Даргузашти шарқшиноси тоҷик...

          Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо андӯҳи гарон хабар медиҳад, ки  19 апрели соли 2021 риштаи ҳаёти шарқшиноси собиқадори кишвар, фидоии халқу Ватан Наҷмиддинова Ҷавлон Урфоновна гусаста шуд. Кормандони Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба хешу табор, наздикон, дӯстон ва аҳли илми кишвар ҳамдардӣ баён менамоянд.

РУҲАШОН ШОДУ ХОНАИ ОХИРАТАШОН ОБОД БОД!

Зиндагиномаи Наҷмиддинова Ҷавлон

          Наҷмиддинова Ҷавлон Урфоновна 20 октябри соли 1939 дар деҳаи Одешти ноҳияи Ванҷ дар  хонадони деҳқон таваллуд ёфтааст. Соли 1958 ба шуъбаи шарқшиносии факултаи таъриху филология дохил шуда, соли 1963 онро бомуваффақият хатм намуд.  Баъди хатми донишгоҳ солҳои 1963-1966 ба вазифаи муаллимаи забони тоҷикӣ-порсии мактаби 2 ба номи Абдусалом Деҳотии шаҳри Кӯлоб кор кардааст. Солҳои 1970-1972 инструктори шуъбаи таблиғотии мактабҳои олӣ ва миёнаи ЛКСМ Тоҷикистон кор кардааст. Солҳои 1970-1972 дар бахши рӯзонаи аспирантураи Институти шарқшиносии АИ ҶТ тахсил кардааст. Баъди хатми аспирантура дар шуъбаи таҳияи феҳристҳо ва нигаҳдории нусхаҳои хаттии Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ ба вазифаи лаборанти калон, ходими хурди илмӣ кор кардааст. Солҳои 1982-1984 дар бемористони низомии «Чаҳорсад бистар»-и Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба вазифаи тарҷумон кор кардааст. Барои хизматҳои шоёнаш чандин маротиба бо ифтихорномаҳо мукофотонида шудааст.

        Аз соли 2000 то 2016 ба вазифаи ходими пешбари илмии шуъбаи таҳияи феҳристҳо ва нигаҳдории нусхаҳои хаттии Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ (аз соли 2011 Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии АИ ҶТ) кору фаъолият кардааст.

Дар давоми фаъолияти илмиаш зиёда аз 100 мақола ва корҳои илмии зеринро анҷом додааст.

КИТОБҲО:

-Феҳристи нусахи хаттии форсии Институти осори хаттии Тоҷикистон (ҷилди якум), (Теҳрон, 1376), 368 саҳ.

-Дурдонаҳои насри адабии форсу тоҷик (X-XIII) (ҷилди якум). Душанбе: «Ирфон», 1987. (дар ҳамкорӣ бо мураттибони дигар ), 436 саҳ.

-Правила ведения войны и мужество. Душанбе, 1997, 300 саҳ.  (дар ҳамкорӣ бо мураттибони дигар ).

-Краткий дари-русский военный словарь. Душанбе: «Маориф», 2003. 400 саҳ. (дар ҳамкорӣ бо мураттибони дигар ).

- Аҷаб шаҳри дилороӣ, Душанбе. Душанбе: «Авесто», 2004. 184 саҳ.

-Военная лексика сочинения «Адаб-ал-харб ва шуджоат». Душанбе, 2012. 236 саҳ.