти нимаи дуюми садаи XV» менависад: «Мураттиби «Бӯстони хаёл», ки худро Муҳаммади Ҳиравӣ меномад ва бисёриҳо ӯро бо Фахрии Ҳиравӣ як медонанд, назираи як қасидаро меорад, ки аксар моли шоирони мавриди баҳс буда, сухани А. Мирзоевро тасдиқ менамояд. Барои намуна чанд матлаъ аз «Бӯстони хаёл» меорем:

Хусрав:

Кӯси шаҳ холию бонги ғулғулаш дарди сар аст,

Ҳар к] қонеъ шуд ба хушку тар, шаҳи баҳру бар аст.

Комӣ:

Ғулғули кӯси ҷаҳондорӣ, ки шаҳро бар сар аст,

Субҳ ё шом аст, к- ин навбат азони дигар аст.

Сайфӣ:

Сар фурӯ н-орам ба қасри шоҳ, агар хишти зар аст,

Коҳи қасри ҳиммати дарвеш аз он болотар аст.[27]

            Саид Нафисӣ дар китоби худ «Таърихи назму наср дар Эрон ва дар забони форсӣ то поёни қарни даҳуми ҳиҷрӣ» чунин маълумот додааст: «…ва дигаре «Бӯстони хаёл», ки фақат шомили матлаи ғазалиёти эшон аст ва то замони Шоҳ Таҳмосп низ зиста…аз Фахрии Ҳиравӣ мебошад»[28]. Ӯ дар ҷойи дигари ҳамин асар дар боби «Шеър дар қарни даҳум» менависад: «Бархе аз тазкиранигорон китоби «Бӯстони хаёл»-ро, ки шомили матлаъҳои ғазалиётест, ки шуаро ба истиқболи якдигар сурудаанд, низ ба ӯ (Фахрии Ҳиравӣ - С.А) нисбат медиҳанд. Аммо ин китоб аз Бектошқули Абдол буда, дар соли 911ҳ./1505м. таълифи он ба поён расидааст».[29]

            Чунон ки аз маълумоти дар боло овардашуда маълум мегардад, яке аз муҳаққиқони барҷастаи адабиёти форсу тоҷик Сайид Нафисӣ низ ба иштибоҳ роҳ дода, дар таҳқиқоти худ ду фикри ба ҳам мухолифро иброз доштааст.

Ба ғайр аз ин боз як  идда донишмандони дигар ҳастанд, ки онҳо  назари тамоман мухолиф доранд.

            Мутаассифона, бисёре аз сарчашмаҳое, ки дар онҳо оиди ҳаёту фаъолияти Фахрии Ҳиравӣ маълумоти бештаре дода шудааст, аз қабили «Хазинаи ганҷи илоҳӣ»-и Аҳлии Ҳамадонӣ, (вафоташ дар соли 1063ҳ./1652м.) «Хулосат-уш-шуаро»-и Тақии Кошӣ (1016/1607), «Муосири Раҳимӣ», (1063/1652), «Маҷмаъ-ун-нафоис»-и Хон Орзу, «Суҳуфи Иброҳим»-и Иброҳим Алихон, «Хулосат-ул-афкор»- Абӯтолибхони Табрезӣ ва ғайраҳо дастраси мо нагардидаанд. Дар ин маъхазҳо низ иштибоҳан «Бӯстони хаёл» ба Фахрӣ нисбат дода мешавад. Ин маъхазҳо назар ба иттилои Ҳусомиддин Рошидӣ[30] нодир буда, дар сарзамини Ҳинд таълиф гардидаанд ва нусхаҳояшон ҳам дар ҳамин сарзамин маҳфузанд.

  Муҳаққиқ Ҳусомиддин Рошидӣ бештари маъхазҳои зикршударо мутолиа кардааст  ва зери даст доштааст.

              Мисли  Ҳусомиддини Рошидӣ мо низ ҳамон нуктаи назареро дастгирӣ мекунем, ки «Бӯстони хаёл» моли Фахрии Ҳиравӣ нест. Зеро ки дар он бештар ашъори шоироне оварда шудаанд, ки то замони Фахрӣ гузаштаанд. Зарурат ҳам набуд, ки Фахрӣ дар як маҷмӯа матлаи ғазалҳои татаббуӣ ва дар маҷмӯаи дигар худи ғазалҳои татаббуиро комилан ҷамъоварӣ карда, ҷо ба ҷо гузорад.

  Дар садаи XV  оғози садаи XVI мактаби адабии Ҳирот ба яке аз мактабҳои бузурги илмиву адабӣ табдил ёфта буд, ки сарпарасатии онро Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ ба уҳда доштанд. Дар ин муҳити бисёр ривоҷёфтаи адабӣ шаклу навъҳо ва ҷараёнҳои адабӣ рушду равнақ ёфта буданд.

  Намунаи ғазалҳои ҷавобия ё татаббуиро дар девони ашъори шоирони қуруни мухталиф пайдо кардан мумкин аст, аммо бештар ин навъ шеърҳо дар маҷмӯаҳои ашъори ба шакли радоиф-ул-ашъор мураттабгардида дучор меоянд. Ғазалиёти ҷавобия аз тарафи шоирони гуногун навишта шудаанд.

              Омӯзиш ва таҳқиқи ҳамаҷонибаи баъдии ин навъ маҷмӯаҳо барои боз ҳам ғанитар гардонидани таърихи адабиёти форсу тоҷик аз аҳамият холӣ нест. Аммо, мутаассифона, ин падидаи нав то кунун ба таври зарурӣ ҳаматарафа мавриди таваҷҷуҳи муҳаққиқони дохилию хориҷӣ қарор нагирифтааст.

              Донишмандон Абдулғанӣ Мирзоев, Акимушкин О.Ф., Аълохон Афсаҳзод, Аҳмад Гулчини Маонӣ, Хайёмпур, Алиасғар Ҳикмат, Ҳусомиддини Рошидӣ, Абдулҳай Ҳабибӣ дар таълифоти илмии худ аз ин маъхазҳо истифода намудаанд ва «Туҳфат-ул-Ҳабиб»-и Фахрии Ҳиравиро аз ҷумлаи  сарчашмаҳои боэътимодтарин барои омӯзиши адабиёти форсу тоҷики қуруни XV-XVI мешумориданд. Аз ин нуқтаи назар асарҳои А. Мирзоев «Биноӣ», «Сенздаҳ мақола» (баъд аз вафоти ӯ нашр гардидааст), А. Афсаҳзод-«Лирика Абд ар-Рахмана Джами», «Ғазалиёти Абдураҳмони Ҷомӣ», Эргашалӣ Шодиев «Радоиф-ул-ашъор Навойнинг форсӣ ғазалларӣ»,           аз Аҳмад Гулчини Маонӣ мақолаи «Туҳфат-ул-Ҳабиб»- ва ғайраҳоро метавон зикр кард.

