Дар Душанбе таҳти унвони «Худро аз сирояти коронавирус ҳифз намоед» аксия доир гардид

                        Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Боғи фарҳангиву фароғатии Аҳмади Дониш, Маркази савдои «Рӯдакӣ-Плаза», дар дохили нақлиёти ҷамъиятии дохилишаҳрӣ ва инчунин муассисаву ташкилоти гуногун таҳти унвони «Худро аз сирояти коронавирус ҳифз намоед» аксияи тарғиботию ташвиқотӣ гузарониданд.

Дар аксия аз ҷониби донишҷӯёни Академия ба шаҳрвандон  300 адад варақаҳои тарғиботӣ тақсим гардида, аз шаҳрвандон даъват ба амал оварда шуд, ки ба хотири пешгирӣ аз сирояти бемории коронавирус  бояд дар мадди аввал худро аз издиҳом канора гиранд. Ҳамчунин 200 ниқоби ҳимоятӣ, ки аз ҷониби чеварони Парки технологии Академия дӯхта шудаанд, ба шаҳрвандон тақдим шуданд.

Гуфта шуд, ки барои баланд бардоштани масуният (иммунитет) ҳарчи бештар истеъмол намудани ғизоҳо ва алалхусус, сабзавоту меваҷот, пиёз ва сирпиёз ҳамчун фитонсид мувофиқи мақсад аст.

Ҳамчунин аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки ба ҳар гуна овозаҳои беасос бовар накунанд. Зеро бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, то ҳол дар мамлакат ягон ҳолати сироятшавӣ ба бемории коронавирус ба қайд гирифта нашудааст ва корҳо дар самти пешгирӣ таҳти назорати доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.

Бемории сироятии коронавирус имрӯз ба ҳаёти сокинони сайёра, хосса давлатҳои Аврупо ва Америка,  ИДМ хисороти беш оварда, бинобар риоя накардани чораҳои пешгирӣ сироятёбӣ авҷ гирифта истодааст.

Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ 11 марти соли равон хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон кард.