Ганҷинаи дастнависҳо – сарвати бебаҳои миллат

Донишмандони гиромӣ, дӯстони азиз!

          Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ), ки қаблан таҳти номҳои гуногун фаъолият бурдааст, (Институти мероси хаттӣ, Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ, Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ) маҳсули кӯшишу талошу заҳмати тӯлонии бузургмардони ватану илму донишпарвари мо буда, бештар аз 24 ҳазор нусха китоби дастнавису чопи сангӣ – сарвати бебаҳои миллатамонро ҳифзу нигаҳдорӣ мекунад ва аз ҷумлаи бойтарин ганҷинаҳои ҳамгуни худ дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Маркази мероси хаттӣ ба манзури ҷамъоварӣ, ҳифзу нигаҳдорӣ ва нашри мероси хаттии ниёгонамон дар соли 2017 бо пешниҳоди роҳбарияти АМИТ аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон дар натиҷаи таҷдиди сохтори муассисаҳои вобаста ба АМИТ таъсис шуд. Ҳадаф аз таъсиси он беҳбуд бахшидани шароити ҷамъоварӣ, нигаҳдорӣ ва нашри мероси хаттӣ мебошад.

        Аз соли 2017 то кунун Раёсати АМИТ тамоми кушишу талошҳо дар ҷиҳати беҳбуд бахшидани вазъияти ҷамъоварии нусхаҳои хаттӣ, шароити нигаҳдорӣ, тармими нусхаҳо ва муҳити созгори корӣ барои ходимони Марказро дастгирӣ намудааст. Дар ин муддат, ҳашт экспедитсияи ҷамъоварии нусхаҳои хаттӣ ташкил шуда, аз дасти мардум 150 нусхаи хаттӣ ва 200 нусхаи чопи сангӣ ҷамъоварӣ ва тармиму бозсозӣ шудааст.

       Бо дастгирии Раёсати АМИТ ахиран озмоишгоњи тармими дастхатҳо таъмири асосӣ шуда, бо таҷҳизоти лозим барои безараргардонии нусхаҳо ва тармими нусхаҳои воридшуда муҷаҳҳаз карда шудааст. Ба манзури иҷрои дастури Роҳбарияти АМИТ дар ҷиҳати беҳбуд бахшидани кор дар Маркази мероси хаттӣ инчунин дар толори хониш ва истифодаи мизоҷон аз нусхаҳои хаттӣ низ тармим ва бо васоили техникӣ таъмин мебошад. Феълан ба махзани ягона ворид намудани нусхаҳои электронии дастхатҳо барои пешниҳод намудани шакли электорнии хизматрасонӣ ба истифодабарандагон идома дорад.   

       Донишмандони гиромӣ, дӯстони азиз! Ганҷинаи дастнависҳои шарқии ба номи академик А.Мирзоеви Маркази мероси хаттии АМИТ сарвати бебаҳои давлат ва миллати тоҷик мебошанд ва ба ҳифзу нигаҳдории шоиста, муносиб ва бо эҳсоси масъулият ниёз дорад.

        Беҳуда нест, ки аз рӯзҳои аввали таъсису фаъолияташ Ганҷинаи мазкур ҳамчун иншооти махсус аз ҷониби мақомоти давлатӣ муҳофизату посбонӣ карда мешавад. Дар соли 1998 бинои Ганҷинаи дастхатҳо дубора ба далели аҳамияти ёдгориҳои таърихию фарњангї, яъне ҳазорон дастхати ниёгон ба феҳристи  иншооти муҳофизатшаванда ворид шуда, ба таври шабонарӯзӣ аз ҷониби Хадамоти муҳофизаи ВКД посбонӣ карда мешавад.

        Соли 2020 Раёсати АМИТ “Низомномаи истифода аз дастнависҳо ва захираҳои электронии Маркази мероси хаттӣ”-ро тасдиқ намуд, ки тартиби воридшавӣ ба Ганҷина ва истифода аз дастхатҳоро муайян ва муқаррар намудааст. Ахиран ба манзури иҷрои муқаррароти “Низомнома” бо дастгирии Раёсати АМИТ дастгоҳи сабти рақамии убуру мурур ва наворбардории доимӣ насб шудааст, ки кори нигаҳбонон ва муроҷиаткунандагон, инчунин кори шуъбаи кадрҳоро дар сабти номи ҳаррӯза ва пур кардани варақаи ҳозирӣ осон мекунад. Дар баробари таъмири толори хониш, толори пазироӣ ва мулоқоти муроҷиаткунандагон барои истифода низ омода сохта шудааст.       

         Бо назардошти вазъу ҳолати имрӯза, риояи меъёрҳои беҳдоштӣ вобаста ба паҳнашавии КОВИД-19, пешгирӣ аз ҳар гуна сӯйистифода ва зараррасонӣ  ба дастхатҳо умури муҳофизати Ганҷина ҷиддитару замонавитар гардонида шудааст. Ҳадафи аз он таъмини амнияти нусхаҳои нодири хаттӣ ва фароҳам овардани шароити фаъолияти пурмаҳсул ва босамари кормандон  мебошад.

        Дар айни ҳол, бори дигар таъкид мешавад, ки барои донишҷӯён, унвонҷӯён, муҳаққиқон, хоса барои ходимони илмии муассисаҳои АМИТ ва устодону шогирдони ҳамаи донишгоҳҳо дари Маркази мероси хаттӣ ҳамеша боз аст ва бо риояи талаботи “Низомномаи истифодаи дастхатҳо” кормандони Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ ифтихор доранд, ки ба онҳо  хизмат расонида бошанд.

        Донишмандони гиромї, кормандони Хадамоти муҳофизаи ВКД кори худро анљом медињанд, онњо њар як мурољиаткунандаро шахсан намешиносанд. Бинобар ин, роњбарияти ММХ назди Раёсати АМИТ фаќат як хоњиш дорад, ки мурољиаткунандагон тибќи муќаррароти мављуда худро шинос кунанд ва бо иљозати шахси масъул вориди бинои Марказ шаванд. Ин талабот хоси њама иншооти муҳофизатшаванда мебошад.

Маъмурияти ММХ назди Раёсати АМИТ

21.01.2021