            «Тӯҳфат-ул-Ҳабиб» ба шакли «Радоиф-ул-ашъор» мураттаб гардида, ашъор ва ғазалиёти татаббуъии шоирони асрҳои XV ва XVI -ро дар бар мегирад.

            Баъд аз Фахрӣ мураттаб сохтани чунин маҷмӯаҳо ба ҳукми анъана даромад ва дар ҳамон давра ва минбаъд  маҷмӯаҳои зиёде бо ин усул тасниф карда шуд. Чунин таснифот дар Мовароуннаҳр бо унвони радоиф-ул-ашъорҳо ёдоварӣ гардидаанд. Ба ин силсила радоиф-ул-ашъорҳое, ки дар захираи дастнависҳои Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфузанд, мисоли равшан шуда метавонанд. Нусхаи бузургу нисбатан ба ном қадимтари радоиф-ул-ашъорҳои ин захираи дастнависҳои шарқии ба номи А. Мирзоев  ММХ «Радоиф-ул-ашъор»-и Ҳоҷӣ Қурбони Ансорӣ мебошад, ки ин нусха дар ду сутун бо хати зебои настаълиқи моил ба шикаста дар коғази тунуки шарқӣ навишта шудааст.

            Як қисми варақҳои нусха бо оби тилло ва нуқра ороиш дода шудаанд. Номи шоирон бо ранги моил ба сурхӣ навишта шудаанд. Ин нусха тақрибан дар садаи XVIII навишта шудааст. Дар варақи 39-и нусха муҳри хурд гузошта шуда, дар он номи Муҳаммад Мунир сабт гардидааст. Дар нусха 514 ғазал аз 115 нафар шоирони қарнҳои мухталиф, аз қабили Урфии Шерозӣ, Асир, Носиралӣ, Шавкат, Толиби Омулӣ, Нозим, Осафӣ, Фонӣ, Ҳилолӣ, Мунир, Саъдӣ, Лоеҳ, Шоҳин, Шаҳид, Хусрав, Холис, Ҳофиз, Ҷомӣ, Фурӯғ, Таманно ва дигарон омадаанд. Дар ин нусха шоирони номаълуми зиёде ба чашм мерасанд, ки аз аҳволу осори эшон дар ҳеҷ тазкираи дигаре маълумот дода нашудааст.[31]

            Ҳамчунон дар захираи зикршуда «Радоиф-ул-ашъор» ва «Соқинома»-и Мирзо Муизиддин мутахаллис ба «Мусавӣ» ва «Фитрат» зери рақами 631/1 маҳфуз аст. Ин «Радоиф-ул-ашъор» тақрибан дар аввалҳои садаи XIX навишта шуда, бо тартиби алифбоӣ ғазалҳои 200 нафар шоирро дар бар мегирад, ки дар байни онҳо шоирони машҳур: Шамси Табрезӣ, Соиб, Носиралӣ, Ҷомӣ, Бедил, Хусрав, Саъдӣ, Махфӣ, Ҳилолӣ, Мушфиқӣ, Сайидо, Авҳадӣ, Хоқонӣ, Хоҷу, Исмат, Ибни Ҳусом ва ғайра ҷой доранд.[32]

         Нусхаи аз ҳама калонтарини «Радоиф-ул-ашъор»-и захираи дастнависҳо нусхаи таҳти рақами 2256 мебошад, ки дар он ашъори татаббӯии 218 шоир оварда шудааст. Ҷамъан дар ин маҷмӯаи бузург 2431 ғазал омадааст. Матни маҷмӯа дар ду сутун бо хатти хонои настаълиқи моил ба шикаста дар коғази сафеди хуқандӣ навишта шудааст. Ин маҷмӯа дар садаи XIX мураттаб гардидааст.

          Дар ин «Радоиф-ул-ашъор» аз Носиралӣ  94 ғазал, Соиб-291 ғазал, Кироми Бухороӣ-25 ғазал, Шавкат-108 ғазал, Саййидо-143 ғазал оварда шудааст.Ҷилди нусха чармии шарқӣ мебошад. Ҳаҷми он 14х23 см. аст[33].

                          Бояд тазаккур дод, ки дар баробари радоиф-ул-ашъорҳои мазкур дар захираҳои дастнависҳои хаттӣ ва дигар китобхонаву музейҳои дунё боз радоифулашъорҳои то кунун ношинохта  маҳфузанд, ки дар байни онҳо шояд китобҳое бошанд, ки арзиши зиёди адабию таърихӣ барои омӯзиши тамаддуни мардуми форсу тоҷик дошта бошанд. Дар як худи захираи дастнависҳои ба номи академик Абдулғанӣ Мирзоеви Маркази мероси хаттии АМИТ 136 баёз мавҷуд аст, ки дар бораи  онҳо дар Феҳристи нусхаҳои хаттии ин маркази илмӣ (ҷилди 5) маълумоти кофӣ дода шудааст.

                          Омӯзиш ва тадқиқи ҳамаҷонибаи ин нусхаҳо барои дарки як идда масъалаҳои адабию фарҳангӣ аҳаммияти калон хоҳад дошт.

                          Мураттаб сохтани радоифу-л-ашъорҳо, ки бевосита бо таъсири осори гаронбаҳои Фахрӣ сурат гирифтааст, дар Мовароуннаҳр бо ҳамин унвони «Радоиф-ул-ашъор» машҳур гардидаст, ки намунаҳои дар боло овардашуда далели дурустии  ин ақида мебошанд ва онҳо дар ҳамин сарзамин тартиб дода шудаанд.

                          Ҷамъу мураттаб сохтани чунин маҷмӯаву баёзҳо дар доираҳои адабии Хуросон (Ҳирот, Кобул, Машҳад ва ғайра-С. А.) бо унвони «Ҷунг» сурат гирифтааст.

