Ба муносибати 80-умин солгарди рӯзи таваллуд

ШАРҲИ МУХТАСАРИ ҲОЛ

           Ѓиёсиддин Ќодиров 25 ноябри соли 1941 дар ноњияи Мўъминободи Љум­њурии Тољикистон ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна соли 1959 ба шўъбаи шарќшиносии факултаи филологияи Донишгоњи давлатии Тољикистон ба номи В.И. Ленин дохил шуда, онро соли 1964 бо ихтисоси филолог-шарќшинос тамом кардааст. Ў пас аз адои хидмати низомї то охири соли 1966 устоди забони форсии мактаби раќами 14-и ноњияи Ленин (њоло Рўдакї) буд.

         Ѓиёсиддин Ќодиров соли 1969 ба сифати аспиранти Институти шарќшиносии АИ ЉШС Тољикистон барои идомаи тањсил ва тањияи рисолаи номзадї ба Институти шарќшиносии АИ Иттињоди Шўравї (ш. Маскав) фиристода мешавад. Зањмати пайваста даст дод, ки соли 1977 рисолаи номзадии худро дар маркази шарќ­ши­но­сии Иттињоди Шўравї дар мавзўи «Дос­тонњои таъ­рихии муосири форсї» сарбаландона дифоъ намояду ба диёр баргардад. Вай пас аз хатми аспирантура, аз соли 1975 дар шўъбаи Эрон ва Афѓонистони Институт фаъолияти илмии худро идома медињад. Сол­њои тўлонї дар Љумњурии Афѓонистон (солњои 1963-1964, 1967-1969, 1980-1987) ва Эрон (солњои 1971-1974) ба сифати тарљумон ифои вазифа кардааст.

         Ѓиёсиддин Ќодиров соли 1980 муддате дар факултаи шарќшиносии ДДТ ва солњои 1987-1988 чанде дар Донишкадаи забони русї (њоло Донишкадаи забонњои ба номи С.Улуѓзода) устоди забони форсї буд. Солњои 1988-2004 котиби илмии Шўрои табъу нашр ва сипас котиби илмии Шўъбаи илмњои љамъиятшиносии АИ Тољикистонро бар дўш дошт. Номбурда солҳои 2004-2005 муовини директор оид ба корҳои илмӣ ва  аз моњи феврали соли 2005 то апрели соли 2006 иљрокунандаи вазифаи директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии АИ Љумњурии Тољикистон ва аз апрели соли 2006 то соли 2011 муовини директор оид ба корњои илмии Институти номбурда аст. Солҳои 2006-2011 муовини директор оид ба илми Институти забон ва адабиёт ифои вазифа намудааст. Солҳои 211-2012 иҷрокунандаи вазифаи мудири шуъбаи адабиёти класскии Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии АМИТ, солҳои 2012-2013 муовини директори институти номбурда кору фаъолият намудааст. Ғ. Қодиров солҳои 2013-217 ходими калони илмии шуъбаи Эрон ва Афғонистони Институти забон, адабиёт, шақшиносӣ ва мероси хаттии ба номи А. Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 217-2018 ходими пешбари илмии шуъбаи фарҳанг ва забони Институти омӯзиши масъалаҳои далатҳои Осиё ва Аврупи АИ ҶТ кор карда аз апрели соли 2017 то айни ҳол ходими пешбари шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ фаъолият дорад.

         Ѓиёсиддин Ќодиров дар тўли умри бобаракати худ тавонистааст маќолаву асарњои зиёдеро, монанди «Пер­сидский исторический роман Зейн Аль-Абедина Моатамана» «Орлиное гнездо» (1977), «Современный персидский исторический роман» (Душанбе: Дониш, 1982), «Театри Афѓонистон» (Душанбе: Дониш, 1988) тањияи баргузидаи ашъори Шањриёр (Душанбе, 1982), тањияи намунаи њикояњои форсї бо номи «Њикояњои ширин» (Душанбе, 2008) ва тањияи намунањои шеъри муосири форсї зери унвони «Корвони гулњо»-ро навиштаву дастраси ањли тањќиќ ва ниёзмандон гардонад. Як силсила маќолањои илмии ў дар Руссия, Афѓонистон ва Эрон чоп шудаанд.

