ДИЛБОХТАИ ИЛМ

              Саидхоҷа Ализода 1 июли соли 1955 дар деҳаи зебоманзари Сағир­даш­ти деҳшӯрои Сағирдашти ноҳияи Дарвози ВМКБ дар оилаи муаллим ба дунё омадааст. Таҳсили мактаби миёнаро дар зодгоҳаш фаро  гирифта, баъди хатми факултаи таърих ва филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе (соли 1975, ҳоло До­нишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи С.Айнӣ) касби омӯзгориро меписандад ва то соли 1980 дар  зодгоҳаш Сағирдашт ба хонандагон аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дарс мегӯяд. Бояд гуфт, ки вай ҳам дар даврони донишҷӯйи ва ҳам солҳои дар мактаби миёна фаъолият доштан бештар таваҷҷуҳашро ба мероси адабии ниёгон омӯзи­шу донистани сарчашмаҳои гаронмоя равона мекард.

          Ӯ дар даврви муаллимияш бештари осори хаттии дар дасти мардум бударо мутолиа намуда маҳфили дӯстдорони хати ниёгонро таъсис дода ҳаводорони зиёдеро хатхону хатнавис мекунад.

        Муҳаббати зиёд ба алифбои нигон ва мероси хаттӣ ӯро соли 1980 ба даргоҳи Институти шарқ­шиносии АИ ҶШС Тоҷикистон овард. Солҳои 1980-1983 баробари лаборанти калон ва баъдан ходими хурди илмии шӯъбаи дастнависҳои шарқӣ будан аз мактаби илмии Амрияздони Алимардон ва муҳити илмии институт баҳраҳои судманд бардоштааст. Барои муҳаққиқи ҷавон мавзӯи «Фахрии Ҳиравӣ ва мақоми ӯ дар таърихи адабиёти тоҷикӣ-форсӣ» пешниҳод гардид ва натиҷаи он бо дифоъи рисолаи номзадӣ (2009) анҷом ёфт.

      Саидхоҷа Ализода солҳои 1983-1986 дар Ҷумҳурии Афғонистон ҳамчун мутарҷими забони дарӣ фаъолият намуда, дар баробари фаъолияти тарҷумонӣ бо маркази забон ва адабиёти дарии Акодемии Улуми Ҷумҳурии Афғонистон алоқаи наздики илмӣ барқарор мекунад. Ӯ бештари вақти холии худро  дар кори омӯзишу пажуҳиши рӯзго­ру осори Фахрии Ҳиравӣ сарф намуда, дар ин боб маводҳои зиёдеро аз марказҳои илмии ин кишвар, хусусан Оршифи миллии Афғонистон  дастрас менамояд.

                                              

          Саидхоҷа Ализода бевосита бо адабиётшиносони шинохтаи ин марказ академик- Пуҳонд Ҷовид, Моили Ҳиравӣ, профессор Воҳидӣ, доктор Ноил, Фарманд, доктор Обидӣ, Носир Раҳёб ва дигарон аз наздик шинос шуда, аз мактаби илмии эшон низ баҳра бурдааст.

            Маҳз  бо тавсияи Моили Ҳиравӣ дар бораи ду нусхаи нодири хаттии «Тӯҳфат-ул-Ҳабиб»-и Фахрии Ҳиравӣ, ки дар замони худи муаллиф китобат шудаанд ва дар Оршифи миллии Афғонистон маҳфузанд, дар конфронси панҷуми устодони Пуҳантуни (донишгоҳ) Кобул гузориши муфассали илмӣ доданд. Ин ду нусхаи нодир аз назари аҳли таҳқиқи Афғонистон дур монда буданд. Ин гузориши илмиро С. Ализода дар шакли мақолаи илмӣ дар маҷаллаи «Хуросон» соли 1985 ба табъ мерамсонад.

            Баъд аз бозгашт ба Тоҷикистон  солҳои 1986-1988 дар кафедраи фалсафаи АИ Тоҷикистон, муд­дате дар музейҳои  адабии Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдулло Рӯдакии АИ Тоҷикистон,  солҳои 1988-1991 дар шӯъбаи робитаҳои хориҷии Президиуми АИ Тоҷикистон фаъолият намудааст.