                          Намунаи бештари ин ҷунгҳо дар ҷилди аввали «Феҳристи нусухи хаттии оршифи миллии Афғонистон», ки аз ҷониби Муҳаммадаъзами Афзалӣ мураттаб гардида, дар Кобул соли 1363 қамарӣ ба табъ расидааст, ҷой дорад. Назар ба маълумоти ба мо расида ин ганҷина то кунун ҳифзшуда ва беосеб мондааст.

                          Дар Синду Ҳинд низ чунин маҷмӯаҳо бо теъдоди зиёд таълиф гардидаанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки «Туҳфат-ул-Ҳабиб» дар давраи зиндагии худи Фахрӣ шуҳрат пайдо намудааст ва дар давраҳои баъдӣ бо усули он садҳо маҷмӯа тартиб дода шудааст. Аз ҷумла, Дӯстии Бухороӣ  «Туҳфат-ул-Sабиб»-и Фахриро асос қарор дода, соли 955 ҳ. /1548 м. «Туҳфату-л-хавонин» ном маҷмӯаро мураттаб сохтааст[34].

  Ҳусомиддин Рошидӣ менависад, ки дар назди ман чанд маҷмӯа ҳаст, ки дар пайравии «Туҳфа-ул-Sабиб»-и Фахрӣ дар Синд навишта шудаанд: «Маҳаки Комил»-и Муҳсини Татавӣ, «Маҳаки Қонеӣ»-и Қонеи Татавӣ, «Маҳаки Хусравӣ»-и Мир Ғуломалихони Толпур, «Маҳаки Тазоӣ»-и Ғулом Муртазо Шоҳ Муртазои Таттавӣ ва ғайраҳо аз ҳамин қабил асарҳо мебошанд.

  Дар бораи ин маҷмӯа Ҳоҷӣ Халифа дар китоби худ «Кашф-уз-зунун» чунин менависад:

  Яъне ин ки маҷмӯаи ашъори форсӣ, ки ба номи « «Туҳфат-ул-Sабиб» мавсум аст, ба чаҳор маҷлис шомил мебошад. Вале ҳақиқати амр ғайр аз он аст, ки Ҳоҷӣ Халифа «Туҳфат-ул-Sабиб»- ро аз чаҳор маҷлис иборат дониста, иштибоҳ намудааст. Шояд Ҳоҷӣ Халифа ин хулосаро аз мазмуни муқаддимаи «Туҳфат-ул-Sабиб», ки Фахрӣ навиштааст, гирифтааст. Ва чунин сухани Фахриро, ки «чаҳор ғазали татаббуӣ овардаам» чаҳор маҷлис пиндоштааст.

Фахрӣ дар ин бора дар муқаддимаи «Туҳфат-ул-Sабиб»- чунин гуфтааст:

Кам аз чор гавҳар дар ин ришта нест,

Чунон чор гавҳар, ки гӯё якест,

Ки омад дар ин сон табоеъ чаҳор,

Бар ӯ чор ҳадди ҷаҳонро қарор.

            Чи тавре, ки аз гуфтаи Фахрӣ бармеояд, ин маҷмӯа дар чор маҷлис тартиб дода нашуда, ғазалҳои ҳамрадифу ҳамтарҳ ба тартиби ҳарфҳои ҳиҷо як ҷо оварда шуда, дар ҳар радифу қофия кӯшидааст, ки чор ё зиёда аз он ғазалҳои  татаббӯӣ  пайдо карда дар маҷмӯа дохил намояд.

            Адабиётшиносони варзидаи покистонӣ Муҳаммад­Довуди Роҳбар ва Қозӣ Ахтар навиштаанд, ки чун Фахрӣ натавонист, ки беш аз се шоиреро, ки ғазалҳояшон дар баҳру қофия ва радиф яксон бошанд, пайдо кунад, ғазали чорумро, ки сохтаи худаш буд, ҷузви он гардонид[35]. Мутолиа ва таҳқиқи нусхаҳои мутааддиди «Туҳфат-ул-Sабиб» нишон дод, ки бештар аз чор ғазал ҳам оварда шудааст[36].

                          Дар ҳақиқат, ақидаи олимони покистонӣ то андозае дуруст аст, чунки дар муқаддимаи «Туҳфат-ул-Sабиб», ки зикри он гузашт, муаллиф ҳам ба ин ишора намудааст. Барои исботи ин фикр дар зер як ғазали асосӣ аз Хоҷа Камол ва се ғазали ҷавобияро аз Мавлоно Шарафи Яздӣ, Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва худи мураттиб-Фахрии Ҳиравӣ меорем.

Хоҷа Камол гӯяд:

Ин чӣ манзил, чӣ биҳишт, ин чӣ мақом аст ин ҷо?

Айши боқӣ, лаби соқӣ, маю ҷом аст ин ҷо,

Давлате, к-аз ҳама баргашт аз ин дар нагузашт,

Шодие, к-аз ҳама бигрехт, ғулом аст ин ҷо.

Чун дароӣ ба тарабхонаи мо бо ғами дил,

Ҳама гӯянд, махӯр ғам, ки ҳаром аст ин ҷо.

Мо ба боми фалакем, аз бари мо чун гузарӣ,

Гузар оҳиста, ки ҷому лаби бом аст ин ҷо.

Сифати уд ҳама сӯхтану гармравист,

Ба ҷуз аз зоҳиди афсурда, ки хом аст ин ҷо.

Чанд пурсӣ, чӣ мақомест, Камол, ин ки турост,

Ин мақоме, ки на манзил, на мақом аст ин ҷо.

Мавлоно Шарафи Яздӣ гӯяд:

Ин чӣ базм аст, магар маҷлиси ком аст ин ҷо,

Хизрро орзуи ҷуръаи ҷом аст ин ҷо?

Неъмат омодаву асбоби танаъум вофир,

Маҷлиси хосу тарабхонаи ом аст ин ҷо.

Нағмаи созу саодат тарабафзо шабу рӯз,

Гардиши соғари инъом мудом аст ин ҷо.

Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ гӯяд:

Тарфи боғу лаби ҷӯю лаби ҷом аст ин ҷо.

Соқиё, хез, ки парҳез ҳаром аст ин ҷо,

Шайх  дар савмаа гар маст шуд аз завқи самоъ,

Ману майхона, ки он ҳол мудом аст ин ҷо.

Лаб ниҳодӣ ба лаби ҷому надонам мани маст,

Ки лаби лаъли ту ё бода, кадом аст ин ҷо?

Бастаи ҳалқаи зулфи ту на танҳо дили мост,

Ҳар куҷо мурғи диле бастаи дом аст ин ҷо.