Ӯ дар таҳия ва табъу нашри осори бозмондаи Зоҳир Аҳрорӣ корҳои зиёдеро анҷом дода се маҷмуаи ашъори ӯро ба табъ расонидааст.

         Ѓиёсиддин Ќодиров шахси фурўтану хоксор буда, дар нисбат ба ҳар як шахс самимияти беолоише дорад. Дар боби одаму одамгарии ӯ метавон сањифањои зиёдеро бахшид. Танњо њаминро гуфтанием, ки муњаббати ў ба одамон беандоза мебошад. Барои дастовардњои илмї ва зањмати пайваста дар ин љода бо ифтихорномањо ќадр карда шуда бо чунин нишонщо сарфароз гардонида шудааст:

  1. Соли 1986 Медали «Барои хизмати шоиста» («За трудовой доблесть»;
  2. Соли 1987 Медали «Барои хизмати шоиста» («За трудовой доблесть»;
  3. Соли 1986 Медали «Барои хизмати шоиста» Аф-онистон);
  4. Соли 1988 Медал «От блангодарного афганского народа»;
  5. Медали ҷашнии «10-солагии қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  6. Июли соли 2017 «Ордени  Шараф», дараҷаи II;
  7. Ноябри соли 2021  «Медали 50-солагии бефосилаи пурсамар дар АМИТ» сарфароз гардонида шуд.

Назари Ғиёсиддин Қодиров ба шеъри дарии Афғонистон ва таҳаввулоти он дар асри ХХ

          Яке аз тадқиқотҳои ахири анҷомдодаи Ѓиёсиддин Ќодиров рисолаи «Чашмандозе ба шеъри дарии Афғонистон ва таҳаввулоти он дар асри ХХ» дар ду қисм мебошад. Дар ин тадқиқоти густурда Ѓиёсиддин Ќодиров шеъри дарии асри ХХ–Афғонистонро натиҷаи таҳавулоти густурдаи фикрӣ дониста таъкид мекунад, ки шеъри дарӣ чунин таҳаввулотро дар умри дарози худ надида будӮ менависад, ки зуҳури назҳати машрутахоҳӣ, бунёди аввалин мактабу маорифи замонавӣ, нашри нахустин рӯзномаҳо, чопи китобҳо, густариши нисбии саводи умумӣ, ошноӣ бо дунёи хориҷ, шинохти фарҳангҳо ва сиёсатҳои ҷаҳон боиси огоҳии мардум ва бедории адибион гардида, масъулияти шоирону нависандагонро дучанд кард. Муҳаққиқ таъкид кардааст, ки акнун ба арсаи адабиёт шоирону нависандагони равшанфикру навандеше ворид мешуданд, ки на танҳо ҳунарманд, балки суханварони андешаманде буданду аз ислоҳоту қонун ва одитарин ҳуқуқҳои сиёсӣ ва иҷтимоии ҳамватанони хеш сухан мегуфтанд.

         Ӯ ба чунин натиҷарасидааст, ки тайи садсолае, ки гузашт дар шеър тағйиру таҳаввулоти зиёде рух дода ва дар он сабку шеваҳои тозаи суханварӣ ва шаклу қолабҳои нави адабӣ падид омад, ки баъзе онҳо дар таърихи адабиёт монанд надоранд.