                 Соли 1991 барои кор ба ҷамъияти «Пайванд» ба ҳайси мутахасиси дараҷаи аввал даъват карда мешавад. Дар ташкил ва гузаронидани «Форуми аввали тоҷикони ҷаҳон» саҳми зиёде ба харҷ додааст. Дар давраи гузаронидани форум С. Ализода раисии идораи кумитаи тадорукотро (штаби тадорукот) ба ӯҳда дошт. Қабул ва ҷобаҷогузории меҳмонон ва бо васоили техникӣ таъмин намудани онҳо, буду бошу таъми ғизои онҳо, ба гурӯхҳҳо тақсим ва сафарбаркунии онҳо ба минтақаҳои гуногуни кишвар ба дӯши ӯ гузошта шуда буд.    Новобаста ба на он қадар хуб будани вазъи сиёсии кишвар тамоми меҳмонони даъватшуда аз ин гирдиҳамоӣ бо таассуроти хуб ба кишварҳои хеш баргаштанд.

          Соли 1993 дар гузаронидани Форуми дуюми тоҷикони ҷаҳон низ ӯ раҳбарии штаби кумитаи тадорукотро ба ӯҳда доштанд. Дар ин давра бо дастгирии Ҳукумати ҶТ меҳмонони зиёд даъват шуда буданд.

          Ӯ дар ташкилоти хайриявии байналмилалии «Ожонсии рушди инкишофи Осиёи Мар­казӣ» (КАДА) кору фаъолият намуда, соли 1994 дар якҷоягӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Симпозиуми аввалини Тоҷикистон ва ШМА-ро мегузаронанд. С. Ализода дар ҷараёни кори симпозиум ва пазироии меҳмонон ва шиносоӣ намудани меҳмонон ба нуқтаҳои мухталифи кишвар саҳми зиёди худро мегузорад.

             Бояд тазаккур дод, ки дар тамоми давраи фаъолити кориаш дар дигар муасисаву ташкилотҳо ҳамеша дар фаъолияти илмиву ҷамъиятии Институти шарқшиносӣ ширкат меварзид. Аз охири соли 2006 ин­ҷониб ходими калони илмии Шӯъбаи тавсифи дастна­висҳо ва таҳияи феҳристҳои институт

                 фаъолият намуда ҳамчунон мавсуф дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат низ аз фанни забони тоҷикӣ дарс то соли 2015 дарс доданд.

Дилбастагии зиёди С. Ализода ба омӯзиши дастхатҳо ӯро пурра боз ба Ганҷинаи мероси хаттӣ овард. С. Ализода дар ин даргоҳ аз устодони бузурги нусхашиносу матншинос А. Афсаҳзод, А. Алимардонов, Ҷ. Додалишоев, З. Аҳрорӣ, А. Зуҳуриддинов ва дигарон томоми нозукиҳои ин илмро омӯха беҳтарин маслиҳатҳоро низ аз эшон гирифтааст.

             Аз соли 2015 то соли 2016 мудири маркази  матншиноси таҳия ва нашри осори хаттии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ кор ва фаъолият намуда, баъд аз таъсис ёфтани Маркази мероси хатти АИ ҶТ мудири шуъбаи нусхашиносӣ, тавсиф ва таҳияи феҳристҳо тайин мегардад.

             Саидхоҷа Ализода дар давоми фаъолияти илмиаш беш аз 70 мақолаи илмӣ др мавзӯҳои гуногуни таърихи адабиёти форсу тоҷик навишта ба чоп расонидааст. Мақолаҳои ӯ «Тазкираи «Равзат-ус-салотин»-и Фахрӣ ва хусусиятҳои он (Душанбе, 1982), «Аҳамияти «Латоифнома» барои омӯхтани адабиёти асрҳои ХVV1» (Душанбе, 1983), «Тухфат ал- Хабиб и его рукописи» (Душанбе, 1987), «Арзиши адабии «Латоифнома»-и Фахрии Ҳиравӣ» (маҷ. «Хуросон»- Кобул, шумораи 19, 1363), «Тӯҳфат-ул-Ҳабиб»-и Фахрии Ҳиравӣ» (маҷ. «Хуросон», шумораи 43, _Кобул, 1370/ 1991), «Фахрии Ҳиравӣ ва намунаи ғазалиёти ӯ» (Душанбе, 2006), «Бонувони суханвар дар тазкираи «Ҷа­­воҳи-рул-аҷоиб»-и Фахрии Ҳиравӣ» (Душанбе, 2007), «Рӯзгор ва осори Фахрии Ҳиравӣ»  (маҷ. «Маърифати омӯзгор», шумораи 7, 2007), «Тӯҳфат-ул-Ҳабиб» ва маҷмӯаҳои шеърӣ дар адабиёти асрҳои миёнаи форсу тоҷик (Ахбори Академияи илмҳои ҶТ, 2007), «Радоиф-ул-ашъорҳо аз нигоҳи академик Абдулғанӣ Мир­зоев» (Душанбе, 2008) «Ғояи шоҳи одилу раиятпарвар дар «афт кишвар»-и Фахрии Ҳиравӣ (Душанбе. 2008), «Фахри Хирави и его «Хафт кишвар» (Душанбе. 2009) ва ғайра аз он ҷумлаанд.

