Боздиди сафири Арабистони Саудӣ аз Маркази мероси хаттӣ

Абдулазиз ибни Муҳаммад ал-Бодӣ сафири шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон дар таърихи 04.04.2019 аз Маркази мероси хаттии АИ ҶТ боздид ба амал овард.

Ал-Бодӣ дар ибтидо бо ганҷинаи марказ, озмоишгоҳҳо, шароити нигаҳдории дастхатҳо ва теъдоде аз нусхаҳои нодири Маркази мероси хаттӣ шинос шуда, сипас бо маъмурият ва ходимони илмии Марказ мулоқоти судманд анҷом дод.

Ҷӯрабек Назриев-доктори илмҳои филология, узви вобастаи АИ ҶТ  ва директори Маркази мероси хаттӣ меҳмононро дар ҷараёни фаъолиятҳои илмию таҳқиқотии марказ қарор дода, таъкид намуд, ки дастнависҳои нодири ганҷинаи Маркази мероси хаттии АИ ҶТ мероси арзишманди тамаддуни башарӣ ҳастанд.

Абдулазиз ибни Муҳаммад ал-Бодӣ сафири Арабистони Саудӣ низ бо ибрози хушҳолӣ аз мулоқот бо ходимони илмии Маркази мероси хаттӣ, таъкид кард ки баъд аз Қуръони карим дувумин китоби муътабари мусулмонон “Саҳеҳи Бухорӣ” аст, ки муаллифи он фарзанди баруманди халқи тоҷик Имом Исмоили Бухорӣ мебошад. Вай афзуд тоҷикон дар таҳкиму ташаккули тамаддуни исломӣ нақши барҷаста дошта, боиси ифтихори уммати исломӣ мебошанд. Ал-Бодӣ бо ишора ба зарурати ҳифзу нигаҳдории осори ниёкон афзӯд, дар Аврупо барои нигаҳдории як мусаввара милионҳо доллар сарф мекунанд, аммо мутаассифона, дар кишварҳои Шарқӣ барои ҳифзу нигаҳдории осори гаронбаҳои хеш камтар таваҷҷуҳ мешавад.

Дар идома ду тараф дар бораи роҳҳои густариши ҳамкориҳои илмӣ, табодули таҷриба, омӯзиши мутахассисони ҷавон, чопу муаррифии нусхаҳои арзишманд ва ҳифзу нигаҳдории дастнависҳои нодир табодули назар карданд