         Ѓиёсиддин Ќодиров дар бораи тадқиқу тадриси ин давраи адабии адабиёти Афғонистон, ки асосан аз соҳои 50-уми ари гузашта оғоз меёбад, маълумот дода, хидмати донишмандону устодони забардасти кишвари Афғонистон: Устодон Ҳошим Шоиқ, Мирғулом Муҳаммади Ғубор, Муҳаммадҳайдари Жубал, Холмуҳаммади Хаста, Восифи Бохтарӣ, Пӯёи Форёбӣ, Асадулло Ҳабиб, Абдулқаюми Қавим, доктор Лаълзод, Шуҷоуддин Хуросонӣ ва дигаронро таъкид кардааст, ки онҳо то кунун осори арзишманде дар ҳамин замина навишта ва девону маҷмӯаи ашъори бисёр шоирони ин давраро ба чоп расонидаанд.

            Ѓиёсиддин Ќодиров дар бораи таваҷҷуҳи олимони Эрону Покистону Ҳиндустон, Ғарбу Русия доир ба шеъру адаби пуштун тадқиқ намуда, қайд намудааст, ки хонандвгони тоҷик ба намунаҳои шеъри шоирони ҳамсоя аз дер боз ошноӣ доштанд ва таронаҳои дилкаши онро мехонданд. Ѓиёсиддин Ќодиров навиштааст, ки дар шарҳи ин ошноиҳо бояд гуфт, ки дар замони шӯравӣ «афғоншиносӣ» ба ҳайси як риштаи махсус дар марказҳои машҳури шарқшиносии Иттиҳоди Шӯравии собиқ чун шаҳрҳои Маскав, Ленинград (Санкт-Петербург), Тошканд ва ғайра омӯхта мешуд. Вале, таъкид  мекунад муҳаққиқ, пажуҳишгарони шинохтаи бахши филологияи он асосан машғули омӯзишу таҳқиқи забон ва адабиёти пашту буданд. Танҳо аз охири солҳои 60-уми асри гузашта назар ба анъанаи дерини адабӣ ва таввҷҷуҳи муҳаққиқони тоҷик маркази мутолиа ва таҳқиқи шеъру адаби дарӣ оҳиста-оҳиста ба Тоҷикистон интиқол ёфт. Дар идомаи маълумоташ Ғ. Қодиров дар бораи аввалин муҳаққиқони ин ришта, ба монанди Сайфулло Саидов, Собир Мирзоев, Зоҳир Аҳрорӣ, Бобо Юсуфов, Савлатшо Мерганов, Ҳақназар Назаров, Худойназар Асозода, Олимҷон Хоҷамуродов маълумот дода, хидмати онҳоро дар муаррифӣ ва ба хонандагони тоҷик ошно намудани намунаи ашъори як теъдод суханварони барҷастаи Афғонистон  ба монанди Қорӣ Абдулло, Халилуллоҳ Халилӣ, Хоҷа Исмоили Сиёҳ, Сулаймон Лоиқ, Бориқи Шафеъӣ, Холмаҳмади Хаста, Иброҳим Халил, Ғулом Набии Ашқарӣ, Маҳҷубаи Ҳиравӣ, Аспдуллооҳ Ҳабиб ва дигаронро таъкид кардааст. 

            Ғ. Қодиров чунин нигоштааст, ки дар таҳқиқи адабиёти дарӣ Собир Мирзоев ва Худойназар Асозода корҳои зиёдеро анҷом додаанд, ки дар таҳияи ин китоб аз маводи осори тадқиқии онҳо фаровон истифода бурда шудааст.

          Пиромуни тартиби китобаш, Ғиёсиддин Қодиров менависад, ки дар гузиниши ашъор то ҷойи имкон саъй кардем аз ҳама шаклу қолабҳои шеърии шоирон, аз ҷумла намунаҳое, ки муҷиби шуҳрати онҳо гардидаанд, интихоб шаванд. Шоиронро, навиштааст муҳаққиқ, –аз нигоҳи сабку услуб, ба «қадиму ҷадид» ва ё «кӯҳнаву нав» ва аз лиҳози эътиқоду андеша ба «сурху сафед», ва ё рангҳои дигари ақидатӣ ҷудо накардем. Ин аст, ки аз ашъори шоирони мунтахаб намунаҳо бисёртар овардем, то ҳам сайри такомули шеъри  ин садсола хубтар намоён бошад.