Мекашӣ теғ, ки созӣ дили моро ба ду ним,

Теғ бигзор, ки як ғамза тамом аст ин ҷо.

Пеши арбоби хирад шарҳ макун мушкили ишқ,

Нуктаи хос магӯ, маҷлиси ом аст ин ҷо.

Ҷомӣ аз завқи ту шуд маст, на май диду на ҷом,

Базми ишқ аст, чӣ ҷйои маю ҷом аст ин ҷо.

Лӣ ҷомеъиҳӣ Мавлоно Фахрӣ гӯяд:

Тавбаву тақвию парҳез ҳаром аст ин ҷо.

Зулф бикшой, ки ҷон бастаи дом аст ин ҷо,

Бода софию чаман пургулу дилбар соқӣ,

Мурғи дил аз ҳама рам кардаву ром аст ин ҷо.

Пеш ин базм, ки гӯяд хабари ҷаннату хулд,

Назди мо беҳтар аз он ҳар ду мақом аст ин ҷо.

Муҳтасибро нарасад дам задан аз маҷлиси мо,

Муҳтасиб худ киву ҳушёр кадом аст ин ҷо.

Лофи бахшиш бари риндони харобот мазан,

Мулки Ҷамшед ба як ҷуръаи ҷом аст ин ҷо.

Ҳар ки дар базми сабуҳизадагон меафтад,

Субҳ хезад ҳама, гар хусрави шом аст ин ҷо.

Моҳи ман чеҳра барафрӯз, ки хуршеди фалак

Бар тамошои рухат бар лаби бом аст ин ҷо.

Пайи ушшоқ, ту гӯ, пайки аҷал ранҷа машав,

Ҳамаро кор ба як ғамза тамом аст ин ҷо.

Кист Фахрӣ, ки занад лофи ғуломӣ ба дарат,

Номи шоҳи Ҳабашу Миср ғулом аст ин ҷо[37].

 Ё ба як ғазали Амир Хусрави Деҳлавӣ, ки матлааш ин аст:

      Боз дил гум гашт дар кӯяш мани девонаро,

 Аз куҷо кардам нигоҳ он шакли қаллошонаро.[38]

шоирони зерин ҷавоб гуфтаанд:

Хоҷа Ҳасан фармояд:

Боз масти ишқи худ кардӣ мани девонаро,

К-оташе андарзадам ҳам рахтро, ҳам хонаро.[39]

Хоҷа Салмон гӯяд:

Муҳтасиб гӯяд, ки бишкан соғару паймонаро,

Ғолибан фарзона медонад мани девонаро.[40]

Мавлоно Ҷомӣ гӯяд:

Рахна кардӣ дил ба қасди ҷон мани девонаро,

Дузд, оре, баҳри колое шикофад хонаро.[41]

Убайдхон гӯяд:

Гар набинам равшан аз шамъи рухат кошонаро,

Мекунам яксон ба хоки тира ин вайронаро.[42]

Шайх Суҳайлӣ фармояд:

Сӯхт ногаҳ ҷисму з-ӯ равшан бидидам хонаро,

Кай фурӯғ аз шуълаи барқе бувад кошонаро.[43]

 Анисӣ гӯяд:

Дида пушти ранҷат чандин гавҳари якдонаро,

Барнаяндозад касе ҳаргиз  бад-ин сон хонаро[44].

Ҳилолӣ фармояд:

Гаҳ намак резад ба хум, гаҳ бишканад паймонаро,

Муҳтасиб то чанд дар шӯр оварад майхонаро?[45]

Амирӣ фармояд:

Ҷой ҷуз майхона хуш н-ояд мани девонаро,

З-он ки пур ёри мувофиқ ёфтам паймонаро.[46]

Оҳӣ гӯяд:

Гар бидонад муҳтасиб завқи маю майхонаро,

Бишканад паймону дигар нашаканд паймонаро.[47]

Мавлоно Сабӯҳӣ гӯяд:

    Моҳи ман, имшаб ба нури хеш ин кошонаро

Соз равшан в-арна оташ мезанам ин хонаро.[48]

Мавлоно Сурурӣ гӯяд:

     Гаҳ бирезад бодаву гаҳ бишканад паймонаро,

     Дар шикасту наҳс дорад муҳтасиб паймонаро.[49]

 

          Аз ин ҷо маълум мегардад, ки Фахрӣ зиёда аз 4 ғазал низ овардааст ва ба як ғазали Амир Хусрав 11 ғазали ҷавобӣ пайдо намудааст.

          То ҷое, ки мушоҳида карда мешавад, Фахрӣ қабл аз тартиб додани  «Туҳфат-ул-Ҳабиб» дар назди худ мақсади қатъӣ гузоштааст, ки бояд дар ҳар замина ақаллан 4 ғазал биёварад. Дар сурате, ки пайдо намудани 4 ғазал ба ӯ муяссар нагардида бошад, як ғазал аз ҷониби худаш илова менамояд:

Сухан бинӣ аз ман кунун хол-хол,

На холе, ки бегона бошад зи ҳол.

Кам аз чор гавҳар дар ин ришта нест,

Чунон чор гавҳар, ки гӯё якест,

Ки омад дар инсон табоеъ чаҳор,

Бувад чор ҳадди ҷаҳонро қарор.

Агар чор н-омад гаҳе интизом,

Манаш чоруминро намудам қиём.

Зи баъди чаҳор аст, эй некном,

Навиштам дигар шоиронро калом.

Таманнои таҳсин надорам зи кас,

Умедам дуои бахайр асту бас.[50]

 

                       Фахрӣ «Туҳфат-ул-Ҳабиб»-ро мисли «Латоифнома» ба Хоҷа Ҳабибуллоҳи Соваҷӣ бахшидааст.

                          Ҳусомиддин Рошидӣ менависад, ки Муҳаммаддовуди Роҳбар «Туҳфат-ул-Sабиб»- ро ҳамчун моддаи таърихе зикр намудааст, ки он ба соли 941ҳ./1534м. рост меояд ва санаи таълифи китобро нишон медиҳад[51]. (мақолаи Муҳаммаддовуд Роҳбар дар маҷаллаи “Урду”, чопи “Ориёнтал”, с. 1425, с. 132 чоп шудааст).

              Муҳаммад Довуд фикр накардааст, ки он номи шахсе, ки ин китоб ба ӯ бахшида шудааст, на санаи таърихиест, ки ӯ аз ҷаҳон чашм пӯшидааст.