          Ҳамчунон С. Ализода яке аз муаллифони пуркори ЭМТ тоҷик буда, дар мавзуоти гунонуни илми адабиётшиносӣ бештар аз 300 мақола дар ҷилдҳои мухталифи ЭМТ ва дар «Энсиклопедияи Бадахшон» 200 мақолаи илмии ӯ ба табъ расидааст.

             С. Ализода бо воситаҳои ахбори умум робитаи доимӣ дошта аз тариқи радиову телевизион ва рӯзномаҳо андешаҳои боризи худро доимо баён мекунад.

                                          

           С. Ализода феълан дар мавзӯи «Тӯҳфат-ул-Ҳабиб»и Фахрии Ҳиравӣ ва анъанаи радоиф-ул-ашъорнависӣ» дар адабиёти тоҷикӣ-форсӣ рисолаи доктории худро навишта истода ҳамзамон осори таҳия кардаи хешро манзури хонандагони сершумор гардонида истодааст. Ӯ соли 2020 «Девони ғазалиёт»-и Фахрии Ҳиравӣ, Душанбе нашриёти «Дониш», соли 2021 қисми аввали маҷмӯаи мақолаҳои илмии худро зери унвони «Сайре дар авроқи баёз ва радоиф-ул-ашъор», Душанбе, нашриёти «Меъроҷ граф» ва «Девони ғазалиёт»-и Иззатшоҳи Дарвозиро  ба табъ расонида манзури ҳаводорони адабиёти классикии тоҷикӣ-форсӣ гардонид. «Тӯҳфат-ул-Ҳабиб»-и Фахрии Ҳиравӣ, ки яке аз сарчашмаҳои муътамад барои омӯзиши ҳунари шеъру шоирии асрҳои XIVXVI маҳсуб мебошад дар дасти чоп буда, дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти кишвар ба табъ хоҳад расид.

            Фаъолияти илмӣ ва осори таҳқиқнамудаи С. Ализода берун аз кишвар низ маълум аст. Чанд мақолаҳои ӯ дар маҷаллаи “Хуросон”-и Акодемии улуми Афғонистон ба табъ расидаанд. С. Ализода соли 2017 дар Симпозиуми байналмилалӣ бахшида ба 750-солагии Мир Алишер Навоӣ дар мавзӯи “Латоифнома”-и Фахрии Ҳиравӣ ва тарҷумаҳои форсии он баромад намуд, ки ин гузориш аз тарафи новоишиносони мамолики мухталиф мавриди арзёбӣ қарор гирифт ва дар Афғонистон ба табъ расид. Соли 2018 С. Ализода дар Симпозиуми байналмилаллӣ дар шаҳри Деҳлии нав (Ҳиндустон) иштирок карда,  бахшида ба “Бузургдошти орифу шоиру файласуф Дорошукӯҳ” дар мавзӯи “Ҳунари шоирии Дорошукӯҳ” гузориши муфассали илмӣ доданд. Фишурдаи ин гузориш ба забони англисӣ тарҷума шуда дар китоби маводи конфронс ба табъ расидааст.

                                            

            Моҳи феврали соли 2020 расман ба Симпозиуми байналмилаллии “Алишери Навоӣ”, ки дар Донишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Мир Алишери Навоии Тошканд баргузор гардида буд, даъват шуда, дар мавзӯи “Маҷолис-ун-нафоис”-и Алишери Навоӣ ва тварҷумаҳои форсии он” гузориши муфассали илмӣ доданд. Ӯ дар бештари конференсияву симпозиумҳои илмӣ дар дохили кишвар бо гузоришҳои илмӣ доимо ширкат меварзад.

            С. Ализода, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, “Аълочии илм ва маориф” буда, барои фаъолияти пурсамараш дар илми тоҷик бо медали “Хизмати шоиста” қадрдонӣ шудааст.

            Кормандони Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ бо истифода аз  фурсати хубу муносиб,  зодрӯзи устодро  табрику муборакбод гуфта,  ба эшон тансиҳатӣ, хотири ҷамъ ва дар фаъолиятҳои илмии минбаъдаашон бурдбориҳои нав ба навро таманно менамоянд. Зодрӯзи фарҳехтаи илму фарҳанг – Сайидхоҷа Ализода   фархунда бод!