        Боби аввли китобро муаллиф унвони «Таърихи сиёсӣ ва адабии Афғонистон» бахшида дар ин замина дар асоси маълумотномаҳои таърихӣ дар бораи пайдоиши вожаи «афғон» ва «Афғонистон», сайри таърихии ташаккулёбии давлати Афғонистон, амирону шоҳони он, кашмакашиҳои хонадонии байни шоҳзодагон ва таъсиси маркази давлати Афғонҳо дар Қандаҳору баъдан интиқоли он аз Қандаҳор ба Кобул маълумоти муфассали хронологӣ дода, сабаби суқут и як хонадон ва ба сари қудрат омадани хонадони дигари афғониро ба қалам додааст.

           Бори аввал назар ба иттилои муаллифи рисола вожаи «афғон» дар «Таърихномаи Ҳирот», ки аз тарафи Сайфи Ҳиравӣ дар асри XV ба маънои хурди он маҳал, ҷой ва замин истифода шудааст. Ҳамчунон таърихнигори асри XVI Муъиниддин Муҳаммад Замчии Исфарозӣ чанд маротиб ин луғатро ба маънои диёр, вилоят истифода акардаасст. Ҳамчунон дар осори таърихии дигари асрҳои миёна чун “Тузуки Темурӣ”, “Матлаъ-ул-саъдайн”-и Абдураззоқи Самарқандӣ, “Бобурнома” ва “Наштари ишқ”-и Амин Аҳмади Розӣ ба маънои кӯчак истифода шудааст.

           Сарнавишт ва роҳи тайкардаи ин луғат, навиштааст Ғиёсиддин Қодиров, тайи қарнҳои минбаъда чунин аст, ки дар аввал он маънои маҳаллу ҷойи зисти қабила ё қабоили хосеро дошта, сипас ба аз доираи қабоили паштун хориҷ шуда, ба номи тамоми сарзамини Афғонистони кунунӣ табдил ва ба ҷойи калимаи Хуросони давраи исломӣ истифода гардида ва дар маҷмӯъ”номи ҷузъест, ки бар кулл итлоқ шудааст[1].

           Сабаби ба “Афғонистон” ном гузоштани кишварро муҳаққиқ чунин шарҳ додааст: “Генерали англис М. Элфинстон нахустин муалифест, ки дар китоби худ “Салтанати Кобул” (1815) калимаи “Афғонистон”-ро ба маънои васеи он – мамлакат ба кор бурда, онро бар вожаи Хуросон бартарӣ додааст.[2] Барои тасдиқи фикраш муҳаққиқ сабаби интихоби вожаи “Афғонистон”-ро ба ҷойи “Хуросон” чунин баён кардааст: Дар замоне,ки китоби худро (Салтанати Кобул–Ғ.Қ.) менавишт (1807–!810) афғонон ҳанӯз номи умумӣ барои кишвари худ надоштанд. Мардум сарзамини худро “Хуросон” меномиданд ва гоҳе номи “Афғонистон”-ро ба кор мебурданд, эҳтимолан сохтаи эрониён буд”[3]...

            Афғонистони кунунӣ ба шакли давлати мустақил, менависад Ғиёсиддин Қодиров,– бо сарҳадоти мушаххаси имрӯзӣ “бо тақозои сиёсати тавозуни қувои ду давлати истеъморӣ Руссияи таззорӣ ва Инглисистон (дар охири асри XIX) ба миён омадааст”[4].–менависад таърихнигори машҳур Ғубор.