                                 Дар нусхаҳои хаттии ба мо дастрасшуда соли таълифи китоб зикр нашудааст ва мувофи‐и маълумоти Саййид Ҳусомиддин Рошидӣ[52] дар нусхаи китобхонаи Сипаҳсолори Эрон дар поёни нусха байти таърихии зер зикр гардидааст:

Таърихи ин сафинаи касеро шавад айён,

К-ӯ беҳад оварад ба назар «Туҳфат-ул-Ҳабиб».

              Пас, аз касри адади «ҳад», ки ифодаи рақамияш 11 мебошад, соли 929ҳ./1522м. пайдо мешавад. Пас аз такмили «Латоифнома» дар соли 928ҳ /1521м. муаллиф  як сол баъдтар аз он дар соли 929х/ 1522м «Туҳфат-ул-Ҳабиб»-ро тартиб додаааст[53].

                          Мураттаб сохтани ин маҷмӯа хидмати арзандаест, ки Фахрӣ ба адабиёти форсу тоҷик кардааст ва аз эҷодиёти баъзе шоироне ғазалҳо овардааст, ки ному осори онҳо ба аҳли таҳқиқ то кунун равшан маълум набуд.

              Аҳмад Гулчини Маонӣ[54] дар асоси як нусхаи номукаммали асари мазкур менависад, ки дар «Туҳфат-ул-Ҳабиб» 229 шоири маълум ва 10 шоири номаълум оварда шудааст.

                          Азбаски нусхаҳои дастнависи ин китоби пурарзиш чандон сершумор нестанд, мо зарур донистем, ки нусхаи дастрасгардидаи онро ба таври мухтасар муаррифӣ намоем.

                         Он нусхаҳои «Туҳфат-ул-Ҳабиб», ки дастраси мо гардидаанд, аз рӯйи ороиш ва ҳаҷму теъдоди ғазал аз якдигар тавофут доранд.

                          Нусхаи хаттии таҳти рақами 235 «Радоиф-ул-ашъор»-и Фахрии Ҳиротӣ дар Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Ӯзбекистон маҳфуз мебошад. Ҷилди асар сурхи ҷигарранг мебошад.  Нусха аз 166 варақ иборат буда, 20х30 см арзу тӯл дорад.

                          Хатти нусха настаълиқ буда, дар қарни 17 китобат шудааст.

                          Тамоми сарлавҳаҳо ва унвонҳо бо ҷӯша сабт гардида, дар ҳар варақи нусха 17-сатрӣ гунҷонида шудааст,

                          Дар ҳошияҳои баъзе варақҳо байтҳое аз ин ё он шоир оварда шудаанд. Номи асар «Туҳфат-ул-Ҳабиб»- ё «Радоиф-ул-ашъор» аст.

                          Ғазалҳо дар нусха мувофиқи тартиби алифбои арабӣ аз ҳарфи «алиф» то «ё»-ро ҷойгир гардидаанд. Дар ибтидои нусха  чунин оварда шудааст:

              «Чун сабаби тартиби ин ҷавоҳири маонӣ ҷиҳати маҷлиси Шариф-ул-ҳабиб иттифоқ афтод, ибтидо аз ҳазрати Шайх кард ва «Туҳфат-ул-Ҳабиб»- ном ниҳода шуд».

                          Матни аслии нусхаи хаттӣ бо ғазали Саъдӣ, ки матлааш ин аст:

Муштоқию сабурӣ аз ҳад гузашт, ёро,

Гар ту шикеб дорӣ, тоқат намонд моро. [55]

              шуруъ шуда ва баъд аз он ғазалҳои Хоҷа Ҳумоми Табрезӣ, Ҳофиз, Мавлоно Котибӣ, Мавлоно Ҷомӣ, Носири Бухороӣ, Саид Мир Ҳоҷ, Мавлоно Биноӣ ва Ғиноӣ ҷамъан 97 ғазали ҷавобӣ[56] оварда шудааст.

                          Дар ин нусха ғазалҳои шоирон: Саид Қосимуланвор, Амир Шоҳӣ, Савдоӣ, Боқӣ, Амир Суҳайлӣ, Ҷомӣ, Ҳофиз, Низорӣ, Асад, Назирӣ, Хоҷа Камол, Имод, Ғиноӣ, Наргисӣ, Ваҳшӣ, Аҳлӣ, Ҳилолӣ, Убайдуллохон, Риёзӣ, Муфлисӣ, Котибӣ, Мавлоно Навидӣ, Ҳайдари Кулуч, Шавқӣ, Файзӣ, Умедӣ, Аҳмади Ҷомӣ, Убайди Зоконӣ, Ҳасани Деҳлавӣ, Хусрави Деҳлав], Бадеӣ, Анисӣ, Оҳӣ, Фонӣ, Комӣ ва ғайраҳо оварда шудаанд.

              Аз ҷумла дар ин маҷмӯа 92 ғазали Ҷомӣ, 65 ғазали Ҳофиз, 38 ғазали Хусрави Деҳлавӣ, 56 ғазали Биноӣ, 30 ғазали Ҳасани Деҳлавӣ, 24 ғазали Суҳайлӣ, 16 ғазали Сайфӣ ва 15 ғазали Навоӣ (Фонӣ) ҷой дорад.

              Дар ҳошияи як қатор варақҳо ғазалҳои Мутрибӣ ва Мушфиқӣ навишта шудаанд. Маҷмӯа аз 127 варақ иборат мебошад. Ҷилди дастнавис дар солҳои охир ба картони нав саҳҳофӣ гардидааст. Андозаи дастнавис 12х14 см мебошад.

                          Нусахаи дуюми «Туҳфат-ул-Ҳабиб», ки яке аз нусхаҳои нодир ба шумор меравад, таҳти рақами 375 дар музеи Британия маҳфуз аст.[57] Ин нусха ба хатти настаълиқи зебо китобат гардидааст.

