Бешарафии наҳзатиён ошкор шуд

     Барои кормандони шуъбаи тавсиф ва тањияи фењристи дастхатњои Маркази мероси хаттии АМИТ дар утоќи кории шуъба  тамошои филми њуљљатии «Бешарафӣ», («Хиёнат қисми 7»), ки дар бораи кирдорҳои хиёнаткоронаи яке аз намояндагони ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи экстремистӣ-террористии наҳзати исломӣ Муҳаммадиқболи Садриддин нақл мекунад, ташкил карда шуд. Ходимони илмї баъди  тамошои филм аз хиёнатҳо ва кирдорњои нафратовари аъзои  ин ҳизби хиёнаткор огаҳӣ пайдо карданд.

      Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ ба ин масъала таваҷҷуҳи бештар намуда, таъкид карда буданд, ки «пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд».

    Пахш гардидани филми "хиёнат-7" дар ТВ  ва каналҳои интернетї мувофиқи мақсад аст. Имрӯз шаҳрвандони кишвар бори дигар риёкорї, пастфитратї ва њатто аз даст додани нангу номуси мардии ТЭТ  ҲНИ-ро дар симои Муҳаммадиқболи Садриддин  шинохтанд. Воқеан аз  тамошои ин филм бармеояд, ки баъзе аз ашхос  низ бар ҳар воситаю васила фирефтаи макру ҳиллаҳои ин ќабил  гурӯҳҳо гашта, бар муқобили давлату миллати худ бархеста, њаёти осоиштаю пур аз фарању нишоти кишвари моро халалдор кардан мехоњанд.

      Њукумати Тољикистон њамеша дар пайи ободиву осоиштагии кишвар аст. Тавре ки Пешвои миллат дар њамаи баромадњои худ гаштаю баргашта ва ба такрор таъкид мекунад, фаъолияти равияҳои экстремистӣ, радикалӣ ва хурофотпарастӣ яке аз омилҳои асосии хатарзо барои имрӯзу фардои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа ба шумор меравад ва аз мо андешидани чораҳои муштаракро талаб менамояд.

     Дар паёми имсола бо мақсади идомаи корҳо дар ин самт, Прокуратураи генералӣ вазифадор карда шуд, ки лоиҳаи нави «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021-2025»-ро таҳия ва ба баррасии Ҳукумат пешниҳод намояд.

     Ањли илм низ дар баробари дигар вазорат ва кумитањои дахлдор вазифадор аст,  ки сари ҳар қадам ва дар ҳама ҳолат ба таблиғоти дуруғину бофтаи ғаразноки ташкилоту ҳизбҳои терористию экстремистӣ, аз он ҷумла,  Ҳизби назҳати исломӣ, Ҳизб-ул-таҳрир, Ансоруллоҳ, Ҷиҳодӣ исломӣ, Толибон, Паймони миллӣ  ва даҳҳо гурӯҳҳои тундравии навтаъсис роҳ надиҳанд ва баръакс хиёнату пастфитратї, харобкорӣ, ғайриинсонӣ ва даҳшатноку ҷангҷӯю ѓаразнок будани онњоро ошкор созанд.

    Пешвои миллат дар паёми имсола њамчунин ба мардуми Тољикистон бовар карда, чунин ќайд кард: «Халқи шарафманди тоҷик нангу номуси ватандорӣ ва ҳисси баланди миллӣ доранд ва бо чунин хислатҳои неку созандаи худ метавонанд иқдомоти аз имрӯза ҳам бештарро амалӣ карда, Ватани муқаддаси худро ба кишвари ободу пешрафта ва ҳамқадами ҷаҳони муосир табдил диҳанд».

    Бинобар ин,  аз шаҳрвандони кишвари азизамон, хоҳиш карда мешавад, ки аз тамошои филми «Бешарафї»(«Хиёнат-7») барои худ як мактаби навро бунёд намоянд, ҷавононро дар рӯҳияи худшиносию худогоҳии миллї тарбия намуда, барои ояндаи миллат бетараф набошанд.

 

  •                                                                    Бибисултон Навбањорова,
  • мудири шуъбаи тавсиф ва тањияи
  •                                                         дастхатњои Маркази мероси
  •                                   хаттии АМИТ