            Баъдан дар бораи сулолаҳои ҳукмрони Афғонистон маълумоти мухтасари таърихӣ дода сипас “Пиромуни даврабандии шеъри дарӣ[5] мегузарад. Муҳаққиқ менависад, ки даврабандӣ ё ба таври дигар ҷудо кардани таърихи шеъри форсии дарӣ ба бахшҳои мустақилу мутафовит ва ё тақсим кардани он ба “кӯҳна” ва “наву навтарин” аз ҷумлаи масъалаҳои то охир ҳалнашудаи ин адабиёт  ба шумор меравад. Адабиёт маҳсули  вижаи ҳаёти иҷтимоии ҷомеа буда, ба моноанди ҳар ҷисми зинда ҳамеша дар ҳоли тағйиру такомул аст, қайд мекунадҒиёсиддин Қодиров. Аммо таҳаввулоти он нисбат ба падидаҳои дигари иҷтимоӣ бисёр оҳиста ва ба тадриҷ сурат мегирад. Раванди ҳаракати адабиёт ба суръати гардишҳои ғайриинтизор ва рӯйдодҳои зудҳосили таърих намерасад. Адабиёт бозтоби бо тамкину ба таърихи таҳавввулот ва ва дигаргуниҳои ҳаёти ҷомеа мебошад. Ҷаҳишҳои инқилобӣ ва табадуллоти фавриро намеписандад. Ҷаҳишҳои инқолобӣ ва табадуоллоти фавриро намеписандад. Адабиёт тобеи қонунмандиҳои рушди ҷомеа мебошад. Муҳаққиқ таъкид мекунад, ки шояд асрҳо сипарӣ шавад, чандин сулолаву салтанатҳо нобуд гардад, то дар адабиёт сабки наву шеваи тозаи сухансароӣ ва ё шаклу қолабҳои бесобиқаи адабие падид ояд, маъмул гардад ва мардум онро бипазиранд.

           Аз назари илмии Ғиёиддин Қодиров то ҳол касе қонуну қоидаи умумие насохта ва наёфта, ки дар асоси он таърихи адабиёт даврабандӣ гардад ва ё ҳанӯз дуруст маълум нест, ки ин давраҳоро чигуна бояд номгузорӣ кард. Ва ё кадоим аломату мушаххасоти куллӣ ин давраҳоро ба ҳам сифатан ҷудо месозад ва амсоли он. Ин аст, ки муҳаққиқ барои исботи ҳаматарафаи фикри худ ва пешниҳоди назарияи хешро роҷеъ ба давраҳои адабӣ илман исбот месозад.

           Ӯ лоиҳаи Кунгураи байналмилалии шарқшиносонро[6], ки давраҳои адабиро ба шакли зер пешниҳод намуда буданд дар китобаш меорад. Лоиҳа ба тази зерин пешниҳод карда шудааст:

  • Адабиёти аҳди бостон осори бозмонда аз забонҳои бостонӣ (форсии бостон, миёна) – авестоӣ, паҳлавӣ, сакоӣ, суғдӣ, хоразмӣ ва амсоли он;
  • Адабиёти классикии асрҳои  XI – XV;
  • Адабиёти асрҳои миёнаи пасин ё пасо классикӣ адабиёти асрҳои XVI – XIX ва ҷудоии он ба тоҷикӣ, форсӣ (зоҳиран адабиёти дарии Афғонистон низ шомили адабиёти форсӣ мебошад) ва ҳиндӣ мусулмонӣ (манзур адабиёти форсизабони Ҳинд аст);
  • Адабиёти нави форсӣ ва нави тоҷикӣ. Осори қарнҳои XIX ва ибтидои асри XX, ки хислати маорифпарварӣ доранд;
  • Адабиёти навтарини форсии асри XX адабиёти шӯравии тоҷик.

           Як идаи дигари адабиётшиносон, менависад Ғиёсиддин Қодиров, меъёри асосӣ омили идеологиро қарор дода, таърихи ин адабиётро ба ду қисмати калони “комилан аз ҳамдигар мутафовит” – адабиёти асрҳои асрҳои миёна ва адабиёти замони нав (замони капитализм), чудо ва дар дохили ин ду бахши калон даврашои хурдтарро дидаанд.