                          Ҷилди нусха мувофиқи маълумоти «Феҳристи Рё» чармӣ ва дорои муҳраҳои доирашакл мебошад. Дар оғози нусха унвони зебои музайяну музаҳҳаб мавҷуд аст.  Дар ин нусха ғазалҳои шоирони зиёде мутобиқи замони зиндагии муаллифашон оварда шудаанд. Ғазалҳои нусха бо ашъори Саъдӣ шурӯъ шудааст. Дар ин ҷо аз эҷодиёти бештари шоирони садаи нуҳуми ҳиҷрӣ (понздаҳуми мелодӣ) намунаҳо оварда мешаванд. Нусха дорои ноқисиҳои зиёд буда, бо муқаддима шурӯъ мешавад. Дар муқаддима муаллиф дар бораи сабаби таълифи асар маълумот дода, ба вазир Абдуллоҳхон бахшида шуданашро иброз медорад. Ғазалҳо дар нусха аз рӯйи тартиби ҳуруфи алифбои арабӣ оварда шудаанд. Дар ин маҷмӯа ғазалҳои Биноӣ, Осафӣ, Оҳӣ, Ҳилолӣ, Аҳлӣ оварда шудаанд ва он бо ғазалҳои Фахрӣ такмил дода мешавад.

              Дастнавис бо ғазали зерини Саъдӣ шурӯъ мешавад, ки матлааш ин аст:

Муштоқию сабурӣ аз ҳад гузашт, ёро,

Гар ту шикеб дорӣ, тоқат намонд моро.[58]

Ғазали дувум аз Ҳумоюн ба матлаи зерин оварда шудааст:

Бо он ки баршикастӣ чун зулфи хеш моро,

Гуфтан адаб набошад паймоншикан шуморо.

            Нусхаи дигари бисёр ҷолиб ва хеле мукаммал, ки бо унвони «Радоиф-ул-ашъор» машҳур буда ва онро ҳамчун нусхаи «Туҳфат-ул-Ҳабиб»-и Фахрии Ҳиравӣ медонанд, дар китобхонаи шахсии адабиётшинос, профессори Донишгоҳи Хуҷанд Эргашалӣ Шодиев, маҳфуз мебошад. Ин нусха нисбат ба дигар нусхаҳои дастрасгардида мукаммалтар  буда, соли 1231 ҳиҷрӣ/1816 м. аз ҷониби котиб Мирзо Фозил ибни Муҳаммад Файзии Шаҳрисабзӣ дар 383 варақи сафеди моил ба зарди самарқандӣ ба хати настаълиқи хоно китобат гардидааст. Ҳаҷми нусха 24х12,5 см. буда, ҷилди он  қирмизи ранг ва дорои се  турунҷи муҳрдор мебошад.

              Нусха бидуни муқаддима ё дебоча буда, дар ҳеҷ ҷойи он номи китоб зикр нашудааст, вале баъзе муҳаққиқон онро бо унвони «Радоиф-ул-ашъор» зикр намудаанд.

                          Соҳиби нусхаи мазкур Э. Шодиев дар мақолаи худ «Ғазалҳои форсии Алишери Навоӣ дар «Радоиф-ул-ашъор», (маҷаллаи «Ӯзбек тили ва адабиётӣ», №5, 1982) ва А. Афсаҳзод дар рисолаи доктории худ «Лирика Абд ар-Рахмана Джами», Душанбе, 1989) оид ба ин нусха маълумоти нисбатан батафсил дода, номгӯи шоирони дар он зикрёфтаро овардаанд.

Дар ин нусха 1399 ғазали ба 234 ғазали аслии 35 шоир оварда ба шакли назира сурда шудааст, дарҷ гардидааст.

            Аз ин муаллифони ғазалҳо зиёда аз 50 нафарашон аз қабили Хусрави Деҳлавӣ, Саъдӣ, Ҳасани Деҳлавӣ, Хоҷӯи Кирмонӣ, Салмони Соваҷӣ, Имоди Фақеҳ, Ҳофиз, Камол, Котибӣ, Насимӣ, Неъматуллоҳи Валӣ, Қосимуланвор, Шоҳӣ, Озарӣ, Тӯсӣ ва дигарон дар асрҳои XIII- XV зиндагиву эҷод  намудаанд. Бештар аз 70 нафари дигари шоирони мазкур дар нимаи дуюми асрҳи XV ва аввалҳои асрҳои XVI зиндагӣ кардаанд ва ин шоирон ба доираҳои адабии ғайри Ҳирот (Моваруннаҳр, Ироқ, Озарбойҷон, Ҳиндустон ва Туркия) мансуб мебошанд.

шурӯъ мешавад.

                          Дар нусхаи Э. Шодиев дар ҷавоби ин ғазали Ҳофиз чордаҳ ғазали ҷавобӣ аз Шиҳобиддин Лисонӣ, Амир Шоҳӣ, Ҷомӣ, Ибни Ҳусом, Котибӣ, Сайфии Бухороӣ, Тӯсӣ, Олам, Биноӣ, Мир Пуронӣ, Шоҳ Ҷаҳонгир (Ҳимматӣ), Комӣ, Ҳилолӣ ва Аҳлӣ[59] оварда шудааст.

                          Дар нусхаи таҳти рақами 105/13 Оршифи миллии Афғонистон дар ҷавоби ин ғазалҳои Ҳофиз[60] ғазали татаббӯӣ аз Лисонӣ, Амиршоҳӣ, Ҷомӣ, Мавлоно Тӯсӣ, Мавлоно Олам, Мавлоно Ҳилолӣ сабт гардидаанд[61].

Ё худ ба ғазали дигари Ҳофиз, ки матлааш ин аст:

Шунидаам сухани хуш, ки пири Канъон гуфт,

Фироқи ёр на он мекунад, ки битвон гуфт.[62]

шоирони зерин ҷавоб гуфтаанд: Ибни Ҳусом, Мавлоно     Котибӣ, Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, Мир Алишер, Мавлоно Хайрии Хоразмӣ ва ли ҷомеаҳу Фахрӣ[63].

Дар нусхаи Оршифи миллии Афғонистон низ айнан мисли нусхаи шахсии Э. Шодиев ғазалҳо пайиҳам омадаанд.

            Бояд тазаккур дод, ки дар нусхаи шахсии Э. Шодиев дар унвони тамоми ғазалҳои Фахрӣ ибораи «Ли ҷомеъиҳи Мавлоно Фахрӣ» ва дар дигар нусхаҳои ба дасти мо расида номи Фахрӣ танҳо бо ибораи «лӣ ҷомеъ» омадааст.