         Бо вуҷуди пешниҳодҳои мухталиф, қайд мекунад муҳаққиқ, усули ба истилоҳ сулолавӣ, яъне адабиёти давраҳои Саффориён, Сомониён, Ғазнавиён, Салчуқиён ва ғайра шартӣ ва эҳтимолӣ бошад ҳам, имрӯз бештар маъмул ва дар осори илмӣ бештар ба кор бурда мешавад.

          Аз нуқтаи назари Ғиёсиддин Қодиров шеъру адаби форсӣ, дарӣ, тоҷикӣ ба ду бахши калон ҷудо мешавад: бахши аввал– осори адабии муштарак барои ҳама форсизабонон аз оғоз то қарни XV ва бахши дуюм аз қарни XVI то имрӯз. Ин давраест, ки фазои сиёсӣ ва фарҳангиву адабии ягона ба се қисмат Эрон, Афғонистон, Осиёи Миёна (Тоҷикистон) тақсим мешавад ва бино ба воқеиятҳои сиёсӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷорӣ дар ин кишварҳо адабиёт низ ба марҳалаҳои хоси худ ва таърихи “мустақилӣ” худро оғоз меёбад.

            Ин давраи ба истилоҳ, –навиштааст Ғ. Қодиров, –мустақили адабиёти дарии хоси Афғонистон, –нимаи дувуми асри XVIII ва ибтидои садаи XX аз давраҳои хуби шеъру адаб ба ҳисоб намеравад. Инро муҳаққиқ дар он мебинад, ки адабиёти ҳамондавраи Афғонистон аз назари фани шеър, шаклу қолаб, мазмуну муҳтаво ва амсоли он шеъри ин давра тафовутҳо ва мушаххасоти равшане надорад, ки онро бар асоси он вожагиҳо даврабандӣ кард, ба истиснои нуфӯзи сабки машҳури ҳиндӣ ё Бедил ва таъсири хафифи ҷунбиши “бозгаши адаби”-е, ки аз Эрлн мерасид.

            Ба назари мо, -таъкид мекунад муҳаққиқ, ин фосилаи таърихӣ-адабиро метавон ба ду давра ҷудо кард: давраи аввал идома ба сурати кулл тақлиди бебарори даврони классикӣ (асрҳои X-XV ва давраи дувум – давраи шеъру адаби муосири дарӣ (з аввли  асри XX то имрӯз), ки аз назари шаклу мазмун дигаргуниҳои асосие дар он рух додааст.

          Ба суқути давлти темуриёни Ҳирот  (а. XVI), –навиштааст Ғ. Қодиров, ростахези адабӣ ва фасли пуршукуфаи шеъри форсии дарӣ ба поён расид в муддатҳо дигар дар ин боғи хазондида бӯйи ҷонбахши баҳор ва нағмаи мурғони сухангӯ барнахост.Тайи ин давраи тӯлонии камҳосил, ки аз ду қарн беш идома ёфт, дар сарзамини Хуросони куҳан на давлати мутамаркази муқтадир, на фазои мусоиди фарҳангзо, фароҳам омад на фармонравои  донишпарвару адабдӯст ва на шоире зуҳур кард, ки асрори суханонаш нав, ё арзиши ҳунараш бо номварони шеъри гузашта қобили қиёс бошад. Агар гуле ҳам рӯид мегӯянд обёрӣ нашуд ва агар истеъдоде зуҳур кард, муҳити мусоиди парвариш наёфт ва суханаш нопухта ва ношунида монд.

           Муҳаққиқ дар бораи ҳокимони нави Хуросон ва сулолаҳои навтаъриху навтаъсис, ҷангу хунрезиҳо, кишваркушоиҳову ҷангҳои дохилии хонадонии онҳо ва ба шеъру шоирӣ ва илму адаб майл надоштани онҳоро маълумот дода, дар бораи ҷангҳои афғонҳову англисҳо дар замони ҳукумронии Шералихон навишта қайд мекунд, ки маҳз дар ҳамин давра мардум ба Шоҳномахонӣ майл пайдо карда ба навиштани ҷангномаҳо даст мезананд, ки мутаасифона ин достонҳо ба монанди “Акбарнома”-и Ҳамиди Кашмирӣ, манзумаиҶангнома”-и Муҳаммад Ғуломӣ, “Муҳорибаи Кобул” ё “Зафарнома”-и Қосим Алӣ ва дигарон гарчи аз лиҳози таърихӣ ва сиёсӣ муҳим, аз назари ҳунарӣ сусту камарзише буда, нақши муҳиме дар таҳаввул ва таҷаддуди шеъри дарӣ надоштанд.

          Хулоса навиштааст муҳаққиқ, ҳосили сиёсатҳо сустпоя ва ҷангу мухоолифатҳои хонадонҳои салтанатталаб ва мудохилоти сиёсиву низомии давлатҳои хориҷӣ дар маҷмӯъ сабаб шуд, ки на танҳо заминае барои вуруд ва интишори илму донишҳои нав дар кишвар фароҳам наомад, балки ҳамаи улуми мутадовилу маъмули пешин ҳам аз равнақ бозмонд ва “кишвар дучори сахттарин бурҳони илмӣ ва адабӣ гардид... Дар  назму наср футуре рӯй овард, ҳунарҳои нафиса баро,зандагӣ надошт, осори кампоя ва камоя ҷилва кард[7].

          Ғ. Қодиров дар бораи аввалин тадқиқотҳо дар бораи адабиёти даризабони Афғонистон маълумот дода, Муҳаммад Иброҳим Сафо ва Мир Ғулом Муҳаммади Ғуборро аз аввали муҳақиқини адабиёти даризабони Афғонистон медонад. Ӯ қайд кардааст, ки ин муаллифон дар китоби муштараки худ “Таърихи адабиёти Афғонистон” дар бораи 80 тан шоири соҳибдевон, ки аз оғози таъсиси давлати Дурронӣ  (1747) то ибтидои садаи XX дар Афғонистон зиндагӣ кардаанд, маълумот дода шарҳи ҳоли комилу нокомил ва намунаи ашъори онҳоро овардааст. Нависандаи бахши адабиёти “Афғонистон”–Доират-ул-маориф”, қайд кардааст Ғ. Қодиров,–теъдоди суханварони шинохта ва камшинохтаи ин давраро дар ҳудуди 150 тан навишта, дар бораи шарҳи ҳол ва осори онҳо тазкиравор иттилоъ додааст[8].

         Муҳаққиқ қайд мекунад, ки Холмаҳмади Хаста дар тазкираи “Ёде аз рафтагон” дар бораи 61 шоир ва Ҳусейни Ноил дар рисолаи арзишманди “Сайре дар адабиёти салаи сездаҳум” теъдоди шоиронро 300 нафар зикр кардаанд.

Ғ. Қодиров вазъи шеъри форсии дариро дар ин давра муфассал шарҳ дода дар бораи шарҳи ҳол ва намунаи ашъори шоирони ин давр: Темуршоҳи Дурронӣ, Оиша, Шарар, Мир Ҳутаки Афғон, Мирзо Раҳмат. Алӣ Нақии Кобулӣ, Аҳмад Алии Аҳмад, Улфати Кобулӣ ва Ғулом Муҳаммади Тарзӣ маълуоти мукаммал додаанд.

         Боби дувуми рисоларо “Оғози таърихи навини сиёсӣ ва адабии Афғонистон” (ибтидои асри ХХ)  номгузорӣ кардаааст. Назар ба тадқиқоти илмии Ғ. Қодиров инқилоботи шигифтангези саноатӣ ва пешрафтҳои азими фарҳангу маданияти ҷаҳони Ғарб дар охири асри XIX  ва махсусан садаи ХХ  таҳаввулоти бесобиқае дар кишварҳои шарқ, махсусан Афғонистон падид овард. Осиёи хомӯш аз хоби дарози ғафлатзадагӣ ва садое ҷойе хафифу ҷойе шаддиду таҷаддудхоҳӣ ва таҳаввулталабӣ аз ҳар гӯшаву канори он бармехост