            Дигар хусусияти фарқкунандаи «Радоиф-ул-ашъор»-и китобхонаи шахсии Э. Шодиев аз дигар нусхаҳои хаттии «Туҳфат-ул-Ҳабиб», ки дар китобхонаҳои дунё маҳфузанд, дар он аст, ки ин нусха бо ғазали Ҳофизи Шерозӣ, ки матлааш ин аст:

Ало  ё айюҳассоқӣ адир каъсон ва новилҳо,

Ки ишқ осон намуд аввал, вале афтод мушкилҳо.[64]

сар мешавад ва тамоми нусхаҳои дигари «Туҳфат-ул-Ҳабиб»-, ки мутолиа намудем,  бо ғазали Саъдии Шерозӣ[65] оғоз меёбанд.

Чунончи:

Шайх Саъдии Шерозӣ фармояд:

                   Муштоқию сабурӣ аз ҳад гузашт, ёро

Гар ту шикеб дорӣ, тоқат намонд моро.[66]

Хоҷа Ҳумом фармояд

Бо он ки баршикастӣ чун зулфи хеш моро,

Гуфтан адаб набошад паймоншикан нигоро.[67]

Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ гӯяд:

Дил меравад зи дастам соҳибдилон, Худоро,

Дардо, ки рози пинҳон хоҳад шуд ошкоро[68].

Мавлоно Котибӣ гӯяд:

Савдои он парирӯ девона карда моро,

Коре намонд бо мо, эй оқилон шуморо.[69]

Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ гӯяд:

Бар тарфи рух ниҳодӣ он зулфи мушксоро

Чун шаб сиёҳ кардӣ рӯзи сафеди моро[70].

Саййид Мирҳоҷ гӯяд:

Дар гардиш ор, соқӣ, ҷоми ҷаҳоннаморо,

То бар ту рози пинҳон гардад ошкоро.[71]

Мавлоно Биноӣ бо тахаллуси Ҳолӣ гӯяд:

Нури Худост ломеъ аз чеҳраи ту моро,

Бурқаъ барафкан аз рух, то бингарам Худоро.[72]

                 Нусхаи китобхонаи шахсии шахсии  Э. Шодиев нисбат ба соири нусухи хаттии дастраси мо гардида комилтар буда, дар асрҳои баъдӣ китобат шудааст.         Аммо дар бораи он ки ин нусхаи бо номи «Радоиф-ул-ашъор» муаррифӣ гардида «Туҳфат-ул-Ҳабиб» ҳаст ё не, далели дақиқе дар ихтиёр надорем. Мутаассифона роҷеъ ба китоби «Тӯҳфат-ул-хавонин»-и Дӯстии Бухороӣ, ки соли 955/1548 таълиф гардидааст, маълумоти зарурӣ дастраси мо нагардидааст. Аз ин лиҳоз мо гуфта наметавонем, ки нусхаи («Радоиф-ул-ашъор»-и китобхонаи шахсии Э. Шодиев) моли Фахрӣ нест.

            Ин нусхаи нодир аз ҷониби ду донишманди маъруфи тоҷик А. Мирзоев[73] ва А. Афсаҳзод[74] мавриди омӯзиши васеъ қарор гирифтааст. Онҳо дар заминаи таҳқиқоти хеш ба таълифи Фахрӣ будани он асар ишораҳои зиёде намудаанд.

Аз ин ҷиҳат мо ҳукми қотеъ кардан наметавонем, ки нусхаи шахсии дар боло зикрёфтаи Э. Шодиев «Туҳфат-ул-Ҳабиб»- нест ё моли дигар шахс аст. 

                  

Матни “Туҳфат-ул-Ҳабиб” аз ҷониби банда дар тӯли солҳои мутамодӣ таҳия гардида буд, вале бо сабабҳои гуногун ба дасти чоп нарасид. Чун раҳбарияти фавқ дар нашри он алоқа надоштанд. Ахиран бо дастгирии Президенти муҳтарами Академияи миллӣ ва илмии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ ва бо пешниҳоди раҳбари Маркази мероси хаттии Раёсати АМИТ Раҳматкарими Давлат ба чоп мерасад.

            Дар таҳияиву тадвини ин матн устодони арҷманди Амрияздон Алимардонов ва Ҷобулқо Додалишоев, равонашон шод бод, кӯмаки беғаразонаи худро ҳамеша мерасонанданд ва аз эшон сипосгузорам.

 

                                                                                                                                                                                                                                                                                                                Сайидхоҷа Ализода

 


[1] Замимаи фењристи нусхањои хаттии форсии музеи Британия. Лондон 1943. - С. 36.

[2] Саидамир Њусайни Обидї. «Маљмўаи латоиф ва сафинаи зароиф //Маљаллаи Китоб. Шумораи 4.-Кобул, 1358. - С.25,-С42.

[3] Њамон љо. - С.36.

[4] Њамон љо.  - С.37.

[5] Е.Э.Бертельс. Навої. - С. 28- 38.

[6] А.Мирзоев.  Биної. Сталинобод. -1959. - С. 31- 40.

[7] Њамон љо.

[8] А.Мирзоев.  Биної. - Сталинобод,1959. - С. 40.

[9] Саид Нафисї. Таърихи назм ва наср. - С. 221.

[10] Саид Нафисї. Таърихи назм ва наср. - С.359.

[11] Абдунабї Сатторов.  Афкори адабї ва эстетикии Абдуррањмони Љомї. Душанбе -1975.  - С. 83-84.

[12] Абдунабї Сатторов.  Афкори адабї ва эстетикии Абдуррањмони Љомї. Душанбе -1975. -1975. - С.84.

[13] Мӯнис-ул-ањрор фї даќоиќ-ил-ашъор. Таълифи Муњаммади Ќазвинї. Бо эњтимоми Мирсолењи Табибї. Љилди аввал.  -Тењрон , 1337. Муќаддима.

[14] Мӯнис-ул-ањрор фї даќоиќ-ил-ашъор. Таълифи Муњаммади Ќазвинї. Бо эњтимоми Мирсолењи Табибї. Љилди аввал.  -Тењрон , 1337. -С.149.

[15] Њамон љо. -С.152.

[16]Муни-ул-ањрор фї даќоиќ-ил-ашъор. Таълифи Муњаммади Ќазвинї. Бо эњтимоми Мирсолењи Табибї. Љилди аввал. -Тењрон , 1337.-. -С.157.

[17] Њамон љо. -С. 214.

[18]  Ҳамон ҷо. С.217; 218; 212; 222.

[19] Мунису-л-ањрор фї даќоиќи-л-ашъор. Таълифи Муњаммади Ќазвинї. Бо эњтимоми Мирсолењи Табибї. Љилди аввал. -Тењрон , 1337. - С. 299.