         Муҳаққиқ дар ҳамин замин вазъи сиёсӣ ва мадании ҳамин давраи Афғонистонро дар асоси далелу сарчашмаҳои таърихӣ хело баръало қаламдод намуда, дар бораи аввалин нашрияву мактабу листсейҳо маълумоти муфассал дода, ҷойгоҳи нашрияҳои аввалинро дар бедории фикрии мардуми Афғонистон ва мардумони Осиё ба исбот расонидааст. Маҳз дар ҳамин давра шароити мусоидтар барои рушду такомули фарҳанги ин кишвари ақибзадаи осиёӣ пайдо гардид. Сохтмони нерӯгоҳи барқӣ, роҳҳо ва биноҳои нави маъмурӣ, матбаа ва мактабу литсейҳо ва дигар боиси бедории фикрии мардум мегардид.

         Боби III рисола “Оғози давраи нав-давраи шенъри муосири дарӣ”-ро дар бар мегирад. Ин бахши рисола қисмати асосии китобро ташкил медиҳад. Ғ. Қодиров дар бораи тақиқотҳои илмие, ки доир ба шеъру ҳунари ин давр дар Афғонистон анҷомёфта маълумот дода, зарурият ва таъсиси “Анҷумани адабии Кобул”-ро ба қалам додааст. Иловатан ба ин бахш шарҳи ҳол ва намунаи ашъори 20 нафар широни номии охири садаи XIX  ва авоили садаи ХХ ба монанди Мавлавӣ Хокӣ, Мавлавӣ Восиф, Муҳаммад Исмоили Сиёҳ, Маҳмуди Тарзӣ, Қорӣ Абдуллоҳ, Абдуалӣ Мустағнӣ, Махфӣ, Надими Кобулӣ, Ориф, Бисмил, Малик-уш-шуаро Бетоб, Абдурраҳмон Лудин, Абдулҳоди Довӣ, Халил, Навид, Шоиқ Ҷамол, Воҷид, Найсон, Маҳҷуба, Халилуллоҳ Халилӣ  маълумот дода, мавқеи осори онҳоро дар бедории фикрии мардуми Афғонистон ба риштаи таҳқиқ кашидааст.

         Рисолаи мазкур барои омӯзиши адабиёти даризабон ё худ тоҷикии тоҷикони муқими Афғонистон сарчашмаи боэътимод буда, он аз диди нав мавриди таҳлил ва тадқиқ қарор гирифтааст.

Сайидхоҷа Ализода

Са

 


[1] Аҳмад Таваккулӣ. Робитаи сиёсии Эрон ва Афғонистон. Теҳрон, 1327. –С. 32.

[2] Қодиров Ғ. Чашмандозе бар шеъри дарии Афғонистон ва таҳаввулоти он дар садаи XV. Душанбе-2021. –С.9.

[3] [3] Қодиров Ғ. Чашмандозе бар шеъри дарии Афғонистон ва таҳаввулоти он дар садаи XV. Душанбе-2021. –С.9-10.

 

[4] Мир Ғуломмуҳаммади Ғубор Афғонистон дар масири торих.. Ҷилди 2. Теҳрон, 1378. –С.10.

[5] Қодиров Ғ. Чашмандозе бар шеъри дарии Афғонистон ва таҳаввулоти он дар садаи XV. Душанбе-2021. –С.33.

[6] Труды Двадать пятого международного конгресса востоковедов, Т. 2,М.,1963, –с.349-356. Мач. Народы Азии и Африки, №6, М. 1963, Шарки Сурх, № 2-3. Сталинобод, 1957.

[7] Муҳаммад Усмони Сидқӣ. Сайри адаб дар Афғонистон, Кобул, 1340, –с. 5.

[8] Афғонистон”– Доират-ул-маориф. Кобул 1336 –с-С.307-370