[20] Мунису-л-ањрор фї даќоиќи-л-ашъор. Таълифи Муњаммади Ќазвинї. Бо эњтимоми Мирсолењи Табибї. Љилди аввал. -Тењрон , 1337. - С. 301, 303, 305.

[21] Давлатшоњи Самарќандї. Тазкират-уш-шуаро. - С. 349.

[22] Њамон љо. - С. 527.

[23] А. Асфањзод. Адабиёти форсу тољик дар нимаи дуюми садаи XV. - Душанбе.1987. - С.144.

[24] А. Асфањзод. Адабиёти форсу тољик дар нимаи дуюми садаи XV. - Душанбе.1987.

[25] Абдулњай Њабибї. Фахрии Њиравї //Маљаллаи «Ориёно». Давраи биступанљум. Раќами 3. - Кобул,1346.  - С.1- 5.

[26] Нусхаи хаттии Раќами 517. Китобхонаи пуњантуни Кобул.

[27] А. Афсањзод. Љомї шоири ѓазалсаро. - С. 116

[28] С.Нафисї. Таърихи назму наср дар Эрон ва дар забони форсї то поёни ќарни 10 њиљрї. - С. 227-228.

[29] Њамон љо. - С. 438-439.

[30] Фахрии Њиравї. Равзат-ус-салотин ва Љавоҳир-ул-аљоиб. Нашри Њусомиддин Рашидї. - С. 74.

[31] Каталог восточных рукописей Академии наук Таджикский ССР. - Душанбе,1974. - С. 14.

[32] Каталог восточных рукописей Академии наук Таджикский ССР. - Душанбе,1974. - С.16.

[33] Каталог восточных рукописей Академии наук Таджикский ССР. - Душанбе, 1974. - С. 24-33.

[34] Ањмади Гулчини Маонї. Фењристи китобхонаи остони Ќудс. Љ. 7. - С.237.

[35] Довуд Роњбар. Оѓози Мушоирањо//Маљаллаи Урду, апрел. - Карочї. - С.1945.

[36] Фењристи нусхаи хаттии оришии миллии Афѓонистон.- Кобул,1303. - С. 232, 234.

[37] Фахрии Њиравї. Тўњфат-ул-Ҳабиб. Нусхаи Оршифи миллии Афѓонистон. - В. 19 а.

[38]Њамон нусха. - В. 19б.

[39] Њамон нусха. - В. 20а.

[40] Фахрии Њиравї. Тўњфат-ул-Ҳабиб. Нусхаи Оршифи миллии Афѓонистон. - В. 19 а.

- В. 20б.

[41] Њамон нусха. - В. 20а.

[42] Њамон нусха. - В. 21а.

[43] Њамон нусха. - В.21а.

[44] Њамон нусха. - В. 21а.

[45] Њамон нусха. - В. 21б.

[46] Њамон нусха. - В. 21б.

[47].Фахрии Њиравї. Нусхаи Оршифи миллии Афѓонистон . - В. 22а.

[48] Њамон нусха. - В. 22а .

[49] Њамон нусха. - В. 22б.

[50]. Фахрии Њиравї. Нусхаи Оршифи миллии Афѓонистон. - В. 2б.

[51] Ализода. «Тўњфат-ул-Ҳабиб»-и Фахрии Њиравї // Маљаллаи «Хуросон». Шумораи 43. Академия улуми Љумњурии Афѓонистон. Маркази забон ва адабиёт.- Кобул, 1370. - С. 44-59.

Абдулњай Њабибї. Фахрии Њиравї // Маљаллаи Ориёно. Шумораи 4. мусалсали  271. Раќами 3. -Кобул, 1346. - С.1-5.

[52] Маљаллаи адабиёт ва улуми инсонии  Машњад. - С. 467.

[53] Ањмад Гулчини Маонї. Таърихи тазкирањои форсї.  - С. 314-320.

[54]  Ањмад Гулчини Маонї. Таърихи тазкирањои форсї. - С. 319.

[55] Фахрии Њиравї. Тўњфат-ул-Ҳабиб. Захираи дастнависњои Институти шарќшиносии АИ Узбекистон. Нусхаи хаттии раќами 235. - В. 1а

[56] [56] Фахрии Њиравї. Тўњфат-ул-Ҳабиб. Захираи дастнависњои Институти шарќшиносии АИ Узбакистон. Нусхаи хаттии раќами 235. - В. 1а-4а.

[57] Ч. Рё. Фењристи такмила. - С. 233-234.

[58] Ч. Рё. Фењристи такмила. - С. 233 -234.

[59] Радоиф-у-л-ашъор нусхаи китобхонаи  шахсии Э. Шодиев. - В. 5а.

[60] Фахрии Њиравї.Тўњфатл-Њабиб. Нусхаи хатии Оршифи миллии Афѓонистон. - В. 4а.

[60] Њамон нусха. - В. 5а., - В. 4а.

[61] Њамон нусха. - В. 5а.

[62] Тўњфатл-Ҳабиб, нусхаи дуюми ќаламии Оршифи миллии Афѓонистон.  - В. 5а

[63] Њамон нусха. -В.118а -120а.

[64] Тўњфатл-Ҳабиб, нусхаи дуюми ќаламии Оршифи миллии Афѓонистон.  - В.4б.

[65] Тўњфатл-Ҳабиб, нусхаи дуюми ќаламии Оршифи миллии Афѓонистон. -В. 4а

 

[66] Тўњфат-ул-абиб, нусхаи дуюми ќаламии Оршифи миллии Афѓонистон. - В. 4б.

[67] Њамон нусха. - В. 5а.

[68] Њамон нусха. - В. 5а.

[69] Њамон нусха. - В. 5а.

[70] Њамон нусха. - В. 5б.

[71] Њамон нусха. - В. 5б.

[72] Њамон нусха  - В. 5б.

[73] А. Мирзоев. Як манбаи муњим рољеъ ба таъсири каломи сухангўи бузурги Њинд// Известия АН Республики Таджикистан отделение Общественных наук №2 /(84) 1976. А. Мирзоев Сенздањ маќола. Нашрёти «Ирфон» -Душанбе, 1977. - С. 129-131.

[74] А. Афсањзод. Лирика Абд ар-Рахмана Джами проблема текста и поэтики. - Москва: Наука ,1988.  -С.130- 131.

 А. Афсањзод. Љомї -шоири ѓазалсаро. - Душанбе, «Маориф»,1989. - С. 59-61.